Ru  | Tj
Чӣ тавр мошинҳо ҳаворо дар Хуҷанд ифлос мекунанд?
Чӣ тавр мошинҳо ҳаворо дар Хуҷанд ифлос мекунанд?
Акс: Интернет

Чӣ тавр мошинҳо ҳаворо дар Хуҷанд ифлос мекунанд?

Нашр шуд

Ҳамарӯза ҳазорҳо воситаи нақлиёт ҳаворо дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ифлос мекунад. Коршиносони масоили муҳити зист мегӯянд, яке аз сабабҳои олудашавии ҳаво ихроҷи газҳо аз нақлиёт мебошад.

Теъдоди воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад. Агар шумораи воситаҳои нақлиёт дар соли 2000 дар вилояти Суғд 50 ҳазор сабт шуда бошад, ин рақам дар соли 2020 ба 150 ҳазор адад расидааст.



Худрави тамғаи «Опел»-и Қурбон, ки моҳе пеш харидорӣ карда буд, дуди ғализ мебарорад. Ӯ мегӯяд, ки дуди ғализ аз ҳисоби корношоям шудани ядакафзорҳо (қисмҳои эҳтиётӣ)-и муҳаррики он аст.
«Соли барориши мошини ман 2005 мебошад. Муҳаррикаш дуд мекунаду равған мехӯрад. Вақте дар роҳҳои шаҳр ҳаракат мекунам, дуди зиёд мебарорад ва метарсам, ки рӯзе мошинамро дар роҳ бозмедоранду ҷарима мекунанд», - мегӯяд вай.

Маъмулан дар Тоҷикистон худрав (автомашина)-ҳо аз сӯйи милитсияи экологӣ ва кормандони ҳифзи муҳити зист дар шаҳру навоҳӣ боздошта мешаванд ва агар муҳаррики он аз меъёр зиёд газҳои заҳрнок хориҷ кунад, тибқи қонунгузорӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима таъйин мекунанд.

Ин меъёрро дар кишвар Қонуни бехатарии экологии нақлиёти автомобилии Тоҷикистон танзим менамояд.

Аз ҷумла ин қонун:

- сӯзишвории муҳаррик;

- сифати сӯзишвории муҳаррик;

- таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- гази истифодашуда;

- заҳрнокии газҳои истифодашуда;

- амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилро танзим менамоянд.

Ба ҷуз аз ин аз ҷониби муҳитшиносон барои ҳифзи ҳавои тозаи атмосфера дар роҳҳои Тоҷикистон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад.

АМАЛИЁТИ «ҲАВОИ ТОЗА» ТО КУҶО МУАССИР АСТ?

Кормандони Идораи ҳифзи муҳити зист таъкид менамоянд, ки амалиёти «Ҳавои тоза» ҳанӯз аз соли 1995 ҳамасола аз моҳи март то октябр дар роҳҳои кишвар гузаронида мешавад ва ҳадаф аз баргузории он нигоҳ доштани ҳавои тозаи табиат аст. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷараёни амалиёт ронандагони воситаҳои нақлиётеро, ки автомашинаашон аз меъёр зиёд газҳои заҳрнок хориҷ мекунад, боздошт ва чораҷӯйӣ мекунанд.

Мирзоҳабиб Баҳодуров, мутахассиси бахши назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати муҳити зисти вилояти Суғд зимни суҳбат таъкид намуд, ки аз рӯйи нақшаи Раёсат ҳанӯз аз соли 1995 амалиёти «Ҳавои тоза» дар миқёси вилояти Суғд гузаронида мешавад.

Вай мегӯяд, ки баргузории амалиёт бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ба ҳисоб рафта, чунин амалиётҳо дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон давоми сол мунтазам гузаронида мешаванд.

«Бо таҷҳизоти Газоанализатор «МЕТА» ҳаҷми ихроҷи моддаҳои зарарнок аз автомашинаҳое, ки бо сӯзишвории бензин ва газ ҳаракат мекунанд, санҷида мешаванд. Бо таҷҳизоти «Димомер Мета in» бошад, санҷиши автомашинаҳое, ки бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, гузаронида мешавад», - таъкид намуд Мирзоҳабиб Баҳодуров.

Вале Икром Мамадов, роҳбари созмони ҷамъиятии «Маркази Орхусс Хуҷанд» ва коршиноси масоили экологӣ, ташкил ва гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза»-ро яке аз роҳҳои назоратӣ медонад, вале таъкид мекунад, ки барои беҳбудии вазъ ин амалиётҳо бояд копмлексӣ бошанд.

«Аз ҷумла манъ намудани ворид ва истифодаи нақлиётҳо, ки катализатор надоранд ва корношоям мебошад, сохтмони роҳҳои ҳалқагин, кабудизор намудани кади роҳҳо, рушди хидматрасонии нақлиёти барқии мусофирбар, васеъ намудани роҳҳо, дар маркази шаҳр ҷудо кардани роҳҳо барои дучархаронҳо ва ғайра», - мегӯяд Икром Мамадов.

ҲАВОИ ХУҶАНД ОЛУДА АСТ?

Коршинос Икром Мамадов мегӯяд, ифлосшавии ҳавои атмосфера аз якчанд манбаъ, аз ҷумла аз воситаҳои нақлиёт, саноат, хидматрасониҳои хӯроки умумӣ, хонаводаҳо ва партовҳои фаромарзӣ ба миён меояд. Албатта, воситаҳои нақлиёт яке аз манбаъҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳаҷм ва хатари партовҳои он ба ҳолати техникии нақлиёт, аз сифати сӯзишворӣ, инфрасохтори шаҳр ва сифати роҳ бастагӣ дорад.

«Тадқиқотҳои солонаи мо нишон медиҳад, ки ифлосшавии ҳавои атмосфера субҳ аз соати 6:00 то 9:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 мушоҳида мешавад. Ин нишондодҳоро метавон ба ду манбаъ вобаста кунем. Якум, таъсири воситаҳои нақлиёт дар соатҳои муайян, ки ба сатҳи ифлосшавӣ дар субҳ ва шом таъсир мерасонад. Дуюм, эҳтимоли истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳӣ аз ҷониби аҳолӣ дар вақти ҳавои сард. Яъне, вақте ки пагоҳӣ ва бегоҳӣ аҳолӣ дар хонаҳои шахсии худ ба омода кардани хӯрок ва ё бо истифода аз оташи кушод ба гарм кардани бино шурӯъ мекунанд», - таъкид мекунад Икром Мамадов.

Бино бар арзёбиҳои коршинос, албатта, сифати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд ба мисли шаҳрҳои дигари ҷаҳон 90%, махсусан дар фасли зимистон ба талабот пурра ҷавобҷӯ нест.

ГАЗҲОИ ЗАҲРНОКИ ХУДРАВҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН ЧӢ ТАЪСИР ДОРАНД?

Ҳама намуди воситаҳои нақлиёт ба ҳаво консарагенҳо ва моддаҳои тоскинӣ ихроҷ мекунанд ва таркиби ин моддаҳои заҳрнок ба сӯзишвории муҳаррики худрав (автомобил)-ҳо вобаста мебошад.

Дуди ихроҷи мошинҳо метавонад ба саломатӣ зараровар ва ҳатто хеле ҷиддӣ бошад. Аввалан, оксиди карбон, ки лаззат ва бӯй надорад, аммо дар натиҷаи зиёд ҷамъ шуданаш боиси чарх задани сар, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва метавонад то ба беҳушӣ оварда расонад.

Пизишк Аҳрор Дӯстматов зимни суҳбат таъкид дошт, ки аз ҳисоби ифлосшавии ҳаво бемориҳои диққи нафас, газаки музмими роҳҳои нафас ва бемориҳои аллергикӣ ба вуҷуд меоянд.

Вай таъкид намуд, ки бо назардошти он ки ифлосшавии сатҳи ҳаво сол то сол авҷ гирифта истодааст, ба зиёд шудани бемориҳои системаи нафас, аз ҷумла бемориҳои аллергикӣ оварда расонида истодааст.

«Яке аз омилҳои пайдоиши бемориҳои системаи нафаскашӣ чангу ғубор бошад, омили дувум ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби ихроҷи дуди мошинҳо, ки гази карбон ё дигар намуди газҳои зарарнокро ба ҳаво хориҷ мекунанду ҳаворо заҳролуд месозанд. Ин боиси пайдоиши оризаҳои бемории аллергикӣ байни мардум гашта истодааст, ки шуморааш сол аз сол зиёд мешавад», - зикр намуд Аҳрор Дӯстматов.
Бензини сурбдор ҳаворо бо сурб захролуд мекунад. Миқдори чунин газҳои ихроҷшуда ва зарари он ба саломатӣ расонидаи онҳо сурбро ба яке аз заҳролудтарин пайвастагиҳои заҳролуд дар атмосфера табдил додааст. Дар айни замон чунин бензин дигар ҳамчун сӯзишворӣ барои мошинҳо истифода намешавад, аммо дар тӯли муддати тӯлонӣ буғи он тамоми шаҳрҳои калонро пур мекунад.

Карбогидридҳо дар партовҳои мошинҳо ҳангоми таъсири нури офтоб оксид мешаванд ва пайвастагиҳои заҳролудро бо бӯйи тез ба вуҷуд меоранд, ки махсусан ба роҳҳои болоии нафас таъсир мерасонанд ва боиси авҷ гирифтани бемориҳои музмини системаи нафаскашӣ мешаванд. Зарари газҳои ихроҷи мошинро асосан кансерогенҳо – дуду бензопиренҳо мебошад, ки ба пайдоиши омосҳо дар организми инсон мусоидат мекунанд.

Ҳангоми таъсири доимии газҳои ихроҷшуда норасоии масуният ва бронхит метавонад дар бадани инсон инкишоф ёбад ва дар натиҷа рагҳои майна, системаи асаб ва дигар узвҳо азият мекашанд. Ғайр аз ин аксари моддаҳои токсинии ҳосилшуда дар натиҷаи омезиш бо дигар компонентҳои атмосферӣ ба пайдоиши туман мусоидат менамоянд.

Созмони ҷамъиятии «Маркази Орхусс Хуҷанд» дар як пажӯҳиши худ дар соли 2019 манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳавои вилояти Суғд аз рӯйи саҳми партовҳои моддаҳои зараровар чунин муайян кардааст:

- воситаҳои нақлиёт;

- иншооти саноатӣ;

- сӯзишворӣ аз тарафи аҳолӣ;

- хоҷагии қишлоқ;

- интиқоли фаромарзӣ.

Саҳми бештарро дар ифлосшавии ҳавор партовҳои мошинҳо мегузоранд. Шумораи умумии онҳо дар вилоят ҳудуди 178 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Газҳои ихроҷшуда зиёда аз 200 ҷузъро дарбар мегиранд, ки хатарноктарини онҳо СО (оксиди карбон), CH (гидрокарбонҳо), NOx (оксиди нитроген), алдегидҳо, сурб ва дигар моддаҳои кансерогенӣ мебошанд.

БАРОИ ПЕШГИРИИ ОН ЧӢ БОЯД КАРД?

Коршинос Икром Мамадов мегӯяд, ки яке аз пешниходҳо ҳамин аст, ки мо дар ҳамдастӣ ба мақомоти шаҳри Хуҷанд, стратегияи рушди шаҳрро тартиб диҳем, ки он хамаи пешниҳоду принсипҳои рушди экология ва «сабз»-ро дарбар гирад.

«Барнома ё стратегия бояд дар асоси истифода аз технологияҳо, зиёд намудани майдонҳои сабз, ворид намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва мудирияти автоматӣ ва ғайра тартиб ва татбиқ намудан лозим аст. Дар ин ҷода мо бояд ҷалби сармоягузории сабзро ба роҳ монем», - хулоса мекунад ӯ.

Ҳамчунин барои кам кардани таъсири партовҳои ояндаи CO2 аз ҳисоби нақлиёт тавсия дода мешавад, ки минбаъд хароҷоти нисбии татбиқи тадбирҳои зеринро омӯхт:

●      кам шудани синну соли миёнаи парки автомобилхои сабукрав;

●      таҳияи сиёсатҳое, ки барои дастгирии гузаштан ба истифодаи бештари нақлиёти ҷамъиятӣ заруранд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед