Ru  | Tj
«ХАТАРНОКТАРИН ХЕЗИШИ МАРДУМӢ». ДАР ЭРОН ЧӢ МЕГУЗАРАД?
«ХАТАРНОКТАРИН ХЕЗИШИ МАРДУМӢ». ДАР ЭРОН ЧӢ МЕГУЗАРАД?
Аксҳо: аз Интернет

«ХАТАРНОКТАРИН ХЕЗИШИ МАРДУМӢ». ДАР ЭРОН ЧӢ МЕГУЗАРАД?

Нашр шуд

Эътирозот дар Эрон вориди севумин моҳи худ шудааст. Ҷунбиши эътирозӣ дар ин кишвар аз 16 сентябри соли ҷорӣ ба ин сӯ, пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки аз ҷониби пулиси ахлоқ барои нодуруст пӯшидани рӯймол боздошт шуда буд, идома дорад. Тибқи иттилои расмӣ, Аминӣ ҳангоми бозпурсӣ аз ҷониби пулис ба сактаи қалбӣ гирифтор шуда мефавтад. Аммо наздикони ин мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ӯро пулис латукӯб кардааст ва сокинони ин кишвар ҳам мақомотро дар кушта шуданаш гунаҳкор донистанд.

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури ин кишвар дар талош барои ҷалби ризоияти мардумаш таъкид кардааст, ки иқдоми пулиси амниятии ахлоқӣ иштибоҳ буд ва таҳқиқоти лозима дар ин хусус анҷом хоҳад шуд. Ӯ гуфтааст, ки духтари кушташударо ҳамчун духтари худ медонад ва бо хонаводаи марҳум ҳамдилӣ мекунад.

Аммо шаҳрҳои мухталифи Эрон аз замони бахоксупории Маҳсо Аминӣ то имрӯз шоҳиди тазоҳурот аст. Занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯйи худро бурида, ҳиҷобро месӯзонанд ва дар эътирозот яке аз муҳимтарин шиорҳояшон «зан, зиндагӣ, озодӣ» аст. Ба рағми саркӯби густурдаи муътаризон Ҷумҳурии Исломӣ то кунун натавонистааст ин эътирозотро мутаваққиф кунад. Ҳарчанд дар ин кишвар аз барҳам додани пулиси ахлоқ ё «Гашти иршод» хабар доданд, вале мақомоти расмӣ мегӯянд, ки идомаи эътирозот дар Эрон бо баҳонаи даргузашти Маҳсо Аминӣ аз сӯйи кишварҳои беруна, хоса Ғарб ҳимоят мешавад.


Даҳаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дувумин мавриди эъдоми боздоштшудагони эътирозоти саросарӣ дар Эрон сурат гирифт. Маҷид Ризо Раҳнавардро, ки 23 рӯз пеш дастгир шуда буд, дар хиёбоне дар Машҳад ба дор овехтаанд. Додгоҳ ӯро дар қатли ду корманди ҳифзи ҳуқуқ – «нерӯи басиҷӣ» бо силоҳи сард айбдор кардааст. Ба гуфтаи эътирозгарон, Маҷид Ризо Раҳнавард дар Машҳад мавриди шиканҷа қарор гирифта, водор ба эътирофи иҷборӣ шудааст. Дар пайи эъдоми Муҳсин Шикорӣ ин дувумин эъдом аз миёни боздоштшудагон дар эътирозоти саросарӣ алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломӣ аст. Мунтақидони ҳукумати ин кишвар мегӯянд, ки иҷрои ҳукми эъдом нисбат ба эътирозгарони боздоштшуда ба хотири монеъгузорӣ ва эҷоди ҳисси тарс байни мардум аз идомаи тазоҳурот аст. Вале ин эъдомҳо дар ҳоле иҷро мешаванд, ки шаҳрҳои Эрон дар рӯзҳои ахир боз шоҳиди идомаи ҷунбишҳои эътирозӣ будааст. Эътирозгарони дигаре низ ҳастанд, ки ҳукми эъдом барояшон содир шудааст ва ҳар лаҳза имкони иҷрои ҳукмашон вуҷуд дорад. Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба дувумин эъдоми муътаризон дар Эрон аз «таҳримҳои сангин» алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ хабар додааст.

Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад мегӯяд, ки ҳосили ин ошӯбҳо тахриби инфрасохторҳои муҳим, бурузи ноамниву нооромӣ дар Эрон аст, ки дар натиҷа кушта шудану ба шаҳодат расидани беш аз 200 нафар ва маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёде аз мардум ва нерӯҳои амниятӣ шудааст. Дар ҷараёни ошӯбҳо ба созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҳазорҳо миллиард тумани эронӣ хисорот ворид гардидааст. Аммо созмонҳои ҳуқуқи башари Эрон мегӯянд, ки шумори кушташудагони эътирозоти ҷорӣ «дастикам ба 471 тан, аз ҷумла 64 кӯдак ва 61 маъмури амниятӣ» расидааст ва ҳудуди 18 ҳазор нафар боздошт шудааст. Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки айни ҳол аз афзоиши иҷрои ҳукми эъдом нисбат ба эътирозгарон нигарон аст, ки аллакай нисбат ба ду нафари он амалӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки намояндагони давлати Иброҳим Раисӣ дар суханрониҳояшон аз корномаи Ҷумҳурии Исломӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дифоъ карда иддао намуданд, ки ин Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз сӯйи бархе кишварҳои ғарбӣ мавриди «суиистифода» қарор мегирад. Мақомоти Эрон то ба ҳол кишварҳои ғарбиро дар пуштибонӣ аз тазоҳургарон, ки дар расонаҳои худ паёмҳои тахрибкорона ва зидди эронӣ паҳн мекунанд, муттаҳам менамоянд. Ҳамчунин ба бовари мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, Ғарб аз мардуми Эрон ба иқдомоти инқилобӣ ва сарнагун кардани ҳукумат дар ин кишвар даъват мекунанд.

Ба иддаои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон, ҳамарӯза одамонеро, ки хадамоти иктишофии Ғарб, Исроил ва Арабистони Саудӣ кумак мерасонанд, дастгир мекунанд ва дар марз миқдори зиёди яроқу аслиҳа, ки барои бетарибиҳо пешбинӣ шудааст, нобуд менамоянд.

 

«ДЕВОРИ ТАРС ФУРӮ РЕХТААСТ?»

Дарвоқеъ, касоне, ки таҳаввулот ва рӯйдодҳои дохилии Эронро ба таври пайваста ва муназзам пайгирӣ мекунанд, мутаваҷҷеҳи ду нуктаи муҳим ва асосӣ мешаванд: Нахуст ин ки бо идомаи эътирозҳои мардумӣ ва густариши доманаи он ба саросари шаҳрҳои Эрон девори тарс фурӯ рехтааст ва ба ҳамон мизон шумораи қурбониён ва боздоштшудагон афзоиш меёбаду суръати фишору саркӯби мардум бештар мешавад ва хашми миллат низ авҷи бештаре мегирад. Ва дигар ин ки дар ҷомеаи ин кишвар баҳсҳое раддубадал мешавад, ки ҳанӯз бисёр зуд аст, то тавонем дар бораи инқилоб суҳбат намоем, аммо он чӣ ҳамакнун дар Эрон рух медиҳад, иттифоқоти бесобиқа аст, ки бо гузашти замон пояҳои низоми феълиро ба ларза даровардааст.


Дар робита ба ҳаводиси ахири ин кишвар Сиёвуш Қосимзода, огоҳи масоили байналмилалӣ мегӯяд, ки иллати хезишҳои мардумӣ ба марги Маҳсо Аминӣ рабт дорад, ки рӯзи 12-уми сентябри соли равон ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз тарафи пулиси «Гашти иршод»-и Эрон дастгир мешавад ва Аминиро баъди се рӯз дар ҳолати кома ё беҳушӣ ба шифохона бурданд ва ӯ дар онҷо даргузашт. Ва марги ӯ боиси тазоҳуроти густурда дар саросари Эрон шуд.

«Дар Эрон ин эътирозот бештар шабона сурат мегирад ва аксари тазоҳургаронро ҷавонону донишҷӯён ташкил медиҳад. Ва ҳамаи донишҷуёни эътирозгар дар ин кишвар ба «руйхати сиёҳ» ворид шудаанд, зеро бар асоси қонуне, ки дар ин кишвар қабул шудааст, лозим бошад донишҷуёни норозӣ, ки ҳиҷобашонро аз сар бадар карданд, ҷарима, боздошт ва ё ихроҷ мешаванд. Дар ҳар сурат, нисбат ба рӯзҳои аввал ҷунбишҳои эътирозӣ дар ин кишвар камтар шудааст ва ба таври пароканда дар бархе аз шаҳрҳои Эрон ба мушоҳида мерасад», - иброз дошт Сиёвуш Қосимзода.


Дар ин росто расонаҳои расмии ин кишвар таблиғоти густурдаеро барои ҳимоят аз ҳукумати феълӣ ба роҳ андохтаанд ва мекӯшанд миллати Эронро мутақоид созанд, ки низоми кунунӣ рукни асосӣ барои ҳифзи субот ва истиқрори кишвар ва ҳифозат аз ислому ахлоқ аст. Яъне шакке нест, ки бо идомаи хезиши саросарӣ ва афзоиши хашми миллат душвориҳо бештар мешавад ва пайомадҳои он низоми кунунии ин кишварро ба суръати бештар ба самти фарсоиш ва фурӯпошӣ савқ хоҳад дод. Вале дар ин шароит эрониёни бурунмарзӣ, яъне муҳоҷиршуда дар хориҷ аз Эрон ҳам нақши муҳими сиёсӣ ифо доранд. Эрониёни мустақар дар хориҷ тавониста истодаанд аз фазои сиёсӣ ва расонаҳои озод дар кишварҳои ғарбӣ суд баранд, то ривояти дигаре аз эътирозоти кунунӣ ироа диҳанд, яъне таҳаввулотро аз забони эътирозгарон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд. Аммо ин эрониёни муҳоҷири хориҷ аз ин кишвар бо монеаи умдае мувоҷеҳанд. Онҳо наметавонанд нақши бештаре дар раҳбарӣ ва ҳидояти эътирозоти кунунӣ дар дохили Эрон ифо кунанд. Саййид Исмоили Хатиб, вазири иттилооти ҳукумати Эрон ҳам қаблан тасмим гирифт, то алайҳи расонаҳои форсизабони хориҷ аз Эрон ба монанди «Садои Амрико», «Бӣ-бӣ-сӣ», «Эрон Интернейшнал» бо ҳар роҳу усуле фишору таҳдидашонро бештар намоянд.

Қаблан рӯзномаи «Ҷумҳурии исломӣ» дар ёддоште вобаста ба авҷи хезишшҳои мардумӣ навишт, ки ин эътирозот барои масъулон ҳушдор дод, ки тасаввур накунанд бо фурӯкаш кардани тазоҳурот норизоятҳо тамом шудааст, балки он монанди хокистаре зери оташ аст, ки бо як шарора ва ё алангаи кӯчак метавонад шуълавар шавад.

Ба навиштаи ин рӯзнома, нуктаи муҳимме, ки дар ҳошияи ҳаводиси ахир бояд мавриди таваҷҷуҳи амиқи масъулин қарор гирад ин аст, ки ин ҳаводис нишон дод мардум талабу хостаҳое доранд, ки ба амалкарди мансабдорон, яъне коргузорони низом ва кишвар, бавижа дар масоили иқтисодӣ, фароғатӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ марбут мешаванд.

 

«НИСБАТ БА РӮЙДОДҲОИ ЭРОН БЕТАВОФУТ БУДА НАМЕТАВОНЕМ»


Вобаста ба таҳаввулоти ахири ин кишвар коршиноси масоили сиёсӣ Абдуғанӣ Мамадазимов иброз дошт, ки шароити кунунӣ дар Эрон, то ҳанӯз ташвишовар хонда мешавад, зеро дар замони ҳозира ва вазъи тағйирёбандаи геополитикӣ, ки ҳар лаҳза шоҳиди дигаргуниҳо ҳастем, нисбат ба рӯйдодҳои Эрон бетавофут буда наметавонем. Чун фазои оромӣ ва таъмини сулҳу суботи Эрон барои минтақа, хоса Тоҷикистон муҳим аст, чун робитаҳои бунёдии ин ду кишвар дар соҳаҳои гуногун барои ҷонибҳо аҳамиятнок мебошад:

«Вақте дар чунин кишварҳо ба мисли Эрон бесарусомонӣ ва ё роҳпаймоиҳо идома меёбад, ин ҳама устувории давлатро халалдор мекунад. Албатта, таҳаввулоти ахири Эрон дар манотиқи мухталафи ин кишвар натанҳо баъзе кишварҳои минтақаро ба ташвиш овардааст, балки дар як силсила кишварҳои аврупоӣ ва Амрико тарафдорони ин ошӯбҳо ба хиёбонҳо баромада, якдилии худро аз ҷунбишҳои эътирозӣ дар Эрон нишон дода, ба ҳаводиси ахири кишварашон вокуниш менамоянд. Ин ошӯбҳо барои рақибони ҳам геополитикӣ ва ҳам идеологии Эрон восита мешавад, то шиддати таҳримҳоро нисбат ба Эрон афзоиш диҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки идомаи эътирози мардумӣ дар сатҳи ҳукумати Эрон баррасӣ мешавад ва мансабдорони ин кишвар барои ворид намудани як силсила ислоҳот тамоюл нишон медиҳанд. Зеро дар натиҷаи рух додани ҳар як ошӯб маълум мешавад, ки дар ин ё он сохтори ҳукумат ва ё ҳаёти инсонӣ ягон мушкил вуҷуд дорад. Ва бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахири Эрон дар сатҳи роҳбарони ин кишвар ба натиҷае расида истодаанд, ки воқеан ворид намудани баъзе ислоҳот дар низоми кунунии кишварашон зарур аст ва ҳукумати феълии Эрон қодир ба ислоҳот аст. Онҳо як зумра ислоҳтро гузаронданд ва ояндаи наздик дигар ислоҳотҳо низ гузаронда мешавад ва ҳукумати ин кишвар ба роҳи рушди устувор бармегардад».

 

ХАТАРНОКТАРИН ХЕЗИШИ МАРДУМӢ ДАР 43 СОЛИ АХИР?


Воқеан, рӯбарӯ шудани давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хостаҳои эътирозгарон ҳукуматдорони ин кишварро дар дуроҳа ё бунбасти мушкили сиёсӣ қарор додааст. Аз тарафе ҳокимони ин кишвар ба хубӣ огоҳанд, ки озодии иҷтимоӣ ё ҳаққи озодии иҷтимоии мардум аз муҳимтарин пояҳои ҳуқуқи башар ва афроди ҳар ҷомеае ба шумор меравад, ки ба таври густурда дар сатҳи байналмилалӣ, минтақаӣ ва миллӣ дар асноди мухталиф дар зумраи ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ ба расмият шинохта шудааст. Аз сӯ          йи ҳам, ҳамеша ду унсур – озодӣ ба унвони ҳаққи табиии афрод ва қудрат ба унвони омили истиқрори ҳокимияти мардумӣ Эронро бозанда ва ҳукуматро баранда сохтааст.

Ба иддаои мунтақидони ҳукумати ин кишвар, ҳоло вазъият комилан мушаххас аст. Ҷумҳурии Исломӣ баъд аз 43 сол иртиботаш бо мардуми Эрон қатъ шудааст. Яъне, такрори эътирозоти мардумӣ, бешак баёнгари ин аст, ки давлат бо нобасомониҳои нав ба нав даст ба гиребон аст. Ба шакле, баргузории тазоҳуроти мардумӣ алайҳи он ба як раванди музмин табдил шудааст, ки тайи ду даҳаи гузашта ҳамасола дар қолаби тазоҳуроти мардумӣ алайҳи давлат ва ба рағми рӯйи кор омадани чеҳраҳои гуногуне монанди Хотамӣ, Аҳмадинажод, Рӯҳонӣ ва Раисӣ такрор мешавад.

Ҳарчанд доманаи эътирозоти кунунӣ, ки тақрибан тамоми шаҳрҳои Эронро дарбар гирифтааст, хатарноктарин хезиши мардумӣ давоми 43 соли ахир шумурда мешавад. Бо ин ҳол ба назар намерасад ин хезиш бар хилофи эътирозоти соли 1979, ки сарнагунии шоҳро рақам зад, тавонад низоми ҳокимро аз миён бардорад. Зеро режими кунунӣ бамаротиб мустаҳкамтару хуб барномарезишуда буда, сарнагун нахоҳад шуд, вале бо вуҷуди сарипо мондани ҳукумати ин кишвар, фарсоиш, ихтилоф дар мавзеъгирии элитаи сиёсӣ ба навъе резиши дохилиро ин кишвар таҷриба мекунад.

 

ВОКУНИШИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС

Гуфта мешавад, ҳар андоза ҷунбиши эътирозӣ ва зидди ҳукуматии Эрон идома пайдо кунад, бештар шоҳиди вокуниши афроди шинохта нисбат ба таҳаввулоти ахир ва ҷудо шуданашон аз ҳукумати Ҷумҳури Исломӣ мегардем.

Таҳаввулоти ин кишвар нишон медиҳад, ки ҳимоятҳои чеҳраҳои фарҳангӣ ва варзишии машҳур яке аз муҳимтарин далоили густариши дидгоҳҳои фарҳангии ин низом дар як чилсолаи ахир будааст.


Мунтахаби футболи Эрон дар Ҷоми ҷаҳони футбол-2022 ҳангоми хондани Суруди миллии Эрон ба нишони эътироз сукут карданд.

Вокуниши эътирозии чеҳраҳои саршиноси варзишии Эрон ин бор ба шакли густурдатаре дар муқоиса бо эътирозоти пешин дар чорчӯби ҳамбастагӣ бо эътирозоти мардумӣ дар Эрон мушоҳида мешавад. Алӣ Каримӣ, яке аз ситорагони футболи Эрон дар саҳифаи твиттериаш ишора кардааст, ки «фарзандони онҳо мераванд. Фарзандони мо мемиранд.» Сукути бозикунони дастаи мунтахаби футболи Эрон дар Давҳаи Қатар ҳангоми хондани Суруди миллӣ ҳикоят аз хашми мардум нисбат ба роҳбарони ҳукумат дорад, ки ҳоло дар дохили ин кишвар мегузарад. Зеро ба иддаҳои мухолифини ҳукуматӣ дар ин кишвар рӯз ба рӯз теъдоди куштаҳо боло мераваду шумори дастгиршудагону шиканҷашудаҳо ҳам афзоиш меёбад.


Коргардони шинохтаи синамои Эрон Асғар Фарҳодӣ, дорандаи ду ҷоизаи «Оскар» дар вокуниш ба марги Маҳсо Аминӣ рӯйи сафҳаи инстаграмии худ навишт, ки «ҳамаи мо дар ин ҷиноят шарик ҳастем.» Дар баробари синамогарон чеҳраҳои шинохташудае дар саҳнаи мусиқии Эрон низ ба марги Маҳсо Аминӣ эътироз карданд, аз ҷумла Кайҳон Калҳур, навозандаи барҷастаи эронӣ ва Ҳусайн Ализодаву Ҳумоюн Шаҷариён, ду устураи мусиқии суннати Эрон. Феҳристи синамогарон, варзишгарон, навозандаҳо ва дигар фаъолони ҳунарӣ, ки ба марги Маҳсо Аминӣ эътироз карда, ҳукуматро масъули марги вай донистаанд тӯлонӣ аст ва сафашон ҳамарӯза меафзояд. Вале Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як вокунишаш ба мавзеъгириҳои чеҳраҳои ҳунарӣ ва варзишии кишвараш пас аз марги Маҳсо Аминӣ, ки ба мавҷи эътирозгарон ҳамбастагӣ нишон доданд, камаҳамият хонд ва эълом кард, ки «набояд дар мавриди онҳо ҳассосият ба харҷ дод. Ҷомеаи ҳунарӣ ва варзиши мо солим аст ва дар он аносири муъмину бошараф кам нестанд ва мавзеъгирии чанд нафар арзише надорад...»


Ба гуфтаи таҳлилгарон, идомаи фишорҳо болои эътирозгарон боиси заъф ва беэътимодии мардум нисбат ба кори масъулин шудааст. Ва шароити кунунӣ дар Эрон то ҳанӯз ташвишовар хонда мешавад, зеро он ҳамчун оташ зери хокистар аст, ки бо ҷарақаи кӯчаке боз ҳам метавонад шуълавар гардад. Бинобар ин ҳарчи зудтар бояд барои баровардани хостаҳои мардум масъулини низом барои ислоҳот иқдом намоянд, вагарна дар ҳама ҳолат аз ин низом пуштибонӣ нахоҳад шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед