Ru  | Tj
Холиқназар Ҷумъаев: Бояд Фарҳангистони ҳаҷви тоҷик ташкил шавад ва мақомот бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ кунанд
Холиқназар Ҷумъаев: Бояд Фарҳангистони ҳаҷви тоҷик ташкил шавад ва мақомот бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ кунанд
Акс: Меҳрофарин Наҷибӣ

Холиқназар Ҷумъаев: Бояд Фарҳангистони ҳаҷви тоҷик ташкил шавад ва мақомот бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ кунанд

Нашр шуд

Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигори тоҷик ба муносибати якуми апрел – Рӯзи ханда дар бораи мақоми ҳаҷв ва нақши он дар ҷомеъа ва бавижа дар рӯзноманигорӣ бо мо суҳбат кард.

Мавсуф мегӯяд, ки мақоми ҳаҷв басо баланд аст, ҳатто, ки ҳарфҳои магӯи сиёсиву иҷтимоъиро ба ин васила гуфта мешавад. Ба ақидаи ин ҳаҷвнигор, фазои ҳаҷв дар расонаҳои иҷтимоъӣ рангин аст, дар матбуот ба назар мерасад, вале дар телевизион камранг мебошад.

Дар ин баробар пешниҳод медиҳад, ки дар кишвар Фарҳангистон (академия)-и ҳаҷви тоҷик ташкил шавад ва вазорату ниҳодҳои марбутаро лозим аст, ки бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ ва аз нигоҳи молӣ кумак кунанд. Ӯ бар ин назар аст, ки адами ҳаҷви касбӣ сабаби рушди ҳаҷви кӯчаву бозорӣ шудааст ва барои ин роҳҳал ҳам ироа мекунад.

Холиқназар Ҷумъаев мегӯяд, ки ҳаҷвнигор заҳрро худ мечашаду шириниашро ба шунаванда мебахшад ва ҳамчунин аз рӯзгори пурхандаи худ дар ин мусоҳиба қисса мекунад.

ЛАҲЗАҲОИ ДИЛЧАСПУ ХАНДАОВАРИ ЗИНДАГӢ

- Ҳаҷв чист ва он чӣ тафсир дорад?

- Ҳаҷв таърихи хеле қадима дорад ва он як бахши васеъи адабиёти бадеъии моро фаро гирифтааст. Ҳаҷв анвоъи гуногун дорад ва аз ҳама шакли маъмултарини он, ки миёни мардум паҳн гардидааст, латифа мебошад. Латифа аз он жанрҳоест, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд меояд. Ҳар ҳодисаи дар рӯзгор рух медода зуд ба интиқод, ҳазлу шӯхӣ ва вокуниш дучор гашта, бо қолаби латифа ҷамъбаст мегардад.

Қаҳрамонони латифаҳои тоҷикӣ, чун Хоҷа Насриддин, Афандӣ, Кали зирак ва даҳҳо нафари дигар, ки маҳз аз номи онҳо латифаҳо сохта ва паҳн шудаанд, маъруфияти вижаро касб кардаанд.

- Дар ин жанри ҳаҷвӣ, ки шумо ҳам беш баҳра мегиред, чӣ қадр аз иғроқ ва киноя истифода мешавад ва он аслан чӣ хосият дорад?

- Дар латифа асосан як лаҳзаи хурди воқеъаи мухтасар ишора мешавад, ки барои дилчаспу хандаовар шудани он аз муболиғаву иғроқ истифода мекунанд. Ҳатто хурдтарин ҷузъиёте, ки дар зиндагии мардум дорои аҳамият ва арзише ҳаст, ё худ лавҳаву лаҳзаҳои гуногуне, ки дар муносибати ҳаррӯзаи одамон мушоҳида мешаванд, дар мазмуни латифаҳо бозтоб мегарданд. Яъне латифа давраҳо ва ҳодисаҳо не, балки танҳо як лаҳзаро аз ин ё он ҳодиса дар бар мегирад. Дар он инкишофи воқеъа ва хислати қаҳрамонон дида намешавад.

Муаллиф дар эҷоди латифа кӯшиш ба он мекунад, ки бо рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакин ва бо истифода аз киноя камбудҳои фардӣ ва иҷтимоъиро танқид карда, мардумро шоду хурсанд ва ба зиндагӣ дилгарм кунад.


Гузашта аз ин муаллифи ҳаҷву латифаҳо ҳатто барои танзу эътироз ва ҳатто танқиду тамасхур аз хандаву шӯхӣ истифода мекунад. Агар ба ҷавҳари ҳар як латифа нигаред, дар он ду тобишро дидан мумкин аст. Тобиши аввал он аст, ки шунавандаро бе ҳеч андешае механдонад, вале агар ба тобиши пинҳонии он таваҷҷуҳ кунед, ҳатман ягон камбуд ва мушкилиеро мебинед, ки муаллиф онро ба ҷомаи ҳазл кашидааст.

ШӮХӢ БО ҶИДДИТАРИН ОДАМ

- Якуми апрели имсолро чӣ гуна “фол мебинед” ва кадом рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакинро интизоред?

- Якуми апрелро беҳуда Рӯзи ханда нагуфтаанд. Мардум дар ин рӯз ҳатто бо ҷиддитарин одамон шӯхӣ мекунанд. Донишомӯз бо омӯзгор, шогирд бо устод ва баръакс. Ҳатто корманди одӣ бо сардори худ баъзан шӯхиҳои ғайричашмдошт карда, ӯро ғофилгир мекунад ва барои ин муҷозот намешавад.

Дар рӯзноманигорӣ ҳам ҳазлу шӯхиҳои якумиапрелӣ басо зебо истифода мешавад. Агар ба хабаргузории “Азия-Плюс” нигаред, дар ин рӯз ҳатто дар бораи қарору қонунҳои нави набуда низ шӯхиҳои намакин мекунад ва дар охираш ишора мегардад, ки имрӯз якуми апрел аст ва ба он бовар накунед. Ин таҷриба дар дигар нашрияҳо, аз ҷумла “Фараж” ва “Тоҷикистон” низ дида мешавад. Ман бовар дорам, ки имсол низ чунин амал идома хоҳад ёфт.

- Китоби “Ашкҳои зери борон”-и шумо аз рӯзгори талху ширини муҳоҷирон қисса мекунад. Ин якуми апрел ҳам муҳоҷири тоҷик механдад?

- Ман бовар дорам, ки муҳоҷирони мо дар ин якуми апрел низ шӯхиҳои худро мекунанд ва механданд. Албатта ходисаи нангини охир, ки дар Маскав ба амал омад, ба сари муҳоҷирони мо мушкилӣ меорад, вале ин душвориҳо ҳам бо мурури вақт пушти сар хоҳанд шуд.

ҚАҲРАМОНИҲОИ ЯК ДЕҲИ ШӮХПАРВАР

- Шумо кай ба ҳавҷнигорӣ оғоз кардед?

- Ман агарчи ҳаҷв наменавиштам, зиндагиам пурра бо ҳаҷву ханда ва ба роҳ мондани корҳои ҳаҷвӣ мегузашт. Зеро дар деҳае таваллуд шуда ва ба камол расидаам, ки мардумони шӯху дилписанде дорад. Дар зодгоҳи ман, ки Мадовра ном дорад ва дар Панҷеканд воқеъ аст, бо шӯхиҳои гуногун ва ғофилгирсозии якдигар хеле зиёд маъруф гаштааст.

Масалан агар касе медид, ки ягон шахс аз сокини деҳа чорвоеро забҳ кардааст, ӯро огоҳ накарда, аз номи ӯ якчанд нафар аз аҳли деҳаро ба хонаи вай ба зиёфат даъват мекард. Соҳибхона маҷбур мешуд, ки ҳамаро зиёфат диҳад.

Ҳатто чунин шӯхиҳое буданд, ки мардум гоҳ-гоҳе якуми апрел шабона говеро аз оғили як кас гирифта, бурда ва ба оғили каси дигар баста, аз он оғил гӯсоларо оварда, ба ҷойи гови ӯ мебастанд. Гӯё муъҷизае рух медод, ки дар як шаб гов ба гӯсола ва гӯсола ба гов табдил шудааст.

- Шумо ҳам ин гуна шӯхиҳо кардаед ва ё ин ҳол бо худатон ҳам рух дода?

- Бале, бо худам низ зиёд чунин шӯхӣ кардаанд. Аз ёдам намеравад, ки аз Абдусамеъ ном ронандаи ҳамдеҳаам хоҳиш кардам, ки барои ман як мошин санг биёрад. Ӯ гуфт: Санги тайёр нест, вале агар якчанд одам пайдо кунӣ, ҳамроҳ меравем, санг ҷамъ карда, ба мошин бор карда, меорем.

Ман тамоми деҳаро гашта ҳамагӣ 4 касро пайдо кардам. Ҳамроҳ ба домони кӯҳ рафта, як мошин санг овардем. Бегоҳ дар хона барои ҳамин чор нафар хӯрок супориш додам. Вақте сангро овардему ба хона даромадем, 15 кас ҷамъ шуданд. Танҳо баъд фаҳмидам, ки ронанда сари роҳ ҳар касеро, ки дидааст, ба хонаи ман ба зиёфат хабар кардааст.

Модарам зуд дасторхон оростанду бо хандаву шӯхӣ меҳмононро гусел кардем. Ният кардам, ки сангро мефарораму ба ронанда пул намедиҳам ва бо ҳамин роҳ қасди меҳмондориро аз ӯ мегирам. Шояд ронанда аз нияти ман огоҳ шуд, ки гуфт:

- То пулашро надиҳӣ, сангро намефарорам. Агар пулашро надиҳӣ, харидор дорам, сангро бурда мефурӯшам!

Ноилоҷ пулро додаму сангро фаровардам.

Баъдтар вақте ба рӯзноманигорӣ рӯ овардам, нахуст ба навиштани ҳамин гуна хотираҳои шӯх оғоз карда, онҳоро дар расонаҳои иҷтимоъӣ нашр мекардам. Дар аввал гумон намекардам, ки онҳо қобили қабуланд, вале вақте дар нашрияҳои гуногун, аз ҷумла “СССР”, “Фараж”, “Нигоҳ”, “Тоҷикистон” ва дигарҳо чоп шудани ин хотираҳои кӯтоҳро дидам, донистам, ки беҳтараш ба ҳаҷв рӯ орам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Аз соли 2010 ба ин сӯ асосан ҳаҷву латифаҳои кӯтоҳ менависам.

ВАҚТЕ РӮ-РӮЙИ ДАСТҲО МЕОРАНД...

- Ҳаҷв бояд мақсад дошта бошад. Ҳадафи шумо хандондан аст ва ё тарбия кардан?

- Ростӣ, вакте ман ба навиштани ҳаҷв рӯй овардам, ҳадафам асосан хандондан буд. Ҳоло низ кӯшиш мекунам, ки асосан хандонам. Дар баробари ин латифаҳои зиёди тарбиявӣ дорам, ки аксари воқеъаҳо аз сари худам гузаштааст:

Дар кӯчае раҳгум задем. Аз роҳе мегузаштем, ки охираш ба назар ноаён менамуд. Аз роҳгузаре пурсидам: Ин роҳ моро ба куҷо мебарад?

Гуфт: Ба қабристон!

Ба ҳамроҳонам муроҷиаткунон гуфтам: Биёед ба қабристон даромада, ба арвоҳи фавтидагон фотиҳае мехонем ва баъд ба роҳамон идома медиҳем.

Яке аз ҳамраҳон гуфт: Вақт танг аст, ягон рӯзи дигар барои фотеҳа меоем.

- Баъдтар чунин имконият нашуданаш мумкин аст..., - гуфтам ман.

- Чаро баъдтар чунин имконият намешудааст?, - ҳайрон шуда пурсид.

- Алҳол, ки бо пойи худ омадем, имконият дорем, ки фотиҳае хонем. Фардо вақте рӯ-рӯйи дастҳо меоранд, чунин имконият намеёбем, - гуфтам дар ҷавоб.


“ЗАНЕ БО ТУФЛИИ ПОШНАБАЛАНД МЕХОҲАМ”

- Мавзуъро чӣ гуна интихоб мекунед? Меъёр барои шумо чист?

- Ман мавзуъро барои ҳаҷв интихоб намекунам, зеро он асосан ҳангоми ин ё он суҳбат бо табақаҳои гуногуни ҷомеъа, дар нишастҳо, ҷаласаҳо ва ғайра пайдо мешавад. Вақте гапи ҷолиберо мешунавам, зуд дар дафтари ёддоштҳои телефон сабт мекунам ва чун вақт ёфтам, онро менависам. Яъне мавзуъро ман не, балки мавзуъ маро пайдо мекунад.

Масалан чанде пеш ҳамкасбон аз телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маро ба ҷашни Наврӯз ба дараи Қаротоғ даъват каданд. Яке аз ровиёни он бонуи зебову қоматбаланди хушгуфтор пойафзор (туфлӣ)-и пошнабаланде пӯшида буд. Вақте ба рӯйи сабзаҳои замини нарм роҳ мерафт, пошнаи пойафзор ба замин фурӯ мерафту роҳравиро барояш торафт душвор мекард. Бо илҳом аз роҳравиҳои ӯ ва ин ҳолати рухдода латифаи “Зане бо туфлии пошнабаланд мехоҳам”-ро навиштам:

Ҳамроҳи меҳмоне аз деҳа дар гулгаштҳои пойтахт сайругашт доштем. Зане аз назди мо гузашт, ки пойафзори пошнабаланд дошт. Пошнаи туфлиаш дар баробари баландӣ хеле борик буд. Меҳмон бо нигоҳи чашм ӯро то дур гусел карда, гуфт:

- Мехоҳам дар деҳа чунин зане бо туфлии пошнабаланд дошта бошам.

- Чаро маҳз дар деҳа ва чаро бо туфлии пошнабаланд?, - пурсидам бо кунҷковӣ.

- Вақти шинонидани ниҳоли помидору пиёзу дигару дигар зарур аст, - гуфт меҳмон.

- Чӣ хел зарур?, - чизе нафаҳмида боз суол кардам.

- Зан бо туфлии пошнабаланд роҳ мераваду ҷойи ниҳолу тухмиро сӯрох мекунад ва ман аз пасаш онро шинонидан мегирам!, - хандакунан гуфт меҳмон.

Ё латифаи “Банг хостам, банд овард” низ дар ҳамин барнома пайдо шуд:

Меҳмоне дар истироҳатгоҳе дар дараи Қаротоғ дар назди хаймаи сайёҳии ман бандеро дида, пурсид: Шумо, ки кӯҳнавард нестед, бандро чӣ кор мекунед?

Бо шӯхӣ гуфтам: Ман банг хостам, рафиқам банд овардааст.

ҲАҶВНИГОР ЗАҲРРО ХУД МЕЧАШАДУ...

- Ҳаҷвнигориро ҳам омӯхтан мумкин аст? Чиро омӯхта мешавад ва чӣ табиъист?

- Нахуст, истеъдод зарур аст. Дувум, асарҳои зиёди ҳаҷвӣ бояд хонд. Ба ҳаҷви нависандагони хориҷӣ, аз ҷумла рус бояд таваҷҷуҳ кард, зеро дар Русия ҳоло ҳаҷв хеле пеш рафтааст.

- Шумо бо нигоштаҳои ҳаҷвӣ дар матбуот ва расонаҳои иҷтимоъӣ шуҳрат доред. Вақте ба маводатон вокуниш (реаксия) мешавад, чӣ ҳис доред?

- Аз вокуниши хонандагон ҳисси хеле хуб мегирам. Бахусус, вақте назарҳои онҳоро мехонам, боз як бори дигар механдам ва аз баъзеи онҳо латифаҳои дигар ҳам месозам. Вокуниш нишонаи он аст, ки навиштаи моро касе хондааст ва мо ба мақсад ҳам расидаем.

- Нақши ҳаҷв ва мазҳакаро дар ташаккули афкори ҷомеъа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ба фикрам, ҳаҷву мазҳака ба ташаккули афкори ҷомеъа коре надорад. Вазифаи ҳаҷву мазҳака хандондан, хурсанд кардан ва лаҳзае дур кардани аҳли ҷомеъа аз мушкилот аст. Зеро ҳаҷвнигор дар ҳар латифа заҳрро худ мечашаду шириниашро ба шунаванда мебахшад.

- Имрӯз кадом мавзуъҳоро барои матолиби ҳаҷвӣ дар Тоҷикистон мубрам мешуморед?

- Барои эҷодкор бояд мавзуъ маҳдудият надошта бошад. Ҳаҷвнавис ҳар мушкилиеро мебинад, метавонад онро ба ҳаҷв кашад. На танҳо мушкилӣ, ҳатто хурсандиву хушбахтӣ низ баъзан метавонанд ба ҳаҷв кашида шаванд.


ҲАҶВ ДАР МАТБУОТ ҲАСТ, ДАР ТЕЛЕВИЗИОН НЕСТ

- Шумо розиед, ки ҳаҷв дар рӯзноманигории тоҷик аз байн рафта истодааст?

- Не, ба ин розӣ шуда наметавонам. Ҳаҷви имрӯз низ дар рӯзноманигорӣ пеш рафта истодааст ва дар оянда низ пеш хоҳад рафт. Агарчи китобҳои ҳаҷвӣ каманд, аммо вақте ба расонаҳои иҷтимоъӣ ва ба нашрияҳои гуногун менигаред, ҳатман ҳаҷвҳои хеле хубу хонданиро меёбед. Аммо барои ҷамъоварӣ ва чопи онҳо на ҳама имконият доранд. Ман имконияти молиро дар назар дорам...

- Нигоҳи шумо ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҳаҷвии кишвар чӣ гуна аст? Аз ҷумла шумо “хор”-ҳои “Хорпуштак”-ро мебинед?

- Ман бо “Хорпуштак” низ ҳамкорӣ дорам ва латифаҳоям дар саҳифаҳои ин маҷалла низ чоп мешаванд. Ба истилоҳи дигар ман “ҷигаргӯшаи Хорпуштак” низ ҳастам. Агар гӯем, ки “хор”-ҳои “Хорпуштак”-ро тамоман эҳсос намекунем, муболиға мешавад. Агарчи хеле маҳдуд, “Хорпуштак” то андозае салоҳияти худро иҷро карда истодааст.

- Бархе ҳафтаномаҳои кишвар дар саҳифаи охир ҳаҷвнигоштаҳо доранд. Мунтақидон мегӯянд, “аксари он навиштаҳо ҳаҷви публисистӣ нестанд”. Фикри шумо чист?

- Агар манзури шумо нашрияҳое чун “Адабиёт ва санъат”, “Тоҷикистон”, “Истиқлол” ва чанде дигар аст, ки тақрибан ҳамагӣ саҳифаи охири худро ба латифа бахшидаанд, ба назарам, хуб аст. Бояд эътироф кунем, ки хонанда хондани аксари ин нашрияҳоро маҳз аз саҳифаи охир шуруъ мекунад. Яъне ин латифаҳо хонандагони доимии худро доранд.

Ман бо нашрияи “Тоҷикистон” ҳамкорӣ дорам. Ҳатто рухдодҳои зиёде шудааст, ки хонандагон ҳам ба худи ман ва ҳам ба идораи нашрия занг зада, фикру андешаҳои худро дар бораи ин ё он латифа иброз дошта ва чопи бештарро дархост кардаанд.

Дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Фараж” низ ҳаҷви созанда дида мешавад, ки ҳамкасбони мо хеле моҳирона мушкилиро дар қолаби ҳаҷв гунҷондаанд.

- Вале латифа жанри бадеъӣ аст, на публисистӣ. Ба ин чӣ мегӯед?

- Бале, латифа жанри бадеъӣ аст. Ба жанри публисистӣ асосан памфлету фелетон дохил мешаванд, ки дар матбуот хеле кам ба назар мерасад. Ба назари ман чопи маводи ҳаҷвӣ аз қобилияту маҳорати ҳайати эҷодии нашрия вобаста аст, на ба ҳавнигорон. Барои он ки бахши ҳаҷви публисистӣ рушд кунад, ҳамкасбони моро зарур меояд, ки бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ карда, камбуду норасоиҳои рӯзмарраро боҷуръатона дар қолаби фелетону памфлет ба риштаи ҳаҷву тамасхур ва ришханд кашанд. Он гоҳ ҳам нашрияҳо хонандагони бештар пайдо мекунанду ҳам ҳаҷви публисистӣ аз нав эҳё мешавад.

- Саҳначаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои тоҷик ҳам тақрибан аз байн рафтанд - “Лаҳзаҳои гуворо” пош хӯрд, “Ғарибшо” ва “Шакарханд” нопадид шуданд, “Шӯхиҳои Аловуддин”-ро ҳаҷвнигор бо худ бурд... Дар суроғи ҳаҷви касбӣ ба куҷо равем?

- Намедонам, чаро дар шабакаҳои телевизионӣ ҳаҷв кам шуд, вале дар расонаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла шабакаи Ютуб ҳаҷв хеле хуб паҳн шуда истодааст. Барномаҳои нав ба нави “Лаҳзаҳои гуворо”, “Гурӯҳи Ғарибшо”, “Хандинкамон” ва даҳҳо саҳнаҳои ҳаҷвии дигарро дучор омадан мумкин аст, ки ҷолибияти хуб доранд.


- Ниҳоят сабаби рукуди ҳаҷв дар рӯзноманигории тоҷикро дар чӣ мебинед?

- Ман ба ин фикри шумо розӣ шуда наметавонам, зеро рукуд карахтӣ аст ва вақте рукуд мегӯед, бояд қабул кунед, ки ҳаҷв дар рӯзноманигорӣ умуман ба чашм намерасад, ки ин тавр нест. Имрӯз мо тақрибан нашрияеро намебинем, ки дар ин ё он шуморааш ҳаҷв набошад. Бояд иқрор шавем, ки агарчи камчинии ҳаҷв эҳсос мешавад, мо ҳоло ба ҳолати рукуд рафта нарасидаем. Аз сӯйи дигар барои рафъи ҳолати меомада бояд талош кунем ва бетаваҷҷуҳ набошем, ки то ба рукуд рафта расем.

АДАМИ ҲАҶВИ КАСБӢ...

- Ба ҳаҷви вебнависон (блогерон) дар расонаҳои иҷтимоъӣ чӣ назар доред?

- Ҳаҷви вебнависон албатта камбуд дорад, вале дар аксари онҳо истеъдоди ҳаҷвнигорӣ мушоҳида мешавад. Ба аксари барномаҳои ҳаҷвии вебнависон нигарем, мушоҳида мекунем, ки милёнҳо кас онҳоро тамошо мекунанд.

- Доштани тамошобин маънои ҳаҷви хубу касбиро надорад-ку... Бо ин ҳама, камбахтона, ҷомеъа бештар рӯ ба ҳаҷви кӯчаву бозорӣ оварда...

- Бале, бояд иқрор шуд, ки аксари блогерҳо ба устоди саҳнасоз ниёз доранд. Устоде, ки маводашонро таҳрир кунад ва роҳ нишон диҳад. Дар кул кори онҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз рӯйи қудрат ва тавоноии худ барои ҷалби мухотаб (аудитория) кор карда истодаанд.

- Пас чунин хулоса кардан мумкин аст, ки набудани ҳаҷви касбӣ сабаби рӯ ба ҳаҷви кӯчаву бозорӣ овардани мухотаб шудааст?

- Бале, ин гуна хулоса ҳам кардан мумкин аст...

ФАРҲАНГИСТОНИ ҲАҶВИ ТОҶИК ТАШКИЛ ШАВАД

- Роҳҳал чист ва дар ин шароит чӣ бояд кард?

- Ба назари ман, барои рушди бахши ҳаҷву ҳаҷвнигорӣ ва таҳияи саҳнаҳои ҷолиби ҳаҷвӣ беш аз ҳама пул зарур аст, ки ин имконро на ҳар ҳаҷвнигор дорад. Барои ин боз ҳам кумаки давлат зарур аст.

Бинобар ин вазоратҳои марбутаи кишварро зарур меояд, ки бо ҳаҷвнигорон, чӣ касбиву чӣ ба қавли шумо кӯчагӣ, ҳамкорӣ ва онҳоро ба кор ҷалб кунанд. Ман бовар дорам, ки аз ҳар якеи онҳо ҳаҷвнигору ҳаҷвнависи хуб омода кардан мумкин аст. Дар замони Иттиҳодияи Шуравӣ чунин таҷриба буд ва ҳамон ҳаҷвнигоронро маҳз аз миёни мардум пайдо кардаву тарбият мекарданд.

Имрӯз, ба назари ман, барои гирди ҳам овардани ҳама ҳаҷвнигорон барномаҳои давлатие зарур аст, ки ҳамаашонро муттаҳид ва аз байнашон беҳтаринашонро интихоб кунанд. Дар ин замина бояд Фарҳангистон (академия)-и ҳаҷви тоҷик ҳам ташкил шавад, то заминаи рушди соҳа дар кишвар гардад.


ОН ЧИРО, КИ ҶИДДӢ ГУФТА НАМЕШАВАД, БО ШӮХӢ МЕГӮЕМ

- Фазои ҳавҷро дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Фазои ҳаҷв миёни мардум ва расонаҳои иҷтимоъӣ хеле пеш рафта истодааст. Фақат камбуд дар он аст, ки ҳар як фард фазои ҳаҷвро аз рӯйи диду хости худ пеш мебарад. Боз ҳам мегӯям, агар барномаҳое бошанд, ки ҳаҷвнигоронро дар атрофи ҳам ҷамъ оварад, ин фазо хеле васеъ ва ҷолиб хоҳад шуд.

Яке аз шӯхиҳои худамонро нақл мекунам:

Субҳи барвақт бо устод Наҷмиддини Шоҳинбод рӯбарӯ шудам. Баъд аз салому дуруд устод гуфтанд:

- Ту бояд ягон рисола нависӣ, ҳимоя кунӣ ва олим шавӣ!

- Не, устод, - гуфтам бо қатъият, - ман нияти олим шудан надорам.

- Чаро олим шудан намехоҳӣ?, - бо тааҷҷуб пурсиданд.

- Ҳамаро олим карда, чӣ кор мекунед?, - гуфтам ман ва хандакунон афзудам, - монед миёни шумо олимҳо ақаллан якто - нимто одамҳо боқӣ монанд.

- Ба ҳаҷв ва озодии баён чӣ назар доред?

- Ба назари ман, ҳаҷв худ як роҳи гурез аз озодии баён аст. Ончиро, ки ҷиддӣ гуфта наметавонем, бо шӯхиву танзу киноя мегӯем.

- Дарвоқеъ қаблан дар мавзуъҳои ҷиддие, ки имкони дар он бора гуфтану навиштан набуд, бо ташбеҳу киноя мегуфтанд. Ҳоло ин раванд эҳсос мешавад?

- Агар ба матбуот нигаред, ҳаҷвҳои гуногунро мебинед, ки аз рӯйи имкон ин ё он мушкилиро бо ташбеҳу киноя дар қолаби ҳаҷв баён кардаанд ва бо ин раванд баён кардани фикр вуҷуд дорад. Ба ин метавон навиштаҳои устод Наҷмиддини Шоҳинбод, латифаву ҳаҷвияҳои Абдуррауф Муродӣ, Фазлиддин Хоҷаев ва чанд каси дигарро мисол овард, ки моҳирона аз ин раванд истифода мекунанд.


- Якуми апрел “рӯзи дурӯғгӯйӣ” будааст. Шумо инро мепазиред?

- Не, намепазирам, зеро ман якуми апрелро чун Рӯзи ханда мешиносам. Дар ин рӯз дурӯғи танзомез ва хушҳолкунанда гуфта мешавад, на маҳзункунандаву зарароваранда.

- Бо кадом ҳаҷвия мусоҳибаро ба поён мерасонед?

- Дурӯғеро нақл мекунам, ки хатто дурӯғгӯйро ҳайратзада кардааст:

Рӯзи 1-уми апрел Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири пешини нашрияи “Минбари халқ” ба корманди маҷаллае занг зада, ӯро бо якуми апрел фиреб доданӣ шуда, мегӯяд:

- Дар назди дар туро ду кас интизоранд. Зуд бархезу ҷойи кор биё!

Ӯ мегӯяд: Бахшиш, ки омада наметавонам, зеро дар ҷанозаи сармуҳаррирамон қарор дорам (сармуҳаррир аз наздиктарин дӯстони Бахтиёр Ҳамдамов будааст).

Бахтиёр Ҳамдамов хеле афсӯсхӯрона мегӯяд: Ман хабар наёфтаам-ку. Ба ӯ чӣ шудааст, ҷаноза дар куҷост? Ман бояд ҳатман дар ҷанозаи ӯ иштирок кунам!

- Эшон ба садама дучор шудаанд ва ҷанозаашон соати 14:00 баргузор мешавад, - гуфта, ӯ нишониеро медиҳад.

Ҳамдамов зуд гӯшакро монда, аз дар мебарояд. Танҳо дар берун баъди дидани “марҳуми зинда” мефаҳмад, ки ин шӯхии якумиапрелӣ будааст. Худ ба худ хандида мегӯяд:

- Ана инро дурӯғ мегӯянд! Дурӯғе, ки ҳатто дурӯғгӯйро ҳайратзада кард!

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед