Ru  | Tj
Мавқеи «беамалӣ» дар СПАД?
Мавқеи «беамалӣ» дар СПАД?
Аксҳо: аз Интернет

Мавқеи «беамалӣ» дар СПАД?

Нашр шуд

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) зимни як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «ОНТ»-и Беларус атрофи зарфиятҳои ин созмон ба таҳдидҳои гибридӣ гуфт, ки паймони мазкур аз аввал барои муқобила ба ҳамлаҳои сирф низомӣ таъсис дода шудааст, вале дар самти дафъи ҳамлаҳои гибридӣ омода нест. Зеро таъсири ҳамлаҳои гибридӣ шаклҳои гуногун, аз ҷумла ҷанбаи низомӣ, фишорҳои иқтисодиву сиёсӣ дар бахши расонаҳои иттилоотӣ дорад. Дар ҳар сурат, ин созмон дар баробари ҳамлаҳои гибридӣ такмил ёфта истодааст. Ҷаноби Зас гуфтааст, ки аҳдофи умдаи ин блоки низомӣ маҳдуд кардани заминаи густариши Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои минтақа аст. Дар айни ҳол, Зас таъкид кардааст, ки СПАД дар ҳоли тағйир ва густариши амният дар тамоми самтҳо монанди таҳдиди терроризм, қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла ҷиноят дар бахши фанноварии иттилоотӣ аст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, дар фаъолияти СПАД як навъ ношаффофӣ ба мушоҳида мерасад, зеро набуди зарфияти пешгӯикунандаву таҳлили вазъ дар ҳолатҳои буҳронӣ аз сӯйи ин созмон ба таври возеҳ эҳсос мешавад. СПАД дар тамоми солҳои мавҷудияти худ натавонистааст аъзои ҷадидеро ба самт худ ҷазб кунад. Дар ҳоли ҳозир танҳо 6 кишвар дар ин созмон ҳузур доранд: Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки байни онҳо ба далели бартарии манофеъи миллӣ бар манофеъи муштарак ба сурати давраӣ ихтилофу нофаҳмӣ эҷод мешавад. Ба фарзи мисол, танҳо ирсоли силоҳ аз Русия ва Беларус ба Озарбойҷон, ки Арманистон ҳамвора бо Боку дар мухолифат аст, бозгӯйи ин воқеият аст. Ереван замоне аз Минск ба хотири фиристонидани системаи мушакпартоби дурпарвози беларусӣ ба Боку дар соли 2018 норозигии зиёде дошт ва ин ҳодисаро «як мушкили бузург» барои равобити дуҷониба хонд. Чаро, ки Арманистон ва Беларус шарикони низомиву сиёсӣ дар чорчӯби СПАД ҳастанд. Бо ин ҳол байни аъзои ин паймон зоҳиран як навъ норозигиву ихтилоф дар самти самаранок набудани ин паймон ба мушоҳида мерасад.


Ба гунае дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СПАД, ки 23 ноябр дар шаҳри Ереван баргузор шуд, боз Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон аз нокомиҳои ин созмон дар давраи раёсати кишвараш гуфт, ки муддати як соли роҳбарии ин кишвар се маротиба аз ҷониби Боку мавриди ҳамла қарор гирифт, вале то имрӯз СПАД вокунише нишон надод, ки ин ба обрӯи созмон латма задааст. Хашми Пашинян аз фаъолияти СПАД ва самаранок набудани ин созмон дар ҳолест, ки чанд маротиб ӯ аз ин созмон кумаки низомӣ хост, вале аз сӯйи СПАД «посухи рад» гирифт. Он ҳам ҷуз пахши изҳорот ва фарохонии ҷонибҳои Ереван ва Боку ба хештандорӣ коре анҷом надод. Ба ҳамин монанд дар масоили баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон низ чунин як баҳсҳо радду бадал шуд ва бо миёнаравии Русия қазия сари мизи музокирот муҳокима шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳама як бори дигар вуҷуди мушкилот байни узви кишварҳои ин созмонро таъйид мекунад, ки ҳафрҳои зиёд дар чорчӯби мавзӯъҳои барномарезишуда гуфта мешавад, вале амалан натиҷаҳо қаноатмандкунанда несту механизмҳо рӯшан кор намекунад.

Бо ин ҳол, дар ҷараёни ин рӯйдод мушаххас шуд, ки ҳанӯз ҳам ҳар як аз аъзои СПАД дидгоҳи худро нисбат ба аҳдоф ва чашмандозҳои ин созмон доранд. Ба гунае, роҳбарияти Русия ҳам бо таваҷҷуҳ ба нодида гирифтани хати сурхи Маскав тавассути Ғарб дар ҳар нишасти СПАД аз густариши НАТО ба марзҳои кишвараш “шиква” мекунад. Дар ҳамоиши ахири СПАД дар Ереван Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки ҳимояти густурдаи НАТО аз Украина эҳтимоли густариши муноқишаро зиёд мекунад. Акнун бо таваҷҷуҳ ба масъалаи густариши блоки ҳарбии НАТО ба назар мерасад, ки СПАД низ дар садади бозбинии бархе масоил ва аъмоли сиёсатҳои ҷадид аст.


Вобаста ба нигарониҳои мавҷуд дар самти карахтиву чандон самаранок набудани СПАД Александр Лукашенко, президенти Беларус дар Ереван дар ҳузури ҳамтоёнаш гуфт, ки дар СПАД «ҳеҷ касе дар ҳеч куҷо суқут нахоҳад кард». Ба гуфтаи ӯ, дар сурати «Худое накарда, агар Русия пош хӯрад», Беларус низ зери «ин харобаҳо» хоҳад монд. А. Лукашенко иброз дошт, ки кишвараш раёсати СПАД-ро «дар давраи буҳрони системавӣ дар равобити байналмилалӣ» ба уҳда мегирад. Ӯ итминон дод, ки дар аҳди раёсати давраии Беларус тамоми талошҳои дипломатиро ба харҷ хоҳад дод, ки ташаннуҷу зарфияти низоъ коҳиш ёбаду сатҳи эътимоди мутақобила тавассути иқдомоти муштараки аъзои СПАД боло бардошта шавад.

Воқеан, нишасти моҳи ноябрии сарони аъзои кишварҳои СПАД дар Ереван нишон дод, ки ба кори ин созмон, ки як паймони ҳарбии карахтро ба хотир меоварад, баъзе дигаргуниҳо, хоса «ҷорӣ шудани хуни нав» лозим аст. Чун Русия, ки бо буҳрони Украина машғул аст, барои таҳкими тадбирҳои сиёсиву дипломатӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ва беҳтар намудани амният дар минтақаи Қафқоз марзҳои ҷанубии ин созмон бо Афғонистон ноком мондааст.

Аз сӯйи дигар, байни таҳлилгарон назарҳое ҳам вуҷуд дорад, ки Русия ва СПАД метавонад ҳимояти воқеӣ аз амнияти минтақаӣ барои кишварҳои узв дошта бошад ва намегузорад, то дар баробари узви кишварҳои СПАД иқдомоти таҳрикомез, ки ба дунбол таҷзияи ин паймонро дошта бошад, сурат гирад.



Тавре Сайфулло Сафаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳоло ин созмони ҳарбӣ дар минтақа ва ҷаҳон нуфузи хоси худро дорад. Қариб ҳамаи кишварҳо вориди ин ё он блокҳои ҳарбиянд. Аслан, давлате, ки тамоман мустақил бошад ва худаш ба худаш дар муқобили ҳама бошад, нест:

«Бинобар ин, СПАД дар ҳаргуна таҳдидҳое, ки ба кишварҳои узв мешавад, бе таваҷҷуҳ нахоҳад буд. Ва Тоҷикистон ҳам метавонад то ҳадди максималӣ ба ин созмон умед дошта бошад, зеро Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СПАД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад», - иброз дошт Сафаров.

Аммо ҷониби Тоҷикистон ҳам яке аз аъзои калидии ин созмони низомӣ дар доираи ҳамоиши СПАД пайваста мегӯяд, ки ҳамоҳангию эътимод дар дохили созмон густариш дода шавад, то ба раванди гуногуни ҳаводис дар қисматҳои ҷанубии кишвархои узв омода буд. Яъне, зарфиятҳои ин созмон дар баробари хатару чолишҳои муосир таҳким бахшида шавад. Зеро тайи чор даҳсолаи охир омилҳои нооромкунандаи вазъ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст ва СПАД танҳо ба раванди гуногуни ҳаводис дар марзҳои ҷанубии созмон аз омодагии ҷиддӣ хабар медиҳад. Ҳоло аз авзои сиёсию низомӣ дар Афғонистон пас аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шимолии он ва таъсираш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд ибрози нигаронӣ мешавад.


Амриддин Шарипов, коршиноси масоили сиёсӣ бар он бовар аст, ки дар вазъи имрӯзи байналмилалӣ мавҷудияти СПАД омили муҳими субот ва амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо мебошад. Зеро механизмҳои бесубот кардани кишварҳои собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ аз ҷониби дигар кишварҳо дар ҳоли озмоиш аст.

«Вазъи номуътадил дар қисмати шимолии Афғонистон зарурати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо ин кишвари ҳамсояро ба миён овардааст. Ҳоло дар доираи ин сомзон гуфта мешавад, ки дар пайи афзоиши гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, хоса кисмати шимолии ин кишвар мебояд баргузории тамриноти низомиро дар доираи барномаҳои СПАД бештар доир намуд», - гуфт Шарипов.

Ба гуфтаи таҳлилгарон нақши боризи Кремл дар доираи СПАД ба мавқеи суннатии Русия дар минтақаи Осиёӣ Марказӣ рабт дорад. Вале карахтиии ин созмон ва ҳамкорӣ бо Маскав аз лиҳози низомӣ камаҳамият шудааст. Ҳарчанд Кремл пайваста талош мекунад, то дар тасмимгириву самтгириҳои сиёсӣ дар қиболи ҳампаймононаш нақши муҳимашро ҳифз кунад.

Қобили тазаккур аст, ки аъзои СПАД ҳаққи пайвастан ба паймони низомии дигареро надоранд ва ҳаммонанди банди 5-и НАТО ҳамлаи низомӣ ба яке аз кишварҳои узви ин паймон ҳамла ба тамоми аъзои СПАД дониста мешавад. Алҳол Станислав Зас, намояндаи Русия дар СПАД аст ва аз оғози соли 2023, дар се соли оянда вазифаи Дабири кулли ин созмонро намояндаи Қазоқистон Имангалӣ Нургалиевич Тасмағамбетов иҷро хоҳад кард. Дар дохили ин блоки низомӣ соли 2009 нерӯҳои вокуниши сареъи дастҷамъӣ ташкил шуд, ки ба ҷуз маъмурияти ҳифзи сулҳ дар ҷараёни ҳаллу фасли буҳрони Қазоқистон дар моҳи январи сол ҷорӣ ҳанӯз дар амал аз он истифода нашудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед