Ru  | Tj
Масъуд мардумро ба мубориза бар зидди “аҳримани таърих (Толибон) ва зулму истибдод” даъват кард
Масъуд мардумро ба мубориза бар зидди “аҳримани таърих (Толибон) ва зулму истибдод” даъват кард
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Масъуд мардумро ба мубориза бар зидди “аҳримани таърих (Толибон) ва зулму истибдод” даъват кард

Нашр шуд

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ба фарқ аз гузашта ин бор дар маросими ёдбуди Хайрмуҳаммад Андаробӣ, яке аз фармондеҳони кушташудаи ин ҷабҳа бо лаҳни ҷиддитар мардумро ба мубориза бар зидди гурӯҳи ҳаросафкани Толибон* бо шаклҳои гуногун, аз ҷумла сиёсиву низомӣ даъват кард.

Ӯ аз мардуми Афғонистон хост, ки “ба ҳар шакле мешавад, чӣ дар хиёбон, чӣ дар кӯҳпояҳо, чӣ ба шакли маҷозӣ, сиёсӣ, низомӣ ва ашколи мухталифи эътироз, мубориза ва муқовимати худро” шиддат бахшанд.

Аҳмад Масъуд зимни суханронӣ дар маросими ёдбуди фармондеҳи кушташудаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Хайрмуҳаммади Андаробӣ таъкид кард, ки шароити Афғонистон дар бист соли гузашта сахт буд, имрӯз низ сахт аст ва ин вазъият қобили дарк мебошад, вале “барои раҳоӣ аз аҳримани таърих (Толибон) ва зулму истибдод” бояд мубориза кард.


Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд бо зикри ин нукта, ки ҷаҳон вазъияти кунунии ҳоким бар Афғонистонро намепазирад ва интизори ҳаракатҳои дохилӣ аст, гуфт: “Ба ҳеч унвон гурӯҳҳо, кишварҳо идомаи шароити феълиро қабул надоранд. Аммо дар айни ҳол алоқаманди ин ҳастанд, ки бибинанд дар дохили Афғонистон ҳаракат, гурӯҳҳо ва мардум чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд”.

Ӯ дар ин нишаст, ки дар он аксари раҳбарони зидди Толиб ҳузур доштанд, шадидан аз амалкарди гурӯҳи ҳаросафкани Толибон интиқод карда, бо лаҳни тундтар гуфт:

“Бовари ман бар ин аст, ки мубориза бо як одами бефарҳангу беадаб ва занситез ҷуз мубориза дар муқобилаш, нобуд кардан ва аз байн бурданаш роҳи дигаре надорад. Касе, ки на ойини Қуръонро мефаҳмад, на ойини динро меҳфамад, на фарҳанги ватану миллатро мефаҳмад ва дар таърихи Афғонистон ҳеч гуруҳе чунин ҷурмеро анҷом надода, ихтитоф накарда, бешармиву беномусӣ анҷом надодааст, муртакиб мешавад, чӣ роҳи дигаре боқӣ мемонад? То кай накуҳиш, то кай фақат эъломия додан?”

Дар ин гуфтугӯ Аҳмад Масъуд бо лаҳни ҷиддӣ ва интиқодҳои сареҳ ягона роҳи нобудии гурӯҳи Толибонро муборизаи низомӣ хонд. Ин бори аввал аст, ки Аҳмад Масъуд бо ин шева ба мубориза алайҳи Толибон раҳбарон ва мардуми Афғонистонро фаро мехонад.


Дар ин нишаст раҳбарони зиддитолиб, аз ҷумла Атомуҳаммади Нур, Амир Исмоилхон, маршал Дустум, Юнус Қонунӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, Нилуфар Иброҳимӣ сухан гуфтанд.

Юнус Қонунӣ, яке аз сиёсатмадорони Афғонистон гуфт, бар хилофи баҳсҳои мавҷуд роҳҳали мушкили Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир нест, балки тағйири асосии вазъият ва оғози як пружаи фарогири миллӣ аст. Ба таъкиди ӯ, Афғонистон ба “биҳишти Толибон ва дузахи мардум” табдил шудааст ва илова бар он ин кишвар “ба маркази судури терроризм ва ҳаросафканӣ дар чорчӯби хилофатталабӣ” бадал шудааст.

Атомуҳаммади Нур бо таъкид бар ин нукта, ки тарафдори муборизаи мусаллаҳона нест ва ҷараёнҳои сиёсиро ба нишасти Давҳа, ки қарор аст аз сӯйи СММ дар рӯзҳои 18-19 феврал дар мавриди Афғонистон баргузор шавад, даъват кард.

Муҳаммад Муҳаққиқ гуфт, ки фазои қиём дар Афғонистон фароҳам шудааст ва мардум аз дохил тамос мегиранд, ки роҳи мубориза ва қиём алайҳи Толибонро боз кунанд.

Тағйир дар лаҳни гуфтори Аҳмад Масъуд ва дигар роҳбарони зиддитолиб дар ҳолест, ки масъулони ҳукуматҳои кишварҳои абарқудрат ҳам сабрашон дар баробари ҷиноёт ва аҳдшиканиҳои ин гурӯҳ дар ҳоли лабрез шудан аст. Дар Маҷлиси намояндагони Амрико ҳафтаи гузашта вакилон дар фазои пурбаҳси корӣ вазъияти Афғонистонро баррасӣ ва пешниҳоди гуфтугӯ бо мухолифони Толибонро матраҳ карданд. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров низ бо лаҳни фарқкунанда ва ҷиддӣ дар хусуси Толибон изҳорот дод ва ташкили ҳукумати фарогир бо шумули ҳам аҳзоб ва ақвомро роҳи бунбасти бавуҷудомада донист.

Бархе коршиносон тағйир дар лаҳни гуфтори раҳбарон ва кишварҳои дахил ва таъсиргузор дар сиёсати Афғонистонро нишонаи тасмимгириҳои ҷиддӣ дар бораи ояндаи ин гурӯҳ медонанд. Ҳорун Самарқандӣ, огоҳи масоили сиёсии Афғонистон мегӯяд, ки як тағйироти ҷиддӣ дар минтақа ва ҷаҳон нисбат ба Толибон дида мешавад. Ӯ мегӯяд, ки “аз нигоҳи байнулмилалӣ ду кишваре, ки абарқудрат ҳастанд ва ҳамзамон тамоюл ва тамоси худ бо гурӯҳҳои муқовимат, шахсиятҳо ва ҷараёнҳои мухолифи Толибонро баён карданд ва гуфтанд, ки дар иртибот ва тамос ҳастем. Аз нигоҳи дохилӣ ҳам Толибон даст ба хушунати бештар заданд. Бавижа даст ба боздошт ва ҳатто рабудани духтарҳову бонувони порсизабон дар хиёбонҳо заданд. Духтарҳои тоҷику ҳазораро аз хиёбонҳои Кобул мебардоранд ва мебаранд. Ин як амали беномусонаеро, ки аз тарафи гурӯҳҳои ҳатто террористӣ ҳам пешинаи таърихӣ надорад, оғоз карданд. Дар маҷмуъ ин ҳолат сабаб шудааст, ки тағйири лаҳнеро дар изҳороти раҳбарони мухолифи Толибон мушоҳида кунем”.


Ин огоҳи масоили сиёсӣ бо фашистӣ ва террористӣ хондани ҳокимияти Толибон зикр мекунад, ки “як ҳақиқат дар ватани мо вуҷуд дорад, ки Толибон як ҳукумати паштунмеҳвару қавмӣ бо опортоиди ҷинсиятӣ шакл доданд ва бисёр возеҳу мушаххас аст, ки СММ дар гузоришҳои худ низ гуфт, ки ин Толибон як гурӯҳи қавмии муташаккил аз паштунҳо” аст.

Ҳоло дар муқобили Толибон чанд ҷабҳа, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Ҷабҳаи озодӣ ва чанд ҷабҳаи дигар муборизаи мусаллаҳона мебаранд. Аммо ин муборизаҳо ҳанӯз таъсири чандон надоштааст. Тағйир дар мавзеъгириҳои зиддитолибон то чӣ андоза сиёсатгузориҳо дар муқобили ин гурӯҳро тағйир медиҳад ва тасмимҳои ҷиддитар гирифта мешавад, вақт нишон хоҳад дод.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед