Ru  | Tj
Баҳсҳои фейсбукии “ҳамадонҳо”. Онҳо афкори умумро ба сӯйи каҷроҳа савқ намедиҳанд?
Баҳсҳои фейсбукии “ҳамадонҳо”. Онҳо афкори умумро ба сӯйи каҷроҳа савқ намедиҳанд?
Акс: Аз манбаъи боз

Баҳсҳои фейсбукии “ҳамадонҳо”. Онҳо афкори умумро ба сӯйи каҷроҳа савқ намедиҳанд?

Нашр шуд

Дар платформаи фейсбуки тоҷикӣ як раванди фарогири баҳсҳои пурихтилофи оммавӣ ба чашм мерасад, ки дар он на мутахассисон, балки ғайримутахассисон хулосаҳои қатъӣ мебароранду фазо месозанд. Дар чунин баҳсҳо асосан мавзуъҳои ҳассоси сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, динӣ, мушкилоти ҷаҳонӣ ва ғайра мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегирад. Лаҳни шадид, ироаи назарҳои ғалат ва ғайримантиқӣ, рӯ овардан ба дашному таҳқир дар ҷараёни баҳс нишондиҳандаи ғайркасбӣ будани чунин баҳсҳост.

Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар афкорсозӣ ва мудирияти афкори умум нақши муҳим иҷро мекунанд ва бисёре аз созмону ниҳодҳо барои бароварда сохтани ормонҳои худ аз қудрати фавқулода ва пинҳони шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳидоят, таъсиргузории афкори умум истифода мекунанд.

Дар Тоҷикистон падидаи баҳсҳои фейсбукӣ нодир аст, зеро ширкаткунандагони баҳсҳо аксаран мардуми авоманд ва дар мавзуъе, ки изҳори назар мекунанд, тахассус надоранд. Баррасии мавзуъҳо ба шакли ғайрикасбӣ ва ғайритахассусӣ боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмӣ ё бадфаҳмӣ мешавад. Мурури кӯтоҳ ба шабакаи иҷтимоии фейсбуки тоҷикӣ нишон медиҳад, ки фавҷи одамони ғайрикасбӣ дар ҷараёни баҳсҳо аз афроди соҳибназар ва соҳибтахассус бештар аст ва аксаран баҳсҳоро ба каҷроҳа мебаранд.

Мушоҳида нишон дод, ки аксаран се гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доғро доман мезананд. Гурӯҳе андешаҳои мустақил доранд ва дар мавзуъе, ки назар медиҳанд, соҳибтахассусанд ва нигоҳи коршиносона доранд. Ин гурӯҳ бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ мавзуъҳоро ба баҳс мекашанд ва аксаран чеҳраҳои баном ва шинохтаанд. Мутассифона ин гурӯҳ дар платформаи бахши тоҷикии фейсбук зиёд нестанд ва камтар ба баҳсҳо ҳамроҳ мешаванд. Гурӯҳи дигар онҳое, ки мавқеъи расмиро ҳимоят мекунанд ва дар ҳама мавзуъҳо бо “поро дар як мӯза кардан” мавқеъи худро ҳақиқати кулл меҳисобанд: Гӯруҳи дигар, ки аксаран дидгоҳи мухолиф доранду ҳама чизро бо назари сиёҳу сафед баррасӣ мекунанд, бо лаҳни шадид мавзуъҳоро баррасӣ мекунанд ва аксаран дар хориҷ қарор доранд. Мушоҳида мешавад, ки дар баҳсҳо хеле афрод дар рӯйёрӯӣ бо ин гурӯҳ иҷтиноб мекунанд ва дар баҳсҳои худ аксаран бемухотаб мемонанд. Як гурӯҳи дигари беному нишон, ки дар илми фанноварӣ аз онҳо ба унвони “фейк”-ҳо ном бурда мешавад, дар мабоҳис ғайримасъулона ва бо тавҳину таҳқир ворид мешаванд. Ин “фейкҳо” аз мавқеъҳои гуногун пуштибонӣ мекунанд ва баҳсҳои равишманд ва қонунмандро ҳамеша ба каҷроҳа савқ медиҳанд.

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва мудири гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” мегӯяд, масъала ба чанд мавзӯъ бармехӯрад: “Агар як шаҳрванд фикри шахсии худро менависад, ин ҳаққи ӯст. Ӯ метавонад чун як шаҳрванд дар ҳар масъала – сиёсат, иқтисод, фарҳанг, варзиш... назари инфиродӣ дошта бошад ва онро аз ҷумла тариқи саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунад. Ин замони шӯравӣ нест, ки изҳори назар танҳо ба гурӯҳи одамони хос иҷозат бошад.

Зимнан, дар бархе масоил инҷониб аз ҷумла дар шарҳу назарҳое, ки тариқи гурӯҳи “Ахбор барои афкор”-и Фейсбук мебинам, баъзе одамони ношинос ва одӣ дар мавзуъҳое аз бархе олимону ба истилоҳ коршиносон воқеъитару муҳимтар ҳарф мезананд”, - иброз дошт ӯ.

- Гурӯҳи дуюме ҳастанд, ки расонаҳо аз эшон коршинос ном мебаранд ва ҳоло баъзе аз онҳо тақрибан дар ҳама мавзуъ суҳбат мекунанд. Ба истилоҳ универсал. Ин ҳолат сабабҳои ба худ хос дорад ва як буҳрони дигари ҷомеаро ошкор мекунад. Яъне мо дар ҷомеае ба сар мебарем, ки ҳатто коршиносон аз гуфтани назари худ истиҳола мекунанд. Пас масъала дар набуди коршиносон нест,  ошкор кардан нахостани онҳост. Аммо матбуот бо сабаби талаботи касбӣ бояд якеро коршиносон ном барад. Аз ин дидгоҳ мафҳуми "коршинос" як қадр масхара ҳам шудааст, - афзуд Р. Мирзо.

 Ӯ зимнан таъкид мекунад, ки коршиноси унверсалро набояд ба раҳбарони аҳзоби сиёсӣ иртибот дод, зеро маъмулан ҳизбҳои сиёсӣ барномаҳои алтернативии ҳалли бахшҳои гуногунро доранд ва бо ин далел вақте чеҳраҳои матраҳи сиёсии ҳизбӣ дар ҳар мавзуъ суҳбат мекунанд, набояд ба масхара гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар фейсбуки тоҷикӣ асосан мавзуъҳои сиёсӣ, таърихӣ, забону иқтисод мавриди гуфтугӯи корбарон воқеъ мешавад. Дар чунин баҳсҳои соҳавӣ бештар афроде ҳамроҳ мешаванд, ки тахассус надоранд. Масалан, дар баҳсҳои забонӣ ба истиснои чанд нафар мутахассис аксари онҳое, ки назар медиҳанд, салоҳияти баррасиро надоранд. Забон илм аст ва ғайримутахассис наметавонад усулу меъёр ё сохтори забонро ба ҷомеа тавзеҳ кунад ё густухона дар мавриди дуруст ё нодуруст будани ин ё он калима назари қотеъ диҳад. Агар чунин амал сурат мегирад, ҷомеа ба сӯйи каҷроҳа хоҳад рафт, зеро сохтор, қоида ва табиъати забон тақозо мекунад, ки фақат мутахассисони соҳа дар ин мавридҳо изҳори назар кунанд.

Илҳом Ҷамолиён, коршиноси соҳаи расонаҳо таъкид мекунад, ки назарҳои ғайритахассусӣ ба манфиат нест ва аз ин рӯ дар ҳолати пеш омадани зарурат ҳамеша ба назари коршинос ё ба истилоҳи дигар мутахассис бояд такя кард: “Чаро ва оё ин муҳим аст? Бешак, дидгоҳи мутахассис ҳамеша муфид ва муҳим аст, ҳарчанд баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки назари мутахассисон чандон аҳамият надорад. Чунин андеша аслан хеле дур аз воқеият аст. Коршиносон дар соҳаи худ дониш ва таҷрибаи ғанӣ доранд ва дар доираи мавзуъи мавриди баррасӣ метавонанд ба мо дар масъалаҳои тасмимгирӣ ва ҳаракат дар масири дуруст ёрӣ расонанд”.


- Аммо дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ ба манбаъи муҳими дастрасӣ ба иттилоот мубаддал шудаанд ва дар баҳсҳое, ки ин ҷо сурат мегиранд, чуноне шумо зикр кардед, "одамони ғайритахассусӣ дар мавзуъҳои тахассусӣ назар медиҳанд". Ин як амри воқеъист, ҳарчанд нохушоянд аст. Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои ҷаълӣ ва назарҳои ғайримутахассисон пур шудааст ва чунин ҳолат барои истеъмолкунандагони иттилоот мушкилоти зиёдеро пеш овардааст. Бинобар ин ба онҳо зурур меояд, ки аз малакаҳои саводи расонаӣ истифода намоянд ва шарти аввал ин аст, ки тафаккури интиқодиро ба кор андозанд. Набояд ба ҳама чиз кӯр-кӯрона бовар кард, ҳатто ба назари коршиносон ҳам. Ҳар як иттилоот ва аз ҷумла назарҳоро бечуну чаро истиқбол кардан нашояд, ҳамеша ба онҳо шубҳа бояд кард. Бояд дар бораи муаллифони назарҳо иттилоот ҷамъоварӣ карда, дар ин замина ба коршиносии эшон эътимод ҳосил намуд. Дар 99,9% ҳолатҳо зарур меояд, ки назари ғайримутахассисонро сарфи назар кунед ва ба гуфтаҳои коршиносон низ танҳо дар заминаи боэътимодии онҳо метавон бовар кард.

Дар ин масъала як паҳлуи дигар низ ҷой дорад, ки ба истеҳсолкунандагони иттилоот дахл дорад. Онҳое, ки дар баҳсҳо назарҳои ғайритахассусӣ медиҳанд, бояд масъулияти иҷтимоии худро фаромӯш накунанд. Онҳо бо ин кори хеш дар бесарусомонии иттилоотӣ ва таҳрифи иттилоот саҳмгир ҳастанд. Чӣ бояд кунанд? Ё аз ин кор бояд даст кашанд ё ба таври ҳирфаӣ ба истеҳсоли иттилоот машғул шаванд. Оё имконпазир аст? Душвор аст, аммо имконпазир мебошад, агар меъёрҳои Одобномаи шаҳрванди электронӣ дар Тоҷикистон (эТИКет) риоя шавад, ки ҳадафи асосияш пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои маҷозӣ аст, - гуфт И. Ҷамолиён.

Як мисол барои намуна аз баҳсҳои фейбукӣ ба шакли мухтасар меоварем. Дар мавриди калимаи “тандур” чанде қабл баҳс доир шуд. Мутахассис тазаккур дод, ки асолатан калимаи “тандур” “танӯр” аст ва он набояд ба шакли ғалати “тандур” истифода шавад. Аммо гурӯҳе бо пофишорӣ бо истидлоли ғалат тавҷеҳ мекунанд, ки шакли дурусти калима “тандур” аст. Ҷустуҷӯ дар фарҳангҳои забони тоҷикӣ нишон медиҳад, ки асолатан шакли дурусти калима “танӯр” аст. Мисоли дигар, назарҳои ғайритахассусӣ дар мавриди румони “Фаришта дар дӯзах”-и Соҷида Мирзо аст. Гурӯҳе бо дидгоҳи сирф сиёсӣ ва ғайрикасбӣ ба нақди ин румон пардохтанд. Нигоҳи маҳдуди ин гурӯҳ ба наср, огоҳ набудани аз меъёрҳо ва хусусиятҳои жанри румон сабаб шудааст, ки нависандаро маҳкум ба фаҳшгӯӣ кунанд ва бо шадидтарин лаҳн маҳкум намоянд. Ин дар ҳолест, ки чанд тан аз адабиётшиносони соҳибназар румонро баҳои хуб дода, яке аз беҳтарин румонҳои солҳои ахир маънидод кардаанд. Дар робита ба арзёбии осори адабӣ Ҳафиз Раҳмон, муҳаққиқ ва адабиётшинос таъкид мекунад, ки “барои нақди як асари адабиву бадеъӣ ҳадди ақал доштани саводи адабӣ (донистани он ки ин асар ба кудом навъи осори бадеӣ дохил аст, меъёрҳои шинохти ҳунар кадомҳоянд, ин асар ба кадом равия ё ҷараёни адабӣ дохил аст, ҳусну қубҳи он асарро аз кадом ҷонибҳо арзишдоварӣ кардан лозим аст, мундариҷа, ғоя, воситаҳои ифодаи рӯҳияи асар ва ғайраҳо... Даҳҳо масъалаҳое ҳаст, ки ҳангоми нақд кардани асари бадеъӣ онҳоро донистани ноқид муҳим аст... Барои ҳамаи инҳо дониши баланди филологӣ лозим аст”.

Як мурури кӯтоҳ нишон медиҳад, ки баҳсҳое, ки ба шакли ғайрикасбӣ ва ғайритахассусӣ анҷом мешаванд, ба нафъи на соҳаи мавриди баҳс аст ва на ҷомеа. Он боиси каҷфаҳмӣ ва нофаҳмиҳои зиёд шуда, афкори умумро ба сӯйи каҷроҳа савқ медиҳад. Бинобар ин бояд соҳибназарон ва онҳое, ки салоҳият доранд, барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудан роҳкорҳоеро пешниҳод кунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед