Ru  | Tj
Аз Муқаддасу Наргис то Баҳрому Дамирбеку Некрӯз. Сарнавишти шабеҳи сарояндагони ҷавонмарги тоҷик
Аз Муқаддасу Наргис то Баҳрому Дамирбеку Некрӯз. Сарнавишти шабеҳи сарояндагони ҷавонмарги тоҷик
Акс: Коллажи муаллиф

Аз Муқаддасу Наргис то Баҳрому Дамирбеку Некрӯз. Сарнавишти шабеҳи сарояндагони ҷавонмарги тоҷик

Нашр шуд

Марги фоҷеаӣ овозхонҳои ҷавон ва дар айни ҳол бисёр шинохтаву маҳбуби тоҷикро аз ҷамъи ҳаводоронашон ҷудо кард ва чанде аз онҳо маҳз дар тасодуфи ронандагӣ аз олам даргузаштанд: ҳоло аз Некрӯз Ниёзову Дамирбек Олимову Баҳром Ғафурӣ то Наргис Бандишоеваву Муқаддас Набиева. Мо ба хотири гиромидошти ному ёди ин овозхонони ҷавонмарг ин матлабро таҳия кардем.

НЕКРӮЗЕ, КИ ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН МОНД

Некрӯз Ниёзов, овозхони 27-солае, ки кунун ба майдони ҳунар роҳ ёфта, ба саҳнаҳои бузург қадам мениҳод, шаби 21-уми сентябр дар асари тасодуфи ронандагӣ дар Душанбе кушта шуд. Ин ҳодисаи фоҷеабор соати 22:30 дар мавзеъи гардиши фурудгоҳ, каме дуртар аз тарабхонаи “Боми ҷаҳон”, ки Некрӯз он ҷо дидоре дошт, рух медиҳад.

Ба иттилоъи дастрас, Некрӯз Ниёзов вақте аз  худрави худ мебарояд, ӯро сабукрави “Лексус”, ки бо суръати баланд ҳаракат доштааст, пахш мекунад. Кумаки аввалро ба овозхон як таксирони шоҳиди ҳодиса расонида, ӯро ба беморхона мебарад, вале мутаассифона, ба пизишкон муяссар нашудааст, ки Некрӯзро наҷот диҳанд.


Дар робита ба ин Радиои Озодӣ навишт, Комёб Файзуллоҳ – ронандаи худрави “Lexus RX350”-е, ки овозхони ҷавонро пахш кард, писари Файзуллоҳ Машраб, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия будааст. Назари мақомот, пайвандони Комёб Файзуллоҳ ё Некрӯз Ниёзов дар ин хусус дастрас нест.

Ин овозхони ҷавонмарг дар пайравии мактаби ҳунарии Муборакшоҳ Мирзошоев ва Далер Назаров таронаҳо мехонд. Марҳум бо Далер Назаров чанд оҳанги дуэт ҳам дошт. Бозхонии сурудҳои “Рақс бикун” ҳамроҳи Меҳрнигори Рустам ва “Ай ҷони ман асират” ӯро шинохта карда буд.

Некрӯз Ниёзов рӯзи 21-уми октябр ба синни 28 қадам мениҳод, аммо як моҳ пеш аз солгарди умраш варо дар зодгоҳаш – деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба хок супурданд.

ФОҶЕАИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ

Як соли пеш аз ин, рӯзи 5-уми феврали соли 2022 марги бармаҳал ҷомеаи Тоҷикистонро дар сӯги овозхони ҷавону номошно ва пуровозаи кишвар Дамирбек Олимов нишонда буд.

Дамирбек Олимов низ дар асари тасодуфи ронандагӣ дар роҳи Сомғор-Хуҷанд, дар мавзеъи Боғи миллии “Ваҳдат”, дар 32-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи мақомот, ин овозхон дар як гардиши роҳ “аз уҳдаи идораи василаи нақлия набаромадааст ва дар натиҷа мошин чаппа шудааст”.

Ҷасади Дамирбек Олимовро зуҳри ҳамон рӯз дар зодгоҳаш, дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқи ноҳияи Девоштич ба хок супориданд. Дар маросими видоъ бо ӯ ҳазорҳо нафар аз чеҳраҳои расмиву фарҳангӣ ва ҳаводорону ҳамкорону дӯстонаш иштирок карданд.


Шодравон дастпарвари Ҳунарманди мардумии ИҶШС ва Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов буд ва дар ибтидо дар пайравии мактаби ин овозхони номвари тоҷик суруд мехонд. Пас аз чанде сабки сароиши худро ёфта, ба эҷоди сурудҳои эстрадӣ машғул шуд.

Дамирбек Олимов бо мавригисароӣ ва таронаҳои “Дунё”, “Ношинос”, “Моҳи Зарафшон” ва “Бачагиям” беш аз пеш маҳбуби ҳаводорони ҳунар гашт. Аммо пас аз даргузашташ пуршунавандатарину пурбинандатарин таронаи ӯ “Зиндагӣ боқист, ёрон мераванд” шуд.

Бо вуҷуди истеъдод ва ҳунари воло як ҷанбаи дигари ҳузнангези марги бармаҳали Дамирбек Олимов фарзанди ягонаи хонавода буданаш буд. Ҳоло аз ӯ се фарзанд – ду писар ва як духтар ятим монд, ки саробонии кӯдакон ба дӯши падараш Ботурбек Олимов аст.

Пас аз маргаш, барои гиромидошти ному ёди овозхон Мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Девоштич, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ ҷойгир аст, ба номи Дамирбек Олимов гузошта шуд.

СУБҲИ ОХИРИНИ БАҲРОМ ҒАФУРӢ

Овозхони дигари маъруфии тоҷик, ки дар авҷи шуҳрат ва дар асари тасодуфи ронандагӣ вафот кард, Баҳром Ғафурӣ буд. Марҳум 44 сол дошт ва бо хондани сурудҳои пурдард, бавижа бо суруди “Модар” ва “Муҳоҷирбача” қалбҳои ҳама тоҷикистониёнро тасхир карда буд.

Ғафурӣ субҳи 7-уми августи соли 2020 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба тасодуфи ронандагӣ дучор шуда, ҷароҳати вазнин бардошт ва дар роҳ ба сӯйи бемористон ҳалок гардид.

Ба иттилоъи мақомот, худрави тамғаи “Ленд Крузер”, ки дар дохили он Баҳром Ғафурӣ ҳамчун мусофир ҳузур дошт, ба боркаши тамғаи “КамАЗ” бархӯрдааст. Ронандаи сабукрави тамғаи “Ленд Крузер” Ислом Анварзода, муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ буд, ки аз ин вазифа сабукдӯш шуд. Аммо аз он фоҷиа се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳанӯз дар марги Баҳром Ғафурӣ касе ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуд.


Ин овозхони тоҷик рӯзи 29-уми феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, донишкадаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм карда буд.

Таронаи аввалини худро бо номи “Парешон шудӣ, ай дил” ӯ дар соли аввали таҳсилаш дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо сароид. Баъд дар тӯли беш аз 20 соли овозхонияш бо услуби хосу садои нотакрор беш аз 10 албомро пешкаши мухлисонаш кард. Миёни ҳаводоронаш албомҳои “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят” ва “Муҳоҷирбача” маҳбубияти бештар доранд.

Баҳром Ғафурӣ чандин маротиба аз сӯйи созмонҳои мусиқаӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин”-ро ба даст оварда буд. Яке аз дастовардҳои гаронбаҳо дар озмуни “Big Apple music Awards” дар соли 2009 “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуданаш буд.

Баъди вафоташ писараш Анӯшервон Ғафуров ба хотири гиромидошти ёди падар суруди “Хона холист”-ро пурсӯз ва бо алами ҷигарсӯз сароид ва ба мухлисони Баҳром Ғафурӣ тақдим кард.

НАРГИСЕ, КИ НАВ ШУҲРАТ МЕЁФТ...

Дар аввалин рӯзҳои худсолории Тоҷикистон сарояндаи хеле ҷавон ва нав ба саҳнаи бузург қадамниҳодаи тоҷик – Наргис Бандишоева дар асари сонеҳа дар дараи Варзоб ба ҳалокат расид.

Наргис Бандишоева рӯзи 21-уми сентябри соли 1991, ки чанд рӯз баъд ба 25-солагӣ қадам мемонд, ба тасодуфи ронандагӣ мувоҷеҳ шуд ва аз олам даргузашт. Дар бораи марги ӯ то имрӯз сару садоҳо зиёданд ва он суолҳои бисёреро боқӣ гузошта, ки то кунун на пайвандони Наргис ва на ҳаводоронаш посух наёфтаанд.


Ӯ 8-уми октябри соли 1966 дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Ҳукуматшо Бандишоев бастакори шинохта, холааш Савсан ҳунарманди мардумӣ ва доӣ (тағо)-яш Марватшоҳ оҳангсози маъруф буданд.

Истеъдоди Наргис Бандишоева ҳанӯз дар синни 6 кашф шуда ва волидон ӯро ба мактаби мусиқии Чайковский медиҳанд. Вақте 7-сола буд, дар як консерти давлатӣ ширкат ва таронаи “Модари ҷон, модарам”-ро иҷро кард ва ҳамин тавр ба саҳнаи ҳунар қадам мемонд.

Баъдан “Лалаик”, “Ҷони ман”, “Дар ин шаб мастам”, ”Дар бари ту”, “Маро бишнос бо чашми муҳаббат” ва ”Хуш омадӣ” аз маъруфтарин таронаҳои Наргис Бандишоева шуданд.

Наргис Бандишоева нахустин овозхони тоҷик аст, ки соли 1991 барандаи ҷашнвораи байналмилалии “Садои Осиё” (“Азия Дауси”)-и Қазоқистон шуд. Дар ин ҷашнвора, ба ҷуз ӯ, аз Тоҷикистон Далер Назаров, Кароматуллоҳи Қурбон, Парвиз Назаров, Олег Фезов ва Парвин Юсуфӣ ҳам ширкат доштанд. Дигар сарояндагони шинохтаи Осиёи Марказӣ низ дар ин ҷашнвора рақобат мекарданд.

Хушбахтона, дар миёни ҳама сарояндагони ҷавони Осиёи Марказӣ пирӯзӣ насиби Наргис Бандишоева шуд, ки мутаассифона пас аз як моҳаш аз олам чашм пӯшид.

ВА МАРГИ МУҚАДДАС

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Муқаддас Набиева – яке аз сарояндагони шинохта ва маҳбуби тоҷик ҳам дар авҷи шуҳрат дар асари тасодуфи ронандагӣ чашм аз олам пӯшида буд.

Муқаддас Набиева 29-уми сентябри соли 1979 дар ҳайати ансамбли “Гулшан” барои баргузории як тӯй ба ноҳияи Айнӣ сафар кард, вале ҳангоми баргашт дар роҳи деҳаи Такфон ба сонеҳа дучор шуд ва ҳалок гардид.

Бо гузашти беш аз 40 сол марги Муқаддас Набиева хеле пурасрор боқӣ монд, зеро дар сонеҳае, ки дар деҳаи Такфон рух дод, ба ҷуз аз Муқаддас Набиева, дигар ҳамраҳонаш ҷон ба саломат бурданд.


Набиева он вақт 29 сол дошт, вале ба баландтарин қуллаҳои ҳунари тоҷик расида ва чун овозхони соҳибистеъдод эътироф шуда буд. Ӯ соли 1974 ба “Гулшан” пайваста, дар муддати 5 соли фаъолияташ, ба қавли ҳамкорону ҳамнаслонаш, дар ин ансамбл инқилоб кард. Сурудҳои “Эй нури ман”, “Шарораи хотираҳо”, “Садои дил”, “Муҳаббат нест бе оташ” ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас то имрӯз шунавандаи худро доранд.

Аммо марги ӯ барои саҳнаи тоҷик талафоти бузурге буд ва бо гузашти даҳсолаҳо ҷойгоҳи ӯ дар саҳна холӣ монд ва Мукаддаси дигаре пайдо нашуд...

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед