Ru  | Tj
Иброҳим Усмонов: “Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст”
Иброҳим Усмонов: “Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Иброҳим Усмонов: “Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст”

Нашр шуд

Эҳдо бахшида ба зодрӯзи устоди гиромӣ, Пири журналистикаи тоҷик, хотираи ҳайратангези матбуоти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов. Ба устоди гиромӣ тани сиҳат ва умри дароз хоҳонем...

То чӣ андоза журналистикаи электронӣ ё мултижурналистика ҷойи журналистикаи чопиро иваз карда метавонад, оё озодии матубот ҳад дорад ва он кадом аст, унсурҳои нави журналистӣ асолати журналистикаро то кадом андоза ифода карда метавонанд, “фаъол” будани шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ паёмад дорад ва он хоси кадомин сиёсат аст ва баррасии чанде дигар мавзӯҳои муҳимми журналистикаи мусоири тоҷик бо донишманд Иброҳим Усмонов.

Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов

- Устод, ба унвони саволи нахуст мехостам бипурсам, ки то чӣ ҳад журналистикаи электронӣ ҷойи журналистикаи чопиро гирифта метавонад? Ҳамчунин журналистикаи электронӣ то кадом андоза рисолати аслии журналистикаро ифода карда метавонад?

- Аввал ин ки ҳеҷ кадом навъи журналистика ҷойи навъи дигарашро гирифта наметавонад. Ҳар кадоме аз навъи журналистика ба сари худ хосияти хос дорад. Ҳатто аз ҳама наздиктар дар журналистика рӯзнома ва маҷалла бошанд ҳам, ҳеҷ вақт рӯзнома ҷойи маҷалла ё маҷалла ҷойи рӯзномаро гирифта наметавонад. Ё агар матбуотро бо воситаҳои электронии кӯҳна: ба радио ва телевизион муқоиса кунем, на радио рӯзнома шуда метавонад ва на телевизион маҷалла. Яъне ҳар кадом хусусияти хоси худро доранд ва воситаҳои навэҷоди технологияи журналистӣ ҳам сабаби тағйир ёфтан, дигаргун шудан ё беқурб шудани як навъи журналистика намешаванд. Масалан, мо вақте мафҳумро истифода мекунем, мегӯем, ки журналистикаи матбуотӣ, телевизионӣ, радио ва интернетӣ. Дар худи ин мафҳумҳо аллакай як хусусият таъкид мешавад, ки журналистикаи ҳар кадом - ин хусусиятҳоро дар худ дорад. Агар хусусияти хос намедошт, онҳоро ба қисматҳо ҷудо намекардем.

- Имрӯз мақулае вуҷуд дорад, ки гӯё баъзе унсурҳои журналистикаи электронӣ тамоман наванд. Шумо ягон тақлид ва ё пайравиро мушоҳида мекунед?

- Пайравӣ ба ҳадде, ки номи ин касби мо дар мултимедиа – блогер тақлид ба номи журналистикаи кӯҳна аст. Яъне онҳое, ки журналистика ва журналист будани соҳибони идораи журналистикаи электронии шабакаи иҷтимоиро пинҳон доштан мехостанд ё гуфтанӣ набуданд, “блог” ва “блогер” ном ниҳода аз ёд бароварданд, ки ин ҳамон мафҳумҳои сутун, калонка, рубрика, гӯшаи матбуот ва телевизион аст, дар шеваи иртибот додан ба шабакаи нав. Зеро “блог” қисм, бахш, шуъба ва ғайра ва мафҳуми дигараш соҳиби он аст. Ҳамон соҳиб агар хоҳад навиштаи дигаронро дар блогаш истифода мекунад ва агар нахоҳад, на. Мисли соҳиби рӯзнома, маҷалла ва радиову телевизион.

- Пас ҷиҳатҳои фарқкунандаи журналистикаи интернетӣ аз дигар навъҳои журналистика кадом аст?

- Ҷиҳати асосии фарқкунандаи журналистикаи интернетӣ ё мултижурналистика аз он иборат аст, ки вай ба навъҳои дигари журналистика, ки қаблан вуҷуд дошт, пайравӣ мекунад ва аз имкониятҳои онҳо истифода мебарад, вале пурра ҷойи онҳоро гирифта наметавонад. Ягона хусусияте, ки дар мултижурналистика хеле возеҳ ба назар мерасад, баланд будани сареъияти он аст. Яъне воқеаро дар ҷараёни ба амал омаданаш ифода мекунад. Албатта, радио ва телевизион ҳам ин гуна имкониятро доранд. Яъне радио ва телевизион ҳам сареъан воқеаро инъикос мекунанд. Ҳамин гуна хусусиятро журналистикаи электронӣ ҳам дорад, вале ин пурра ба ҷойи радио ва телевизион шуда наметавонад. Гирандаи жураналистикаи интернетӣ хусусияти бештари инфиродӣ дорад. Ҳама гуна гиранда ҳар кас худаш қабул мекунад. Албатта ҳолатҳое мешавад, ки айни як матлабро аз радио садҳо кас дар як вақт мешунавад. Ҳар кас худ ба таври инфиродӣ ва ё ду-се нафаре, ки дар назди истифодабаранда ҳузур доранд, қабул менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, ҳатто журналистикаи интернетӣ ба сатҳи телевизионӣ ҳам наздик шуда наметавонад. Агар ҳама ҷамъ омада дар экран ба воситаи интернет чизеро бинанд пас дар ин ҳолат ин аудиторияи ташкилкарда ба ҳисоб меравад. Яъне ба шакли табиии оддӣ ин гуна нест. Аслан ҳар навъи воситаи ахбор, ҳам воситаи ахбори инфиродӣ ва ҳам воситаи ахбори дастаҷамъӣ як мақсад дорад, яъне ба аудитория таъсир расонидан. Ба як нафар ё ба чандин нафар. Ва вақте дар бораи асоси журналистика сухан меронем, яъне бояд аз ёд набарорем, ки журналистика ин расонаи гурӯҳӣ аст, ки мақсадаш таъсир расонидан танҳо ба як кас нест, балки ба шахсони зиёд аст. Яъне фикри худро ба одамони бисёр гуфтан ва муносибати худро нисбат ба ин ё он амал ба шахсони зиёд фаҳмидан аст. Аслан, ин таблиғ ба ҳисоб меравад. Яъне ҳадаф ҳамфикр пайдо кардану қабул кунонидани ақидаи худ ба ӯ аст.

На ҳар сомона ё бахшҳое, ки дар интернат вуҷуд доранд бо мақсади таъсир ба умум таъсис гардидаанд. Бинобар ин, тамоми он матлабҳое, ки дар интернет пайдо мешавад, мо ба сифати журналистика шинохта наметавонем. Баъзе рӯзномаҳо пурра дар интернет пайдо мешаванд, бархе рӯзномаҳо сомона доранд ё баъзе сомонаҳои алоҳида воқеан хусусияти ВАО-ро доранд, ки аз технологияи интернетӣ истифода мебаранд.

Акс: Интернет

Акс: Интернет

- Оё навиштаҳои дигареро, ки бигзор хонанда ва тамошобини бисёр ва аудиторияи васеъ дошта бошад, журналистика гуфтан мумкин аст? Масалан, “Фейсбук” ва дигар шабакаҳои иҷтимоии интернетии ба ҳамин монанд, то кадом дараҷа ба журналистика наздикӣ доранд?

- Ман инҳоро дар шакли умум ҳамчун журналистика намешиносам. Инҳо сӯҳбати чанд фарди ҳамкасб аст. Агар ҳар чизи навишташударо мо журналистика ҳисоб кунем, пас дар ин ҳолат журналистика ҳеҷ будааст. Чунки кӯдаки навхатбароварда ҳам чизе навишта ё расме кашида метавонад. Шояд дар сурати кишидаи вай ҳеҷ чиз вуҷуд надошта бошад, вале ба назари худи кӯдак албатта ӯ сурате кашидааст. Агар мо навишта ва ё кашидаи ӯро ба сифати журанлистика қабул намуда, онро паҳн намоем, дар ин ҳолат масхараи касб мешавад.

Журналистика мақсади таъсир расониданро дорад. Мултимедиа (албатта қисмате, ки ба журналистика дахл дорад) дар ин масъала аз ҳама навъи журналистикаи дигар дида бештар рушд кард ва ҳатто дар масъалаи таблиғ шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам монанди “Одноклассники”, “Фейсбук” ва ғайра хусусияти бисёр пурқуввати таблиғотиро ба худ касб намудаанд. Махсусан, дар иғвоандозии сиёсӣ ва таънаи шахсӣ чунин шабакаҳо бештар истифода мешаванд. Масалан, воқеаҳои Баҳори арабро ба ёд оварем, заминаи паҳн шудани ақидаву андеша интернет буд. Мардум аз интернет хабар ёфтанд, ки кай, чӣ гуна ва дар куҷо ҷамъ шуда, чӣ кор карданашон даркор аст. Дар ин ҳолат корбарони интернетро агар онро ҳамчун “дафтари хотира” –и онҳо муаррифӣ намоем, онҳо ин дафтари хотираашонро ба навиштаҳои сиёсӣ пур карданд. Яъне дар ин ҳолат ин хати пинҳонии сиёҳ ва шабнома барин ба назар мерасад. Гарчи худи он аслан журналистика набуд ва худи шабноманависӣ ҳам аз журналистика ба вуҷуд наомадааст, балки аз сиёсат зуҳур кардааст. Сиёсӣ будани ҳамин қисмати навиштаҳои журналистикаи электронӣ ва пурқувват будани сиёсат дар ин, маро ба як фикри дигар мебарад. То чӣ андоза блогҳои интернетӣ, ба ғайр аз он журналистикае, ки дар шакли электронӣ паҳн мешаванд, (Масалан, аксари рӯзномаҳо дар Амрикову Аврупо ва ғайра) хоси мамлакатҳои бузурги тараққикарда аст? То кадом дараҷа амрикоиҳо ва олмониҳо аз онҳо (“Одноклассники”, “Фейсбук” ва ғайра) истифода мекунанд. Ба назари ман дар дохили мамлакатҳои тараққикардаву пешрафта ин навъи интернет камтар шӯҳрат дорад. Ин бештар ба кишварҳои ба истилоҳи қадим “ҷаҳони сеюм” пайваста аст. Яъне ба ҷоҳони бегона вобастагӣ дорад. Аслан корандозандаи ин гуна маводҳо марказҳои таблиғотии хориҷӣ ҳастанд. Ин барои худи он кишварҳо равона нагардидааст, балки ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Африқо, Ховари Миёна ва ғайра чун ёрии маънавӣ равона шудааст, зеро онҳо ақибмондаанд. Масалан, ба баъзе маводи интернетие, ки бархе рӯзномаҳо низ аз онҳо истифода мекунанд, назар афканем, он матлабро мебинем, ки ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ба масъалаҳои муҳимми мамлакатҳои минтақаҳои дар боло зикршуда тамоман дахл надоранд. Гӯё дар мамлакатҳои тараққикарда масъалаҳои ихтилофи миллӣ ва ихтилофи ирқӣ вуҷуд надошта бошад. Ҳатто ҳамон зуҳуроти баде ба монанди “куштори дастаҷамъӣ”, ки дар маводи интернетии кишварҳои “ҷаҳони сеюм” паҳн карда мешавад, дар матбуот ва журанлистикаи электронии онҳо дида намешавад. Пас, ин барои мо – кишварҳои ақибмонда ихтироъ гардидааст.

Бинобар ин, мутахассисони онҳо низ мегӯянд, ки ин журналистикаи тоза набуда, балки захира аст.

- Захира, яъне чӣ?

- Захира матлаби навишта, сурати кашида ё сухани гуфтае, ки барои истифодабарии дигарон пешбинӣ шудааст. Пас, барои истифодаи дигарон пешбинӣ шуда бошад ва ҳар гоҳ, ки дар саҳифаҳои ВАО пайдо шуд, аллакай журналистика ҳисобида мешавад. Гӯё онҳо бе мақсад ин маводро дар интернет гузоштаанд. Лекин ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷомеа чизи оддии ба зарари худашбударо ба дигарон пешниҳод намекунад. Чизеро паҳн менамоянд, ки ба зарари дигарон равона карда мешавад ва ё манфиати онҳоро ҳимоя мекунад. Ҳатто ба китобҳое, ки дар интернет ба сифати захира пайдо мешавад, нигоҳ кунед, ин ё он гурӯҳи одамон, ин ё он афкори сиёсӣ ва ин ё он мардум мехоҳанд, ки маҳз ана ҳамин китобҳо, яъне асарҳои муайянкарда ва ҷудокардаи онҳо хонда шавад.

Албатта ба касе манъ накардаанд, ки чизи миллии худашро ба захираи интернет ҷойгир намояд, вале мо дар ин шароит, онҳое, ки дар дунё ақаллияти сиёсии миллат ба ҳисоб меравем (яъне аз ҷиҳати иқтисодӣ хурдтар) ин гуна имкониятро надорем. Ҳатто ба ташвишҳое банд ҳастем, ки агар имконият ҳам дошта бошем, барои ғунҷонидан ё ҷойгир кардани манбаи худи мо хизмат намекунад. Ин навъи дигари ҳамон озодие аст, ки ханӯз солҳои шастуми асри гузашта аврупоиҳо ва амрикоиҳо даъво карданд, ки бояд ба ҳама озодии матбуот дастрас бошад ва ҳама кишварҳо журналисте дошта бошад, ки аз ҳама сарҳадҳо гузашта, аз мамлакатҳои дигар барои навиштани матлаб мавод ҷамъ кунад. Онҳо мегуфтанд, ки дар ин гуна ҳолат мо ҳеҷ вақт журналистонро маҳдуд намекунем ва ин маҳдуд накардани онҳо ҳеҷ гоҳ ба фоидаи кишвар ва ҷомеаи он журналистон вобаста набуд. Мамлакатҳое, монанди Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва ғайра пуле надоранд, ки ҳатто дар дохили кишвари худ ба журналистон сафари хидматӣ ташкил намоянд. Пас, дар ин ҳолат чӣ гуна ба мамлакати дигар сафар карда, аз он ҷо маълумот дастрас менамоянд. Яъне барои озодӣ ин дар забон “ҳа”, вале дар воқеият ва амал “не” аст. Ана ҳамин чиз, дар технологияи имрӯзаи журналистӣ ба вуҷуд омадааст.

Имрӯз матбуот, яъне рӯзнома ва маҷалла оддитарин технологияи жураналистӣ, радио технологияи як зина баландтар аз матбуот, телевизион технологияи боз ҳам баландтар аз матбуотро истифода мебаранд. Аз радиову телевизион болотар технологияи тамоман нав - шабакаҳои интернетӣ аст. Яъне аз ҷиҳати технология ҳеҷ кадом навъи ВАО ба он баробар шуда наметавонад. Вале бояд гуфт, ки аз ҷиҳати дурӯғ гуфтану фиреб додан низ технологияи интернетии журналистика боз ҳам аз ҳама болотар аст. Вақте ин навъи журналистика дар кишвари мо роиҷ шуд, ҳамон замон гуфта будам, ки “интернет хатарноктарин навъи журналистика аст” ва гурӯҳи ҳамкасбони дар хориҷа будаам эътироз карданд, ки Усмонов моро тарсонида ва аз технология дур партофтан мехоҳад, вале имрӯз худи онҳо низ эътироф мекунанд, ки ин навъи журналистика то кадом андоза хавфнок аст. Ҳамин навъи журналистика дар малакатҳои ақибмонда иғвову ҷанг ба вуҷуд овард.

Зиёдтар аз он як мутахассиси ба фикри худаш баланддониши технологияи интернетӣ (оҳанпора на эҷод) худро лоф ва профессорони соҳаи журналистикаро паст мезад, ки намефаҳманд, интернет захира аст на журналистика (муаллимони пулдорашон чунин дониш дода буданд). Имрӯз чунон дар бораи “журналистикаи интернетӣ” “суруд” мехонанд, ки гӯё маҳз ӯ инро кашф карда бошад.

Блогер ва аҳли байти ӯ аз дур менависад ва дурӯғ менависад ва дар ин ҳолат бар муқобили ӯ ҳеҷ коре карда намешавад, танҳо ҳамон қадар гуфта метавонед, ки ӯ дурӯғ гуфт. Қонун дар муқобили ӯ амал намекунад, чунки ӯ худро ба беқонунӣ пӯшонидааст. Албатта аз ин нигоҳ ин хатарнок аст ва вақте бехатар гуфта метавонем, ки инсон, яъне журналист дар партави қонун амал намояд. Бинобар ин, ин навъи журналистика барои вайрон кардани қонун имконият медиҳад ва барои ҳамин ҳам, дар тамоми дунё ва аз ҷумла дар мамлакатҳои аврупоӣ ҳам дар масъалаи дурӯғ, фиреб ва дуздӣ дар интернет ҳамеша баҳс давом дорад. Яъне сухан дар бораи технологияи истифодабарии журналистика меравад, ки навъи аз ҳама пешрафтаи журналистика шинохта шуда ва ҳамчунин аз ҳама хатарнок аст.

- Ба назари бархе коршиносон сабаби асосии таваҷҷӯҳи мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук” ва ғайра дар барррасӣ ва нашр нагардидани баъзе мавзӯъҳои доғи рӯз ва ба ҷомеа дахлдошта дар матбуоти кишвар аст, ки гӯё аксар аз ин ҷиҳат бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардаанд. Ба ин Шумо чӣ назар доред?

- “Фейсбук” барои ман чойхонагап аст. Яъне одамон дар чойхона нишаста, байни худ росту дурӯғ чизе, ки мехоҳанд, мегӯянд. Дар байни ҳарфҳое, ки дар он ҷо гуфта мешавад, ҳақиқату дурӯғ ва ҳатто дастгирии росту дурӯғ аст. Яъне ин журналистикаи комил нест ва шуда ҳам наметавонад. Дар ин гуна шабакаҳо ба одамҳои гуногуни ношинос вохӯрдан мумкин аст, ки чизе гуфтан мехоҳанд. Ҳатто ба шумо маълум нест, ки ӯ ҳарфи гуфтаашро аз ақли худ мегӯяд ё бегона. Дар ин ҳолат эътимоднокии ин гуна шабакаҳо аз байн меравад. Пас, ин гуна маводҳо дар чунин шабакаҳо на эътимоднок аст ва на илмӣ. Чизи илмӣ – ин ақидае, ки дар баҳс пайдо мешавад. Яъне баҳс ба илм устувор аст - ба санади китобиву сабтшуда. Албатта, ин маънои онро надорад, ҳар гуна маводе, ки ин шабакаҳо истифода менамоянд, чунин бошанд. Лекин барои дурӯғ гуфтану ғалат навиштану сохтакорӣ, имконият фароҳам меоварад. Дар баҳсҳои фейсбукӣ масъулият ва масъули умумӣ барои гуфтаи ҳаминрӯза ва рӯзҳои дигар вуҷуд надорад. Пас, ин шакли журналистика шуда наметавонад. Дар журналистика барои чунин ҷараён шахси масъул буданаш лозим аст.

Аммо барои бастани даҳони шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш кардан беҳуда аст. Баръакс роҳе ёфтан зарур аст, ки “афсона” будани ин “хабарҳоро” худи гирандагон дарк кунанд.

Акс: Интернет

Акс: Интернет

- Дар ин ҳолат хатари шабакаҳои иҷтимоиро Шумо дар чӣ мебинед?

- Фоидаи чунин шабакаҳо ба ҷомеа нисбат ба зарараш камтар аст. Шояд аз як тараф дар бархе матлабҳо баъзан факту рақамҳои ба илм такяшуда вуҷуд дошта бошад, вале ба шакли умум албатта не. Чунки инсоне, ки барои баён кардан, сухани ҳақиқии қонунӣ дорад, ошкоро ба воситаи матбуот ва радиову телевизион рӯбарӯ мегӯяд. Албатта, бархеҳо мегӯянд, ки ман аз ин мамлакат дурам ва аз ин тариқ фикрамро баён кардану ризоият ва ё норизоиятиамро ба ин ё он воқеаи сиёсии кишвар ифода кардан мехоҳам. Дар ин ҳолат аз навишта ва вокуниши ӯ ба ин ё он воқеа дар матбуоти дохилӣ истифода мекунанд ва аз ин тариқ худро муҳофизат мекунанд.

- Ба назари Шумо кадом чизҳо ба “Фейсбук” тавоноӣ мебахшанд, ки ҳамчунин журналистикаи беруниро низ ба вуҷуд овардаанд? Ин чӣ натиҷаҳо дар пай дорад?

- Аз ин нигоҳ вай як василаи ҷангандозӣ ба ҳисоб меравад. Яъне як василаи ҷанги сард ва технологияи навтарин дар ин намуди ҷанг истифода бурда мешавад. Ин ҷанг бо мақсади тағйир додани эътиқод ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҷанг одоби зиндагиро тағйир додан мехоҳанд, яъне одоби зиндагиро ба ҳамон фаҳмиши худ мувофиқ кардан мехоҳанд. Масалан, дар як ҷо одоби аҳли исломро муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар ҷойи дигар одоби аҳли зиндагии дунявӣ доштаро ба одоби исломӣ мувофиқ кардан мехоҳанд, дар баъзе маврид ягон амали ғайриқонуниро қонунӣ нишон додан мехоҳанд. Яъне шаклҳои гуногуни таблиғ вуҷуд дорад ва банобар ин, дар миён ҷанги сарди дигар аст.

- Дар аксари чунин шабакаҳо, ки аксаран онро ҳамчун журналистика муаррифӣ кардан мехоҳанд, барои таблиғ бештар аз жанрҳои хабару гузориш истифода бурда мешавад. Агар хусусияти тафреҳӣ медошт, пас чаро дигар жанрҳо камтар истифода мешаванд?

- Воситаҳои электронии ахбор камтар мақсади тафреҳӣ ва тарбиявӣ доранд. Яъне он жанрҳое, ки ба адабиёт ва санъат наздиканду бояд дар матбуот истифода шаванд монанди очерк, памфлет, лавҳа ва ғайра, ки ҳадафи асосии онҳо тарбия кардану ба роҳи дуруст бурдани ҷомеа ба ҳисоб меравад, дар журналистикаи электронӣ камтар ба назар мерасад. Албатта, дар ин шакли журналистика имрӯз асосан аз жанрҳои хабарӣ - хабару мусоҳиба барои иттилоъ расонидан ва аз жанрҳои таҳлилӣ шарҳу мақола барои шарҳ додану ба ақидаи худ мувофиқ кардан истифода бурда мешавад. Вазифаи матбуот се чизи ягона аст: тарвиҷ, таблиғ ва созмондиҳӣ. Яъне мақсади ниҳоии он ба вуҷуд овардан ё созмон додани як фикри пухта ба тарафдорӣ ё бар зидди масаълаест. Пас, журналистика ҳамон вақт комил ҳисобида мешавад, ки вай ба ғайр аз хабар расонидан дар худ таблиғ намудану ба ақидаи худ мувофиқ карданро дошта бошад. Албатта, дар публитсистикаи коммунистӣ ин меъёрро расман эътироф мекунанд, аммо дар публитсистикаҳои ғайрикоммунистӣ ин маъёрро нодида мегиранд. Баъдан, маводе, ки дар сомонаҳо ба ин шакл паҳн мегардад, бештар ба асли матлаб такя мекунад. Масалан, ба ороиш ва акси маводҳо дар ин гуна матлабҳо аҳамият дода намешавад. Сурат дар ҳамон вақт дар мавод лозим мегардад, ки бо дидани вай инсон ба ҳаяҷон биояд (фарқе надорад, ки он ҳаяҷони манфӣ аст ё мусбат). Масалан, чанд сол қабл сурати кӯдаке бо номи Олон дар соҳили баҳр, нашр шуд, ки кулли бинандагонро ба ҳаяҷон оварда буд ва ғайра. Яъне дар ин ҳолат сурат худ таблиғ мекунад.

- Имрӯз кор дар журналистика, хусусан журналистикаи электронӣ бисёр сода гардидааст. Қаблан маводи навиштаи ҳар рӯзноманигорро чанд муҳаррир таҳрир менамуд ва барои пухтаву комил гардидани мавод дастур ироа мекард. Яъне дар журналистика ва умуман соҳаи қаламкашӣ мулоҳизакориву тадқиқ чизи аз ҳама муҳим ба ҳисоб меравад, ки ин албатта дар адабиёти мо – тоҷикон бисёр возеҳ баён гардидааст. Аз ин нигоҳ, ба публитсистикаи имрӯз чӣ назар доред?

- Ин на танҳо ба журналистикаи электронӣ, балки мутаассифона ба матбуоти одии Тоҷикистон ҳам хос аст. Яъне таҳрир нашуда нашр гардидани мавод. Аксари матбуоти мустақили Тоҷикистон маводро таҳрир накарда, нашр мекунанд. Дар журналистикаи электронӣ қариб таҳрир вуҷуд надорад. Албатта, ин ҳолат ба ман ҳам мақул нест. Бе таҳрир нашр шудани матлаби навишташуда ифодагари мавҷуд набудани радаксия ба ҳисоб меравад. Редаксия барои он лозим аст, ки ҳамаи маводи омадаро аз нуқтаи назари худ ва аз нуқтаи назари талаботи илм ва касб ба тартиб биёрад. Масалан, дар нашриёт муҳаррир масъулият дорад ва гарчанде муаллифи ягон асар ҳазор сол қабл зиндагӣ карда бошаду имрӯз китоби ӯро нашриёт ба нашр расонад, худи нашриёт ҷавобгар аст, на муаллиф.

Акс: Интернет

Акс: Интернет

Дар журналистикаи имрӯзаи кишвари мо гарчи муҳаррирон ҷавобгаранд, вале аз он маводе, ки дар саҳифаҳои рӯзномаҳои мустақили кишвари мо нашр мегардад, маълум мешавад, ки онро касе нахонадаасту таҳрир нашудааст. Ҳар нафар ҳар гуна менависад ва дар ин ҳолат забони умумӣ ба фаромӯшӣ меравад. Баъзан рӯзноманигорони мо барои зебонависӣ аз он калима ва истилоҳҳое истифода мебаранд, ки дар қонунгузории мо зикри он нарафтааст ва ҳатто барои ҷомеаи мо бегона ба ҳисоб меравад. Масалан, ба ҷойи калимаи “сарвазир” “нахуствазир” мегӯянд ва ғайра. Яъне калимаи қонунан пайдошударо истифода набурда, ба ҷойи он аз калимаи бегона кор гирифтан бисёр бад аст. Баъзеҳо гумон мекунанд, он калимае, ки онҳо дар куҷое шунидаанд, беҳтар аст аз он вожае, ки бо шири модар дар мардуми ин ҷомеа пайдо шудааст. Вазифаи редаксия ислоҳ кардани ҳамин гуна ноқисиҳо аст. Рӯзнома, телевизион, радио ва дигар ВАО майдони калимабозӣ набуда, балки бо забони расмии қабулшуда расонидан ва ифода кардани фикри созанда аст. Албатта, ҳар забон дар ҳама давлатҳо такмил мехоҳад, вале ҳангоми навиштан бояд меъёри қабулшудаи забон риоя карда шавад.

- Қаблан кори рӯзноманигориро шахсони босаводу хирадманд идора мекарданд, яъне он шахсоне, ки дар ҷомеа нуфуз доштаанду соҳиби эҳтиром ва манзалати хоса будаанд. То кадом андоза чунин принсип имрӯз дар журналистикаи кишвари мо мушоҳида мешавад?

- Ин асли байналхалқии таъсиси ВАО буд. То солҳои 50-уми асри XX ба дилхоҳ журналистикаи кишварҳои олам назар афканем, журналист ё ношир шахсияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва ё адабӣ буд. Яъне шахсиятҳое журналист буданд, ки барои гурӯҳи мардум ақидаи онҳо қобили қадр буд. Ин анъана то охирҳои замони советӣ боқӣ монд. Яъне анъанаи такя кардан ба шахсиятҳои варзидаи ҳамин соҳа. Имрӯз ҳам дар бисёр нашрияҳо ин анъана пайгирӣ мешавад. Албатта, ҳамаи рӯзноманигор баробари ба ба кор омадан журналисти комил шуда наметавонад, вале рӯзноманигорони дар раъси ин касб буда, шахсиятҳои хирадманду босавод ва соҳиби обрӯ буданд. Ба мо дар замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ гӯё фаҳмониданд, ки матбуот бояд озод бошад. Яъне матбуот бояд ба ҳеҷ кас тааллуқ нагирад. “Чаро як ҷавон ҳақи муҳаррир шуданро надошта бошад?” – мегуфтанд. Ман ҳатто як замон дар бораи муҳаррири ҷавони тозаинтихоби яке аз рӯзномаҳои бонуфузи кишвар навишта будам, ки ӯ нав донишгоҳро тамом кардааст ва ба сифати муҳаррири рӯзнома (роҳбари эҷодӣ) ӯро ба кор гирифтанд. Ба истилоҳ “аз даҳонаш бӯйи шир меояд”-у, ӯ мардумро таълим додан мехоҳад. Сармуҳаррир (сардабир, муҳаррир ва ғайра) бояд шахсе бошад, ки ҳақи ба дигарон маслиҳат доданро дошта бошад. Мо ин аслро дар охири солҳои Шӯравӣ пурра аз даст додем. Махсусан, дар соҳаи матбуоти озод ва мустақил журналистоне ҳам ба кор омаданд, ки ҳатто таҷрибаи журналистӣ надоштанд.

- Барои чӣ ба чунин ҳолат гирифтор гардидем?

- Барои он, ки шахсе, ки мумкин журналист буд ва ё журналист набуд, вале имконияти моддиву молии нашр намудани матбуотро пайдо кард ва рӯзномаро ташкил намуда, шахсонеро ба кор гирифт, ки ҳамақидаи ӯ буданд. Дар натиҷа дар матбуот албатта дар паҳлӯи рӯзноманигорони хуб рӯзноманигороне ҳам пайдо шуданд, ки ба сатҳи пурраи касб камол наёфтаанд. Албатта ин яке аз сабабҳои дар матбуот нашр гардидани матолиби зиёди таҳрирнашуда ҳисобида мешавад. Ҳатто як замоне ҳам буд, ки сухани сахту талх гуфта тавонистан, ҳунари журналистӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳар касе, ки дар рӯзнома ба тадриҷ инкишоф ёфтааст, яъне тамоми зинаҳои рӯзноманигориро гузашта баъдан соҳиби рӯзнома гардидааст, зиёдтар ба ҷомеа нафърасон мебошад, нисбат ба онҳое, ки ҷавон ҳастанду нав ба ҷодаи рӯзноманигорӣ қадам мемонанд. Касе, ки устод надида ба воя расид, ба дигарон устод ва раҳнамо шуда наметавонад.Акс: Интернет

Акс: Интернет

- Ҷойе хонада будам, ки на ҳар озодӣ арзишманд аст ва на ҳар маҳдудият бад. Ба назари Шумо кадом ва чӣ гуна озодӣ барои матбуоти кишвари мо арзишманд ба ҳисоб меравад?

- Ба ин савол Ленин бо савол ҷавоб додааст. Яъне озодӣ аз кӣ ва аз чӣ? Ба мо албатта озодӣ даркор аст, вале бояд бидонем, ки ин озодӣ аз кӣ асту аз чӣ аст? Агар озодӣ вобастагӣ ба аз пули дигарон бошад, албатта, ин гуна озодӣ ба мо зарур аст. Яъне мо аз пули дигарон бояд озод ва мустақил бошем ва ба пули худ такя намоем. Вақте ки ба рӯзномаи шумо каси дигар пул медиҳад ва рӯзномаи шумо даъво мекунад, ки рӯзномаи озод аст, дар ин ҳолат дурӯғ мегӯяд. Одами пулдиҳанда ҳеҷ гоҳ беҳуда пулашро ба ҳаво намепартояд. Пас, пулдиҳанда ақидаи худро дар рӯзнома ифода мекунад. Барои матбуоти тоҷик озодӣ аз пули бегона ва аз дахолати бегона даркор аст.

Бояд гуфт, ки матбуот пурра озод буда наметавонад. Дар ягон ҷойи дунё ва дар ягон вақти таърихӣ якто ҳам матбуоти аз ҳама чиз озод вуҷуд надошт, имрӯз ҳам вуҷуд надорад ва фардо ҳам немешавад. То вақте ки ақида аст, матбуотро мехонанд. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки матбуот танҳо барои реклама нашр гардиданаш низ мумкин аст, ки ин албатта матбуот ба ҳисоб намеравад. Ҳатто дар таркиб ва дар заминаи реклама ҳам имконияти фикрро гузаронидан вуҷуд дорад. Бинобар ин, гумон кардан, ки матбуот аз ҳама чиз холӣ аст, хатои маҳз аст. Ҳар шахс озодона навиштану гуфтан метавонад, вале пайдо шудани он дар матбуот чизи дигар аст.

Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум аз баъзе адибон, ҳам адибони кишвари мо ва ҳам адибони баъзе кишварҳои дигар мешунидам ва ҳатто дар матбуот мехондам, ки дар замони советӣ маҷбур будам, ки ба ҳамин шакл нависам. Онҳо мегуфтанд, ки агар ба ин шакл наменавиштам, навиштаам албатта чоп намешуд. Адабиёт озод аст. Агар ту чизеро навиштан нахоҳӣ, пас нанавис. Дар замони шӯравӣ адибон он гурӯҳи одамоне буданд, ки маҳз ба туфайли эҷодашон зиндагӣ мекарданд. Дар охир гуфтан мехоҳам, ки барои пул, мол, хушомад ва ғайра публитсиситика ва адабиёт сохта намешавад. Журналистика ва адабиёт бояд бо ҳақиқат сохта шавад. Он вақт озод аст.

Ташаккур устод,



Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғурури миллӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед