Ru  | Tj
Бархӯрди манофеъи қудратҳо дар Осиёи Марказӣ
Бархӯрди манофеъи қудратҳо дар Осиёи Марказӣ
Акс: аз Интернет

Бархӯрди манофеъи қудратҳо дар Осиёи Марказӣ

Нашр шуд

Нишасти ахири муколамавии “Осиёи Марказӣ+Русия” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон суолҳоеро пиромуни стратегия ва тарҳҳои тозаи Маскав дар мавриди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва дурнамои ҳузуру ҳифзи нуфузаш дар ин қаламравро ба миён овардааст.

Миёни чорабиниҳои сиёсие, ки бо мизбонии Остона сурат гирифт, аввалин мулоқоти роҳбарони “Осиёи Марказӣ+Русия” як рӯйдоди калидӣ ва фарқкунанда буд, зеро дар доираи чунин формати нишаст бори аввал президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтоёнаш аз Қазоқистон – Қосим Жомарт Тоқаев, Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, Туркманистон – Сардор Бердимуҳаммедов ва Қирғизистон – Содир Ҷабборов дурнамои муносиботро матраҳ кард. Вохӯрии Путин бо сарони кишварҳои “панҷгона” паёме буд ба қудратҳои дигар, ки Осиёи Марказӣ шарики стратегии Русия боқӣ мемонад. Ӯ нишон дод, ки Русия то кунун фаъолона аз манофеъи геополотикии худ дар Осиёи Марказӣ дифоъ мекунад ва намегузорад, то қудрати дигар вазъияти ҷадиди геополотикиро дар минтақа эҷод намояд.


Владимир Путин, президенти Русия дар ҳамоиши Остона гуфт, ки таъмини амнияти марзҳои кишварҳои минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Русия бо давлатҳои Осиёи Марказӣ аст. Ӯ афзуд, хадамоти истихбороти Ғарб бо сохторҳое, ки алайҳи Толибон ҳастанд, ба манзури таҳдид ба марзҳои Осиёи Марказӣ бо онҳо ҳамкорӣ доранд ва барои пешгирӣ аз “бозгашти ҷанги шаҳрвандӣ”дар Афғонистон кишвараш тамоси заруриро бо ҷунбиши Толибон нигоҳ медорад.

Дар нахустин нишасти “Осиёи марказӣ+Русия” Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳам вобаста ба вазъи буҳронии Афғонистон, паҳншавии идеологияи тундгароӣ, густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ намуда, хостори расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи афғонро шуд.

Ҳоло дар маҳофили коршиносӣ дахолати рӯзафзуни бозигарони хориҷӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз сӯйи Афғонистон ба унвони «бозии бузурги ҷадид» ёд мешавад.

Дарвоқеъ, солҳои охир Русия башиддат нигарони он аст, ки абарқудратҳои дигаре нуфузи суннатии Маскавро дар Осиёи Марказӣ тасхир доранд. Ба иддаои Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бар хилофи бархе аз кишварҳои ғарбӣ, хоса Амрико ҷониби Маскав минтақаи Осиёи Марказиро ба унвони арсае барои рӯёрӯии геополотикӣ дар чорчӯби мафҳуми истеъмории «бозии бузург» намебинад.


Бозии бузурги ҷадид дар ин минтақа миёни Амрико, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Покистон мечархад. Суханони ҷаноби Лавров дар ҳоле садо медиҳад, ки Осиёи Марказӣ солҳо ба ин сӯ дар маркази таваҷҷуҳи қудратҳои сиёсӣ қарор дорад. Ба фарзи мисол, ҳафт сол муқаддам барои роҳандозии қолаби ҷадиди гуфтугӯ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Осиёи Марказӣ аввалин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар қолаби “С5+1” ба манзури ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштараки Кохи Сафед бо ин панҷ кишвари минтақа сурат гирифт, ки то ба имрӯз идома дорад. Қолаби ҳамсони нишасти давраиро Токио, Пекин, Деҳлӣ, Исломобод бо ин “панҷгона”-и минтақа доир мекунанд.

Дар навбати худ Кремл низ қолаби нави муколамавиро ду сол боз ба ин сӯ шакл доду ҳоло бо баргузории ҳамоиши нахусти “Осиёи Марказӣ+Русия” дар Остона, онро ба унвони як платформаи муфид барои табодули назар дар мавриди баррасии мавзӯъҳои минтақаиву байналмилалӣ донист. Ва ба иборае роҳбарияти Русия аз ин вохӯрии Остона ба қудратҳои дигар, хоса Ғарб сигнал фиристод, ки “ҷои пояшон дар минтақа побарҷост”.

Ҳарчанд дипломатҳои рус батакрор мегӯянд, Русия монанди ҳар узви масъули ҷомеаи байналамилалӣ ба эҷоди як фазои байналмилалии мусбат, ҳифзи ҳасанаи ҳамҷаворӣ, равобити баробар ва дорои манофеъи мутақобил бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Яъне, ҳамкориҳои Русия фарогир буда, маҳз равобити стратегӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ якдигарро пайванд кардааст.


– Давоми солҳои 2010-2021 ҳаҷми сармоягузориҳои анбоштаи Русия дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ 30,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки ҳоло беш аз 10 ҳазор ширкати русӣ ва ширкатҳои сармоягузории муштарак фаъолият мекунанд. Ҳоло якчанд лоиҳаи муштараки бузург дар ҳоли иҷро ҳаст. Бавижа, кор бар рӯйи иҷрои тавофуқҳо байни президентҳои Русия ва Ӯзбекистон дар мавриди сохти аввалин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ идома дорад. Намунаи мумтози ҳамкории иқтисодии Русияву Тоҷикистон сохти нерӯгоҳи обии «Сангнтӯда-1» аст, ки ҳудуди 12,5 дарсад аз кулли истеҳсоли барқ дар Тоҷикистонро таъмин мекунад. Соли 2021 қарордоди «Камаз» барои таъмини ҳудуди 2000 дастгоҳи худрав барои Туркманистон такмил шуд. Моҳи январи соли гузашта роҳбарони Русия ва Қирғизистон кор бар рӯйи маъдани тилои “Таласс”-ро роҳандозӣ карданд. Истеҳсоли муштараки нуриҳои минералӣ дар минтақаи Жамбили Қазоқистон эҷод шудааст. Ҳама инҳо танҳо бахши кӯчаке аз талошҳои муштараки Русия бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аст”, - афзудааст Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия.

Яъне, барои аксар кишварҳои минтақа Русия шарики аслӣ дар тиҷорат ва яке аз сармоягузорони пешрав аст. Ба ин манзур Русия равобити сиёсӣ ва иқтисодии худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро афзоиш додааст, то ҳамчунон қудрати бартар дар минтақа бошад. Аз сӯи дигар, яке аз муҳимтарин заминаҳои равобит байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳимоят аз манофеъи шаҳрвандон аст, ки ҳанӯз ҳам ба самти якдигар гароиш доранд. Ин гуфта танҳо ба муҳоҷирату нерӯи корӣ марбут намешавад, гарчи ҳаҷм ва таъсири он бар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр зиёд аст. Ҷараёни сайёҳон аз Русия ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзудан аст, ҳамчунон омӯзиши забони русӣ дар минтақа ва дар худи Русия низ як ҷамъияти мусулмонии чанд миллионнафарӣ, ки ба фарҳангу суннати мардуми Осиёи Марказӣ дар иртибот аст, меафзояд. Ин амр фурсатҳои чашмгире барои гуфтугӯҳои амиқи фарҳангӣ, омӯзишӣ, илмӣ дар ҷавонон ва равобити зич бо Русия эҷод мекунад.

Воқеан, Русия ба унвони як қудрати бузург манофеъи хосси худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он дорад. Сиёсати хориҷии қудратҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамвора чандҷониба аст. Онҳо дар ҳавзаҳои мухталиф бозӣ мекунанд.

Дар робита ба чигунагии сиёсати Русия дар Осиёи Марказӣ Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, огоҳи масоили байналмилалӣ мегӯяд, ки барои кишварҳои минтақа Русия шарики аслӣ дар бахши низомиву тиҷорат буда, яке аз сармоягузорони пешрав аст. Ин сармоягузориҳо бо ҳадафи тавсеаи пружаву фанноварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва иҷрои дигар лоиҳаҳои бузурги зерсохтӣ анҷом мешавад.                                                                                                                                                               Ба гуфтаи ӯ, тавсеаи равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври маъмул "қудрати нарм" хонда мешавад, ки дар партави буҳрону сардии муносиботаш бо ҷаҳони Ғарб шакл мегирад.

- Русия бо вуҷуди доштани манфиатҳои ҳаётӣ ва муносибатҳои стратегӣ бо кишварҳои  Осиёи Марказӣ, илова бар фаъол будани Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ, пойгоҳҳои низомияш дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мавридҳое ҳаст, ки нишон медиҳад, ин кишвар дар минтақа аз мавқеъияти бисёр болои амниятӣ бархӯрдор аст.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик атрофи рақобати геополитикии абарқудратҳои ҷаҳонӣ гуфт, ки Русия ҳам барои ҳифзи нуфузи бештар дар минтақаи Осиёи Марказӣ талош дорад, “зеро дар ҳамсоягии кишварҳои минтақа Афғонистон ҷойгир аст, ки дар рӯ ба рӯи хатару таҳдидоти терроризм қарор доранд. Аз ин рӯ, Русия худро кафили амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ҳисобида, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷияш ҳалли мусолиматомези мухолифатҳо мебошад”.


Алҳол Русия ба эҷоди иттиҳоди сиёсӣ ва низомии дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ алоқамандии зич дорад ва кишварҳои минтақа низ барои таъмини суботу амнияташон дар баробари чолишҳои дохиливу хориҷӣ ба Маскав такя мекунанд, ки ин омил вобастагиашонро ба қудратҳое мисли Русия зиёд мекунад.

Бо ин вуҷуд агарчи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки баъд аз се даҳаи истиқлол аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ имрӯз ҳам аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ ва отифи вобастагии зиёде ба Маскав доранд, вале аз тарафи дигар бо сиёсати дарҳои боз нимнигоҳе ба қудратҳои дигари ҷаҳонӣ доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед