Ru  | Tj
Имрон Хон чӣ гуна қурбонии сиёсати худ шуд?
Имрон Хон чӣ гуна қурбонии сиёсати худ шуд?
Аксҳо: Аз интернет

Имрон Хон чӣ гуна қурбонии сиёсати худ шуд?

Нашр шуд

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия дахолати Амрико ба умури Покистонро дар барканории Имрон Хон донист.

Ин дар ҳолест, Имрон Хон низ исми мансабдори амрикоиро ифшо кард, ки ба ӯ номаи таҳдидомез навишта ва ӯро аз сарнагунӣ таҳдид кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, номаи Доналд Лоу, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ пас аз сафари ӯ ба Маскав саросар таҳдидомез будааст.

Имрон Хон рӯзи шанбе Вашингтонро муттаҳам кард, ки аз ҷунбиши сарнагунии ӯ пуштибонӣ мекунад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки далели барканории Имрон Хон сафари ӯ ба Маскав буда ва ин сиёсати зургӯии Амрикоро нишон медиҳад.

Имрон Хон гуфта, ки саркашии ӯ аз таъсиси пойгоҳи низомии амрикоӣ дар хоки Покистон ва сиёсати мустақили хориҷии кишвараш ва ҳақиқатгӯӣ дар мавриди ҷанги Украина сабаб шуда, то ба гуфтаи ӯ “Амрикои золим” ӯро барканор кунад.

Вай дар остонаи пирӯзии Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) дар Афғонистон ҳамагуна созиш дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Амрикоро дар хоки худ башиддат рад карда буд.

Имрон Хон бо ишора ба сиёсатҳои Амрико нисбат ба Покистон дар гузашта чунин гуфта буд:
“Покистон ба унвони як кишвари мусалмон ғуломи ҳеҷ кишваре нест. Халқи Покистон бояд дар бораи ояндаи худ, истиқлолият ва озодии худ қарор гирад».
Пас аз ин изҳорот ва дар рӯзи оғози ҳодисоти Русияву Украина ба Маскав сафар кард ва як моҳ пас аз бозагашт аз сарвазирӣ канор зада шуд.

Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамагуна даст доштан дар кӯшиши барканории Имрон Хонро рад мекунад ва мегӯяд, ки миллати Покистон ҳеч гоҳ бо Русия набуду нест.

Ҳоло дар Покистон буҳрони шадиди сиёсӣ ҷорӣ аст. Билавал Бату, писари Беназир Бату ва Марям Навоз Шариф, духтари Навоз Шариф ду мухолифи аслии Имрон Хон дониста мешаванд.


Арбобони наркобарон: Оё Толибон аз бузургтарин манбаи даромади худ даст мекашанд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед