Ru  | Tj
Луқмон Бойматов: Китобҳои дарсии таърихи тоҷикон ниёз ба бознигарӣ доранд
Луқмон Бойматов: Китобҳои дарсии таърихи тоҷикон ниёз ба бознигарӣ доранд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Луқмон Бойматов: Китобҳои дарсии таърихи тоҷикон ниёз ба бознигарӣ доранд

Нашр шуд

Луқмон Бойматов, яке аз таърихнигорони варзидаи тоҷик аст, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии тоҷикшиносиро сарварӣ мекунад ва ба таҳқиқи густардаи таърихи миллати тоҷик машғул аст.

Муаллифи Halva.tj бо ин таърихнигори тоҷик дар бораи хешонидани баъзе ашхоси саршиносу таърихии тоҷик аз сӯйи кишварҳои дигар, бархӯрди тамаддунҳо, вазъи китобҳои дарсии таърихи макотиби Тоҷикистон, омӯзиши фанни таърих дар ин кишвар мусоҳибае анҷом дод.

БАРХУРДИ ТАМАДДУНҲО ВА НИЗОМИ НАВИ ҶАҲОН

- Устод, имрӯз дар куҷо зиндагӣ доред ва бо чӣ коре машғул ҳастед?

- Нахуст, сипоси фаровон ба масъулини пойгоҳи Ҳалво.тҷ, ки заҳмат кашиданд, то гуфтугӯеро дар мавриди ҷойгоҳи илми таърихнигорӣ ва таърихи миллати тоҷикроамакнун дар вазъияти буҳронӣ карор дорад) сомон бахшанд. Воқеъан ҳамчунин иқдоми рӯзноманигорон сутуданист. Сониян, дар бораи худ мегӯям, ки дар ибтидои соли 2013 бо даъвати Донишгоҳи Упсола (дарвоқеъ, яке аз донишгоҳҳои маъруфи кишвари Суед (Шветсия) маҳсуб мешавад) омадам. Аз ҳамон сол то ин имрӯз дар ин кишвар қарор дорам. Авохири соли 2019 бо ёрмандӣ ва пуштибонии шуморе аз ховаршиносони маъруфи урупоӣ ва амрикоӣ «Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии тоҷикшиносӣ» таъсис карда, ҳамакнун инҷониб мудирияти ин пажӯҳишгохро бар дӯш дорам. Ин пажӯҳишгоҳ ғайридавлативу озод ва тибқи қавонини кишвари Суед фаъол аст. Ҳадафи аслии ин пажӯҳишгоҳ таҳқиқ ва баррасии таъриху фарҳанги тоҷикони ҷаҳон мебошад.

- Имрӯз дар ҷомеаи пуртазод ба ҷойи гуфтугӯйи тамаддунҳо бархӯрди тамаддунҳо ҷараён дорад. Фарҳангҳо ба ҳар роҳу васила таҳмил меёбанд. Хешонидани фарҳанг ва таърих аз сӯйи кишварҳои алоҳида ба чашм мерасад...

- Иҷоза бидиҳед, то нукотеро дар мавриди шиори «гуфтугӯйи тамаддунҳо» рӯшание биандозам. Ин шиор дар замони раёсатҷумҳурии Муҳаммад Ҳотамӣ дар Эрон (cолҳои раёсат: 1997-2005) дар ибтидои асри 21 табдил ба як шиори густардае гардида буд. Ман он солҳо дар гурӯҳи таърихи Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад фурсати мутолиъотӣ доштам, зимни номаи саркушода ба раисҷумҳури Эрон шадидан аз ин шиор интиқод карда будам. Матни интиқоди мо дар маҷаллаи чапгаройи маъруфу бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон «Навандеш» бо шуморагон (тирож)-и бисёр калон ба чоп расида буд ва сарусадои зиёде барпо кард. Натиҷатан баъд аз чопи ин шумора маҷалларо бастанд ва масъулони он ба кишварҳои урупоӣ кӯч бастанд. Алъон ин маҷалларо дар китобхонаҳои ҶИЭ наметавон пайдо кард.

Ва аммо ончи дар ин гуфтор бояд таъкид шавад, ин аст, ҳанӯз миллатҳои дунё барои гуфтугӯйи тамаддунҳо бо далоиле омода нестанд. Бархӯрди тамаддунҳо муддатест, дар хиёбонҳои ҳастӣ боғурур ва озодона қадам мезанад. Абарқудратҳо худ меъморони ин бархӯрдҳоанд, зеро мехоҳанд, ҷаҳон муҷаддадан тақсим шавад. Ҳамон гунае, ки фармудед, «хешонидани фарҳанг ва таърих аз сӯйи кишварҳои алоҳида» фақат бахши кӯчаке аз раванди бархӯрди тамаддунҳост, тамоми аҳли илму дониш, ҷавомеъи башар сароҳатан алайҳи ҳамчунин раванди шум аз ҳар роҳе воистад, зеро ки ҷаҳон дар вартаи ҷанги азими иттилоъотӣ қарор дорад.

СУКУТИ АҲЛИ ИЛМУ ДОНИШ ВА ҒАСБИ ОШКОРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

- Дар ҳамин росто чанд рӯз пеш ҳамсоякишвари Тоҷикистон Узбакистон эълон кард, ки дар Амрико пайкари андешаманди тоҷик Абӯрайҳон Беруниро гузоштааст. Дар хабарномаҳо Берунӣ ба унвони донишманди саршиноси узбак ёд шудааст. Ҳамин гуна хешонидани шахсиятҳои таърихӣ чӣ пайомади нохуш хоҳад дошт?

- Мутмаинам, ки огоҳед, ин мавзуъ дар вебгоҳҳои интернетӣ мавриди интиқоди шадиде қарор гирифт. Бо дархости иддае аз дилсӯзони таъриху фарҳанги тоҷикон инҷониб низ матлаби интиқодӣ ба забони русӣ ироа кардам, ба ин манзур, ки ҳамчунин иқдоми дипломатҳо на аз рӯйи дониш дуруст аст, на аз руйи ахлоқи диплумосӣ.

Нахуст, ошкор аст, бо ин ки Абӯрайҳон Беруниро, чи олимон ва чи дипломатҳои кишвари Узбакистон ба амд «узбак» бигӯянд, ӯ ҳаргиз узбак намешавад. Ба ин далел, ки Абӯрайҳон Берунӣ хешро аз наберагони хоразмиҳо, ки шохаи нажоди эронии сарзамини Варорӯди асри куҳан маҳсуб мешавад, хондааст. Ин воқеъияти таърихӣ дар илм ба ҳадде маълуму машҳур аст, ки нодида гирифтани аҳли илму сиёсати кишвари Узбакистон дар амал баробар ба тавҳини фазилатҳои неки инсонист. Ва агар онон шуур медоштанд, виҷдонашонро ба бедорӣ фаро мехонданд.

Дувум, ба гунаи мустақим ва ғайримустақим таъкид варзидани «ҳузури бархе аз намояндагони парлумони Амрико дар ифтитоҳи пайкари Абурайҳони Берунӣ дар ин кишвар» ва муаррифии китоби ховаршиноси суедӣ-амрикоӣ Фридрих Старр, ки аз мубаллиғони машҳури туркгароён (пантуркистон)-и муосир мебошад, навъи амали бисёр шармовари дипломатҳои кишвари Узбакистон аст. Дипломатҳои Узбакистон бо ин иқдом хостанд, то таъкиде бар ҳаққи таърихии миллати узбак ба унвони меросбари мустақими Хоразми нахустин асрҳои баъди ислом кунанд. Бояд огоҳ бошем, аз диди илм китоби пурсадои Фридрих Старр он гуна, ки дар Русияву ҷумҳуриҳои туркизабони пасошӯравӣ таблиғ мекунанд, арзишманд нест.

Дигар ин ки пайкараи Абурайҳон Берунӣ дар сафоратхонаи Узбакистон дар Вашингтон насб шуда ва ҳеч рабте ба тасмими шаҳрдории Вашингтон ва ё назароти вижаи вакилони парлумони Амрико надорад. Мутмаин бошед, агар дар ин кор масъулини шаҳри Вашингтон саҳме медоштанд, дар кулли Амрико сару садо баланд мешуд, бахусус аз сӯйи эрониёни муқими Вашингтон ва кулли кишвари Амрико. Иқдомот ва муболиғаҳое, ки диломатҳои Узбакистон ҷиҳати «аз худ кардани мероси фарҳанг ва шахсиятҳои машҳури  миллатҳои ҳамсоя» роҳ андохтанд, дақиқан намунаи ғасби ошкори таърихи миллати тоҷик аст, бо истифода аз роҳи диплумосӣ, ки ботаассуф роҳест, шарофати инсонро залил мегардонад.

Бояд таъкид варзид, ки ин навъ иқдомот ва талошҳои бешарафонаи аҳли илму сиёсат, аз сӯйи гурӯҳи донишмандон ва аҳли сиёсати ҳар кишваре ва ҷомеъае сурат бигирад, натиҷатан бар зарари миллати тоҷик тамом хоҳад шуд, чаро ки аслитарин ҳадафи ин навъ иқдомоти боғараз заиф ва нобуд кардани ҳувияти тоҷикони муосир аст. Ба ин хотир, аҳли илму дониши кишвари Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон набояд сокит бошанд. Сокит будани аҳли илму сиёсат алайҳи унсурҳои нобудсоз гоми нахуст ба сӯйи таслим шудан аст. Дар шароити имрӯз ҳимоят кардан аз ҳувияти таърихӣ бояд вазифаи ҳар тоҷики миллатдӯст бошад.
“ТОҶИКОНИ ДУНЁ ДИФОЪ КАРДАНИ ХАҚҚИ ТАЪРИХИИ ХУДРО БОЯД АЗ ЭРОНИЁН БИЁМӮЗАНД”

- Барои ҳифзи ин шахсиятҳои таърихӣ ҳамчун тоҷик чӣ коре метавон анҷом дод? Ба монанди ин амал мо якчанд шахсияти номдори дигар дорем, ки дар кишварҳои гуногун онҳо на тоҷик, балки чун андешаманди ҳамон кишвар муаррифӣ мешаванд. Ин амал ба ғановати таърихии мо ва андешаиифтихор доштан аз гузаштаи худ дар назди оламиёнчӣ таъсире расонида метавонад?

- Ҳамон гуна, ки гуфтам, талош кардан ба ҷиҳати дифоъ аз ҳаққи таърихӣ ва пойдор кардани заминаҳои ҳувиятсози миллӣ набояд шиори сиёсӣ бошад, балки он қабл аз хама табдил ба хостаҳо, ниёзҳо ва саранҷом ба амали ҳар фарди тоҷик бошад. Инҷониб ба муддати беш аз даҳ сол дар андешакадаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкории илмиву пажӯҳишӣ доштам. Бар пояи шинохте, ки аз эрониён дорам, бо итминон мегӯям, тоҷикони дунё дифоъ кардани хаққи таърихии худро бояд аз эрониён биёмӯзанд. Аз ин назар, бархӯрд бо эрониён худ як донишгоҳест. Ошноӣ ва бархӯрдҳоям бо эрониёни берун аз кишвари хеш бароям як таҷрибаи ногаҳонист. Кофист, ин воқеъиятро бисёр муҷаз бароятон ошкор кунам. Барои мисол, камшумортарин донишгоҳҳои Амрикоро метавон ном бурд, ки курсиҳои эроншиносӣ надошта бошад. Зимнан пуштибониҳои маънавӣ ва молие, ки сарватмандон ва соҳибкорони бадавлати эронитабори Амрико аз марказҳои таҳқиқотии эроншиносӣ мекунанд, қобили муқоиса бо ҳеч миллатҳои дунё нест, магар ин ки бо юнониҳо, румиҳо ва арабҳо бошанд. Ингор беш аз сад сол аст, ки эрониҳо чархонандаи таърихи гузаштаанд. Ин дар ҳолест, ки кулли тоҷикони дар хориҷ сукунатдошта ҳатто имкони чопи як китоби таърихи миллати тоҷикро дар шароити имрӯз надоранд. Ҳамон гуна, ки эронӣ дар ҳар ҷойи дунё нахуст эронӣ аст ва сипас шаҳрванди кишваре. Ва аммо афсӯс, ки тоҷик асири худхоҳиҳои хеш асту ҳанӯз дар бунбасти таърихии хеш қарор дорад.

Бахши дувуми суолатон посухи бисёр густардаро ниёз дорад. Иҷозат бидиҳед, то фурсате фаро расад, батафсил гуфтореро дар оянда барои пойгоҳатон ироа диҳам.


- Бо чӣ иқдомоте метавон пеши роҳи ин хешонидани ноҷоро гирифт? Масоили дигари ташвишовари имрӯз таҳмил додани таърих ва фарҳанги кишварҳои алоҳида дар ақсои олам аст. Ба унвони мисол синамогарони ҷаҳон бо сохти филмҳои таърихӣ мехоҳанд таърих ва шахсиятҳои таърихии худро барҷастатар муаррифӣ кунанд. Камбахтона, ин филмҳо аз кишварҳои Туркия, Чин, Амрико, Ҳиндустон ва ғайра ба Тоҷикистон низ ворид мешаванд ва ҳаводорони зиёд ҳам пайдо мекунанд. Роҳ ёфтани чунин филмҳо ва дигар унсурҳои таҳмилӣ оё ба хизонаи жен (генофонд)-и миллии мо зарар намерасонад?

- Роҳи асосӣ, пеш аз ҳама тавсеъаи илми таърих аст. Қабл аз ин ки хаққи таърихиро дифоъ кунем, нахуст бояд илми таърихро наҷот бахшем. Солҳост, бонги хатар мезанам, ки ба хотири таблиғи таърихи миллӣ дониши таърихро дар тобут ниҳодаем.

Мутмаин бошем, бидуни пажӯҳишҳои сангин таърихномаҳои вазнин ва бидуни пойдории таърихи зиндаву фаъол таҳияи филмҳои таърихӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бошанд, ғайримумкин аст. Барои ин ки ҳунари синамои тоҷик шоистаи васф бошад, дар кишвар бояд заминаҳои шоистасолориро табдил ба суннат кард, яъне дақиқан ҳамон кореро, ки дар кишварҳои пешрафтаи дунё карданд, ба кор гирем. Роҳи дигаре ба ҷуз аз ин мавҷуд нест. То замоне ки авзоъи нобасомон дар фазои илму фарҳанг ислоҳ нагардад, «хизонаи жени миллии мо» зери хатарҳое қарор хоҳад гирифт ва ҳеч касе наметавонад пешгуйӣ кунад, ки чи зарарҳое бар сарнавишти тоҷикони асри 21 фурӯ хоҳад омад.

ЗАРУРАТИ БОЗНИГАРИИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ТАЪРИХ

- Бармегардем ба омӯзиши таърих дар замони имрӯз. Ба андешаи шумо, оё дар макотиби Тоҷикистон омӯзиши таърихи миллати тоҷик ба таври ҳамаҷониба ба роҳ монда шудааст? Китобҳои дарсии омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон дар самти додани дониши мукаммали таърихӣ оё ба талабот ва стандартҳои шоиста посухгӯст?

- Ин маворид борҳову борҳо дар навиштаҳо ва интиқодҳои инҷониб матраҳ шудааст. Ба назари мо, дар макотиби кишвари Тоҷикистон омӯзиши таърихи миллати тоҷик аз мушкилоти фаровоне бархӯрдор аст ва китобҳои дарсии макотиби Тоҷикистон ба талабот ва стандартҳои шоиста ҷавобгӯ нестанд. Муаллифони китобҳои таърих аз тозатарин равишҳои омӯзиши таърихи миллии ҷаҳониён, аз қабили миллатҳо ва кишварҳои пешрафтаи урупоӣ ва осиёӣ огоҳии лозимро надоранд. Бо ин ки кишвари мо ва миллати мо беш аз сӣ сол худсолор аст, мавзуъоти таърихи миллӣ ҳанӯз дар чаҳорчӯба ва сабки шӯравии собиқ ва ё русӣ ироа мешаванд, ки албатта мояи таассуф аст. Дар ин росто бояд ҷиддан андешанок шуд.

- Камбуди умдатарини китобҳои дарсии фанни таърих дар макотиби Тоҷикистон, ки ниёз ба ислоҳи ҷиддӣ доранд, чист? Магар китобҳои дарсии имрӯз ниёз ба бознигарӣ доранд?

- Камбуди аслии китобҳои дарсии фанни таърих, чӣ дар макотиб ва чӣ дар донишгоҳҳо ин аст, ки муаллифононашон ҳирфаӣ нестанд. Агарчи бештари онҳо муҳаққиқанд, вале ҳеч яке аз онон дар бахши таҳияи китобҳои дарсӣ ҳирфаӣ набуда ва нестанд. Албатта, ин суннате буда, ки аз замони шӯравӣ ба миллатҳои пасошӯравӣ мерос мондааст. Ин тарзи нигаришро нисбат ба китобҳои таърихӣ барои макотиб бояд иваз кард.
- Дар як пажӯҳиши худ шумо ба андешаи як муаллифи китоб, ки нигоштааст, “тоҷикон дар дарозои таърих муқобили мардуми бегона барои ғасби замин наҷангидаандзид баромадаед. Чаро бар ин андешаед, ки ин далел хатост?

- Бале, ин назарро борҳо гуфтаам. Ва боз мегӯям, ин андеша, ки “тоҷикон дар дарозои таърих муқобили мардуми бегона барои ғасби замин наҷангидааанд, бакуллӣ ботил ва ғайримантиқӣ аст. Фақат барои дифоъ аз дидгоҳи хеш мисоле аз таърихи бунёди давлати Сомониён далеле меоварам, агарчи ин гуна мисолҳо дар таърихи Оли Сомон фаровонанд. Нек ба таърихи ҳукумати амир Исмоили Сомонӣ (849-907) бингаред, хоҳед дид, ба хотири вусъат бахшидани ҳудуди давлати хеш, барои дифоъ ва пойдории амнияти қаламрави давлаташ борҳову борҳо бар зидди умарои шаҳру устони атроф лашкар кашидааст. Ё ҷангҳое, ки зидди туркони қарлуқ кардаи ӯ худ достонҳои муфассали таърихномаҳои асри миёна аст, хамагӣ алайҳи дидгоҳи ботиланд.

Ё, ки ҳамин воқеъиятро дар таърихи давлати Картҳои Ҳирот (қарни 12 1389) метавон бавузуҳ мушоҳида кард. Агар хоҳем бигӯйем, ки тоҷикон дар таърих давлатҳое доштанд, пас бояд бипазирем, ки бахше аз таърихи точикон лашкаркашиҳои эшон ҳам буда ва ин амр, дарвоқеъ яке аз роҳҳои маъруфи ба қудрат расидани шоҳон ва хонадони онон дар таърих будааст. Гузашта аз ин набояд фаромӯш кард, фалсафаи ҷанг ва лашкаркашиҳои шоҳони ақвоми эронӣ ва туронӣ дар ҳамосаи ҷовидони «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба андозае жарф аст, ки худ далели раднопазирест ба дурустии назари мо.

- Андешаи дигари муаллифони китобҳои таърих дар бораи Темурмалик бобати муғулкушиҳояшро низ Шумо ғалат унвон кардаед. Ба чӣ далел ба чунин хулоса расидед? Оё ба масъулини самти маориф дар робита ба ин ғалаткориҳо боре дар иртибот будед ва пешниҳоде додед?

- Агар зеҳнам маро фиреб надиҳад, «муғулкушиҳои Темурмалик»-ро хеч ҷойе рад накардаам. Касеро ҳамчунин бардошт аз навиштаҳои мо дошта бошад, боядам ислоҳ кунам, зеро ин гуна арзёбии корномаи Темурмалик хатост. Ботаъкид мегӯям, Темурмалик шояд ягона сипаҳсолори Хоразмшоҳиён мебошад, ки то вопасин қатраи хун дар баробари муғулҳои ғосиб истодагарӣ кард. Ағлаби таърихшиносон, нависандагону шоирону ҳунармандони муосир саъй мекунанд, Темурмаликро бо султон Ҷалолуддин муқоиса кунанд ва гоҳе он дуро дар як сатҳ мегузоранд. Ба назари банда, ин ду сипаҳсолор ба ҳам шабеҳ нестанд, дидгоҳашон дар ҷиҳати таъйини равишҳои дифоъии мамлакати хеш аз ҳам мутафовитанд. Бо як калом, Темурмалик аз султон Ҷалолуддин бартар аст ва ин нукта бояд аз сӯйи коршиносон ҷиддан бартарӣ гардад.

Дар бахши дувуми суолатон метавонам бигӯям, гуфтани ҳақиқати таърих «дар робита ба ғалаткориҳои муваррихин»-и тоҷик вазифаам буда ва борҳо ҳам дар мавориде навиштаам, вале бо камоли таассуф боре ҳам нашудааст, масъулин барои ислоҳаш талош варзида бошанд.

“КИТОБҲОИ ДАРСИИ ТАЪРИХРО БОЯД КОРШИНОСИ ҲИРФАӢ ВА РАВОНШИНОСИ ОГОҲ ТАҲИЯ КУНАД”

- Баъзе воқеъаву ҳаводиси таърих чаро вобаста ба тақозои замон ва мавзеъгириҳо ба таври дигар омӯхта ва таълим дода мешавад? Фикр намекунед, маводе, ки дар китобҳои таърихӣ оварда шудаанд, ҷузъӣ ва хеле муфассаланд ва донишмӯзи одии мактаб, ки зеҳнаш дар ҳоли шаклгирист, аз ин печидагиҳо дониши таърихии мукаммал пайдо карда наметавонад?

- Комилан дуруст фармудед, дар китобҳои дарсӣ баёноти хушку беруҳи хеле ва хеле мавзуъҳо, чӣ аз таърихи миллӣ ва чӣ аз таърихи башар ҳастанд, ки бояд бакуллӣ ҳазф шаванд. Донистани онҳо барои донишомӯзони кунҷков шарт нест. Равоншиносон дуруст мегӯянд, ки ба ҷузъиёт тавсиф кардани воқеъоти таърихӣ дар китобҳои дарсӣ зеҳни донишомӯзонро башиддат хаста мекунад, донишомӯз батадриҷ рағбате барои дарки таърих нишон намедиҳад, натиҷатан худро аз донистани таърих дур мекашад.
Дарзимн «тақозои замон ва мавзеъгириҳо»-и муаллифон ва нисбати воқеъот ва ҳаводиси таърих, дақиқан, аз зумраи хиёнатҳои муваррихон маҳсуб мешавад. Бояд сареҳан ин равиши таърихнависиро канор гузошт. Агар хоҳем ё нахоҳем, иштибоҳот ва суистифодаҳои таърихномаҳо, агар имрӯз на, фардо ислоҳ хоҳанд шуд. Ба ин хотир, беҳтар аст, воқеъиятҳои таърих он гуна, ки буданд, навишта шаванд.

Китобҳои дарсии таърихро бояд коршиноси ҳирфаӣ ва равоншиноси огоҳ таҳия кунад, чаро ки на ҳамаи мавзуъоти таърихӣ барои донишомӯзони макотиб муҳиманд. Набояд аз ҳамаи донишомӯзон «мутахассисони таърих» омода кард. Ҳадафи аслии китобҳои дарси таърих огоҳ кардани донишомӯзон аз ҳикмати таърих аст, на баёни ба зӯр ихтисоршудаи пажӯҳишҳои илмии таърих.

РОҲИ ЯГОНА ИСЛОҲОТИ КУЛЛӢ ДАР ИЛМУ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН АСТ

- Бибинед, дар асре, ки рушди фанновариҳои нав хеле боло рафтааст, инсони мудерн ҳамакнун тавассути фанноварӣ талаботи моддиву маънавии худро қонеъ мекунад. Чаро дар миёни ин ҳама гирумонҳо омӯзиши ҳамаҷонибаи таърих зарур аст? Он ба насли нав чӣ медиҳад?

- Нигоҳи нек ба таърих бояд дошт. Он гуна, ки бештари сиёсатмадорон мегӯянд, таърих як чизи мурдае нест, балки он зиндаву зиёд фаъол аст. Одамонанд, ки таърихро меофаринанд ва барои таърих дар талошанд. Вуҷуди онҳо ва амали онҳо худ таърих аст. Ҳатто ҳамин асре, ки шумо ишора кардед, бо тамоми «рушди фанновариҳои наваш» дар батни таърихи рӯзгори мо қарор дорад. Аз ин рӯ таърихро аз гузаштаву имрӯз ҷудо пиндоштан хатои маҳзи зеҳни башар аст.

Ҳамон гуна, ки борҳо гуфтаам, яке аз бахшҳои бархӯрди тамаддунҳо, ки ҳамакнун дар ҳоли вуқуъ аст, аз тариқи таърих ва ба воситаи таърих сурат мепазирад. Солҳост, ки соири миллатҳои дунё ба хотири таърихи хеш бо ҳам дар ҳоли набарданд. Сиёсати давлатҳост, ки таърихро иваз мекунад. Агар миллате ва ҷомеае бихоҳад дар талотуми амвоҷи ҳаводиси имрӯзу оянда ғарқ нашавад, пас бояд решаҳои таърихи худро пойдор ва ҳувияти имрӯзу ояндаи худро устувор кунад. Дар ғайри сурат баъйид нест, чашм ба чашм назада, дар сияҳчоли таърихи башар қарор хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, таърих хамеша азимтарин омӯзгори башарият буду ҳаст. Ончи илми таърих ба наслҳо додааст, шояд камтарин улум додааст, зеро таърих махзанест, ки калиди оғозу саранҷоми ҳама чиз дар он гузошта шудааст.

- Пешниҳоди шумо ба унвони таърихнигор дар самти омӯзиши густардаи таърих барои насли нав чист?

- Дар силсилаи навиштаҳоямон борҳову борҳо пешниҳодҳое ҷиҳати беҳтар кардани кайфияти омӯзиши таърихи миллӣ барои наслҳои нав ироа шуда ва ҳамон гуна, ки гуфтам, тақрибан кулли онҳо мавриди таваҷҷуҳи масъулину муаллифин қарор нагирифтаанд. Вазъият боз хам бо буҳронҳои амиқ рӯбарӯ шудааст. Роҳи ягона ҷиддан рӯйи пиёда кардани ислоҳоти куллӣ дар илму маорифи кишвари азизам Тоҷикистон аст. Дигар роҳе ба ҷуз анҷоми ислоҳи жарфи созанда бошад, нест.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед