Ru  | Tj
“Фоҷеаи инсонӣ” дар роҳ! Захираҳои маводи ғизоӣ дар Афғонистон тамом мешавад
“Фоҷеаи инсонӣ” дар роҳ! Захираҳои маводи ғизоӣ дар Афғонистон тамом мешавад
Аксҳо: Аз интернет

“Фоҷеаи инсонӣ” дар роҳ! Захираҳои маводи ғизоӣ дар Афғонистон тамом мешавад

Нашр шуд

Як мақоми аршади Созмони Милали Муттаҳид бо нигаронӣ гуфтааст, ки захираҳои маводи ғизоӣ дар моҳи оянда тамом мешавад ва Афғонистон бо қаҳтӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.


Ромиз Алакбаров, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон ва ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода буд, ки Афғонистон бо буҳрони қаҳтӣ рӯбарӯ аст ва то чанд ҳафтаи дигар захираҳои ғизоии ин кишвар тамом мешавад. Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буд, ки миллионҳо нафар дар ин кишвар ба кӯмаки фаврӣ ниёзманд мебошанд. Ӯ таъкид кард, ки барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ бояд фавран иқдомҳои лозим рӯйи даст гирифта шавад.


Нигарониҳо дар мавриди камбуди маводи ғизоӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки кишварҳои зиёде барои расонидани ёрии башардӯстона ба ин кишвар ваъда додаанд. Иҷрои ин ваъдаҳо ба шартҳое вобаста аст, ки бояд гурӯҳи террористии Толибон ба он тан диҳанд. Масалан, яке аз шартҳои кӯмакҳои башардӯстонаи Амрико ва кишварҳои Ғарб он аст, ки бояд он мустақиман бидуни назорати Толибон ба дасти мардум расад. Ин хостаи кишварҳоро Толибон* чӣ гуна қабул мекунанд, суолест, ки ҳанӯз дар ин маврид посухи мушаххасе ироа нашудааст.

Афғонистон кишварест, ки зиёда аз 40 сол боз дар он ҷанг аст. Мардуми Афғонистон дар давоми ин 40 сол борҳо бо мушкилоти қаҳтӣ ва камбуди маводи ғизоӣ рӯбарӯ шудаанд. Як намуна аз таърих он аст, ки дар замони суқути ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ Афғонистон ба мушкилоти фақру қаҳтӣ гирифтор шуд. Вале коршиносон таъкид мекунанд, ки ин дафъа фақру қаҳтӣ тӯлонӣ ва дар пай фоҷеаи инсониро ба бор хоҳад овард.


Амрико пас аз ин, ки нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ кард, тамоми захираҳои арзии ин кишварро блок намуд. Далели таҳрими Амрико гӯё ба тааҳҳудоти худ пойбанд набудани Толибон аст. Амрико борҳо бозгашти пулҳои блокшудаи Афғонистонро ба он марбут донистааст, ки бояд Толибон ҳукумати фарогир ташкил кунанду арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла озодии занон ва расонаҳоро арҷ гузоранд. Бархе коршиносон машрут донистани кӯмакҳои башардӯстона ба ин принсипҳоро, ки Толибон ҳеҷ нармише барои пазируфтани он нишон намедиҳанд, сабаби ба вуҷуд омадани буҳрони ғизоӣ дар Афғонистон унвон мекунанд.


Русия низ дар нишасте дар СММ гуфта буд, ки машрут донистани кӯмакҳои башардӯстона ба хостаҳои Амрико Афғонистонро ба буҳрони ғизоӣ рӯбарӯ хоҳад кард.

Анна Евстигнеева, муовини Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд ин кишвар муқобили машрут донистани вазъияти ҳуқуқи башар ба кӯмакҳои башардӯстона аст. Ӯ гуфта “Маъмурияти кӯмак ба афғонҳо набояд ба навъе дар ростои таъмини манфиатҳои касоне бошад, ки омодаи кӯмак ба афғонҳо бидуни шарт нестанд”.


Масъалаи кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон дар нишастҳои Созмони Милали Муттаҳид, Русия, Чин, Амрико ва кишварҳои ғарбиро ба ҳам даргир кардааст. Намояндаи Амрико дар нишасти чанд рӯз пеш аз наҳваи амалкарди Чин барои Афғонистон интиқод намуда гуфт: “Чин дуюмин кӯмакунандаи Созмони Милали Муттаҳид аст, аммо он чӣ ин кишвар барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ё кӯмак ба амнияти минтақа анҷом медиҳад, бо ин вазъият мутобиқат надорад”. Ин баҳсу интиқодҳо бар сари Афғонистон дар ҳолест, ки фиристодаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон Дебора Лайонс аз аъзои СММ хост бо Толибон бояд таомул кунанд. Ба ақидаи ӯ ин ягона роҳ барои анҷоми тағйироти мусбат аст.


Пас аз ин ки Толибон сари қудрат омаданд ва ҳукумати марказиро ба даст гирифтанд, вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон буҳронӣ шуд. Ин вазъият ба тамоми бахшҳои зиндагии мардум латмаи ҷуброннопазир зад. Сафи онҳое, ки ба хотири вазъияти буҳронӣ Афғонистонро тарк мекунанд, рӯз ба рӯз бештар мешавад. Хусусан, тоҷиктаборон ин кишварро тарк мекунанд.


Ҳамчунин, баъди суқути давлати Ашраф Ғанӣ тамоми созмонҳои байналмилалӣ фаъолияти худро дар Афғонистон қатъ намуданд ва ин фазои холии бузургеро ҷиҳати расондани кӯмакҳои башардӯстона дар Афғонистон ба вуҷуд овард. Ҳоло танҳо Созмони Милали Муттаҳид бо Толибон вориди гуфтугӯ шуда, дар ин кишвар барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона оғоз ба кор кардааст.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ



Журналистони ҷавон: Аз мушкилоту таърих насохтан то ангезаву кӯшиши ивази самту муҳит


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед