Ru  | Tj
Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎
Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎

Нашр шуд

Ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик Каримҷон Ғафуров ба синни 63 қадам ниҳод. Ӯ 6 - уми ноябри соли 1958 ба дунё омадааст. Зиёда аз 30 сол мешавад, ки ин ҳунарманди хушноми тоҷик дар саҳнаи ҳаҷв ҳунарнамоӣ карда, ба қалбҳои мардум суруру шодмонӣ мебахшад. Бо устоди ҳаҷв бо баҳонаи зодрӯзашон мусоҳибае оростем, ки манзури хонандагон менамоем.

- Пайвастагии Шумо ба ҳунар чӣ таърихчае дорад? 

- Замоне телевизор дар ҳар хона дида намешуд. Дар як деҳаи калон як ё ду оинаи нилгун буду халос. Аз ин рӯ, ҳар филми наве, ки рӯйи саҳна меомад, дар кӯчаҳо ба намоиш мегузоштанд. Сокинон бошанд барои тамошои он бо курсичаву кӯрпачаҳои худ меомаданд.  Ман ҳам бо рафиқонам филмро бо муҳаббат тамошо мекардам. Баъди ба охир расидани филм зуд як - ду лаҳзаи онро ҳамроҳи рафиқонам иҷро мекардем ва ба аҳсану офарини мардум сазовор мешудем. Аз ҳамон лаҳза меҳри ҳунар дар дилам маъво гирифт. 

 - Кадоме аз волидони Шумо табиати шӯх доштанд? 

- Ман аз падар дар 4 - солагӣ ятим мондаам. Ба гуфти мӯйсафедони деҳа падарам бениҳоят инсони шӯхтабиату ҳазлгӯй будаанд. Эшон ҳамеша бо латифаҳои намакини хеш дили ҳамагонро шод мекардаанд. Баъзе рафиқонашон мегӯянд: "ту ҳоло ба он дараҷае, ки падарат мардумро шод мекард, нарасидаӣ!".

- Дар соҳаи ҳаҷв киро устоди хеш меҳисобед?

- Вақте дар Театри халқии шаҳри Истаравшан ҳамчун коргардон фаъолият мекардам, аз ҳамон лаҳза ба навиштани саҳнаҳои ҳаҷвӣ низ оғоз намудам. Дар ин давра бо Умеда Сатторова, Саодат Шарипова, Қайюм Бойқӯзиев ва Каримҷон Бобоев ҳамкорӣ карда, якчанд намоишномаҳоро рӯи саҳна овардем. Баъдан соли 1997 Фатҳулло Абдуллоев ба театри мо омаданду фаъолиятҳоям васеътар шуд. Намоишномаи ҳаҷвии "Коно ва Доно"-ро нахуст дар сатҳи вилоятӣ ва баъдан ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштем. Яъне метавон гуфт, ки Фатҳулло Абдуллоев то андозае ба ман ҳақи устодӣ доранд.

- Идеяи ташкили театрстудияи "Коно ва Доно" аз куҷо пайдо шуд? 

- Замоне театрстудияи "Коно ва Доно" дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Вақте дар он ҷо нооромиҳо сар зад, фаъолияти якчанд театрҳо қатъ гардид, аз ҷумла, "Коно ва Доно" низ. Баъдан соли 1998 бо пешниҳоди Фатҳулло Абдуллоев дар шаҳри Истаравшан театрстудияи мазкур аз нав барқарор шуду то соли 2003 барномаҳои ҳаҷвии худро рӯйи саҳна мегузоштем. Ҳангоме, ки театрстудияи "Хандинкамон" ташкил шуд, ба он пайвастем ва то соли 2010 бо он ҳамкорӣ кардем. Баъди чанд соли фаъолияти якҷоя бо "Хандинкамон" ба қароре омадем, ки боз театрстудияи "Коно ва Доно" - ро аз нав эҳё намоем. 

- Ба ҳаҷви имрӯзаи тоҷик чӣ назар доред? 

- Имрӯзҳо ҳаҷв танҳо барои ханда шудаасту халос. Мардум дар саҳна агар як нафар нафари дигарро занад, механданд.  Ё як гапи фач гуфта шавад,  шод мешаванд. Ба мушоҳида мерасад, ки зери он саҳнаи ҳаҷвӣ ягон ҳадафу мақсади мушаххас вуҷуд надорад. Рисолати ҳаҷву ҳаҷвнигор танҳо хандонидан нест, балки ба ин восита гуфтани камбудӣ ва тарбия кардани мардум аст. Ҳаҷв бояд баробари болидарӯҳ сохтани мардум ҷиҳати ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад.  Ин чиз дар саҳнаҳои мо кам ба назар мерасад.

- Ҳолате шудааст, ки қасди аз саҳна рафтан карда бошед?  

- Соли 2010 мо бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Маскав рафтем. Дар намоиш саҳнае доштем, ки номаш "Арӯсбоз" буд. Дар ин саҳна бояд ду мард ва ду зан нақш меофариданд. Ҳангоми иҷрои нақш аз толори тамошобин ду ҷавоне рӯйи саҳна баромаданд.  Ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштанд. Онҳо дағалона талаб мекарданд, ки як арӯсро ба мо диҳед. Ин даъвои ноҷои онҳо рафти намоишро вайрон кард. Дар натиҷа пардаи саҳнаро пӯшидем.  Толор ҳам бе тамошобин монда буд. Дар ҳамин лаҳза аз касбам дар дил эҳсоси пушаймонӣ ба вуҷуд омад. Афсӯс мехӯрдам, ки наход аз ҳамин қадар роҳи дур барои шод кардани мардум биоиву онҳо ҳамин гуна муомилаи бадро бароят раво бинанд.

- Барои мухлисони худ чӣ ҳарфе доред?

- Ҳар боре, ки ба саҳна мебароям сӯйи нафароне, ки сигор мекашанд, мегӯям, як дона сигор панҷ дақиқа умри инсонро кӯтоҳ мекардааст. Як хандаи аз таҳти дил панҷ дақиқа умри инсонро дароз мекардааст. Пас, аз таҳти дил хандед, то "балансировка" - и умратон ҷо ба ҷо шавад… Мо ҳаҷвнигорон як шиор дорем ва доим ба мардум мегӯем "хандед, хандед ва боз хандед". 

- Ташаккури зиёд барои сӯҳбат. 


Филме, ки панҷ ҷоиза гирифт, аслан барои ҷоиза набуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед