Ru  | Tj
Фарҳод Ғаффорпур: Ҳар иқдоме, ки нисбати футболи тоҷик карда шуд, барои синамо ҳам лозим аст
Фарҳод Ғаффорпур: Ҳар иқдоме, ки нисбати футболи тоҷик карда шуд, барои синамо ҳам лозим аст
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Фарҳод Ғаффорпур: Ҳар иқдоме, ки нисбати футболи тоҷик карда шуд, барои синамо ҳам лозим аст

Нашр шуд

Фарҳод Ғаффорпур коргардон ва ҳунарманди ҷавони тоҷик буда, дар шаҳри Конибодом, минтақае дар музофоти шимолии Тоҷикистон бо созмондиҳии гурӯҳи синамоии “Кинохона” тавонистааст мухотабони зиёд пайдо кунад. Ӯ собиқаи тӯлонии коргардонӣ ва нақшофаринӣ дар майдони синамову намоишсароро дошта, ҳоло дар Намоишсарои Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом фаъолият дорад. Дар ин баробар ҳамроҳи гурӯҳи синамоии “Кинохона” тӯли ду соли охир филми ҳунарии бисёрқисматии “Хона”-ро сохта истодааст. Аз 1-уми феврали соли равон моҳе се маротиба қисматҳои ин сериол тавассути Ютуб пахш мешавад. То кунун ду қисмати ин филм вориди бозори синамо гаштааст ва аз назари корбарон ба хулосае омадан мумкин аст, ки “Хона” ба онҳо писанд омадааст ва мунтазири қисматҳои баъдии онанд. МуаллифиҲалво.тҷ” ин бор ба шаҳри Конибодом ба суроғи Фарҳод Ғаффорпур, яке аз созандагони филми “Хона” рафт, то бо ӯ дар бораи ин филм ва мушкилоти имрӯзи синамои миллӣ суҳбат кунад.

КУНИШИ СИНАМО ВА ВОКУНИШИ ТАМОШОБИН

- Дуруд, Фарҳод Ғаффорпур. Умедворам сиҳату корҳоятон хуб аст. Дар оғоз бигӯед, ки имрӯз бо чӣ коре андармон ҳастед ва аз пайи таълифи чӣ навгониҳои синамоиед?

- Дуруд ба шумо! Ин рӯзҳо бо корҳои пахшу таблиғи сериоли “Хона” машғул ҳастем ва ҳамзамон рӯйи филмномаи фасли дувуми сериол кор карда истодаем.

- Пайдо шудани “Кинохона”-ро дар фазои синамоӣ муннақидон падидаи нав унвон карданд. Идеяи созмон додани ин гурӯҳ чӣ гуна падид омад ва ҳадафи ташкили он чист?

- “Кинохона” номи нави тими эҷодии мост, ки бо ҳам аз замони донишҷӯйӣ бо филмсозӣ машғул ҳастем ва дар намоишсарои Конибодом фаъолият мекунем. Ҳадафи ягона ва тағйирнаёбандаи мо сохтани филмҳои хуби тоҷикӣ, ки тавонанд забону фарҳанги тоҷикиро ташвиқ, ҳимоя ва рушд диҳанд, мебошад. Аз сӯйи дигар синаморо як ҷузъи ҳаёти мардум сохта, масъалаҳои ҷомеаро дар пардаи он нишон диҳем.

- Яке аз тозаҳои олами синамоии ин шабу рӯзи Тоҷикистон филми “Хона”-и истеҳсолиКинохона” мебошад ва то ҳанӯз ду қисми онро дар расонаҳои иҷтимоъӣ мардум тамошо карданд. Тавре медонем он даҳ қисм аст. Ин филм ба мардум чӣ дода метавонад?

- То ҳол қисми ду қисмати сериоли “Хона” дар саҳифаи ютубии “Кинохона” пахш шудааст. Ҳоло ҳам одамони хеле зиёд онро тамошо карда истодаанд. Аз вокуниши тамошобинон ба монанди лойку назар маълум аст, ки онҳо “Хона”-ро хеле хуб пазируфта истодаанд. Ҳатто шахсиятҳои маъруф ва афроде, ки гапашон “вазн” дорад, аз он васф карда истодаанд.

Муҳтавои сериолро, агар дар се ҷумла гӯем, чунин аст: Се бародар барои тақсими хонаи меросӣ мубориза мебаранд. Маълум мешавад, ки хона дар гарави бонк аст. Додгоҳ қарор мекунад, агар қарзро пардохт накунанд, бонк хонаро соҳиб мешавад. Бародаронро лозим меояд, ки барои наҷоти хона аз баҳри мақсадҳои худ гузашта, дар ҳамдастӣ амал бикунанд.

Фасли аввали сериоли “Хона” аз даҳ қисм иборат буда, рӯзҳои якум, даҳум ва бистуми ҳар моҳ дар саҳифаи ютубии “Кинохона” пахш мешавад.

Қабл аз он ки ҳар бор ба қарори филм гирифтан биёем, мо ҳаминро баҳсу баррасӣ мекунем, ки мо ин навбат бо филми худ ба мардум чӣ дода метавонем? Ислоҳ ё баррасии кадом мушкилоти ҷомеаро дар мадди назар мегирем? Мардумро ба кадом амалҳо таҳрик медиҳем? Чӣ гуна метавонем ба ин ҳадафҳо дастёб шавем? Ба ҳамин монанд пеш аз он ки ба навиштани филмнома оғоз кунем, ба пурсишҳои зиёде посух пайдо мекунем. Ман ҳоло намехоҳам бигӯям, ки “Хона” ба мардум чӣ дода метавонад. Мехоҳам мисол орам, ки қисми аввали сериоли “Хона” чӣ дод: Як тамошобин дар робита ба қисми аввал назар дод, ки чанд сол ба ин сӯ модарро надидааст ва пас аз тамошои “Хона”-ро зор-зор гириста, ба ватан барои хабаргирии модар билет харидааст. Чанд фарди дигар навиштанд, ки аз ин баъд ба модари худ ҳар рӯз занг мезананд. Аммо умедворам, ки сериол дар баробари ҳиссиёту андешаҳои гуногуну рангин бахшидан ба мардум, онҳоро ба рафторҳои нек ангеза медиҳад.

МО БАРОИ РУШДИ ТӮЙ МАСРАФ ВА ТАЛОШИ ЗИЁД МЕКУНЕМ, АММО БАРОИ СИНАМО НА!

- Имрӯз аксар мардум аз кори нокифояи филмсозони тоҷик шикоят мекунанд ва жарфтар назар кунем, то ҳанӯз филм ба зиндагии мардум ба таври бояду шояд ворид нашудааст. Ба назари шумо, мушкили асосии синамои имрӯзи тоҷик чӣ аст? Чаро дигар соҳаҳо пешрафт карду ҳунари филмсозии мо ҳамон тавре монд, ки буд?

- Ба андешаи ман, то он замоне ки синамо ба мо лозим нашавад, ба бозаргонӣ мубаддал нагардад ва ба зиндагии ҳар шаҳрванд напайвандад, пешрафт намекунад. Ҳар соҳаи дигар ҳам, агар мутахассисонаш барои беҳтар шудан, корҳои хубтар анҷом додан ва пули зиёдтар ба даст овардан ё ягон чизи дигар ангеза надошта бошанд, он соҳа пеш намеравад.

Масалан, тӯй. Тӯй чӣ қадр рушд кард? Дар бист сол аз замин то осмон. Мардум барои баргузории бошукӯҳи тӯй талош карданд. Чаро? Барои он ки тӯй ба ҳар як шаҳрванд пайвандӣ дорад. Ҳар як тан аз мо барои рушди тӯй саҳм гузоштаем ва гузошта истодаем. Ҳамаи мо барои тӯй чӣ қадр лозим бошад, харҷ мекунем. Барои синамо чӣ? Кадоме аз мо, кай, чӣ коре кардем?

- Мушоҳида мекунем, ки расонаҳои ҳамсояи мо Узбакистон ба филмсозони худ сохтани филму сериолҳоро супориш медиҳанд, вале дар мо баъд аз худсолории кишвар ин механизм камрангтар шуд ва имрӯз тақрибан филме аз истеҳсоли “Тоҷикфилм”, “Суғдсинамо” ва “Хатлонсинамо” дар телевизиёнҳои ҳукуматӣ намоиш дода намешавад, ба истиснои як-ду филми сохтаи раҳбари телевизиёни “Сафина” Носир Саидов. Таваҷҷуҳи телевизиёнҳои ҳукумативу шахсӣ ба синамои миллӣ то куҷо муҳим буда метавонад?
- Дуруст аст. На танҳо дар Узбекистон, балки дар Туркия, Русия, Чин, Ҳиндустон ва ҳатто Ҳолливуд супоришгари асосии синамо давлат аст. Бузургиву ҷалоли ин кишварҳоро дар зеҳни мардуми дунё синамо эҷод кардааст. Мо ҳеч гоҳ Амрико нарафтаем, расонаҳои онҳоро ҳам намебинему намехонем. Агар миёни мардум пурсиши сартосарӣ анҷом диҳем, посух ин хоҳад буд: кишвари аввали дунё Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Ба шарофати синамо мардуми дунё медонанд: Ҳиндустон кишвари худоҳост, Туркия кишвари зебоист, Узбекистон дорои фарҳанги бузургу бостонӣ аст...

- Оё дар офаридани сериоли “Хона” мушкили молӣ ҷой дошт? Тавре мушоҳида кардем, созандагони он 2 маротиба нахустнамоиш эълон карда буданд ва бо гузашти ҳудудан 1 сол ҳамакнун дастраси бинандагон гардид. Шояд мушкили молӣ ва камтаваҷҷуҳии ашхоси алоҳида сабаб шуд, ки Ғаффорпур ва тими ӯ аз пайи ҷустуҷӯйи кумаки молӣ (грант) ва дарёфти он шаванд ва ба ҳамин васила сериоли “Хона”-ро сохта бошанд?

- Мушкили молӣ дар синамо ҳамеша буд ва ҳаст. Аз ин рӯ қариб ҳамаи филмҳо дар Тоҷикистон ба арзиши ними нарх сохта мешаванд. Ва ин албатта ба сифати филм бетаъсир намемонад. Сабаби тӯл кашидани пахши сериоли “Хона” ҳам дар ҳамин буд. То ҳол садои танҳо 3 қисми он вироиш ва омода шудааст. Барои қисмҳои 4-10 сармоя ҷуста истодаем. Талош дорем, масъаларо ҳал карда, ҳамаи қисмҳои онро саривақт пахш кунем.

СИНАМО БА САРПАРАСТ НИЁЗ ДОРАД

- Бибинед, дар Тоҷикистон барои сохтани филм ҳар студия бояд парвона (иҷозатнома)-и истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ, ки Кумитаи телевизиён ва радио ба муҳлати 5 сол медиҳад ва нархи он ба беш аз 10 ҳазор сомонӣ баробар аст, дошта бошад. Аз сӯйи дигар барои нашри филму сериол дар фазои интернет ва намоиши он дар синамохонаҳо (беш аз 2500 сомонӣ нарх дорад) ва сабти филми миллӣ (тақрибан 3200 сомонӣ аст) бояд иҷозатномаи "Тоҷикфилм"-ро дастрас кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба пурхарҷ будани сохти филм ва қабули "Барномаи рушди кино барои солҳои 2024-2027", ки як навъ пуштибонии синамо аз суйи ҳукумати кишвар арзёбӣ мешавад, ба назари шумо оё беҳтар нест, ки ин расмиёт барои муддате бекор шавад, то синамои миллӣ пешрафт кунад ва филмсозони ҷавону мустақил эҳсоси пуштибонӣ кунанд?

- Ростӣ, намедонам бекор кардани расмиёт то чӣ андоза ба пешрафти синамо таъсир расонида метавонед.

Ба андешаи ман, барои рушди синамо чораҳои ҷиддитар ва бузургтар андешидан лозим аст. Фаразан дар баъзе аз кишварҳо соҳибкорон ҳақ доранд маблағи молиёти фаъолияташонро ба суратҳисоби ягон лоиҳаи соҳаи фарҳанг интиқол медиҳанд. Ба ин васила ҳам пуштибонии давлатӣ мешавад, ҳам соҳибкорон вазифаи молиётпардозии худро иҷро мекунанд ва ҳам фарҳанг рушд мекунад. Ва бештари соҳибкорон барои сарпарасти соҳаи синамо шудан талош мекунанд. Зеро синамо ҳам мухотаби фарох дорад ва ҳам беҳтарин абрози таблиғи пӯшида ба ҳисоб меравад.

- Тавре медонем, шумо яке аз касоне ҳастед, ки дар ташкили “Суғдсинамо” саҳм доред. Иллати аз ин гурӯҳ рафтанатон чист?

- Ман ки ҳамеша дар ду самт: намоишсаро (теотр) ва синамо ҳамзамон кор мекардам, ба ҷойе расидам, ки бояд якеро интихоб кунам. Барои муддате намоишсароро интихоб кардам. Намоишсаро ҳам ба сафарҳои хориҷӣ зиёд мерафт, ки бароям бисёр муҳим буд. Ҳамчунин маоши нисбатан беҳтар дошт. Намоишсаро бароям интихоби дуруст буд. Ман ин ҷо хеле рушд кардам, ҳамчун эҷодкор сохта шудам, ҷаҳон дидам ва зиёд омӯхтам. Ҳоло аз чор се бунёдгузори “Суғдсинамо” – Дилошӯб Орифзода, Осим Орифпур ва ман дар “Кинохона” ҳастем ва барномаҳои бузург дар ин замина дорем.

- Дарвоқеъ кори филмсозӣ дар музофот чӣ вижагӣ дорад? Мардуми шимоли Тоҷикистон, махсусан шаҳри Конибодом аз кориКинохона” чӣ гуна пазироӣ мекунанд?

- Эҷод пойбанди афсонаҳои музофоту марказ нест. Мо ҳамаи корҳоямонро дар музофот кардем ва ин ба мо халал нарасонд, ки корҳои хуберо ба анҷом расонем. Муҳим нест, ки филм дар куҷо сохта мешавад, муҳим ин ки чӣ хел филмро дар ҳамаҷо тамошо кардан мумкин аст, хоса дар замони мо. Ҳоло филмҳои моро дар саҳифаи ютубии “Кинохона” аз тамоми ҷаҳон тамошо мекунанд.

- Барои босифат сохтани филм ва умуман сохти саҳнаҳои хуб пеш аз ҳама сармояи зиёд лозим аст. “Кинохона” харҷи молияшро аз куҷо дастрас мекунад? Тахминан гуфта метавонед, ки ҳақмузди як ҳунарманди марказии ин филм чӣ қадар буд?

- Агар ба ҷойе расем, ки “Кинохона” ба ҳунармандҳояш ва филмсозҳояш имкони додани сармояҳои бузургро пайдо кунад, бо ифтихор мегӯям. Ҳоло аз рӯйи мақоли мардумӣ, "нутқи забонам баста аст".

- Аз дидгоҳи шумо, кадом омилҳо метавонанд назари мусбати мардуми тоҷикро ба синамои миллӣ падид оваранд?

- Назари мусбат он гоҳ пайдо мешавад, ки синамо тавонад ойинаи рӯзгори мардум шавад, мушкилоти онҳоро бозтоб диҳад, умед бахшад ва ба зиндагии беҳтар ангеза диҳад.

БА ҶОЙИ СЕ НУҚТА

Дар ин қисмати пурсишҳоям, ки “Плейлист” ном дорад, мехоҳам кӯтоҳ ва қатъӣ посух диҳед.

- Мехоҳед кадом ҳунарманд дар аксар филмҳоятон нақш офаринад?

- Мехоҳам бо ҳамаи ҳунармандон ҳамкорӣ кунем ва симоҳои ҷолибро кашф кунем.

- Се чизи муҳим барои офаридани филми хуб...

- Танҳо тим не, тими эҷодкоронаи боҳадаф, фазои солими эҷодӣ ва барномаҳои бузург.

- Се филми беҳтарини синамогарони тоҷик дар се соли охир...

- “Бачаи обӣ”, “Дов”... Камбахтона, севумашро тамошо накардам.

- Се ҳунарманде, ки будани онҳо ба рушди синамои миллӣ умед мебахшад...

- Ғайрат Қодиров, Фаррух Ваитов ва Хушнуди Дадо.

- Се омиле, ки ба рушди синамои тоҷик монеъ мешавад...

- Норасоии мутахассис, бетаваҷҷуҳӣ ва мушкили молӣ.

- Се иқдоми муҳимтарине ки дар наздиктарин замон барои рушди синамо рӯйи даст гирифта шавад...

- Ҳар иқдоме, ки нисбати футболи тоҷик карда шуд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед