Ru  | Tj
Долар абзори қобили эътимод барои пардохтҳо дар тиҷорати байнулмилалӣ нест?
Долар абзори қобили эътимод барои пардохтҳо дар тиҷорати байнулмилалӣ нест?
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Долар абзори қобили эътимод барои пардохтҳо дар тиҷорати байнулмилалӣ нест?

Нашр шуд

Тайи солҳои ахир Чину Русия дар хатти муқаддами ҷунбиши доларзудоӣ қарор дошта, захоири тилои худро афзоиш медиҳанд. Чин ба унвони дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ истифода аз воҳиди пулии худ, яъне “юан”-ро дар тиҷорати байнулмилалӣ афзоиш дода, қарордодҳое дар ростои мубодилоти арзӣ бо теъдоде аз кишварҳо ба имзо расонидааст. Дар баробари чиниҳо ҳаммонанди русҳо дигар кишварҳо дар шарқу ғарб ба унвони гузина ба долар раванди истифода аз “юан” – воҳиди пули миллии Чинро оғоз кардаанд.

Дар бораи даст кашидан аз долар дар пардохтҳои байнулмилалӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Яке аз онҳо идеяи пардохт бо арзи миллӣ мебошад, ки аз як сӯ касро аз вобастагӣ ба як маркази ҷаҳонии муомилоти пул озод мекунад, аз сӯйи дигар раванди муттаҳидсозии пардохтҳоро мушкил мекунад.

Ҳоло мебинем, кишварҳои алоҳида бештар дар Шарқ барои истиқлоли молӣ бо авомили гуногун тавониста истодаанд, то ба раванди доларзудоӣ таъсир гузоранд ва талош доранд ҳокимияти пулии худро афзоиш дода, осебпазирӣ дар баробари таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва соири фишорҳои иқтисоди хориҷиро коҳиш диҳанд.

Дар натиҷаи ин иқдомот мумкин аст, ояндаи начандон дур шоҳиди тағйир дар қарордодҳои байнуламилалӣ, улгуҳои тиҷорӣ ва додуситади ҷуғрофиёӣ-сиёсӣ шавем. Ин масъала худ бар нуфузи гетосиёсат ва равобити иқтисодии Иёлоти Муттаҳида таъсиргузор аст. Зеро раванди доларзудоӣ боис мешавад арзҳои бештар дар муомилоти байнулмилалӣ истифода шавад. Ва метавонад то андозае евро, юан ё арзҳои маҷозӣ дар тиҷорати байнулмилалӣ тарвиҷ ёфта, ҷойгузини долар шаванд. Ин масъала ҷойгоҳи доларро ба унвони арзи аслӣ ва захираи ҷаҳонӣ тазъиф мекунад ва қудрати онро мекоҳонад.

Дар натиҷаи таҳримҳои Амрико Русия башиддат талош кардааст, то вобастагии худ ба доларро коҳиш диҳад. Ин кишвар ба дунболи роҳҳои ҷойгузин барои анҷоми тиҷорати байналмилалӣ бо истифода аз арзҳои гуногун монанди юан, рубл, рупия, дирҳам ва ғайра аст. Русия ҳамчунин талош дорад муштаракан бо Чин бо истифода аз фанновариҳо арзҳои диҷитолӣ системи молии байнулмилалиро давр бизананд ва асари таҳримҳоро коҳиш диҳад.        

Аз моҳи феврали соли 2022 Русия дар пасманзари фишору таҳримҳои Ғарб пардохтҳоро бо арзҳои долар ва евро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳамин тавр ин кишвар ба пардохтҳо бо арзи миллӣ бо Луос, Чин, Туркия, Қазоқистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо гузашт. Афзун бар ин Покистон дар моҳи ноябри соли гузашта бори аввал ғаллаи Русияро бо дирҳами Имороти Муттаҳидаи Арабӣ харид.

Дадахон Ҳодиев, таҳлилгари умури иқтисодӣ дар ростои раванди коҳиши вобастагии Русия ба долар мегӯяд, ки худи ИМА паймонҳоеро ки назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи ҳамвазни тило истеҳсол кардани доларро дошт, онро як навъ халалдор кард ва солҳои зиёд аст, ки бо такя ба қудрату сиёсати худ  нуфузи доларро дар тиҷорати байнулмилалӣ ҳамчун як воҳиди асосии мубодила нигоҳ медорад.

“Солҳои охир аз сӯйи ИМА иштибоҳоти зиёди сиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ содир шуд ва ин ҳама кишварҳоеро ба монанди Русия ва Чин водор кард, то сиёсати худро дар мавриди доларзудоӣ ва рӯйи кор овардани арзи миллии худ дар тиҷорати байнулмилалӣ пеш гиранд. Мушоҳида мешавад, ки Русия мубодилаи молу колои худро бо дигар кишварҳо тавассути арзи миллӣ ба роҳ монда, дар ин самт созмонҳои БРИКС, СҲШ, Иттиҳодияи АвруОсиёро ба ин раванд ҷалб карда, то андозае муваффақ шуда истодааст. Ва мебинем, ки ба тадриҷ дар кураи замин низоми ҷадиди арзӣ шакл гирифта истодааст. Ҳарчанд ҳадсу гумонҳои зиёде зада мешавад, вале барои ҷойгузини долар шудани арзи миллии кадом кишвару созмонҳо ҳарфи дақиқ гуфтан барвақттар аст. Вале аз ҷониби Русия ва Чин дар ин самт гомҳои мустаҳкаме бардошта шудааст ва дар ояндаи начандон дур барномаҳои муштараки ин кишварҳо дар заминаи сиёсати арзӣ ҷомаи амал хоҳад пӯшид”, - гуфт Д.Ҳодиев.
ТАЛОШИ ҲУДУДИ 70 КИШВАР ҶИҲАТИ РОҲАНДОЗИИ СИЁСАТИ ДОЛАРЗУДОӢ

Бар асоси таҳлилҳо, ҳоло ҳар як кишвари севуми узви СММ ба рушди василаҳои миллии пардохтӣ такя карда, роҳи доларзудоиро пеш гирифтааст. Ба гунае намояндагони 68 кишвар аз 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба таври возеҳ аз бе қурб шудани долар ҷонибдорӣ карда, изҳор доштанд, ки дар ин самт тадбирҳо андешида, ба рушди арзҳои миллии худ такя мекунанд.


Ба гуфтаи Максим Осадчӣ, роҳбари бахши таҳлилии Бонки БКФ, доларзудоӣ яке аз пайомадҳои афзояндаи парокандагии иқтисоди ҷаҳонӣ ва гузариш ба ҷаҳони бисёрқутбӣ мебошад. Ин раванд ба далели таҳримҳои зидди Русия шиддат гирифт, ки хатари вобастагии иқтисоди миллии бисёре аз кишварҳоро аз пули Амрико равшан нишон дод.

 “Ҳоло дар бисёри кишварҳо дарк кардаанд, ки долар на танҳо ҳамчун василаи пардохт, балки ҳамчун абзори пасандоз хатарнок аст, аз ин рӯ мафҳуми доларзудоиро васеътар баррасӣ карда истодаанд. Масалан Исроил эълон кард, ки ҳиссаи доларро дар захираҳои арзӣ ба фоидаи юан кам мекунад. Баъзе кишварҳо барои коҳиш додани вобастагии аҳолии худ аз арзи хориҷӣ бештар кӯшиш мекунанд. Дар байни онҳо Ветнам пасандози дарозмуддат бо арзи хориҷиро манъ кардааст”, - гуфтааст Осадчӣ.
Ин дар ҳолест, ки сиёсати доларзудоӣ аксари вақтҳо бо даъватҳои нотарсона дар бораи эълон кардани “ҷанг” ба воҳиди пулии ИМА аз забони ходимони олимартаба ва сиёсатмадорони қитъаи Африқо ва Амрикои Лотинӣ садо медиҳад. Ҳамин тавр кишвардори Кения Вилям Руто аз раҳбарони маҳаллӣ хоҳиш кард, ки қадамҳои аввалинро дар самти даст кашидан аз долар ба манфиати пардохтҳо тавассути низоми пардохти “панафриқоӣ” гузоранд. Баъзе кишварҳо изҳороти ошкори зиддидоларии худро бо амалҳои мушаххас пуштибонӣ мекунанд. Масалан Ғано имкони харидани нафт бо тило ба ҷойи доларро фаъолона омӯхта истодааст. Ва сарвазири Луос Сонексой Сифандон қарор дод, ки бо имзои фармони чанд саҳифа, ки назорати ҳатмии ин гуна пардохтҳоро талаб мекунад, то минбаъд додуситадҳо бо арзи амрикоӣ душвор гардад. Кишвари Венесуэла дар вокуниш ба мушкилоти иқтисодӣ ва таҳримҳои Амрико раванди доларзудоиро оғоз кардааст. Ин кишвар талош дорад тиҷорати худро бо арзҳои гуногуне монанд евро ва юани Чин анҷом диҳад. Илова бар ин Венесуэла арзи диҷитолии худро ба унвони роҳе барои давр задани таҳримҳои Амрико ва дастрасӣ ба манобеъи молии хориҷӣ роҳандозӣ кардааст. Кишвардори Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва мунтазам пешниҳод мекунад, ки арзи ҷойгузин ба долар барои пардохтҳо дар дохили иттиҳодияи БРИКС таъсис дода шавад.

Дар баробари ин аксари намояндагони кишварҳо арзи миллии бидуни эъломи мустақими афзалиятҳои пардохти худ эҳтиёткортар рафтор карданро афзал медонанд. Дар айни замон онҳо барои ворид шудан ба иттиҳодияҳои гуногуни иктисодӣ, ки барномаи доларзудоироро пеш мебаранд, фаъолона муроҷиат мекунанд. Ҳамин тавр як қатор кишварҳо, аз ҷумла ал-Ҷазоир, Баҳрайн, Эфиопия ва бисёр дигар кишварҳо ба узвият дар БРИКС таваҷҷуҳ доранд.

Возеҳ аст, ки ҳоло ду узви аслии БРИКС – Русия ва Чин ба дунболи ҳазфи долари Амрико барои вом ва истифода аз “юан”-и Чин барои пардохтҳо ҳастанд. Дар маҷмуъ ин иттиҳодия ба дунболи гузинаҳои муҳиме барои коҳиши вобастагӣ ба долари Амрико ва тарвиҷи арзҳои маҳаллӣ аст. Пекину Маскав парчамдорони мубтакири доларзудоӣ ҳастанд ва кишварҳои дигарро мутақоид мекунанд, ки равобити худро бо долари Амрико қатъ кунанд. 

Ҳоло Русия омодаи пазириши вом ба арзи юани Чин аст. Бо ин ҳол Маскав мунтазири таъйиди Пекин аст, зеро музокирот дар мавриди ин мавзуъ идома дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳар ду узви БРИКС ҳастанд, ин муомила мумкин аст анҷом шавад ва вомҳо метавонанд ба юани Чин пардохт шаванд. Ва агар давлати Чин бо пардохти вом ба воҳиди пулии юан мувофиқат кунад, милярдҳо долари Амрико дар саҳнаи ҷаҳонӣ даст ба даст намешавад.Ҳадафи БРИКС ҳам ба ин васила фишор овардан бар долари Амрико ва истифодаи бештар бо юани Чин ва соири арзҳои маҳаллӣ аст.


Русия, кишвари раисикунандаи “БРИКС” дар соли 2024 ташаббусҳоро ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои блок дар бахши молӣ, масалан дар соҳаи пардохтҳо бо арзи миллӣ фаъолона пеш мебарад. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қаблан гуфт, яке аз авлавиятҳои кори “БРИКС”– ҳимоят аз сохтани назми ҷаҳони одилона аст. Дар авоили моҳи феврал дар ҷаласаи нахустини намояндагони вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии кишварҳои ин иттиҳодия, аъзои анҷуман, аз ҷумла, аъзои нави БРИКС – Миср, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия аз ташаббусҳои Русия, аз ҷумла дар заминаи пардохтҳо бо арзи миллӣ ва рушди низоми пардохтиро пуштибонӣ карданд. Ва Чин ба як шарики муҳими Русия табдил шуда, саҳми пули миллӣ – мутаносибан рубл ва юан дар муомилоти байни ин ду кишвар босуръат меафзояд. Бо дарназардошти дурнамои ҳамкорӣ бо Чин пешбинӣ мешавад, ки талабот ба юан аз ҷониби тоҷирони Русия афзоиш хоҳад ёфт.

Қаблан дар “БРИКС” (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқо) дохил буданд ва ҳоло бо аъзои ҷадидаш талош дорад, ки худро аз долари Амрико халос кунад. Дар нишасти пешорӯйи ин иттиҳод дар Русия кишварҳои ҷадиде монанди Эрон низ ширкат хоҳанд кард. Масалан дар як соли охир муомилоти мол миёни Русия ва Чин 26 дарсад афзуд, дар ҳоле ки 70 дарсади содироти Русия манобеъи энержӣ мебошанд, ки Чин барои онҳо бо пули миллии худ пардохт кардааст. Ҳодисаҳои назарраси коҳиши нақши долар дар пардохтҳои тиҷоратии байнулмилалӣ низ мушоҳида мешавад, масалан дар муносибатҳои байни Чин – Бразилия, Чин – Малайзия, Иморот – Ҳиндустон. Таҳдиди доларро дар дарозмуддат низ Бонки федеролии Амрико эътироф мекунад.

Назарҳое ҳаст, ки дар самти арза Русия таҳти шароити кунунии гетосиёсати дунё бештар ба унвони як кишвари осиёӣ шинохта шуда, то кишвари аврупоӣ. Ба дунболи таҳримҳои сахтгиронаи Амрикову Иттиҳодияи Аврупо бар содироти нафт ва фаровардаҳои нафтии Русия ин кишвар муддатест бо тағйири рӯйкард содироти худро бо тахфифҳои ҷаззоб дар рақобат бо Арабистони шарёни нафт тағйир дода, рӯ ба кишварҳои Осиё овард. Дар ҳоле, ки ҳеч кас намегӯяд, ки ба зудӣ аз шарри долар ба унвони абзори аслии мубодила халос мешавад, вале мебинем, доларзудоӣ ба як гузинаи роҳбурдӣ барои Маскаву Пекин табдил шудааст.

Доларзудоӣ дар равобити Русия ва Чин тақрибан такмил шудааст. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар бисту ҳаштумин нишасти муназзами сарони давлати ду кишвар гуфт, ки 90 дарсади мубодилоти тиҷорӣ миёни ин кишвар бо Чин бо арзҳои миллӣ анҷом мешавад. Ва тақрибан дар равобити иқтисодии дуҷониба нишондиҳандаи доларзудоии комил шудааст.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии “ал-Ҷазира”-и Қатар, эҷоди “иттиҳоди молӣ” байни Чину Русия бо арзҳои миллӣ оғози роҳ бар поёни ҳежемони молии Амрико аст. Манбаъ навиштааст, ки раванди коҳиши вобастагии Русия ба долар пас аз буҳрони соли 2008 оғоз шуд, замоне ки низоми молии якқутбӣ заъфи худро нишон дода, ба тиҷорат, истеҳсолот ва шуғл дар саросари ҷаҳон зарба зад. Соли 2022 таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав шиддат ёфт ва доларзудоӣ дар Русия ва дар баъзе кишварҳои дигар фаъолона оғоз ёфт.  Воҳиди пулии рубл тайи соли 2023 бо афзоиши 30 дарсади арзиши долар рекорди коҳиширо ба сабт расонд, ки болотарин мизон дар 9 соли гузашта буд ва коршиносон онро яке аз натоиҷи манфии хуруҷи сармоя аз Русия, пӯёи манфии содироти нафт дар ибтидои он сол ва рушди воридот донистанд. Дар робита бо ин воқеият гуфтугӯҳои ҷиддӣ байни Чину Русия барои идғоми системҳои молии онҳо анҷом шуд ва як тағйири куллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар ҳамроҳ бо мубодилаи арзҳои миллӣ рух доду ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли гузашта ба 240 милярд долар афзоиш ёфтааст. Маскав ба Пекин итминон дод, ки омодаи истифода аз юан дар захоири арзии худ барои тезонидани раванди доларзудоӣ ва шикастани “шохи долар” аст.


Ба гуфтаи нозирон, агарчӣ Русия бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст, аммо возеҳ аст, ки бо тақвияти ҳамкорӣ бо ин аждаҳои зард ба самти тазъифи султаи ҷаҳонии долари Амрико ҳаракат мекунад. Чин натанҳо аз назари тавлид ва содирот, балки аз назари вусъати бахши молии худ низ як ғули иқтисодӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир арзиши дороиҳояш ҳудуди 60 трилён долар, муодили 340 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии Чин аст.

ШИДДАТИ СИЁСАТИ ДОЛАРЗУДОӢ БА АМРИКО

Қобили тазаккур аст, ки осори доларзудоӣ бар иқтисоди ИМА печидааст ва метавонад барои иқтисоди ҷаҳонӣ муфид ё музир бошад. Вақте кишварҳои пешрафта дороиҳои арзии худро мутанаввеъ кунанд, тақозо барои долари Амрико мумкин аст коҳиш ёбад ва дар натиҷа ҷойгоҳи доларро ба унвони арзи рақами яки захираӣ заъиф кунад. Ин масъала мумкин аст бар зарфияти иқтисоди Иёлоти Муттаҳида барои ҷазби сармояи хориҷӣ ва ҳифзи нуфуз бар низоми арзи байнулмилалӣ таъсиргузор бошад.

Гуфта мешавад, дар чунин вазъият, Амрико мумкин аст бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва тағйироти кулли гетосиёсӣ дар мавриди доларзудоӣ мувоҷеҳ шавад. Дар натиҷаи коҳиши султаи долар ба унвони арзи захираи ҷаҳонӣ иқтисоди Иёлоти Муттаҳида метавонад дар маърази афзоиши ҳазинаҳо ва фишорҳои молӣ қарор гирад. Афзун бар ин тағйирот дар низоми молии ҷаҳонӣ метавонад бар мавзеъияти ИМА ба унвони як абарқудрат таъсир гузорад ва муҳити гетосиёсиро тағйир диҳад, зеро ҷойгоҳи ин кишвар ва арзи миллии он дар низоми молии ҷаҳонӣ дучори дигаргуниҳои асосӣ мешавад. Доларзудоӣ метавонад эҳтимоли рақобат ва низоъи арзиро байн кишварҳое, ки барои иқтисоди бартари ҷаҳон талош доранд, афзоиш диҳад. Низоми молии долар ба тамоми бахшҳои иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири худро дорад, зеро долар озодона табдилшаванда аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳам резидентҳои ИМА ва ҳам ғайрирезидентҳо метавонанд онро ба миқдори номаҳдуд ба дигар арз ё металҳои бонкӣ иваз кунанд. Афзун бар ин долар як пули қавӣ аст, ки нархҳои устувор ва қобилияти пешгӯйӣ дорад.

Ин аст, ки гурӯҳе аз таҳлилгарони молӣ нақши доларро дар иқтисоди ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик арзёбӣ карда мегӯянд, ки дар даҳсолаи наздик ҳеч гуна доларзудоии комил сурат нахоҳад гирифт. Ва кишварҳои бетараф, ки ба доираи нуфузи Чин афтодаанд, метавонанд дар иқтисоди худ ба “юанизатсия” дучор шаванд. Антон Поляков, дотсенти Донишгоҳи молии вобастаи ҳукумати Русия дар суҳбат бо “Московская газета” афзуд, ки шубҳае нест, ки дар дарозмуддат ин роҳи дуруст аст, аммо сухан дар бораи кор кардан барои сохтани симои нави низоми молӣ бо истифода аз арзи кишварҳои дӯст меравад ва ин раванд метавонад чанд даҳсоларо дарбар гирад.

“Агар Чин бахши молии худашро рушд надиҳад ва дар самти воҳиди пулӣ ба куллӣ тағйирот ворид насозад, мо чанд соли оянда боз дар даврони долар зиндагӣ хоҳем кард. Яъне сиёсати доларзудоӣ ба кишварҳое, ки алъон ба он пайравӣ мекунанд, самара бахшад, танҳо баъди солҳои зиёд натиҷа хоҳад дод. Арзҳо, аз қабили долар, евро ва юан дар айни замон танҳо дар ҳавзаҳои гуногуни рушд қарор доранд. Чин ба наздикӣ талошҳоеро барои пешбурди биллингии юанӣ афзоиш дод. Ба андешаи мо, арзи юани чинӣ барои ҷойгузини комилҳуқуқ ба долари ИМА дар пардохтҳои дарозмуддат имкони бештар дорад. Аз сӯйи дигар дар заминаи ҳазфи долар, мо бовар надорем, ки ин раванд хеле зуд сурат гирад. Эҳтимолан мо як марҳилаи хеле тӯлонии гузаришро мушоҳида хоҳем кард, - гуфт А.Поляков.

Ба бовари Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони шинохтаи тоҷик, барои дар масъалаи халос хӯрдан аз долар, то охир на аз ҷиҳати назарӣ ва на аз ҷиҳати амалӣ байни олимони кишварҳои пешбарандаи сиёсати доларзудоӣ таҳия нашудааст.


“Вақте дар маврди доларзудоӣ ё ҳазфи долар ҳарф мезанем, хеле хуб мешуд, агар байни воридот ва содироти кишварҳое, ки мехоҳанд аз долар канор раванд як баробарӣ бошад. Вақте баробарӣ нест, мушкилоти зиёд ба миён меояд. Масалан, байни Русия ва Ҳиндустон дар самти содироту воридот тавозун ё баробарӣ чандон риоя намешавад. Яъне ҳаҷми содироти молу маҳсулоти Ҳиндустон аз воридоти Русия ба ин кишвар даҳҳо маротиба кам мебошад. Дар натиҷаи ҳамин нобаробарӣ ҳоло дар Русия ҳаҷми зиёди рупия – воҳиди пулии Ҳиндустон ҷамъ шудааст. Агар русҳо бо ҳамон арзиши нафт, газ, метал ва дигар ашёи хоме, ки аз кишварашон ба Ҳиндустон ворид мекунанд, ба ҳамин монанд аз ҳиндуҳо чунин мавод харид карда метавонистанд, ҳарфи дигар буд. Аммо аксари молу маҳсулоте, ки харидан мумкин аст, русҳо онро аз кшварҳои ҳамсоя ва ё Чин бо арзиши хеле паст харидорӣ мекунанд ва ё худашон онро истеҳсол мекунанд ва ё ба он чизҳо чандон талабот надоранд. Зеро сатҳи диверсификатсияи иқтисоди Ҳиндустон нисбат ба Чин хеле паст мебошад ва Маскав бисёр маҳсулотро бо нархи арзон аз Пекин мехарад. Ба фарзи мисол, русҳо аз Ҳиндустон бо қимати зиёд ҷавоҳирот харид мекунанд, ҳол он ки Русия дар самти истеҳсоли зару зевар худкифо аст. Ва ё Ҳиндустон мехоҳад банану дигар меваҳои тропикӣ ба Русия ворид кунад, вале русҳо метавонанд бо нархи якчанд маротиба арзон аз дигар кишварҳо ба монанди Эквадор, Гватемала ё дигар кишварҳои Амрикои Лотинӣ ин чизҳоро харид кунанд. Барои ҳамин шарти асосии истифодаи арзҳои миллӣ ба ҷуз аз долар савдои баробар дар самти воридоту содирот мебошад”, - гуфт Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Аз сӯйи дигар Нелсон Вонг, раиси Маркази мутолеоти роҳбурдӣ ва байнулмиллалии Шонгҳой ба “РИА Новостӣ” гуфтааст, Русия раҳбари раванди доларзудоӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза бо ҳежемони долар ҳавасманд кардааст.

"Русия пешвои доларзудоии ҷаҳонӣ аст. Вақте ки амалиёти махсуси низомӣ дар Укроин оғоз шуд, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо роҳбарии Амрико хариди газу нафтро аз Русия қатъ карда, таҳримҳои нав ба навро эълон карданд. Сипас Бонки марказии Русия танҳо гуфт: “Агар хоҳед ки аз Русия чизе харед, бо рубл бихаред”. Ин як падидаи воқеъӣ буд, ки тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат овард – дар амалияи ҷаҳонӣ чунин чизе вуҷуд надошт. Ва аз байн рафтани эътимод ба долар мустақиман ба коҳиши эътимод ба Иёлоти Муттаҳида иртибот дорад”, - гуфтааст Вонг дар ҳошияи форуми байналмилалии “Made in Russia”.

Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида ба мавқеъи бартари долар дар арсаи ҷаҳонӣ итминон дорад, аммо амалкарди Русия ва Чин то ҳол онҳоро нигарон кардааст. Ва бо вуҷуди маъруфияти афзояндаи доларзудоӣ пажӯҳишгарон мегӯянд, ки барои боқӣ мондани кадоме аз арзҳо – “юану рубл” ё “долару евро” дар “бозори сиёҳ” танҳо вақт довар аст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед