Ru  | Tj
Мушкилоти хизматрасонии тоҷик: Муқассир кист ва чӣ бояд кард?
Мушкилоти хизматрасонии тоҷик: Муқассир кист ва чӣ бояд кард?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Мушкилоти хизматрасонии тоҷик: Муқассир кист ва чӣ бояд кард?

Нашр шуд

Парвиз Рӯзиев – роҳбари лоиҳаи «Гастроном» ва муассиси курси омӯзишии «Чорчӯбаи меҳмоннавозӣ» барои пешхизматон ва менеҷерон дар сӯҳбат бо Halva.tj аз роҳҳои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ошхонаҳои шаҳри Душанбе ва сабабҳои истифода нашудани имкониятҳои мавҷудаи соҳа қисса кард.

Аз 15-ум то 18-уми феврал дар шаҳри Душанбе барои пешхизматҳо ва менеҷерҳо тренинг баргузор гардид, ки дар доираи он ба пешхизматҳо то чӣ андоза муҳим  будани касбашон ва имкониятҳои мавҷудаи соҳаро дар Тоҷикистон омӯзониданд: «Мо дар раванди курси мазкур ба онҳо нишон додем, ки чӣ тавр бо муҳаббати зиёд ва садоқат ба кори худ метавон меҳмононро пешвоз гирифт, то онҳо аз хизматрасонӣ қаноатманд бошанд. Яъне ҳадафи асосии мо рушди соҳа буд ва ҳамчунин мо ба иштирокдорон дар бораи роҳҳои гуногуни ба даст овардани мабағ дар ин соҳаро низ фаҳмонидем.”

ИДЕЯИ ТАШКИЛИ КУРСҲОИ МАЗКУР

Оё дар ҳақиқат ба ин гуна омӯзиш ниёз вуҷуд дорад? 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар вақт доир ба сатҳи пасти хизматрасонӣ дар тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе навиштаҳои зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки мизоҷон онро аз мушоҳидаҳои худ навишта, ба шакле аз хизматрасонии пешхизматҳо норозигии худро баён мекунанд. Парвиз ин андешаро тасдиқ намуда, чунин мегӯяд: 

“Воқеан дар хизматрасонии ошхонаву тарабхонаҳои мо мушкилиҳои зиёд вуҷуд доранд. Тарзи дурусти қабули меҳмон, хидмат ва ҳатто гусели меҳмонро на ҳар пешхизмат медонад. Идеяи тренинг баъди ба пешхизматони  «Сегафредо” чорабиние баргузор кардан, ба вуҷуд омад. Пас аз баргузории ин чорабинӣ мо дарк кардем, ки омӯзиш дар соҳаи меҳмондорӣ талаботҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ин дафъа пешхизматҳоро аз ошхонаву тарабхонаҳои гуногун ҷамъ кунем ва бо онҳо як курси омӯзишӣ баргузор намоем. Дар ин курс тақрибан 20 нафар хоҳишмандон иштирок карданд.  

Дар раванди дарс мо бештар масъалаҳои қобилияти қабул ва пазируфтани меҳмонони зиёдро дар як вақт, хидматрасонии беҳтар, афзоиши даромад ва манфиати бештар гирифтани пешхизмат аз ин даромадро баррасӣ намудем».

Ба сифати таълимдиҳандагони курси мазкур  3 нафар: худи Парвиз Рӯзиев, ки таҷрибаи зиёд дар ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ дорад, Фарид Ширинҷонов, мудири ширкати «Сегафредо», ки таҷрибаи ғании кор дар бозори маҳаллӣ бо пешхизматҳои маҳаллӣ дорад ва Сергей Бабалич, намояндаи Ассотсиатсияи барменҳои ҷаҳонии IBA, ки ӯ низ таҷрибаи бузурги таълимдиҳӣ дар ин самтро дорад, баромад карданд. Инчунин, дар курси мазкур аз маркази забономӯзии «Ёдгир» омӯзгори забони англисӣ низ ҷалб шуда буд, ки ӯ дар бораи истилоҳоти асосӣ бо забони англисӣ барои пешхизматҳо сухан гуфт.

УСУЛҲОИ ЗИЁД КАРДАНИ ДАРОМАД

«Мо ҷанбаҳои зиёдеро баррасӣ кардем, ки ҳамаи онҳо ба афзоиши даромад таъсири зиёд мерасонанд. Ҷобаҷогузории зарфҳо ва ороиши мизу шириниҳо низ метавонад як роҳи ҷалби бештари мизоҷон ва манбаи даромад бошад. Чунин як усули ҷолиб вуҷуд дорад - усули Штирлис. Пешхизмат ба меҳмон дар бораи як таом мегӯяд — нахуст каме маълумот медиҳад, масалан, шарбати афлесун, баъд дар бораи нӯшокиҳои дигар маълумоте пешниҳод мекунад ва дар охир боз дар бораи  шарбати афлесун мегӯяд. Сипас, бо эҳтимолияти бештар, меҳмон қарор мекунад, ки шарбати тару тозаи афлесунро интихоб кунад. 

Курси мо 7 зинаи хидматрасониро ба пешхизматҳо омӯзонид: вохӯрӣ бо меҳмонон, пешниҳоди меню, қабули фармоиш, иҷрои фармоиш, фурӯши хидматҳои иловагӣ (ширинӣ ё хӯришҳо), пардохти меҳмон, гусели меҳмон. Яъне доираи пурраи хизматрасониҳо.

Дар тренинг пешхизматҳо ва роҳбарони тарабхонаҳои пойтахт, аз қабили “Merve”, “Allatore”, “Persia”, “Zafar Underheaven”, “Parking”, “Bon Appetitit” ва кормандони “Hyatt Regency” ширкат варзиданд».

МУШКИЛОТ 

Парвиз мушкилоти асосии гузаронидани чунин тренингҳоро ба таври зайл шарҳ дод:

«Кор кардан бо пешхизматҳо душвор аст, хусусан вақте ки тренинг дар ин шакл бори аввал баргузор шавад. Душвории дуюм ин аст, аксарияти  пешхизматҳое, ки дар тренинг иштирок карданд то соати 11-и шаб ва бисёрии онҳо то саҳар дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо кор мекунанд. Умуман, чунин чорабиниҳо дар Тоҷикистон хеле кам баргузор мешаванд ва аз ин рӯ, дар бораи онҳо чандон дарки дуруст вуҷуд надорад».

Парвиз иқрор мешавад, ки теъдоди ширкаткунандагон чандон зиёд набуд: “Рости гап, мо барои таблиғи мақсаднок маблағи хеле калон сарф кардем, фарогирии зиёд буд, вале барои иштирок дар ин курс дархостҳои хеле кам гирифтем, ки он ҳамагӣ 30 нафарро ташкил медод. Аз ин рӯ, беш аз 60%-и иштирокчиён аз ошхона ва тарабхонаҳои шарикони мо буданд, ки мо онҳоро худамон даъват кардем. Ин дар ҳолест, ки омӯзиш бо дастгирии меҳмонхонаи “Hyatt regency Dushanbe” ба таври ройгон сурат гирифтааст. Менеҷерони меҳмонхона вақте ки дар бораи дурнамои ин соҳа фаҳмиданд, зуд розӣ шуданд, ки лоиҳаро тавассути пешниҳоди сомонаи худ дастгирӣ кунанд.

ЧӢ ГУНА БОЯД БУД?

«Амалан ҳар пешхизмат дар Тоҷикистон фикр дорад, ки кори ӯ муваққатӣ аст. Яъне кори лаҳзаина бо даромади кам. Дар ин соҳа ҷойивазкунӣ хеле зиёд аст ва ба шахсе, ки медонад,  ба наздикӣ аз кор меравад, хеле душвор аст. Аз ин рӯ, мушкили дигар пайдо мешавад: роҳбарон барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар ошхонаву тарабхона ва меҳмонхонаҳо барои маблағгузорӣ ва пардохти пул тайёр нестанд, зеро ба хубӣ медонанд, ки гарчанде барои пешхизматҳо маблағ сарф карда онҳоро омӯзонанд ҳам онҳо ба зудӣ корро тарк мекунанд. 

Мутаассифона, соҳибкорон, роҳбарони тарабхонаву ошхона ва меҳмонхонаҳо, соҳибони ширкатҳои  ғизорасон дар тарабхонаҳо, дарк намекунанд, ки мо ҳама дар як киштӣ саворем ва барои фурӯхтани маҳсулоти онҳо бояд ҳама иштирок кунанд:

- Истеҳсолкунандагони маҳсулот бояд дарк кунанд, ки маҳсулоти онҳоро дар тарабхонаҳо пешхизматҳо мефурӯшанд;

- роҳбарон бояд донанд, ки савдо ва фурӯш аз пешхизмат вобаста аст;

- то чӣ андоза зиёд фурӯхтани маҳсулот аз дараҷаи кордонии пешхизмат вобастагӣ дорад. 

Аз ин рӯ, агар сатҳи хизматрасонӣ ба дараҷаи олӣ буда,  ба ин соҳа маблағгузорӣ шавад, пас меҳмонону муштариён ба чунин тарабхонаҳо бештар мераванд". 

Аз ин рӯ, Парвиз муътақид аст, ки барои беҳбуди сифати хидматрасонӣ дар Тоҷикистон бояд дар ин соҳа таҳсил кард. “Барои ин бояд барномаҳоеро эҷод кунем, ки дар он ҳар кас омӯхта тавонад. Мо бояд маблағро барои омӯзиш ва захираҳои инсонӣ сарф кунем, семинарҳо гузаронем, мутахассисони хориҷиро ҷалб кунем ва бозори дохилиро рушд диҳем”. 

ОЁ НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ҲАСТ

«Тренинг аллакай дар рӯзи дуюм, баъд аз гузаронидани дарсҳо натиҷа дод, қариб ҳар як пешхизмат ва менеҷер, ки рӯзи дигар омада буданд, гуфтанд, ки ин курс ба кори онҳо таъсир мусбат расонидааст. Савдо зиёд гардида, ба мизоҷон таваҷҷӯҳ ва муносибати пешхиматҳо беҳтар гардидааст. Албатта чунин ҳолат маро рӯҳбаланд кард. Метавон гуфт, ки сатҳи дониш ва хизматрасонии ҳар як иштирокчӣ дар давраи омӯзиш ва баъд аз он боло рафтааст.\

Дар натиҷа ин чорабиниро метавон чорабинии муваффақона номид ва бинобар ин, ба идомаи ояндаи он дили гарм дорем. Барои ташкили чунин чорабиниҳо сармоягузорӣ лозим аст, зеро онҳоро мустақилона барпо кардан кори хеле душвор. Инчунин бояд донист, ки мо мехоҳем на муассисаҳои алоҳида, на шахсони алоҳида, балки бозори умумиро инкишоф диҳем, аз ин пеш аз ҳама, соҳибони тарабхонаҳо баҳра хоҳанд бурд.

Пас аз баргузории чунин тренинг эҳсос кардам, ки он талабот дорад, аммо касе барои пардохти он омода нест. Бо вуҷуди ин, курси мазкур қадами аввалин барои фаҳмидани манфиати ин соҳа буд, ки самти меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ то чӣ андоза метавонад рушд кунад.


Имкониятҳои нави Русия барои табдил шудан ба абарқудрати ҷаҳонӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед