Ru  | Tj
Мухбира Исмоилова дар Рӯзи умумиҷаҳонии забони русӣ: "Пештар усули омӯзиши забони русӣ хуб буд"
Мухбира Исмоилова дар Рӯзи умумиҷаҳонии забони русӣ: "Пештар усули омӯзиши забони русӣ хуб буд"
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Мухбира Исмоилова дар Рӯзи умумиҷаҳонии забони русӣ: "Пештар усули омӯзиши забони русӣ хуб буд"

Нашр шуд

Дар тӯли 70 соли замони Шӯравӣ забони русӣ дар радифи забони модарӣ ба тоҷикон ошнову фаҳмо буд. Аммо имрӯз сатҳи забондонии ҷавонони тоҷик на ба он ҳаддест, ки дар он замон буда.

Санаи 6 – уми июн Рӯзи умумҷаҳонии забони русӣ дониста шудааст. Ин рӯз аз зодрӯзи шоири бузурги рус Александр Сергеевич Пушкин гирифта шуда, аз соли 2010 инҷониб дар аксари кишварҳои ҷаҳон қайд карда мешавад.

Бахшида ба ин муносибат мо хостем, ки бо муаллимаи пуртаҷриба - Мухбира Исмоилова, ки зиёда аз 40 – сол ба таълими забони русӣ машғул аст,   сӯҳбат кунем. Ӯ дар рафти сӯҳбат мавқеи худро дар робита ба роҳу усулҳое, ки омӯзиши забони русӣ дар донишгоҳу макотибҳои ҷумҳурӣ бояд чӣ гуна бошад, шарҳ дод.  


Мухбира Исмоилова Яҳёевна 28 - уми январи соли 1941 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Падари ӯ рӯзноманигор ва омӯзгори маъруф Яҳёхӯҷа Исмоилзод ва модараш котиби ташкилоти ҷамъиятии хӯроки умумии шаҳри Исфара - Муҳиддинова Эминахон будаанд.

Баъди таваллуд падар ба фарзанди сеюми худ Мухбир ном гузошт, ки маънои рӯзноманигорро медод. Устод Садриддин Айнӣ, ки дӯсти падари ӯ буд, маслиҳат медиҳад, ки дар оила як рӯзноманигор - Яҳёхӯҷа басанда аст. Бигзор, шоира шавад ва ба навзод гузоштани номи шоираи классикӣ Зебуниссоро тавсия медиҳад. Ҳамин тавр, бо шарофати устод Садриддин Айнӣ ҳама ба Мухбира Яхёевна Зебуниссо (Зебо) гуфта муроҷиат мекардагӣ шуданд. Лекин дар ҳуҷҷатҳо “Мухбира” боқӣ монд.

Мавсуф соли 1979 дар шаҳри Москва дар мавзӯи "Воспитание интереса и ответственного отношения к знаниям у школьников" (подростковый возраст) рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари илмию омӯзгорӣ соли 1989 унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро соҳиб гашт. Ӯ соли 2002 ба нафақа баромад.

То имрӯз номзади илмҳои педагогӣ, муаллима Мухбира Исмоиловаи 80 сола ба донишҷӯён аз забони русӣ дарс медиҳанд. Он кас асосан солҳои аввал дар макотиби шаҳри Душанбе, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва баъдан аз даврони истиқлол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шудаанд.


Зиёда аз 40 сол аст, ки муаллима Исмоилова дар тахтаи синф ба шогирдон сохти ибораву ҷумлаҳоро мефаҳмонанд. Ин кор муаллимаро хаста намекунад. Дар зинаҳои баланди бинои донишгоҳ бе ёрии донишҷӯён қадам мезананд. То ҳол дилҷавону бардамии худашонро аз кор ва пайваст додани давлати пирӣ бо шогирдону ҳамкорони ҷавон вобаста медонанд.

Муаллима Мухбира Исмоилова вобаста ба роҳҳои дурусти омӯзиши забони русӣ ва ворид кардани тағйиру дигаргунӣ дар низоми таҳсил мавқеашонро баён доштанд.

Сараввал, муаллима гуфтанд, ки дар дарсҳои забони русӣ низ аз тоҷикӣ истифода бурдан ягон бадӣ надорад: “Ман муқобили ин фикр ҳастам, ки муаллим дар дарс бояд фақат ба русӣ гап занад. Вақте шогирдон ба русӣ хуб ошно набошанд, онҳо муаллимро чӣ хел мефаҳманд? Барои ҳамин, ман ҳар мавзӯи навро аввал ба русӣ ва он қисматеро, ки нафаҳмиданд ба тоҷикӣ мефаҳмонам”.    

Вобаста ба муҳтавои китобҳои таълимӣ сукут кардаву гуфтанд: 

“Он китобу дастурҳое, ки дар замони Шӯравӣ чоп мешуд нисбат ба таълифоти асарҳои таълимии имрӯза аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво, системанокӣ ва ҷолибият беҳтар буд.   Ман то ҳол дар дарсҳои инфиродӣ ба шогирдон аз китобҳои солҳои пеш истифода мебарам. Лекин табиист, ки чунин китобҳо низ аз ҷиҳати макону замон ва мазмуну мундариҷа кӯҳна мешаванд. Бинобар ин, дастурҳои нав низ бояд ҳам ба завқи ҷавонҳои имрӯза дархӯр ва ҳам дорои мӯҳтаво ва системаи муаяйн бошад”.   


Муаллима Мухбира Исмоилова тарафдори низоми имрӯзаи таҳсилот нест. Ӯ мехоҳад, ҷавонҳо танҳо дар доираи тест маҳдуд набошанд. Баръакс, бисёртар бо хондану аз ёд кардани матн, кор бо луғат ва хондани китобҳои бадеӣ сатҳи забондонии худро баланд кунанд. Ба фикри муаллима, низоми кредитӣ махсусан барои забономӯзӣ мувофиқ набуда, донишҷӯро танбал мекунад:

 “Ин системаи кредитӣ рӯз то рӯз донишҷӯёнро бесавод карда истодааст”, мегӯянд муаллимаи азиз.

Муаллима ба он назаранд, ки дар солҳои гузашта соатҳои дарси забони русӣ зиёд буд. Донишҷӯён дар донишгоҳҳо фани забони русиро ду сол мехонданд. Аммо дар солҳои охир донишҷӯёни ғайриихтисос як сол мехонанд.

- Онҳо дар ин муддати кӯтоҳ мавзӯҳоро чуқур пайгирӣ намекунанд. Дар вақти кам ҳама чизҳоро фаҳмондан ғайриимкон аст. Дар навбати худ ин забон хеле мушкилфаҳм аст. Бинобар ин, бояд соатҳои дарсӣ зиёд шаванд.

- Бояд вобаста ба ихтисоси донишҷӯ дастурҳо омода карда шавад. Агар дар китобҳои таълимӣ истилоҳе истифода шавад, ки ба ихтисоси донишҷӯ рабт дошта бошад ба манфиати кор аст, - иброз доштанд, Мухбира Исмоилова.

Орзуи муаллимаи 80 сола ин аст, ки ҳамаи шогирдон ва фарзандону наберагонашон забондон бошанд.



"Ин як панатсея барои тиҷорат нест". Сайрам Нодиршоева дар бораи SMM дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед