Ru  | Tj
Бозгушоии озмоишгоҳҳои биологӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Ҳадаф чист?
Бозгушоии озмоишгоҳҳои биологӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Ҳадаф чист?
Акс: pixabay.com

Бозгушоии озмоишгоҳҳои биологӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Ҳадаф чист?

Нашр шуд

Чанде қабл бархе аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки Ожонси коҳиши таҳдидоти дифоии Вазорати дифои ИМА тасмим гирифтааст, то дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Қазоқистон озмоишгоҳҳои биологиро бозсозӣ кунад. Чӣ касе ва чаро ба он ниёз дорад, метавонед дар матлаби мо бихонед.

Иттилоия барои алоқамандон

Ба дасти расонаҳои хабарии Русия иттилоия барои алоқамандон дар тарҳи таҷдиди озмоишгоҳҳои биологӣ расидааст, ки тибқи он барқарорсозии ин иншоот гӯё қабл аз ҳама ба «ҳифзи ИМА», нерӯҳои мусаллаҳ ва муттаҳидони он дар баробари таҳдидоти биологӣ, инчунин густариши феҳристи кишварҳои шарик барои пешгирӣ ва ошкорсозии шуюъи бемориҳо рабт дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки озмоишгоҳҳо таъмир, хидматрасонии фаннию таҷҳизоти ҷадид таҳвил дода, маводҳои масрафӣ харидорӣ ва машғулиятҳо доир ба таъмини амнияти биологӣ низ баргузор карда мешаванд.

Мусаллам аст, ки Ожонси мазкур тавассути Барномаи коҳиши таҳдидоти биологӣ (БКТБ) фаъолият намуда, дар айни замон онҳо дар ҳамдастӣ бо шарикони худ дар дунболи пайдо кардани муҷриёни муносиб ҳастанд.

Вобаста ба ҳадафҳои думболгирифтаи воқеъии ин озмоишгоҳҳо метавон рӯшанӣ андохт, зеро баҳс дар ин маврид муддати тӯлонист, ки идома дорад.

Вируси қатл

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ожонси коҳиши таҳдидоти низомии Вазорати дифоъи ИМА бо таҳқиқ ва омӯзиши патогенҳо машғул аст. Вале на ҳама аз он хабардоранд, ки гузаронидани чунин тадқиқот дар ҳудуди Амрико барои чунин ташкилот мамнӯъ аст. Маҳз барои ҳамин амрикоиҳо озмоишгоҳҳои биологии худро берун аз кишварашон ҷойгир мекунанд.

Таҳқиқоти зиёде дар мавриди чунин озмоишгоҳҳои биологӣ дар Русия анҷом шудааст. Танҳо соли гузашта Вазорати дифоъи Русия дар ҳудуди Украина беш аз 30 озмоишгоҳи биологӣ кашф кард, ки фармоишгири тамоми таҳқиқоти ин муассисаҳо Амрико буд. Тибқи иттилооти расмӣ, муҳаққиқони амрикоӣ бо ҷамъоварӣ ва интиқоли штаммҳои барангезандаҳои бемории гуногун машғул буданд. Ҳамин тариқ, авомили бемории тоун, вирусҳои Крим-Конго, вабо, бруселлёз, кафгирак (сибирская язва), инсифалити мунтақила аз кана таҳвил дода шуданд. Ҳамаи ин бо баҳонаи мубориза бо бемории дунёгири ковид дар Укроин роҳандозӣ карда мешуд.

Таърихи хуруҷи тоҷвирус то ҳанӯз баҳсбарангез боқӣ мемонад. Олимон ва ҳамагиршиносони чинӣ борҳо иброз доштанд, ки омили шуюъи ин беморӣ метавонад низомиёни амрикоӣ бошанд. Бар асоси як фарзия COVID-19 соли 2019 дар ҷараёни ҳафтумин бозиҳои ҷаҳонии низомӣ, ки низомиёни амрикоӣ низ дар онҳо ширкат доштанд, ба Ухан ворид шудааст. Фарзияи дигар ин аст, ки вируси мазкур аз озмоишгоҳи биологии амрикоӣ, воқеъ дар шаҳри Ухон ихроҷ шудааст.

Ифтитоҳи озмоишгоҳҳо бо маблағгузории ИМА ҳамеша ба ҳаводиси аҷоиб оварда мерасонд. Чунончи, соли 2007 дар заминаи Пажӯҳишкадаи вирусшиносии шаҳри Тошканд озмоишгоҳи биологӣ таъсис дода шуд, ки бо омӯзиши бурселлёз дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон машғул буд. Маҳз дар ҳамин давра афзоиши шадиди гирифторӣ бо ин беморӣ мушоҳида шуд. Ҳаводиси шабеҳ соли 2015 дар Гурҷистон низ, ки онҷо таҳқиқот вобаста ба муолиҷаи гепатит анҷом дода шудааст, ба назар расид. Тибқи асноди расмӣ, дар як вақт 24 бемор фавтид, ки ному насаби онҳо то ҳанӯз расонаӣ нашуд. То ҳанӯз маълум нест, ки сабаби марги онҳо дар чист.

Бояд дарк кард, ки бо таваҷҷуҳ ба бозгушоии озмоишгоҳҳои биологӣ дар ҳудуди кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хатари густариши потагенҳои афзоянда ҳар рӯз зиёд шуда истодааст. Мавҷудияти озмоишгоҳҳои биологӣ на танҳо ба мардуми кишварҳое, ки дар ҳудуди онҳо фаъолият менамоянд, таҳдид мекунад, балки давлатҳои дигарро низ зери хатар мегузорад. Муҳаққиқон иброз менамоянд, ки барои чунин бемориҳо сарҳад вуҷуд надорад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед