Ru  | Tj
Марг дар ҳиҷрат. Муаллифи китоби “Тилло дар мис” Ризо Бароҳанӣ даргузашт
Марг дар ҳиҷрат. Муаллифи китоби “Тилло  дар мис” Ризо Бароҳанӣ даргузашт
Аксҳо: Аз интернет

Марг дар ҳиҷрат. Муаллифи китоби “Тилло дар мис” Ризо Бароҳанӣ даргузашт

Нашр шуд

Муаллифи асари машҳури “Тилло дар мис” Ризо Бароҳанӣ, ки чанд соли ахир аз бемории алзаймер ранҷ мебурд, дар синни 86-солагӣ дур аз Эрон дар Канада аз олам даргузашт.

Актой Бароҳанӣ, писари ӯ дар саҳифаи истаграмаш чунин навишт: “Падарам Ризо Бароҳанӣ ҷаҳонро тарк ва ба дидори офтоб шитофт”.

Фарзанди ӯ навишт, ки тибқи васият падараш дар Эрон дафн хоҳад шуд ва дар ин замина расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ва интиқоли ҷасадро анҷом хоҳанд дод.

Ризо Бароҳанӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои таъсиргузори адабии шаш даҳаи ахири Эрон аст, ки на фақат дар ин кишвар, балки дар хориҷ аз Эрон низ шинохта шудааст. Осори ӯ ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ӯ аз ҷумлаи назарияпардозони адабие буд, ки мехост шеъри Эрон аз вазну қофия раҳо шавад ва мисли шеъри посмондерни ғарбӣ таҳаввул ёбад. Ӯ доир ба шеъри нимоӣ ва шеъри посмодерн мақолаҳои зиёде навишт ва дар асоси ин назариёт бо тундтарин шева шоирони номдори муосири Эронро мавриди интиқод қарор дод. Интиқодҳои тунди ӯ барои бисёре аз адибони Эрон хӯш наомад. Бархе аз мунаққидони адабии Эрон дар радди назариёташ мақолаҳо ва асарҳои мухталиф нашр намуданд.


Холиқи “Тилло дар мис” кӣ буд?

Ризо Бароҳанӣ шоир, мунаққид ва нависандаи номвари Эрон аст, ки 13-уми декабри соли 1935 дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон чашм ба олими ҳастӣ кушод.

Ӯ дар синни 22-солагӣ дар риштаи забон ва адабиёти англисӣ номзади илм шуда, баъдар аз Туркия унвони докториро ба даст овард. Ризо Бароҳанӣ муддате дар Донишгоҳи Теҳрон ба унвони устод ифои вазифа кард.

Ризо Бароҳанӣ ҳамеша дар зери таъқиби режимҳои сиёсӣ будааст. Дар замони ҳукумати Ризошоҳ Паҳлавӣ “Совок”- идораи амнияти онвақтаи Эрон ӯро боздошт ва се сол дар як ҳуҷраи алоҳидаи зиндон нигаҳдорӣ кард. Пас аз ин ки Ризо Бароҳанӣ аз Эрон хориҷ шуд, бо навиштани мақола далели боздошташ дар он замонро шарҳ дод. Ӯ навишт, ки ҳукумати вақти Эрон ӯро ба далели китоби “Таърихи музаккир” ва “Фарҳанги ситамгар ва фарҳанги ситамдидагон” боздошт карда буд. Ӯ дар ин осори худ масъалаи худмухтории қавмҳои сокини Эрон ва ҳифзи забони онҳоро матраҳ намуда буд, ки ҳукумати онвақтаи Эрон ӯро ба таҷзия муттаҳам мекард.

Дар замони ҳукумати Паҳлавӣ, ки Ризо Бароҳанӣ зери таъқиботи сиёсӣ қарор дошт, ба хориҷ аз Эрон рафт. Ӯ, ки худ зери таъсири ақидаҳои коммунистӣ қарор дошт, бо аъзоёни Ҳизби тудаи Эрон равобити мустаҳкам барқрор кард ва барои тарвиҷи андешаҳои коммунистӣ корҳои зиёди сиёсӣ анҷом дод. Вай ҳамеша бо тарафдорӣ аз чунин андешаҳо бар зидди имперализми ҷаҳонӣ сухан гуфта, ҳамеша дар ҷидоли фикрӣ бо мухолифони ақидаҳои сиёсиаш қарор дошт.

Ризо Бароҳанӣ яке аз муассисони Иттиҳодияи нависандагони Эрон буд. Муддате раҳбарии ин иттиҳодияро низ бар ӯҳда дошт.


Дар даврае, ки ӯ раҳбарии ин иттиҳодияро ба ӯҳда дошт, ду тан аз аъзоёни ин иттиҳодия, ки дӯстони ӯ буданд, ба таври мармуз кушта шуданд. Ӯ пас аз ин ҳодиса ба Канада паноҳанда шуд.

Ӯ пас аз сарнагунии ҳукумати Паҳлавӣ мисли дигар мухолифони паҳлавӣ ба Эрон баргашт. Ӯ бо рӯйи кор омадани Ҳукумати исломии Эрон ба Оятуллоҳ Хумайнӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон нома навишт ва аз ӯ ҳимоят кард. Ин хушбоварии Ризо Бароҳанӣ то дер давом накард ва баъди оғози ҷанги Эрон бо Ироқ Ризо Бароҳанӣ ба мухолифат алайҳи режими исломии Эронӣ пардохт.

Дар замони ҷанги Эрон ва Ироқ ӯ дар суги дӯсташ, ки дар он ҷанг кушта шуда буд, марсияи “Исмоил” –ро навишт, ки он ба ҳукуматдорони нави Эрон хӯш наомад. Вай дар ин марсия ҳукуматдорон ва руҳониёни Эронро ба тамасхур гирифта, онҳоро масъули ин ҷанг медонист.

Ризо Бароҳанӣ баъд аз нашри ин марсия бори дигар аз Эрон хориҷ шуд ва то охири умр дар мусофират дур аз Эрон дар Канада зиндагиву фаъолият кард. Ӯ дар васфи Эрон шеъре бо номи “Эрон эй хонуми зебо” эҷод кард, ки ҳоло вирди забони эрониёни муҳоҷир аст.

Аз Ризо Бароҳанӣ чӣ мерос боқӣ монд

Ризо Бароҳанӣ аз ҷумлаи адибонест, ки дар се бахш - шоирӣ, нависандагӣ ва мунаққидӣ қаламфарсоӣ кардаву дар ин замина аз ҷумлаи чеҳраҳои матраҳи Эрон аст. Ризо Бароҳанӣ шоир, нависанда ва муҳаққиқи барҷастаи Эрон бо назариёти мутафовиташ баҳсҳои гармеро дар заминаи шеър, наср ва нақди адабӣ дар Эрон ба вуҷуд овард. Интиқодҳои шадиди ӯ аз шоирони муосири Эрон ба мазоқи бисёриҳо хӯш наомад ва бархе чеҳраҳои таъсиргузори адабӣ нақдҳои ӯро ҷиддӣ намегирифтанд. Ризо Бароҳанӣ дар ҳавзаи нақди адабӣ аз ҷумлаи онҳое буд, ки вуқуфи комил аз ҷараёнҳои адабии ҷаҳон дошт ва мехост ин мавҷҳои таҷаддуд ва навгароие, ки дар Аврупо маъмул шуда буд, дар Эрон равнақ пайдо кунад. Ризо Бароҳанӣ бо фарогирии ҷараёнҳои нави адабии ҷаҳон ба эҷоди асарҳои мондагоре даст зад, ки ҳоло яке аз мероси адабии мондагори адабиёти Эрон ба шумор меравад.

Аз Ризо Бароҳанӣ дар заминаи шеър, наср ва нақди адабӣ осори зиёде боқӣ мондааст, ки ин осор аз ҷумлаи матраҳтарин осори адабии форсизабонҳо ба ҳисоб меравад. Асарҳои ӯ “Хитоб ба парвонаҳо ва чаро ман шоири нимоӣ нестам” (шеърҳо), “Исмоил” (Шеърҳо), “Зуллоҳ” (шеърҳо), “Озодахонум ва нависандааш”, (Роман) “Розҳои сарзамини ман” (Роман), “Тилло дар мис” (Нақд дар се ҷилд), “Кимё ва хок”, “Таърихи музаккир” ва ғайра аз ҷумлаи осори эътирофшудаи адабиёти Эрон мебошад.


Ризо Бароҳанӣ ва номаи ӯ ба Хумайнӣ

Пас аз ин ки ҳукумати Ризошоҳ Паҳлавӣ суқут кард ва режими исломӣ дар Эрон ҳоким шуд, Ризо Бароҳанӣ бо умеди рӯшане аз оянда ба Оятуллоҳ Хумайнӣ поягузори Инқилоби исломии Эрон нома навишт. Ин номаи ӯ ба мавҷи шадиди вокунишҳои чеҳраҳои сиёсии Эрон мувоҷеҳ шуд ва мухолифони режими исломии Эрон ӯро барои пуштибонӣ аз Инқилоби исломӣ маҳкум намуданд.

Дар давоми беш аз 40 соли ҳукмати нави Эрон Ризо Бароҳанӣ бо изҳороти аҷибу ғариб ҳамеша вориди забон ва гармкунандаи маҳофили эрониёни хориҷи кишвар будааст. Вай боре аз он шиква кард, ки дар Эрон намегузоштанд ӯ бо забони модарияш, яъне туркӣ шеър бисарояд. Ин изҳори назари ӯ мавҷи вокунишҳои манфиро дар пай дошт ва эрониён ӯро ба ҷудоихоҳӣ ва тақсими Эрон муттаҳам карданда буданд.

Ризо Бароҳанӣ пантуркист буд?

Романи таърихии ӯ “Розҳои сарзамини ман” пас аз нашр дар байни мухотабон андешаҳо ва эътирозҳои мухталифро ба вуҷуд овард. Мунтақидонаш ӯро ба он муттаҳам мекарданд, ки ӯ пантуркизм ва ҳомии таҷзияи Эрон аст. Далели онҳо қаҳрамонҳои асари “Розҳои сарзамин” –и ман буд, ки тасвири маҷҳуле аз қаҳрамонҳои асар, ки турк ва форс ҳастанд, ироа медиҳад. Пас аз ин интиқодҳо ӯ дар мусоҳибае ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт ҳозир аст барои дифоъ аз Эрон туфанг ба даст гирад. Вай бардоштҳои мухотабон аз шахсиятҳои турку форсии романи мазкурро иштибоҳи маҳз унвон кард. Вай дар суҳбати дигаре гуфт, ки забони форсӣ забони расмӣ ва муштараки ақвоми эрон аст, вале аз забони модариаш –туркӣ дифоъ мекунад.


Вокуниши эрониён ба марги Ризо Бароҳанӣ

Марги Ризо Бароҳанӣ дар сархати расонаҳои форсизабонон қарор гирифт. Бисёре аз мухлисон ва ҳамфикронаш марги ӯро зоеъаи бузург барои ҳавзаи адабӣ тавсиф намуда, корномаи беш аз 6 даҳаи ӯ дар бахши адабиётро сутуданд. Иброҳим Набавӣ, хабарнигори собиқи радио ва телевизиони Эрон дар суги ӯ навишт: “Бароҳанӣ мутафаккири ягона ва мунҳасир ба фард дар бисёре аз заминаҳо буд. Дар нақди адабӣ ва ба вижа, нақди шеър корҳои ӯ ягона ва хос буд. Дар қаламрави шеър низ аз онҳое буд, ки бисёре аз пешаварони имрӯзи шеъри форсӣ аз шогирдони ӯ ба шумор меоянд”.

Зуҳуруллоҳ Зуҳурӣ, ки борҳо дар суҳбатҳои ӯ нишастааст, навишт: “Ризо Бароҳанӣ яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар арсаи забон ва адабиёти форсӣ, ба вижа дар шеъри нимоӣ ва навини форсӣ дар миёни шоирони ин забон дар кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба сурати хос дар миёни форсизабонон ба шумор меравад. Китоби “Тилло дар мис” –и вай дар ҳақиқат манифести шеъри нави форсӣ буд, ки дар ним қарн пеш дар фазои адабии форсизабонон инқилоби азимеро барпо карда буд. Ҳарчи шоири навпардозе дорем, аз ин китоб таъсир гирифтааст”.

Ризо Муҳаммадӣ, шоири афғонистонӣ бо баёни ин ки Ризо Бароҳанӣ “шакли нигаристан ба ҳастӣ” –ро ба танҳоӣ дар миёни мо тағйир дод, навишт: “Барои чандин насл буте, бутшикан буд. Адабиёт, ба ростӣ, беш аз тавлиди матн тағйири шуури ҷамъӣ ва ҳофизаи башарӣ аст. Коре, ки Бароҳанӣ анҷом дод, аммо худаш солҳои охири умрашро беҳофиза гузаронд ва Эрон хонуми зебое, ки ошиқаш буд, ӯро аз доманаш берун карда буд. Сарзамини форсӣ чунин сарзамини фарзандхуре аст”.

Ризо Бароҳанӣ дар Тоҷикистон низ шинохта шудааст. Ӯро дар Тоҷикистон беш аз ҳама бо китоби “Тилло дар мис”-аш мешиносанд ва аксари пажӯҳишгарон ва шоирони тирози аввали Тоҷикистон аз аз ин китоб иқтибосҳо меоваранд.


Вижагиҳои Поруни Афғонистон. Дар 20 соли охир касе дар ин ҷо кушта нашудааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед