Ru  | Tj
Аз озодии ақида то ҳукми кофирӣ. Дар Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ дар моҳи Рамазон гузаронида шудааст
Аз озодии ақида то ҳукми кофирӣ. Дар Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ дар моҳи Рамазон гузаронида шудааст
Акс: Дидор Саъдуллоев

Аз озодии ақида то ҳукми кофирӣ. Дар Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ дар моҳи Рамазон гузаронида шудааст

Нашр шуд

Натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, ки чанд дарсади тоҷикистониён рӯзадор ва чанд дарсад рӯзахӯр будаанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 80 дарсади аҳолӣ дар кишвар доимо рӯза мегиранд. Ин рақам дар натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ муайян шудаст. Дар ин бора Фирӯз Миров, ҷомеашинос ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба пойгоҳи “Ҳалво” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин тадқиқот дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ бо иштироки 1100 нафар шаҳрванди аз 18- сола болои Тоҷикистон гузаронида шудааст.

“Мақсад аз гузаронидани таҳқиқоти мо низ муайян намудани андеша ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба моҳи шарифи Рамазон, гирифтани рӯза ва болоравии нархи молу маҳсулот буд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, дар кишвар 81,6 дарсади аҳолӣ доимо рӯза мегирифтаанд. Аммо 9,8 дарсад бошанд, то охир рӯза гирифта наметавонистаанд. Ҳамин тавр, 4,6 дарсади дигар тамоман рӯза намегирифтаанд.


Дар ҳамин ҳол, 4 дарсади дар пурсиши сотсиологӣ ширкаткардагон аз ҷавоб додан ба ин савол даст кашидаанд.

“Албатта, баъзе саволро мо ба мусоҳибон мустақим ва руйирост пешниҳод намудем ва дар ҷавобҳои онҳо субъективизм низ ҷой дорад. Масалан, ба саволи “Шумо рӯза мегиред?” аксарияти кулл ҷавоби мусбат медиҳанд, ҳарчанд рӯзадор ҳам набошанд”, - афзуд Фирӯз Миров.

Ин ҷомеашинос шарҳ дод, сабаб ин аст, ки дар Тоҷикистон нафароне, ки рӯза намегиранд, ба танқид ва сарзаниши атрофиён, шиносу ношинос, хешу табор ва дӯстон маҳкум мегарданд. Ҳатто нафароне, ки мувофиқи муқаррароти Ислом аз гирифтани рӯза озод мегарданд, мисли беморон, ҳомилаҳо ва ғайра аз ҳароси муносибати ношоистаи атрофиён ва дигар қолабҳои фикрӣ рӯза медоранд.

ҶОМЕА БА БЕРӮЗАҲОВУ БЕНАМОЗОН ЧӢ НАЗАР ДОРАНД?

Фирӯз Миров мегӯяд, муносибати мусоҳибон нисбати шахсоне, ки рӯза намегиранд, мухталиф буд. Ба ақидаи 49,4 дарсади мусоҳибон ҳар як шахс дар гирифтани рӯза озод аст, аммо 44,4 дарсади дигар зикр намуданд, ки ба ин масъала аҳамият намедиҳанд.

Тавре ӯ гуфт, 17,4 дарсади мусоҳибон имони афродеро, ки рӯза намегиранд, заиф ҳисобидаанд ва 4,5 дарсади мусоҳибон нисбати чунин шахсон нафрат доштаанд. Инчунин 0,7 дарсади пурсишшавандагон касонеро, ки дар моҳи Рамазон рӯза намегиранд, кофир номидаанд.


Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, 10,1 дарсади мусоҳибон зикр кардаанд, ки ба хотири фарзу савоб будани рӯза ва кам шудани гуноҳашон дар ин моҳ ҳангоми беморӣ (занону мардон) ва ҳомилагӣ (занон) низ рӯза мегирифтаанд.

Бояд гуфт, ки тибқи муқаррароти дини Ислом барои ин тоифа хӯрдани рӯзаи моҳи Рамазон иҷоза дода шудааст.

Ҳамзамон 47,4 дарсади мусоҳибон иброз доштаанд, ки ҳар як шахс дар намозгузорӣ озод аст ва тахминан ҳамин шумораи пурсишшавандагон ба намоз хондан ё нахондани дигарон аҳамият намедодаанд. Аз чор як ҳиссаи мусоҳибон – 23,5 дарсад имони бенамозонро заиф ҳисобидаанд ва 4,2 дарсад нисбати бенамозон нафрат доштаанд. Ҳамин тавр, 0,8 дарсад бенамозонро “кофир” номидаанд.

ГАРОНИИ НАРХИ БОЗОР БА ИМОН ВОБАСТА АСТ...

Дар қисми дигари тадқиқоти сотсиологӣ назари ҷомеа дар робита ба боло рафтани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон ва идҳои Фитру Қурбон пурсида шудааст. Ин яке аз доғтарин мавзӯъоти моҳи Рамазон дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамасола сокинон аз болоравии нархи бозор дар моҳҳои муборак нигаронӣ менамоянд.

Фирӯз Мироз аз ин вазъ нигаронӣ карда, мегӯяд, “мушоҳидаҳо ҳам нишон медиҳанд, ки баъзе аз тоҷирон ҳоҷиёну диндорони ашадӣ ҳастанд, аммо бо роҳҳои гуногун дар ин моҳи муборак фоидаи ҳангуфт ба даст овардан мехоҳанд”.

Ба гуфтаи ин ҷомеашинос, пурсидашудагони ин тадқиқот сабабҳои асосии болоравии нархҳои молу маҳсулот дар моҳи Рамазонро ба беинсофии савдогарон (60,5 дарсад), зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба молу маҳсулот (45,9 дарсад) ва беқурбшавии пули сомонӣ (18,7 дарсад) марбут донистаанд.

Ба ақидаи мусоҳибон, барои гирифтани пеши роҳи болоравии нархи молу маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон ва идҳои Рамазону Қурбон бояд молу маҳсулот аз хориҷи кишвар зиёдтар ворид карда шаванд (46,2 дарсад), дар ин давра нархи молу маҳсулот аз тарафи мақомоти давлатӣ зери танзими ҷиддӣ қарор гирад (40,8 дарсад), рӯҳониёни маъруф дар ин мавзӯъ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва маъвизаҳо намоянд (17,5 дарсад) ва ғайра.

Мувофиқи таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ, барои ҳалли масъалаҳои ба дин алоқаманд татбиқи чунин пешниҳоду тавсияҳоро пешниҳод мекунанд:

-         ташкили шароитҳои зарурӣ барои рушди низоми таҳсилоти динӣ;

-         андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои динӣ ва ба аҳолӣ фаҳмонидани аҳкоми аслии дини Ислом;

-         дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таҳаммулгаройӣ тарбия намудани наврасону ҷавонони Тоҷикистон;

-         дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намудани рӯҳониёни маъруфи динии Тоҷикистон;

-         танзими нархи маводи озуқаворӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва идҳои динӣ (иди Рамазон ва Қурбон) ва тақвият додани рӯшанфикрӣ (корҳои фаҳмондадиҳӣ)-и рӯҳониёни маъруфи исломӣ дар ин давра;

-         баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмии ҷавонон ва мубориза ба муқобили ифротгароию хурофотпарастӣ ва ғайраҳо.

Гуфтанист, ки ин тадқиқотро кормандони кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши ҷомеашиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Баҳоваддинови Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол моҳи Рамазон 23-юми март оғоз гардида, 29 рӯз идома кард ва тибқи қарори Шӯрои уламои кишвар 21-уми апрел Иди Фитр эълон шуд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед