Ru  | Tj
Коҳиши бенавоӣ ва афзоиши гирандагони кумакпулӣ. Доро чӣ гуна “нодор” шуд?
Коҳиши бенавоӣ ва афзоиши гирандагони кумакпулӣ. Доро чӣ гуна “нодор” шуд?
Акс: Интернет

Коҳиши бенавоӣ ва афзоиши гирандагони кумакпулӣ. Доро чӣ гуна “нодор” шуд?

Нашр шуд

Новобаста ба 8,5 дарсад поён шудани бенавоӣ (камбизоатӣ) дар Тоҷикистон дар тӯли 7 соли охир додани кумакпулиҳо дар ноҳияҳо ба тадриҷ идома дорад. 

ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2,2 МИЛЮН ОИЛАИ БЕНАВО ҲАСТ

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло 22,5 дарсади аҳолии Тоҷикистон бенаво ҳастанд. Ин нишондод баробар ба 370 ҳазору 755 оила мебошад, ки агар ба ҳисоби миёна дар як оила 6 одам бошанд (меъёри Ожонси омори Тоҷикистон), 2 милюну 224 ҳазору 530 нафарро ташкил медиҳанд. Ин омор нисбат ба соли 2015 8,5% ва назар ба соли 2021-ум 0,9 дарсад коҳиш ёфтааст.

Аз 22,5% бенаво (камбизоат) танҳо 15 дарсади онҳо, яъне 238 ҳазору 27 оила ва ё 1 милюну 428 ҳазору 162 нафар, ки 80 дарсадашон нодортарини и шадид мебошанд, кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мегиранд.


Бо назардошти он ки дар солҳои 2011-2015 сатҳи бенавоӣ аз 31 дарсад зиёд буду сатҳи нодории шадид (озуқаворӣ) 15,7 дарсадро ташкил медод, нақшаи фарогирии оилаҳои нодор низ барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо, аз рӯи 15 дарсади шумораи умумии хонаводаҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои пилотӣ омода шуд, - мегӯяд Гулрафтор Абдурасулова, сардори Раёсати кумакҳои унвонии иҷтимоии Ожонси ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Ба иттилои ин масъули давлатӣ, раванди додани кумакпулии иҷтимоӣ соли 2011 оғоз гардида, дар аввал танҳо дар ду ноҳияи таҷрибавӣ – Ёвон ва Истаравшан татбиқ гардида буд. Он замон аз ин ноҳияҳо барои дарёфти кумакпулӣ 19 ҳазору 586 нафар оила муроҷиат намуда, танҳо 10 ҳазору 265 оила (5445 нафар аз шаҳри Истаравшан ва 4820 нафар аз ноҳияи Ёвон) дар ҳаҷми 3 милюну 801 ҳазору 873 сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ гирифтанд. 

Вале, ба иттилои ӯ, соли 2012 миқдори муроҷиаткунандагон барои дарёфти кумакпулиии унвонии иҷтимоӣ кам шуд. Аз 14 ҳазору 746 тане, ки муроҷиат карданд, танҳо ба 11 ҳазору 184 нафар инсон кумакпулӣ дода шуд. Мутаносибан, маблағи умумии кумакпулӣ ҳам дар ин сол 141 ҳазору 773 сомонӣ кам шуд: 3 милюну 601 ҳазор сомонӣ ба 11 ҳазору 184 нафар дода шуд. 

Сабаби кам шудани муроҷиат ва кумакпулиро масъулини Ожонси ҳифзи иҷтимоӣ шарҳ надоданд.

“Дар соли 2013 8 шаҳру ноҳияи дигар ба барнома ворид шуданд, ки дар маҷмӯъ 10 шаҳру ноҳияро ташкил дод. Баъди ин 44 ҳазору 701 оила дар ҳаҷми тақрибан 10 милюн сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд”, - гуфт Гулрафтор Абдурасулова.
Ҳамин тариқ, аз соли 2014 то соли 2019 ҳар сол панҷ шаҳру ноҳия ба барнома ворид гардида, тадриҷан шумораи гирандагони кумакпулӣ ва ҳаҷми маблағи пардохтшуда низ афзоиш ёфт. Дар соли 2020 шумора ва ҳаҷми маблағи кумакпулӣ якбора зиёд шуд. Масалан, агар соли 2019 ҳудуди 99 ҳазор оила кумакпулии иҷтимоӣ мегирифтанд, соли 2020 ин рақам қариб ду маротиба афзоиш ёфта, ба 215,5 ҳазор нафар расид.

Мутаносибан ҳаҷми маблағи пардохтшуда низ афзоиш ёфта, аз 37 милюн сомонии соли 2019 ба тақрибан 70 милюн сомонӣ расид. 


АФЗОИШИ ЯКБОРАИ ГИРАНДАГОНИ КУМАКПУЛӢ ДАР ПАЙИ ТАЪСИРИ “COVID-19” 

Як масъули дигар аз Ожонси ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо шарти ифшо накардани номаш гуфт, сабаби афзоиши якбораи шумораи оилаҳои нодор ва ҳаҷми пули онҳо дар соли 2020 пайваст шудани 28 шаҳру ноҳияии дигар ба барнома аст. 

Ба таъкиди ӯ, аз соли 2011 то 1 июли соли 2020 танҳо аҳолии 40 шаҳру ноҳия кумакпулии иҷтимоӣ мегирифтанд ва боқимонда ба барнома ворид набуданд.

“Миёни шумораи гирандагони кумакпулии иҷтимоӣ ва бенавоён (камбизоатон) бояд фарқ гузошт. Чунки аз 22,5 дарсади нодорҳои кишвар танҳо 15 дарсади онҳо кумакпулии иҷтимоӣ мегиранду халос. Аз ин рӯ наметавон гуфт, вақте шумораи гирандагони кумакпулӣ афзоиш ёфт, шумораи бенавоён низ афзоиш меёбад”, - афзуд манбаъ.
Сабаби дигар ба гуфтаи ӯ, афзоиши шумораи аҳолӣ ва пешниҳоди кумакпулии якдафъаина ва ё ба истилоҳ “кумаки 400 сомона”, ки соли 2020 дар робита ба кам кардани таъсири пандемияи “COVID-19” дода шуда, ҳамчунин, соли равон дар ҳаҷми 600 сомонӣ дода мешавад.

“Бемории “COVID-19” таъсири худро расонд ва дар соли 2020 шумораи муроҷиатҳо барои гирифтани кумакпулии иҷтимоӣ зиёд шуд. Чунки вақте, шаҳрванд якбор 400 ё 600 сомонӣ мегирад, бештар муроҷиат мекунад то онро соҳиб гардад”, - гуфт ин масъули Ожонси ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

ЧӢ ГУНА ОИЛАҲОИ НОДОР МУАЙЯН КАРДА МЕШАВАНД?

Тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, оила ё шахс дар ҳолате бенаво шуморида мешавад, ки дар як рӯз камтар аз 2 доллар ё камобеш 21 сомонӣ харҷ кунад. 

Тибқи ҳисоби Ожонсии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барои мушаххас кардани бенавоӣ ва пардохти кумакпулӣ, пеш аз ҳама, ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ, теъдоди маъюбон, ноболиғон ва дигар узви ғайриқобили заҳмат дар оила, даромади шаҳрвандон (оилаҳо), моликият, ҳолати манзили истиқоматӣ, замине, ки ба ӯ тааллуқ дорад ва шумораи чорво ба назар гирифта мешавад. 

Ҳамаи ин маълумот аз сӯйи аъзои хонавода ба дархостнома (анкета)-е, ки аз ҷониби масъул дода мешавад, ворид гардида, натиҷаи он ба барномаи махсуси роёнаӣ (компютерӣ) дохил мешавад ва он ба таври худкор ё худ автоматӣ ҳисоб карда, нодор будан ё набудани оиларо муқаррар мекунад. 

ДОРО ЧӢ ГУНА НОДОР ШУД?

Масъулин бовар доранд, ки кори барнома шаффоф буда, танҳо бенавоён (камбизоатон)-и воқеӣ ҳамчун гирандаи кумакпулӣ интихоб мешаванд. 

Вале дар баробари ин ҳолатҳои аз ҷониби оилаҳои доро гирифтани кумакпулиро ҳам рад намекунанд. Ин аст, ки барои бартараф кардани он дар назди ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ коргурӯҳ (кумисюн)-и махсуси санҷиш ва назорати оилаҳое, ки кумакпулии иҷтимоиро мегиранд, амал мекунад. 

Масъулини Ожонси ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз додани омори мушаххас дар бораи ошкор шудани ҳолатҳое, ки оила ва шаҳрвандони доро низ кумакпулии иҷтимоӣ гирифтаанд, худдорӣ карданд ва танҳо ишора карданд, ки ҳамасола даҳҳо нафарро барои чунин амал аз рӯйхати бенавоён ва ё гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ берун мекунанд. 

“Қисме аз оилаҳо танҳо барои варақаи бенавоӣ, ки дар асоси он кумакпулии иҷтимоӣ гирифта мешавад, меоянд. Мегӯянд, барои ман 120 сомонӣ лозим нест, беҳтараш ба ман ҳуҷҷати бенавоӣ (камбизоатӣ) диҳед”, - иброз дошт масъули Ожонси ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. 


Як пурсуҷӯи кӯтоҳи мо маълум кард, ки танҳо дар ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич 27 ҳолати гирифтани кумакпулӣ аз сӯйи шахсоне ки нодор нестанд, ошкор шудааст. Дар ҳоле ки ин ҷамоат ҳудуди 500 нафар нодор дорад.

Масъулини Ожонси ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, аз сабаби набудани воҳидҳои кории корманди иҷтимоӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот боис мешавад, ки санҷиши дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти шаҳрвандон дар сатҳи маҳал гузаронида намешавад.



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед