Ru  | Tj
“ДОИШ-и Хуросон”-Тоҷикистон зери нигоҳҳои сиёсӣ
“ДОИШ-и Хуросон”-Тоҷикистон зери нигоҳҳои сиёсӣ

“ДОИШ-и Хуросон”-Тоҷикистон зери нигоҳҳои сиёсӣ

Нашр шуд

Даҳ сол муқаддам гурӯҳи ҳаросафкани ДОИШ* дар сар савдои эҷоди як хилофати исломии фаромиллӣ дар Ироқу Сурияро дошт, вале ниҳоят саркӯб шуд ва дар тамоми ҳавзаҳо тасаллути худро аз даст дод.

Дар марҳилаи кунунӣ яке аз шохаҳои бозмондаи ин созмони ҳаросафкан “ДОИШ-и Хуросон”* зуҳур кардааст, ки ҳоло бо ҳамлаҳои маргбораш дар нуқоти гуногуни дунё дар садри расонаҳои байналмилалӣ аст. Яъне пас аз як давраи нисбатан сукут ин гурӯҳ дигарбора дар талоши афзоиши ҳамлаҳои ҳаросафкан аст. Танҳо дар тӯли чанд моҳи гузашта дар ҳамлаҳое ба Эрон, Туркия, Русия илова бар Афғонистон нақши аслиро бозӣ карда, иқдомоте низ дар ҳудуди Аврупо доштааст.

Ҳарчанд Толибон иддаои мубориза бо ин гурӯҳро дорад ва аз лиҳози идеулужик ин ду гурӯҳ худро мутафовит таъриф мекунанд, гузоришҳо ҳокӣ аст, ки шохаи Хуросони ДОИШ дар Афғонистон, зери назорати Толибон* фаъолият доранд. Зеро бо қудратгирии Толибон дар Афғонистон мавзуъи ДОИШ ва даргирии ин ду гурӯҳ бо густариши доманаи таҳдидоти амниятии он дар минтақа бештар аз гузашта аҳамият пайдо кард.

Ба тозагӣ Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи идораи Толибон ҳузури ДОИШ-ро дар Афғонистон рад карда, “се кишвари ҳамсоя”-ро барои ҳимоят аз ин гурӯҳ муттаҳам карда, гуфтааст, ки “яке бо неруи инсонӣ, дигаре дар масири ин афрод қарор дошта, барои барҳам задани амният аз он убур мекунанд, кишвари дигар пойгоҳҳо, будҷа ва марокизро барояшон барномарезӣ мекунад”. Ӯ бидуни ном бурдан аз кишвари хосе гуфт: “Агар ин се кишвар ба масъулияти худ амал кунанд, ҳеч мушкиле дар Афғонистон ва минтақа вуҷуд нахоҳад дошт”. Ин аввалин бор аст, ки як мақоми Толибон дар чунин сатҳи боло, ошкоро се кишвари ҳамсояи Афғонистонро ба ҳамкорӣ бо ДОИШ муттаҳам мекунад.

Бузургтарин нигаронии таҳлилгарони тоҷик ин аст, ки бо хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва тасаллути дубораи Толибон сабаби қудрат ёфтани ДОИШ-и Хуросон шуд ва ин кишвар дубора монанди як оҳанрабо ба пойгоҳи ифротгароён табдил шудааст. ДОИШ-и Хуросон то кунун муртакиби ҷиноёти ғайриқобили тасаввур дар Афғонистон ва минтақа шуда, бо узвгирӣ дар сафаш дунболи бадном кардани исми чанде аз миллатҳост ё зарбае ба имиҷу манфиатҳои Тоҷикистон аст. Ин аст, ки ҳанӯз ривояти батакрори Толибон аз амният ва субот дар Афғонистон мавриди таъйид ва қабули Душанбе нест, зеро то кунун натавонистанд, ки қаноати ҳамсоякишварҳоро фароҳам кунад. Ба эътиқоди Тоҷикистон гурӯҳи ҳаросафкани ДОИШ яке аз даҳҳо таҳдиди даҳшатафканӣ аст, ки бояд дар сарзамини ин ҳамсоякишвар бо он муқобила шавад.

Нуктаи чашмгир инҷост, ки аъзои ин гурӯҳ дар бештари  ҳамалот аз манотиқи Осиёи Марказӣ ва ё дигар кишварҳои пасошуравӣ муаррифӣ шуда бо фиреби сиёсӣ сари миллаташон василаи туҳмат мегарданд. Аз ин рӯ зуҳуроти даҳшатафканӣ ба унвони як таҳдиди муҳим барои амнияти минтақаву Тоҷикистон шинохта мешавад.

Дар ҳар сурат, ҳаводиси ахири Маскав беш аз ҳар замоне Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистонро дар маърази нигоҳҳои сиёсӣ қарор додааст. Ба гуфтаи таҳлилгари умури минтақа Раҳматулло Абдуллоев, воқеъоти “Крокус Сити Ҳолл” таваҷҷуҳро ба Тоҷикистону шаҳрвандони кишвар дар ҳоле дар расонаҳои ҷаҳонӣ бештар ҷалб кардааст, ки ҳанӯз болои ин ҳаводиси фоҷеабор номушахасиву номуайяниҳо вуҷуд дошта, дақиқан таҳқиқ нашудааст. Омили дигари зери нигоҳҳои сиёсӣ қарор гирифтани минтақаи Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ дар он аст, ки ҳоло ин минтақа ба рақобати абарқудратҳо - ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Чин гардидааст. Дар ин баробар - Эрону Покистону Ҳиндустону Туркия ҳам қафо монданӣ нест ва дар ин самт фаъол буда, манфиатҳои худро пиёда месозанд.

“Қаблан ҳама чиз эълон шуд, ки дар ин ҷо ДОИШ-и Хуросон даст дорад ё Украина ва бо ин ҳама моҳияти ин фоҷеа норавшан боқӣ мемонад. Ва чунин таблиғотҳое, ки дар арсаи ВАО-и кишварҳои пешрафтаи байналмилалӣ қарор мегирад боз ҳам ифодакунандаи манфитаҳои масалан, Русия ва кишварҳои Ғарб ҳастанд. Иллати дигари мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани Тоҷикистон дар он аст, ки ҳоло бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хоки кишвари мо аст. Дар шароите, ки байни ҷаҳону Ғарбу Шарқ дар мисоли Русия ва Амрикову Иттиҳоди Аврупо бинобар даргириҳои Укриана рақобат шиддат гирифтаст дар майдони сиёсатҳои бузург ҳама чиро интизор шудан мумкин аст. Яъне ин омил ҳам таъсиргузор аст, ки кишварҳои Ғарб ва мунтақидони онҳо ба ҳамин мавзуъ диққат медиҳанд ва мехоҳанд, ки ин масъаларо ба манфиатҳои худ истифода баранд”,-гуфт таҳлилгар Раҳматуллои Абдуллоев.

Бо идомаи чунин назарфиребиҳо ва ё истисмору зулм болои шаҳрвандони як кишвар, вазъият ба ин далел печидатар мешавад, ки бесуботии минтақа фақат мавриди ниёзи Русия нест. Зеро, Маскаву Пекин, ки суботи Осиёи Марказӣ барояшон муҳим аст, дар рӯёрӯи бо қудратҳои дигари нуфузталаб қарор доранд. Таносуби мавҷуд ба ин сурат аст, ки Русия ва Чин дар муқобили Амрико, Бритониё ва Туркия (яъне ду кишвар дар муқобил се кишвар) қарор гирифтаанд.

Коршинос Парвиз Муллоҷонов бар он бовар аст, ки нақши расонаҳои ҷаҳонӣ дар барҷаста бозтоб додани рухдодҳои фоҷеабори ахир хеле зиёд аст ва боз ҳам ифодакунандаи манфиатхоҳии  қудратҳо бо сиёсати чандсӯяе, ки доранд, мебошад.

“Қаблан чунин таваҷҷуҳ дар мавриди ДОИШ ва ё ҳузури шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ё Тоҷикистон дар сафи чунин гурӯҳи ҳаросафкан дар ҷомеъаҳои ин кишвар, хоса Русия набуд. Аслан баъди ҳамлаҳои ин созмони ифротӣ дар Туркия ва баъд дар “Крокус” фаҳму дарк ва тасаввурот атрофи шохаи Хуросони ДОИШ зиёд шуд. Ҳоло як фазову марҳилаи нав пайдо шудааст, ки дар он нақши ДОИШ дигарбора фаъол мегардад. Баъд аз соли 2017 вақте ин гурӯҳи ҳаросафкан дар Ироқу Сурия шикаст хӯрд, то андозае фаъолияташ коҳиш ёфт. Дар ростои вазъияти кунунии ҷаҳонӣ буҳронҳои иқтисодӣ, даргириҳо дар Укроин, Ғазза ва дигар ҳаводис омили муҳими истифода барои ҳадафҳо шудааст. Яъне фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ натанҳо дар минтақаи мо, балки дар худи Аврупо ва Русия бо мавҷудияти равияи ифротии салафӣ рӯ ба афзоиш аст”, - мегӯяд коршинос Парвиз Муллоҷонов.

НАЗДИКИИ РУСИЯ БО ТОЛИБОН ВА “ДОИШ-И ХУРОСОН” БО ИНГЛИСҲО?

Ба назар мерасад, пас аз ҳаводиси Маскав тамосҳои Русия бо ҳукумати Толибон зиёдтар матраҳ мешавад. Зеро ба дунболи ҳаводиси фоҷеабори моҳи марти ин кишвар, ҷониби Маскав ҳеч мавзеъгирии манфӣ алайҳи ҳукумати Толибон надошт ва иттиҳомеро ҳам ба ин ҳукумат ворид накард. Муҳимтарин далеле, ки сабаби наздикии бештар дар ин замина шуд, метавон баён кард, ки ахиран Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия ба Кобул сафар кард ва бо Амирхон Муттақӣ – сарпарасти вазорати хориҷа, Мавлавӣ Абдулкабир – муовини сиёсии сарпарасти девони вазирон ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ – сарпарасти вазорати дохилаи ҳукумати Толибон суҳбат анҷом дод.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Русия ҳукумати Толибонро шарики мутмаин дар мубориза бо ДОИШ медонад. Ва ин имкон вуҷуд дорад, ки музокироти ба тозагӣ суратгирифтаи Кобулов бо Ҳаққонӣ, ки як мақоми амниятӣ аст, меҳвари муборизаи муштараки ду тарафи гурӯҳҳои ҳаросафкан буда бошад.

Ин дар ҳолест, Замир Кобулов – мудири бахши дувуми осиёии Вазорати умури хориҷаи Русия ва намояндаи вижаи раисҷумҳури ин кишвар дар Афғонистон дар мусоҳибаи ахираш бо шабакаи “RTVI” гуфт, ки “ДОИШ-и Хуросон” "шуъбаи" афғонистонии ДОИШ буда, "англосаксонҳо" – ИМА ва ҳампаймонҳои онҳо таъсис додаанд.


"Ин як созмони байнулмилалии ҳаросафкан барои Русия аст, ки аз ҷониби англосаксонҳо аз рӯйи таҷриба ва мушоҳидаву одатҳои хадамоти иктишофии онҳо асос ёфтааст. Онҳо дар ҷойи аввал ин созмонро сармоягузорӣ карданд, то дар муқобили кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҳампаймонҳои Русия истанд. Яъне бо ҳадафи дур кардани Русия аз минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар сафҳои ДОИШ дар шимоли Афғонистон аз Осиёи Миёна, аз ҷумла Узбекистан ва Тоҷикистон ва аз минтақаҳои мусалмони Русия бисёр афрод ҳастанд. Аъзои ин гурӯҳ маъмулан худро танҳо ДОИШ меноманд, “бидуни ҳеч Хуросон”. Оне, ки “ДОИШ-и Хуросон” ном дорад, ин идея, ихтироъ ва зеҳниятсозӣ аз сӯйи амрикоиҳост. Маҳз бо кумаки Амрико ва Британия мавқеъ ва нуфузи ДОИШ дар Афғонистон ба хотири фишор ба кишварҳои минтақа таҳким ёфтааст.”, - гуфтааст Замир Кобулов.

Баъзе аз коршиносон бар он боваранд, ки амрикоиҳо бо вуҷуди хуруҷ ва бо далели ҳузури дарозмуддатшон дар Афғонистон ҳанӯз имконоте дар ин сарзамин доранд, ки иҷоза медиҳад хадамоти амниятияшон аз тарҳҳои ҳаросафкани ДОИШ-и Хуросон огоҳ шаванд. Дар ҳоли ҳақиқати ин ҳадсу боварҳо бегумон пазируфтани он барои давлатҳое ба мисли Русия, Эрон ва Чин натанҳо душворӣ, балки мояи сарафкандагӣ аст. Ахиран раёсати истихбороти Толибон эълом кардааст, ки мақомҳои ин гурӯҳ қарор аст, моҳи майи соли равон бо мақомҳои созмони истихборотии Амрико дар Давҳаи Қатар дидор кунанд, ҳарчанд таърихи дақиқи ин дидор ҳанӯз таъйид нашудааст.

Бад-ин тартиб аз ДОИШ-и Хурсон ба унвони як созмони байнулмилалии ҳаросафкан ном бурда мешавад, ки маркази мушаххаси сохторӣ надорад, вале дар бештари манотиқу кишварҳои худро ҷо карда дар шакли пароканда барояшон дастуру фармон дода мешавад.               

ТУРКИЯ МАРКАЗИ НАҚШАГИРӢ ВА ТАЪМИНИ ТЕРРОРИЗМ?

Ба фарзи мисол имрӯз, аксари коршиносони минтақа аз сиёсатҳои норавшани роҳбарияти Туркия бим доранд, ки ҳукумати феълии ин кишвар бо қудрати нармаш дар пайи интиқоли ифротгароён ба минтақа буда, дар пӯшиши ҳамкориҳои башардӯстона ба дунболи тақвият ва пурранг кардани нақши Созмони кишварҳои туркӣ дар Осиёи Марказӣ аст. Омили Туркия дар рушди падидаи номатлуби даҳшатафканӣ дар ҳоле изофа мешавад, ки ҷунбишҳои ифротии озодихоҳи динӣ бештари вақтҳо пардапӯшона кор мебаранд ва билохира Эрдуғон низ худ вобаста ба «Ихвон-ул-муслимин» аст, ки афзудани чандин баробари хатар дар минтақа вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, ҳукумати Туркия ба муддати як даҳа ба унвони маркази лоҷистикӣ ва кишвари гузаргоҳ барои убуру мурури шабакаи ҷаҳонии ДОИШ буда, ҷаҳонро ҳайратзада карда, бо харидории нафти арзон нафъи зиёд бурдааст. Ва ҳоло ҳам дар таъмини ҳаросафкании “ДОИШ-и Хуросон” низ нақши меҳварӣ дошта, Туркияро маркази дастуру супориш ва фармондеҳии ҳамалоти ҳаросафкан қарор додаанд.

Ин ҳамаро дар амалиёти зидди ДОИШ дар Туркия ва боздошти наздик ба се ҳазор доъишӣ метавон мушоҳида кард. Вазири дохилаи Туркия Алӣ Ярликоё панҷшанбеи гузашта эълом кард, ки дар даҳ моҳи гузашта неруҳои амниятии Туркия 1422 амалиёт алайҳи ДОИШ дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар анҷом додаанд. Ва дар натиҷа 2991 фард ба иттиҳоми узвият дар ДОИШ боздошт шудаанд. Бо нишон додани чунин рақамҳои бузург дар зеҳни бисёрҳои чунин тасаввур ва пурсише пайдо мешавад, ки магар ДОИШ-и Хуросон алайҳи Туркия вориди амал мешавад? Чун дар гузашта афроди узви ин гурӯҳи ифротӣ ағлаб аз ҳукумати Туркия ба хотири кумак ба кишварҳои ҳавзаи туркизабон дар Осиёи Марказӣ ва ё ҳифозат аз бархе чеҳраҳои исломгарои тундрави узбек дар мубориза бо ДОИШ интиқод мекарданд.

Қобили тазаккур аст, ки пас аз ҳодисоти Маскав - Туркия ҳам амалиёти шиносоӣ ва боздошти мазнунон ба ҳамкорӣ бо ДОИШ-ро дар шаҳрҳои гуногун шиддат бахшида, бо яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, ҳамсоякишвари Афғонистон низоми раводид ҷорӣ кард. Ин дар ҳолест, то сар задани ҳодисоти Маскав мунтақидони ҳукумати Эрдуғон иддао мекарданд, ки узви ДОИШ-и Хуросон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври озод ва қонунӣ дар Туркия иқомат дошта, мунтазири супориш барои анҷоми ҳамалоти ҳаросафкан будаанд. Ва ду сол муқаддам Созмони Милал, дафтари таҳқиқоти федеролӣ ва асноди қазои Туркия ба расонаҳо иттилоъ доданд, ки “ДОИШ-и Хуросон” аз хоки Туркия барои интиқоли силоҳ, маводҳои мунфаҷира, шиносоии аҳдоф ва анҷоми ҳамлаҳои ҳаросафкан истифода мешавад.

Дар робита ба ин таҳлилгари умури минтақа Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, давоми чанд соли охир гурӯҳҳои ҳаросафкан яке аз абзорҳои фишору таҳдид ва баровардани эҳтиёҷоти Туркия гардидааст. Ва ин кишвар дар талоши он аст, ки нуфузе, ки дар замони императории Усмонӣ дошт, ҳамонро барқарор кунад. Дар кишварҳои арабӣ зидди гуруҳҳое, ки дар Сурия ва Ироқ фаъолият мекунанд дар он даст дорад. Умуман Туркия кишваре аст, ки тамоми фаъолияти тундгароёнро барои расидан ба мақсадҳои худ истифода мебарад.


 “Дар шароите, ки байни ҷаҳони Ғарбу Шарқ дар мисоли Русия ва Амрикову Иттиҳодияи Аврупо рақобат болои Укроин шиддат гирифтааст, Туркия аз ҳама беш манфиат мебарад. Чун гоҳе бо Русия наздик мешавад, барои ҳал кардани масоили ҳамкориҳои фаннӣ, гоҳе бо Амрико барои ба даст овардани таҷҳизот барои тайёраҳои ҷангии F-16 ва гоҳи дигар бо Укроин ба хотири дастагирии ҷангҷӯёни ин кишвар ё фароҳам овардани майдони музокирот байни Маскаву Киев, ҳамчунин мехоҳад мушкилоти худро бо Иттиҳодияи Аврупо ҳал кунад. Яъне сиёсат чунин саҳнаву бозиҳое дорад, ки дар ҳамин майдони шатранҷ Туркия яке аз мисолҳои равшан аст ва дар ин миён аз гуруҳҳои ифротиву тундрав чӣ дар Сурияву Ироқ ё Афғонистону дигар кишварҳои арабӣ барои баровардани хосатаҳои худ истифода мекунад”, - афзуд Р. Абдуллоев.

Бешакк ин рӯзҳо амалкарди барқасдонаи баъзе роҳбарони дунё дар он аст, ки ҳангоми роҳандозии амалиёти ҳаросафканӣ ҳадафу мақсадҳои худро дунбол карда, билохира дар бозиҳои пасипардагӣ, туҳмату таҳқиру тафриқаандозиро раво дида, барои бадном кардани миллате ва ё паст задани имиҷи кишваре баҳона доранд.


*Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед