Ru  | Tj
И. Усмонов: “Халқи тоҷик аз онҳое, ки барои ба роҳи сулҳ расидан ба мо кӯмак карданд, бояд ҳамеша миннатдор бошад”
И. Усмонов: “Халқи тоҷик аз онҳое, ки барои ба роҳи сулҳ расидан ба мо кӯмак карданд, бояд ҳамеша миннатдор бошад”
Аксҳо аз муаллифи мақола

И. Усмонов: “Халқи тоҷик аз онҳое, ки барои ба роҳи сулҳ расидан ба мо кӯмак карданд, бояд ҳамеша миннатдор бошад”

Нашр шуд

Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳи воқеии сулҳу оштиро пеш гирифт. Дар оғози музокироти сулҳи Тоҷикистон СММ, Русия, ҶИЭ, Ӯзбекистон нақши мубрам доштанд. Аз Русия вазири корҳои хориҷии ин кишвар Евгений Примаков ба Тоҷикистон сафар карду масъалаи сулҳро ҷиддӣ ба миён гузошт. Шуруъ аз соли 1994 сулҳи Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Бо душвориҳо ва талошҳои зиёд оқибат ба комёбӣ даст ёфт.

Сулҳсозии Тоҷикистон ду давра дошт: Музокироти сулҳ ва Комиссияи оштии миллӣ. Музокироти сулҳ аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. Ҳамин тариқ, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расиду сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистон танинандоз гардид. Дар натиҷа бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш карда шуда, барои бақои миллат умедҳои нав пайдо шуд. Инак, аз рӯзи ба имзо расидани ин санади муҳим 24 сол гузашт ва мардуми тоҷик ин рӯзро, яъне Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамчун ҷашни муқаддаси миллӣ ҳар сол ҷашн мегиранд.

Бахшида ба аҳамияти ин рӯз бо профессор, иштирокчии қариб ҳамаи давраи музокироти сулҳи тоҷикон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар якчанд музокирот, муаллифи китобҳои “Асноди сулҳ”, “Роҳи сулҳ”, “Лаҳзаҳои сулҳи ботадбир”, “Пайки оштӣ” (ҳаммуаллифӣ) «Миростроительство в Таджикистане”, “Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, “Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон”, “Савганди сулҳофаринӣ” Иброҳим Усмонов сӯҳбат намудем.

- Дар шинохти Шумо Рӯзи ваҳдати миллӣ чӣ гуна ҷашн аст?

- Дар назари ман барои миллати имрӯзаи тоҷик бузургтарин ид, бузургтарин ҷашн ин Ваҳдати миллӣ аст. Маҳз дар ҳамин рӯз, яъне рӯзи 27-уми июни соли 1997 маълум шуд, ки тоҷик минбаъд ҳам зиндагии худро дар давлати хеш, дар ягонагӣ, дар фазои бародарӣ давом дода метавонад. Зеро пас аз Истиқлол дар соли 1991 ва ҳатто чанде пеш аз он дар охири замони Шӯравӣ дар натиҷаи талошҳои гуногуни иҷтимоӣ-сиёсӣ, дар натиҷаи каҷнигарии намояндагони миллат ба ҳамдигар як шароити ниҳоят бӯҳроние ба амал омада буд, ки моҳияти он ба парокандагӣ ва барҳамхӯрии давлати тоҷик сабаб шуд. Яъне ин муқовимати сиёсии солҳои 1990 – 1992 ва баъдтар ҷанги шаҳрвандии соли 1992 – 1997 мебошад.


- Чӣ барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ асос гардид?

- Маҳз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Масква баргузор гардид, нишон дод, миллати тоҷик дар худ тавоне пайдо кард ва имконияте ёфт, то ба ҷанги ҳамдигаркӯшӣ ба душмансозӣ аз ҳамдигар хотима диҳад ва роҳи ягонаи пешрафти давлат, пешрафти миллат ва оромии мамлакат - роҳи сулҳро пеш гирад. Албатта, ин кори осон набуд. Расидан ба ин рӯз меҳнати бисёреро талаб мекард.

Бояд иқрор кунем, ки ин меҳнат якҷониба набуд, меҳнати ду ҷониб буд. Яъне дар паҳлӯи қувваҳои солими ҳукуматсози мо, дар паҳлӯи онҳое, ки дар ҳукумат буданд, дар ҳукумат кор мекарданд, барои мустаҳкам кардани ҳукумати миллӣ мубориза мебурданд, яъне бо роҳбарии Сардори давлати Тоҷикистон, инчунин дар байни мухолифини мусаллаҳи собиқи мо қувваҳое пайдо шуданд, ба имрӯз ва ояндаи халқи тоҷик, яъне халқи худ, миллати худ, хешу табори худ ва худи худ ба чашми дигар нигаристанд. Онҳо дарк карданд, ки агар ин ҷанг хотима наёбад, агар ин ҳамдигаркӯшӣ хотима дода нашавад, ҳеҷ кас ба ин мамлакат соҳиб буда наметавонад ва ҳатто ин мамлакат ба шакли мустақил боқӣ монданаш зери гумон мемонад. Бинобар ин, онҳо пешниҳоди тарафи ҳукуматро дастгирӣ ва пайравӣ карданд ва ба ҷониби худ фаҳмониданд. Дар натиҷа ду нерӯи ба ҳам ҷанганда, ду нерӯи ба ҳам муқобил ба ҳам омаданд ва ба сулҳ қадам гузоштанд.

- Барои ба ҳам омадани ин ду гурӯҳи бо ҳам муқобил нақши кадом нерӯ ва ё қувваҳои дигари беруна бештар ба назар мерасид?

- Ман гумон мекунам, ки ин кор ба ин осонӣ ва ба ин зудӣ ҳал намешуд, агар нерӯҳои неки башардӯстонаи дунё, мамлакатҳое чун Русия, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Покистон, созмонҳои бузурги байналмилалӣ, монанди СММ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ ва ғайра намебуданд. Инҳо барои расидан ба сулҳ ба ҷонибҳои муборизакунанда кӯмак мекарданд. Ин кӯмаки башардӯстонаи хориҷиён қувваи ҳалкунанда дошт. Гарчӣ медонем, ки дар ҳеҷ ҷой, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам ҷанг бе розигии тарафҳои ҷангкунанда ба охир намерасад ва сулҳ бе ҳамдигарфаҳмии тарафҳои ҷангкунанда ба анҷом намерасад ва ин чизи асосӣ аст, вале ҳамзамон ба ин таъкид мекунем, ки агар қувваҳои зикршуда, кишварҳои дӯст, созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ, дастгирӣ, ташвиқ ва ёрӣ намекарданд, расидан ба сулҳ хеле душвор буд ва натиҷаи сулҳ монанди имрӯза мешавад ё не, ин ҳам зери хатар буд. Барои ҳамин, бояд, халқи мо аз онҳое, ки барои ба роҳи сулҳ расидан ба мо кӯмак карданд, ҳамеша миннатдор бошад.

- Дар талошу муқовиматҳои сиёсии он солҳо танҳо куштору хунрезии бешумори мардум дида мешаваду халос. Ба назари Шумо онҳое, ки мехостанд сохти давлатро дигар кунанд бо чӣ сабаб ба андешаашон тӯли ин чанд сол устувор монданду хунрезиро идома доданд?

- Ҷанге, ки дар Тоҷикистон ба амал омад, талафоти зиёди ҷонӣ дошт. Ҷавонони бисёре, занҳо, кӯдакон ва калонсолон кушта шуданд, танҳо монданд, дар ба дар шуданд, тарки Ватан карданд, беватан шуданд ва ин натиҷаи ҳамон ҷанг буд. Ин натиҷаи ҳамон талоше буд, ки дар таркиби худ, дар батни худ ҳеҷ чизи мусбат надошт.

Онҳое, ки давлатро дигар кардан мехостанд, намедонистанд, ки давлатро ба куҷо мебаранд. Онҳое, ки озодӣ мегуфтанд, чизеро пешниҳод мекарданд, ки дар вай аз озодӣ ва демократия ному нишоне набуд. Онҳо ба он андеша буданд, ки танҳо худашон демократ буда метавонанд, танҳо онҳо озодиро таъмин карда метавонанд ва танҳо онҳо ин давлатро идора мекунанд. Дар ин маврид, ба ҳеҷ каси дигар, ба ҳеҷ қишри дигар, на ба онҳое, ки дар сари қудрат буданд, на ба онҳое, ки дар сари қудрат будагонро ҳимоя мекарданд, боварӣ ва итминон надоштанд. Хушбахтона, ин ҳолатро имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ танзим кард.

- Ҷанги шаҳрвандӣ ба ғайр аз куштор ва хунрезиву бадбахтиҳои дигар боз кадом фалокатҳоро барои миллати тоҷик ба вуҷуд овард?

- Албатта фалокати ҷанг дар паҳлӯи кушторҳо, харобиҳое, ки ба шаҳру деҳоти мо овард ва ҳар бадбахтии дигаре, ки хоси ҷанг аст, як чизи дигареро ба сари миллати мо бор кард: мардуми моро хонагурез кард.

Миллати тоҷик аслан миллати хонагӣ буд. Мо дар вақти ҷавонӣ ифтихор мекардем, ки муҳоҷиршавии халқи тоҷик ба берун аз Ватан ё зистани мардуми тоҷик дар берун аз Ватан бисёр кам ба назар мерасад. Халқҳои дигари кӯчимонанд, имрӯз дар ин ҷо, фардо дар он ҷо, имрӯз дар як ҷо ва фардо дар як ҷойи дигар мезистанд. Мо дар Ватани худ ҳамеша муқим будем, вале воқеаи ҷанг моро дар ба дар кард. Аввал гурезаҳо пайдо шуданд. Гурезаҳои халқи мо дар он солҳои пурошӯб то 1 миллион нафар буданд. Пас аз анҷоми ҷанг зарурият ба гурехтан намонд ва мо шукр мекунем, ки чунин зарурият аз байн рафт. Гуреза будан ин чӣ маъно дорад? Берун аз Ватан зиндагӣ мекунӣ, дилат ба Ватан кашол мешавад, вале ба он рафта наметавонӣ. Ин аст гурезагӣ. Ин рӯз бисёр рӯзи сахт аст - вақте ки мехоҳӣ, вале рафта наметавонӣ. Ин навъ гурезагиро мардуми мо дар солҳои 90-ум ба сар бурданд ва шукр, ки мо аз ин чиз раҳоӣ ёфтем. Аммо як балои дигар, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ ҳанӯз хотима наёфтааст.

- Шумо миёни ин ҳарду: гурезагӣ ва муҳоҷират чӣ фарқеро мебинед?

- Муҳоҷирати меҳнатӣ фарқаш аз гурезагие, ки пештар доштем, дар ин аст, ки муҳоҷири мо ҳар вақте хоҳад ба Ватан бозгашта метавонанд. Дуруст аст, ки берун аз хоки Ватан меҳнат кардан, берун аз хоки ватан кишт кардану зироат коридану бино сохтан, берун аз хоки Ватан тиҷорат кардан, яъне барои дигарҳо тиҷорат кардан, хеле душвор аст. Барои ин қуввату қудрат даркор. Албатта муҳоҷирҳо мехоҳанд, дар ватани худашон коре бошад, ки ба он машғул шуда, аз он ҳама мушкилиҳо раҳоӣ ёбанд, вале мутаассифона ҳанӯз иқтидори иқтисодии кишвари мо барои дар Ватан кор кардани аксарияти онҳо шароит ба вуҷуд оварда натавонистааст. Ин яке аз душвориҳое мебошад, ки Тоҷикистон ва мардумони он имрӯз ба сар мебаранд ва бартараф шудани он яке аз орзуҳои миллати мост. Шахсан, ба амалӣ шудани ин мушкилӣ боварӣ дорам, зеро Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони 20 соли пеш куллан фарқ мекунад.


- Ба назари Шумо имрӯз моҳияти ин ҷашни миллӣ ба ҷомеа дуруст фаҳмонида мешавад ё на? Оё дар таблиғи имрӯзаи он ягон костагие ба назар мерасад ва бояд ин рӯз ба кадом шакл ба мардум фаҳмонида шавад?

- Нахуст, мо ҳамаи он кореро, ки барои дарки ваҳдат, барои ба ҷавонон фаҳмонидани он зарур аст, анҷом надодаем. Вале мо таҷрибаи зиндагии қариб 100-сола дорем ва медонем, ки ин корро чӣ гуна бояд анҷом диҳем. Масалан, дар вақташ, мо чӣ гуна аҳамияти Инқилоби октябрро ба мардум фаҳмонидем? Чӣ гуна аҳамияти ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватаниро ба мардум фаҳмонидем? Дар онҳо кадом василаву воситаҳо истифода мешуданд? Бештар мардум сухани киро гӯш мекунанд ва барои ҷавонон кадом чизҳо фаҳмотар аст? Барои ин таҷрибаи адабиёт, илм, публитсистика ва санъати гузаштаи мо мисол шуда метавонад, ки бояд аз онҳо истифода барем. Албатта ҳар он чӣ ки имрӯз телевизион ва ё матбуот дар ин маврид мегӯяд, дар ҷавонон як навъ рӯҳияи тантанавиро ба вуҷуд меоварад ва рӯҳияи тантанавӣ доштани ҷавонон низ хуб аст, вале мо бояд дарки инҳоро амиқ кунем. Насли имрӯз пеш аз ҳама моҳияти он воқеаҳоро бояд дарк кунад. То моҳияти воқеаҳои шуда гузаштаро амиқ дарк накунад, гуфта наметавонем, ки ба гапи имрӯзаи мо бовар мекунад. Вақте ки мо ҳеҷ чиз дар бораи воқеаҳои гузашта нагӯем ё чизе гӯем, ки ҳақиқатро пурра ифода намекунад, пас ҳама гуна таърифи мо баҷо шуда наметавонад. Барои ҳамин, ман гумон мекунам, ки аввалан дар таблиғи ҳамарӯзаи зиндагии мо, ҳам дар байни ҷавонон ва ҳам умуман дар байни халқ шахсиятҳое, ки дар раванди музокироти сулҳ иштирок кардаанд (аз ҳарду ҷониб) ва Рӯзи ваҳдатро ба хуши ва некӣ қабул кардаанд, бояд истифода бурда шаванд. Суханронии онҳоро дар байни ҷавонон, дар байни мардуми деҳот ташкил кардан зарур аст.

Баъд, аҳли илм ва адаб ба ин кор бояд машғул шаванд. Танҳо ба воситаи шеър ба ин воқеа рӯй наорем. Албатта шеър бисёр муассир аст, вале сухани одии адиб ҳам, ки бо мисолҳои содаи зиндагӣ гирифта шудааст, заруртар аст. Ҳақиқати он замонро донистан ва фаҳмонидан даркор, то ки ҳақиқати имрӯзаро фаҳмем. Баъзе мушкилиҳое, ки дар зиндагии имрӯзаи мо ба назар мерасад, бо фаҳмидани ҳақиқати он замон шояд рафъ шаванд, шояд фаҳмиши онҳо осонтар шавад, барои ҳамин, системаи таблиғи ҳамон воқеаҳоро ба вуҷуд овардан зарур аст. Ман гумон мекунам, ки яке аз василаҳои таблиғе, ки мо қаблан дар таҷрибаи солҳои гузаштаамон доштем, ин ташкил кардани лекторияҳо аст. Дар талиғ адиб, олим ва шахсиятҳои фарҳангӣ иштирок мекарданд. Онҳо на фақат дар мактабу таълимгоҳҳо, балки дар байни деҳқонони одӣ низ рафта, дар ин хел шабу рӯз таблиғ мекарданд. Мо дар ин маврид, бояд ҳамин гуна як системаро барқарор кунем.

- Дар бораи асарҳо ва ё умуман маълумотҳои мавҷудбуда дар бораи ҷанг ва сулҳи тоҷикон чӣ назар доред? Онҳо то чӣ андоза аҳамияти илмӣ доранд?

- Дар мавриди ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон ягон асари сирф илмӣ навишта нашудааст. Соли 2002-ум ба муносибати 10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев асаре ба нашр расид, ки хусусияти таҳқиқотӣ дошт. Онро шояд нахустин асари таҳқиқотӣ ном бурдан мумкин бошад, зеро ҳанӯз шароити илмӣ барои навиштани чунин китобҳо муҳайё набуд. Аз тарафи дигар, бо дастгирии хориҷиҳо ба номи “Конфликтология”, ки ин ҳам воқеаҳои муқовимати сиёсии он солҳоро дар бар мегирад, навишта шуд. Муаллифони ин асар ҳам олимони тоҷик ва ҳам олимони аврупоӣ мебошанд. Ин асар – асари назариявии умумии илмӣ мебошад. Баъдан як гурӯҳи корӣ бо номи Гурӯҳи кории ғайрирасмии Тоҷикистону Олмон (соли 2011 ташкил шуда буд) дар бораи ҳамзистии қувваҳои дунявӣ ва динӣ дар Тоҷикистон китобҳои маҷмӯаи мақолаҳо чоп кард. Дар ин китобҳо андешаҳои шахсиятҳое, ки дар ин воқеаҳо аз ҳарду ҷониб иштирок намуда буданд, оварда шудааст. Ҳамчунин як иддаи онҳое, ки дар ин муқовимати сиёсӣ иштирок намудаанд, хотироташонро дар бораи он воқеаҳо навиштанд...

Дар матбуот қариб ҳаррӯз махсусан дар матбуоти ғайриҳукуматӣ мақолаҳо ё фикрҳои шахсони гуногун чоп мешавад, ки онҳо танҳо хусусияти фардӣ доранд. Агар онҳое, ки дар ин воқеаҳо иштирок дошта бошанду чизи ба чашм дида ва дар он иштирок кардаашонро навишта бошанд, имрӯз аз номи шахсҳои дуюму сеюм навишта шуда истодаанд ва аксари он навиштаҳо ҳақиқат ҳам надоранд. Яъне чунин мақолаҳо хусусияти илмӣ надошта, ба валвалаи сиёсӣ бештар наздиктаранд. Албатта барои инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар он солҳо чанд асар ба миён омаданд, ки онҳо низ аз аҳамияти илмӣ бархӯрдоранд.

- Дар масъалаи ислоҳоти сифоиза чӣ гуфтанӣ ҳастед?

- Дар масъалаи сиёсати сифоизаи ислоҳоти ҳукумат фақат ҳамин қадар гуфтан мумкин аст, ки ин сиёсат барои давраи гузар, аз соли 1997 то соли 2000 тааллуқ дораду халос. Яъне моҳияти ин иқдом дар он аст, ки ҳукумат ва мухолифин дар замони гуфтушунид шарт карданд, ки мо дар давраи гузариш ба мухолифин имконият медиҳем, ки мавқеашонро дар ҷомеаи Тоҷикистон мустаҳкамтар кунанд ва аз ин мавқеъ истифода бурда, барои интихоботҳои оянда, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон имконияти фаъолият кардан дошта бошанд.

- Дар охир чӣ таманно доред?

- Ман ҳамаи ҳамватанонро, ҳамаи онҳоеро, ки ҳамроҳашон ман ҳам барои дастрасӣ ба рӯзи сулҳу ваҳдат ба рӯзи ҳамдигарфаҳмии мардуми тоҷик хидмат кардаем, ба муносибати Рӯзи ваҳдат табрик мегӯям.

- Ташаккур устод.

- Саломат бошед.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед