Ru  | Tj
Боздошти як сокини вилояти Суғд барои интиқоли ғайриқонунии 20 ҳазор доллар
Боздошти як сокини вилояти Суғд барои интиқоли ғайриқонунии 20 ҳазор доллар
Акс: npu.gov.ua

Боздошти як сокини вилояти Суғд барои интиқоли ғайриқонунии 20 ҳазор доллар

Нашр шуд

Мақомоти гумруки вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон як касро барои интиқоли пули нақд бидуни барасмиятдарории гумрукӣ боздошт кардаанд.

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд  гуфт, шахси боздоштшуда мехост миқдори калони арзи нақдро бе расмиёти гумрукӣ аз сарҳад гузаронад.

Ба иттилои ин масъули мақомоти гумруки вилояти Суғд, ин фард Орифҷон  Баротов будааст, ки мехостааст 20 ҳазор доллари ИМА-ро ба таври сохтакорӣ аз кормандони гумрук пинҳон карда, аз марз гузаронад.

“Дар айни ҳол нисбати боздоштшуда бо моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 289 қисми  2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст”, - иброз кард Зафар Маҳмадиев.
Моддаи 289-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ мекунад.


ЧӢ ҚАДАР ПУЛИ НАҚД БА ТОҶИКИСТОН ВОРИД КАРДАН Ё АЗ ОН БАРОВАРДАН МУМКИН АСТ?

Бояд зикр кард, ки ҳамасола афроди зиёд барои интиқоли пули нақд бе тартиб додани расмиёти гумрукӣ боздошт мешаванд ва яке аз сабабҳои интиқоли ғайриқонунии пули нақд надонистани талаботи қонунгузории кишвар мебошад.

Ба гуфтаи Зафар Маҳмадиев, Барои баровардани беш аз 3 ҳазор то 10 ҳазор доллар аз резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пур кардани эъломияи хаттӣ бе пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ (тасдиқкунанда), ки ба баровардани арзи хориҷӣ аз Тоҷикистон имкон медиҳанд, талаб мешавад.

Мувофиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ҳангоми интиқоли маблағи нақди зиёда аз 10 ҳазор доллар анҷоми расмиёти эъломияи гумрукӣ ҳатмӣ мебошад. Зимни анҷоми расмиёти маблағи беш аз 100 ҳазор доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаҳои дарёфти ин маблағ зарур аст.

Ба гуфтаи номбурда, як моҳ пеш барои сатҳи огоҳи шаҳрвандонро боло бурдан варақаҳои хабарӣ (брашюра), ки уҳдадориҳои шаҳрванд ҳангоми воридоту содирот муайян шудааст, нашр ва ба кулли шаҳрвандоне, ки бо воситаи гузаргоҳҳо мегузаранд ё бо воситаи фурудгоҳ тақсим карда шуда истодааст. Лекин худи шаҳрвандон дидаву дониста қонуншиканӣ мекунанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед