Ru  | Tj
Истаравшан. Наздики 300 нафар бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд
Истаравшан. Наздики 300 нафар бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд
Акс: Аз манбаъи боз

Истаравшан. Наздики 300 нафар бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд

Нашр шуд

Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 292 кас бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои тундгаро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. Дар ин бора Адҳам Маъмурзода, шаҳрдори Истаравшан рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Маъмурзода, дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар ҳамдастӣ бо кормандони ниҳодҳои қудратии шаҳр 6 кас ба ватан баргардонида шудааст. Гуфта мешавад, афроди баргашта тибқи эзоҳи алоҳидаи Кодекси ҷиноятӣ ва Қонуни авф бо назардошти пушаймонӣ аз кирдор авф шудаанд.

Бояд гуфт, ки имрӯз Истаравшан аз рӯйи гаравиши сокинон ба гурӯҳҳои ифротӣ шаҳри осебпазир дониста мешавад. Дар робита ба ин масъала раиси шаҳр гуфт:

“Ҷинояти террористӣ, ки соли 2019 дар сарҳади Ишқободи ноҳияи Рудакӣ рух дод ва дигар ҳодисаҳои нангини ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ, ки дар онҷо иштироки шаҳрвандони шаҳри Истаравшан ошкор шуд, боис гардид, ки Истаравшан аз ин дидгоҳ шаҳри доғдор арзёбӣ гардад. Хушбахтона, тайи беш аз 3 соли роҳбариям дар шаҳр мушоҳида мекунам, ки ғояҳои нодурусти динӣ кам шудааст. Албатта то ҳол ҳаст, вале дар баъзе кӯчаҳо ё гузарҳо, хушбахтона мисли солҳои қаблӣ нест”, - таъкид кард Адҳам Маъмурзода.

Ёдовар мешавем, ки Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки 21-уми декабри соли 2022 бо иштироки масъулин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифта буд, гуфта буд, дар вилояти Суғд 1633 нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун ҷустуҷӯ шуда, 662 нафари онҳо боздошт гардидаанд.

“Аз теъдоди умумии боздоштшудагон 102 нафар бо гумони содир кардани ҷиноятҳои алоқаманд бо ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ боздошт шудаанд”, - гуфта буд додситони вилояти  Суғд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед