Ru  | Tj
Дар Хатлон навбатпоии сокинон кай ба охир мерасад?
Дар Хатлон навбатпоии сокинон кай ба охир мерасад?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Дар Хатлон навбатпоии сокинон кай ба охир мерасад?

Нашр шуд

Бо поён ёфтани моҳ ташвиши сокинони вилояти Хатлон зиёд мешавад, зеро охирҳои ҳар моҳ назди худпардоз (банкомат)-ҳо барои гирифтани ҳаққи бознишастагӣ ё маош навбатпоии аҳолӣ бештар гардида, онҳо аз набуди пул дар худпардозҳо шиква мекунанд.

Шаҳрбону Амирова, сокини 64-солаи шаҳри Бохтар мегӯяд, ҳар моҳ барои гирифтани ҳаққи бознишастагии худ назди худпардоз навбатпоӣ мекунад ва ин ҳол ба саломатияш зиён дорад.

"Барои гирифтани ҳаққи худам меоям ва ҳар бор муддатҳо дар навбат меистам. Гоҳе мешавад, ки навбатам норасида пул дар худпардоз тамом мешавад ва ин бештар маро нороҳат мекунад. Барои ман, ки вазъи саломатиям хуб нест ва пойҳоям дардманд ҳастанд, ин гуна вазъ таъсири манфӣ мерасонад", - бо таассуф гуфт Шаҳрбону Амирова.
Навбатпоии зиёд сокинони ноҳияи Кушониёнро низ ба ташвиш овардааст. Онҳо иддао доранд, ки аз чанд худпардоз дар ин ноҳия танҳо яктояш фаъол аст ва он ҳам ду ё се рӯз пул дораду халос.

Аз сӯйи дигар Ниёзалӣ Муродов, сокини 67-солаи ин ноҳия мегӯяд, маблағи ҳаққи бознишастагияш ҳамагӣ 250 сомонӣ аст ва барои гирифтани он то 50 сомонияшро сарф мекунад.


"Ҳар моҳ қисме аз пулҳои ман дар роҳ ва мусофирбарҳо сарф мешавад, зеро барои гирифтани ҳаққам аз ин макон ба он макон гашта, худпардози пулдор меҷӯям. Ин навбат барои гирифтани пул аз ноҳияи худ то ноҳияи Вахш худпардоз ҷустуҷӯ кунам", - гуфт Н. Муродов.

 Ашургул Артикова, сокини 56-солаи ноҳияи Вахш камтавони гурӯҳи дувум буда, аз кори масъулони "Амонатбонк" гиламанд аст. Ӯ ба ин ақида аст, ки каммасъулиятии кормандони онҳо боиси ташвиши сокинон мегардад.

"Зиндагии ман аз рӯйи ҳаққи бознишастагиям аст ва бар дӯшам табобати як набераи камтавонам вогузор шудааст, ки ҳар моҳ барои табобаташ пул лозим аст. Як ҳафта мешавад, ки ҳаққам гузаштааст, аммо аз сабаби набудани пул дар худпардозҳо ман то ҳол онро нагирифтаам", - гуфт Артикова.

Дар ҳамин ҳол Гулаҳмад Холов, мудири намояндагии вилоятии №42-и “Амонатбонк” дар нишасти хабарии ин ниҳод ҷой доштани чунин мушкилотро тасдиқ кард. Номбурда гуфт, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон беш аз 340 адад худпардоз ва 652 адад постерминал фаъолият дорад, вале ин миқдор барои эҳтиёҷоти муштариён, махсусан барои гирифтани пули нақд аз худпардозҳо кифоят намекунад.


"Давоми соли 2023 мо беш аз 95 милён сомонӣ ё худ 104 дарсади маблағҳои бонкиро дар худпардоз (банкомат)-ҳо гузоштем, вале азбаски аҳолӣ зиёд аст ва сокинони дигар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар низ аз шаҳри Бохтар пулҳои худро мегиранд, чунин мушкилот пеш меояд", - гуфт Холов.

Ин шахси масъул бар ин назар аст, ки дар баробари бонкҳо Идораи молияи вилояти Хатлон ва дигар ниҳодҳои марбута бояд саҳим бошанд.

“Агар онҳо моро пеш аз гузаштани маош ва ҳаққи бознишастагӣ дар хусуси маблағи умумӣ огаҳ кунанд, мо имкон пайдо мекунем, ки ҳамон ҳаҷм маблағро дар худпардозҳо гузорем ва сокинон барои гирифтани маошу ҳаққи бознишастагии худ навбатпоӣ накунанд", - таъкид кард Гулаҳмад Холов.


Сокинони навоҳии минтақаи Бохтар мегӯянд, мушкили кам будани намояндагиҳои бонкӣ ва худпардозҳо дар ноҳияҳои атрофи шаҳр онҳоро водор мекунад, ки барои гирифтани пул ба шаҳри Бохтар биёянд. Ин дар навбати худ ба норасии маблағҳои худпардоз ва таҷаммуъи одамони зиёд дар назди дастгоҳҳои худпардоз боис мешавад. “Агар мушкил дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ҳалли худро ёбад, дар Бохтар низ ин мушкил аз байн меравад”, - бар ин назаранд онҳо.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки аслан дар шаҳру навоҳии Хатлон худпардозҳо намерасанд, бавижа дар ҷамоатҳо. Ба гуфтаи Сайраҳмон Назриев, шореҳи масоили иқтисодӣ, масалан агар як ҷамоат 40-50 ҳазор аҳолӣ дошта бошад, шояд ки як адад дастгоҳи худпардоз ё як намояндагии хурди хидматрасонии "Амонатбанк" асту халос.


"Ин мушкил бештар дар шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Кушониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Хуросон ва чанде дигар мавҷуд аст. Ин боис мегардад, ки сокинон ба шаҳру ноҳияҳои дигар барои гирифтани пули худ рафта онҷо сарборӣ шаванд”, - афзуд Назриев.

“Фикр мекунам, роҳҳали ин мушкил дар фарҳанги корбурди кортҳои бонкӣ аст. Мо одат кардаем, ки дар корт ҳар миқдоре ки пул ҳаст, ҳамаи онро нақдӣ биситонем. Тамоми дунё имрӯз ба додугирифти ғайринақдӣ гузаштааст ва фикр мекунам барои аз байн рафтани мушкилоти набуди маблағҳои нақдӣ бояд пардохтҳои ғайринақдиро ба сокинон омӯхт ва барои онҳо шароити пардохти электрониро муҳайё кард. Агар дар дуконҳо ва дигар фурӯшгоҳҳои ҷамоату деҳкадаҳо постерпинал ё QR-ҳо ҷойгир карда шаванду ҳар касе ки харид мекунад, электронӣ аз тариқи телефон пардохт карда тавонанд, мушкил то ҷойе аз байн меравад", - таъкид кард ин шореҳ.

Коршиносон бар ин назаранд, ки агар соҳибкорон ва фурӯшандагони молу маҳсулот ба муштариён барои пардохти ғайринақдӣ шароит муҳайё созанд, ниёз ба пули нақдӣ камтар мешавад. Ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон наздики 10 сол мешавад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ ҷорӣ кардаанд. Аз хариди рӯзнома то хидматрасонии мусофирбарҳову кироякашҳо ба таври ғайринақдӣ пардохт мешаванд. Ин аст, ки мушкили норасоии пулҳои нақдӣ дар ин кишварҳо дида намешавад. Агар дар мо низ дар баробари шаҳрҳо дар ноҳия ва деҳкадаву ҷамоатҳо низ пардохтҳои ғайринақдӣ роҳ андохта шавад, ниёз ба пули нақдӣ ва навбатпоиҳо намемонад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед