Ru  | Tj
Деглобализатсия ё ҷаҳонгаройӣ дар формати нав. Моро чӣ интизор аст?
Деглобализатсия ё ҷаҳонгаройӣ дар формати нав. Моро чӣ интизор аст?
Аксҳо: аз Интернет

Деглобализатсия ё ҷаҳонгаройӣ дар формати нав. Моро чӣ интизор аст?

Нашр шуд

Аз охирҳои асри XX сар карда, инсоният ба ҷараёне ворид гардид, ки то имрӯз пойбанди он аст ва ин раванд бо номи ҷаҳонгаройӣ (globalization) ёд мешавад. Имрӯз коршиносон аз шеваҳои нави он бо номи деглобализатсия ҳадс мезананд, ки ин раванд боз хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар он, пеш аз ҳама, манфиатҳои иқтисодӣ авлавият доранд, ки ҷаҳонро бо мушкилоту монеаҳои нав рӯбарӯ кардаанд.

 

БА ЧӢ ОМОДА БОШЕМ?

Бисёре аз олимон ҷаҳонгаройиро имконияти дар олам паҳн намудани озодии сухан, ҳуқуқи инсон ва мардумсолорӣ (демократия), воситаи баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволӣ ва ғайра маънидод кардаанд. Донишманди инглис Л. Склер ҷанбаъҳои сотсиологии ҷаҳонгаройиро таҳлил намуда, менависад: «Бисёре аз проблемаҳои муосир дар доираи давлатҳои миллӣ ҳалли худро намеёбанд. Ҳаллу фасли ин мушкилот дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, ҷаҳонгаройӣ (глобализатсия) ифодагари муносибатҳои байналмилалист».

Дар ҳақиқат, яке аз омилҳое, ки раванди ҷаҳонгаройиро тезонд, рушди бесобиқаи техника ва фанноварӣ (технология) дар замони муосир мебошад. Фанноварии иттилоотӣ имконият фароҳам овард, ки одамон аз гӯшаву канори олам бо ҳам дар иртиботи доимӣ қарор бигиранд. Аз ин рӯ, асри XXI асри иттилоот унвон мешавад ва интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи одамон таъсири амиқ расонда истодааст.

Аз ҷониби дигар, ба назар мерасад, ки расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Бо назардошти ин, дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро дар ҳоли истодагарӣ карда натавонистан ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ, он метавонад ба таъмини амнияти миллӣ таъсири манфӣ расонад. Дар ҷангҳои иттилоотӣ бошад, абарқудратҳо пештозанду аз дидгоҳу назари худ мафкурасозӣ мекунанд.


 

ҲАҶМИ САВДОВУ САРМОЯГУЗОРӢ АФЗУД

Аз замони пайдоиш дар раванди ҷаҳонгаройӣ манфиатҳои иқтисодӣ мақоми аввалиндараҷа доштанд. Вале профессори Донишгоҳи Ҳарвард Дэни Родриг чунин мешуморад, ки бемории дунёгири коронавирус ва даргирии Русияву Украина дар пасманзари шиддатёбии бозиҳои геополитикӣ бозори ҷаҳониро дар ҷойи дуюм гузошта, таъмини амнияти миллиро барои кишварҳо авлавият бахшид. Мутобиқи иттилои Дафтари таҳлили сиёсати иқтисодии Нидерландия бошад, сарфи назар аз коҳишёбии тиҷорат соли равон дар Чин ва кишварҳои рӯ ба рушд ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ нисбат ба 2020 5,5 дарсад афзудааст.

Сармоягузории хориҷӣ аз меъёрҳои дигари ҷаҳонгаройист, ки пас аз коҳишёбӣ соли 2021 дубора барқарор шуд. Тибқи таҳлили Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, нимаи аввали соли гузашта сармояи хориҷиро аз ҳама бештар Чин ба даст овард. Амрико ва Британияи Кабир дар мақоми дуюму сеюм қарор доранд.


 

ДЕГЛОБАЛИЗАТСИЯ ЧИСТ?

Тавре дар боло зикр кардем, имрӯз таҳлилгарон доир ба мафҳуми деглобализатсия ибрози андеша менамоянд. Коршиноси «Financial Times» мегӯяд: «Дар раванди деглобализатсия рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ боло рафта, ҷойҳои кории нав зиёд мешаванд ва дар истеҳсолоти ватанӣ имконияти ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба вуҷуд меояд». Дар ин баробар зикр мешавад, ки агар ҷаҳонгаройӣ молҳои арзони истеъмолиро ба вуҷуд оварда бошад, деглобализатсия боиси афзоиши нархҳо мешавад.

Хабаргузории «ТАСС» андешаи Пол Кругман, иқтисоддони амрикоиро меорад, ки «ба эҳтимоли зиёд ҷаҳон дар ҳоли аз даст додани эътиқоди мутақобила аст. Интизор меравад, минбаъд кишварҳои Ғарб он кишварҳоеро, ки бо онҳо аз нигоҳи сиёсӣ ихтилоф доранд, шарики худ ҳисоб накунанд. Дар чунин ҳол даромади кишварҳои сарватманд камтар шуда, кишварҳои рӯ ба рушд ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбанд».

Ба навиштаи хабаргузории «Bloomberg», рушди иқтисодӣ коҳиш ёфта, нархҳо боло мераванд.

Коршиноси турк Дени Родриг фарзияи дигарро пешниҳод мекунад: дар ин ҷараён як қатор кишварҳо ба худтаъминсозӣ мегузаранд ва дар онҳо муомилоти савдои берунӣ кам мешавад. Инчунин ҷангҳо ва таҳримҳои иқтисодӣ ба меъёри савдо ва муносибатҳои байналмилалӣ табдил меёбанд.

«Мо медонем, ки ҷаҳон тағйир меёбад ва ин чизи нав нест. Ин ҷаҳони чандқутба аст», - мегӯяд мудири иҷроияи Бунёди байналмилалии арз (асъор) Кристалина Георгиевна. Лекин гап сари он меравад, ки оё ин ҷаҳони ҷандқутба ба блокҳое тақсим мешавад, ки аз ҳам ҷудо бошанд? Ё мо шоҳроҳҳоеро, ки кишварҳоро ба ҳам мепайванданд, нигоҳ медорем? Ин ҳам дар суратест, ки ҷаҳони пароканда ҳамкории бештарро тақозо дорад».

Аз ин бармеояд, ки ҳанӯз оқибати ин раванд пешгӯинашаванда аст ва ҷаҳонро чӣ интизор аст, маълум нест. Вале пайдост, ки шеваҳои нави ҷаҳонгаройӣ рӯйи кор омадаву пешорӯйи ҷаҳони мутамаддин мушкилоту монеаҳои навро ба миён гузошта истодаанд. Пайомади онро бошад, дар мисоли ҷорӣ гардидани таҳримҳову болоравии нархҳо эҳсос карда истодаем. Бинобар ин, аз ҳар як кишвар тақозо мешавад, ки ба ин ҷараён омода бошад, зеро ворид шудан ба он ногузир аст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед