Ru  | Tj
“Набарди блогерон”. Дар Тоҷикистон таъсиргузорони ҷадид чӣ гуна рушд мекунанд?
“Набарди блогерон”. Дар Тоҷикистон таъсиргузорони ҷадид чӣ гуна рушд мекунанд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Набарди блогерон”. Дар Тоҷикистон таъсиргузорони ҷадид чӣ гуна рушд мекунанд?

Нашр шуд

Охирҳои соли 2021 беш аз 15 ҳазор корбарони бахши тоҷикии “YouTube” ба саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста назар мекарданд, зеро бахши аввали намоиши "Набарди блогнависон" тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ пахш мешуд. Ин барнома барои бинандагони Тоҷикистон ғайриоддӣ ба назар мерасид. Мо бо продюссери намоишнома, ровии он ва чанд нафар иштирокдорони барномаи мазкур доир ба таъсири он ба зиндагии онҳо ва чӣ будани дурнамои блогнависӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кардем. 

Илҳом Фозилов, блоггери шинохтаи тоҷик дар шабакаи иҷтимоии “TikTok”. Илҳом Фозилов пешаи худро дӯст медорад ва мехоҳад онҳоеро, ки нав дар ҷодаи блогнависӣ қадам гузоштаанд, дастгирӣ кунад. Бо ин мақсад ӯ шуо-барномаеро роҳандозӣ намудааст, ки дар он ҷавонони соҳибистеъдод ва нафароне, ки муаррифӣ намудани худро дӯст медоранд, метавонанд иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро ба дигарон нишон диҳанд ва ҳамчунин, 10 ҳазор сомонӣ бурд намоянд.


Бояд гуфт, ки эълон намудани ин озмун ва дар шакли шоу-барнома бо усули муосир пешниҳод кардани он тавонист диққати садҳо блогнависони довталабро дар Тоҷикистон ба худ ҷалб кунад. Аз миёни ҳама дархостҳои наворие, ки ба унвонии ин озмун фиристонида шуданд, танҳо 10 нафар ҷавоне, ки ба худ эътимоди бештар доштанду аз дастгоҳи наворбардорӣ моҳирона истифода мебурданд, интихоб шуданд. Дар ҳар як даври барнома ба иштирокдорон супоришҳои нав пешниҳод мешуд (навъҳои гуногуни рақс, аксбардорӣ ва ғайра) ва дар бораи он ки кадом довталаб бояд озмунро тарк кунад, танҳо аъзои ҳакамон қарор мебаровард. Бояд гуфт, дар ҳар як даври озмун аъзоёни ҳакамон иваз шуда, зиёдтар кормандони расонаҳо ба ҳайси аъзои ҳакамон интихоб мегардиданд.

Ҳамчунин, назари бинандагон ва фикру мулоҳизаҳои шарҳнависон низ якранг набуд. Баъзеҳо аз он ки дар кишвари мо низ чунин шоу-барнома бо усули замонавӣ роҳандозӣ шудааст, хурсанд буданд, гурӯҳе дар бораи ҷиҳатҳои техникии барнома фикру мулоҳизаҳои худро баён мекарданд ва гурӯҳи дигар бошанд норозӣ будани худро дар бораи баҳогузории аъзои ҳакамон иброз медоштанд.

Илҳом Фозилов мегӯяд: «Ман ҳамеша ба интиқоди созанда омодаам ва ҳоло кӯшиш мекунам, ки ба рафтори бадбинон аҳаммият надиҳам, зеро беш аз як сол мешавад, ки блогерӣ мекунам. Ман фикр мекунам, одамони бадхоҳ шахсони бекоре ҳастанд, ки вақти холии зиёд доранд.

Мо бори аввал чунин барномаро амалӣ мекунем ва аз кори худ қаноатмандем. Чунин лоиҳа бори нахуст аст, ки дар Осиёи Миёна барпо карда мешавад. 

Кемран

Шарҳҳои манфии зиёд низ доир ба ин барнома, хусусан пас аз пахши қисми сеюми барнома, яъне вақте ки Кемран лоиҳаи мазкурро тарк кард, пайдо шуд. Бояд гуфт, Кемран донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки миёни бинандагони барномаи мазкур ҳаводорони зиёд дошт.

Лозим ба ёдоварист, Кемран тобистони соли 2020 тасмим гирифта буд, ки дар “Instagram” ба корҳои эҷодӣ машғул шавад. Ӯ илова бар пеш бурадани блоги худ, инчунин таҷрибаи кор дар "паси парда" –ро низ дорад. Ӯро баъзан наворбардор ва танзимгари моҳир низ меҳисобанд. Блогнависӣ барои ин ҷавон на танҳо як роҳи худшиносии эҷодӣ, балки як рисолати муҳимме дониста шудааст:

"Чорчӯба ва қолабҳои шахшудаи маъмули ҷомеа тамоми умр маро зери фишор қарор медод. Ман бо эҷоди худ мехоҳам ба мардум нишон диҳам, ки дар ҷомеа чӣ гуна шахс метавонад мувофиқи завқу хоҳиши худ зиндагӣ кунад ва дар ин самт рушд намояд. Чунин намоишҳо ба монанди "Набарди блогерон" барои дар ин ҷода қадам гузоштан кӯмак мекунад. Яъне ин гуна барномаҳо барои мо як василаи рушди истеъдод, аз ҳаёт лаззат бурдан ва ҳатто як роҳи ба даст овардани даромад ва эътибор аст".


Кемран ба ин лоиҳа барои нишон додани ҳунару маҳорат ва собит кардани истеъдоди худ омада буд. Ба ғайр аз ин, ки ӯ то ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт, аммо бо иштироки фаъолонаи худ дар се даври ин шоу-барнома тавонист соҳиби ихлосмандони зиёд гардад.

«Ман фикр мекардам, ки метавонам ба сегонаи беҳтарин дохил шавам, зеро дар даврҳои якум ва дуюм баромади хуб кардам. Аммо вақте ки мо дар даври сеюми барнома ба тамрини рақс шурӯъ кардем, эҳсос намудам, ки аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ баромада наметавонам, ҳатто худам тахмин мекардам, ки шояд пас аз ин давр, аз иштирок дар идомаи барнома маҳрум шавам. Бинобар ин, вақте ки аъзои ҳакамон эълон кард, ки дигар ҳуқуқи иштирок дар барномаро надорам, ин гуфта маро тағйир надод, зеро ман аз ӯҳдаи иҷрои баъзе аз талаботҳо баромада натавонистам ва ин қарори онҳо воқеан одилона буд».

Кемран дар оянда нақша дорад, ки донишгоҳро хатм намуда, ҷарроҳи пластикӣ шавад. Ҳамчунин, шуғли дӯстдоштааш- блогнависиро низ тарк карданӣ нест: 

«Ҳоло ҳама ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардаан. Ҳар кас тариқи ин шабакаҳо маводи худро таблиғ када ва дар ҷодаи дилхоҳаш рушд мекунад. Аз ин рӯ, ман низ мехоҳам дар оянда пайваста ба блогерӣ машғул шавам ва «эҷоди» худро дар соҳаи тиб ба бинандагон расонам».

Ҳабиб

Ҷавони қоматбаланди чашмкабуд таваҷҷӯҳи бинандагон ва ҳакамонро зуд ба худ ҷалб карда, яке аз иштирокчиёни фаъол дар ин барнома гардид, ки аз дигар иштирокчиён хеле фарқ мекард.

Ба ғайр аз ин, қабл аз лоиҳа Ҳабиб ба блогнависӣ тамоман шавқ надошт ва барои иштирок дар ин намоиш ҳам тасмим нагирифта буд: 

«Дӯстам Абдулло маро ба ин ҷо даъват кард ва интизор набудам, ки таҷриба гирам, танҳо барои тамошо ба он ҷо омадам».

Ба гуфтаи Ҳабиб ӯ дар ин барнома дӯстони зиёд пайдо кард, вале чизеро махсусан наомӯхт: «Дар ин барнома ба мо чизеро наомӯзонданд, вале супориш медоданд. Ман мехостам ин лоиҳа боз ҳам гуногунранг ва ҷолибтар бошад. Аммо бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин лоиҳа дар ман ҳисси эҷодкориро бедор намуда, завқу хоҳиши сабт кардани наворҳои ҳаҷвӣ ва гузоштани онҳо дар шабакаҳои иҷтиморо ба вуҷуд овард».


Вақте ки бисёре аз иштирокчиёни дигар ба иҷрои супоришҳо бо тамоми масъулият омодагӣ мегирифтанд, Ҳабиб аксар вақт хунукназрона рафтор мекард, аммо дарҳол аз ӯҳдаи иҷрои он мебаромад.

"Ман намехоҳам, ки баъзе мушкилот ва супоришҳо маро ба ташвиш биорад. Ман бо сабурӣ рафтор мекунам ва ҳама чиз дар ҳаётам худ аз худ ҳал мешавад - ин шиори ман аст. Ман ҳатто ба нафрат ҳам бо муҳаббат ва оромӣ муносибат мекунам. Ман як одами мусбатфикр ҳастам ва шарҳҳои манфии дигарон маро ҳеҷ гоҳ нороҳат карда наметавонад, баръакс бо хондани онҳо табассум мекунам. Зимнан, хондани шарҳҳои зидро аз онҳое, ки маро таъриф мекунанд, бештар дӯст медорам.”

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳабиб навозанда низ ҳаст ва ҳоло наят дорад, ки тамоми талошҳои худро барои ба даст овардани эътибор ва расонаӣ шудан равона созад, зеро танҳо дар ин сурат ӯ метавонад эҷоди худро тақвият диҳад.

«Ман фикр мекунам, ки калиди муваффақият дар ҷалобияти блог ва зиёд меҳнат кардан аст. Ин чиз дар Тоҷикистон ҳанӯз ба сатҳи олӣ нарасидааст. Дар Тоҷикистон блогнависони маъруф каманд. Аммо барои эътибор пайдо кардан, шумо бояд сахт меҳнат кунед. Ягона чизе, ки маро нороҳат мекунад, ин менталитети мост, яъне ҳоло мо ба пазируфтани чизи нав омода нестем. Таҳаммули аудитория баъзан хеле душвор аст». 

Насиба

Ин ҷавондухтар, ки на танҳо иштирок дар ин барнома, балки ғолиб омаданро дар назди худ мақсад гузошта буд, бо сайъу талош ба ҳадафаш расид.

"Нахуст, гуфтан мехоҳам, ки ман зиёд кор кардам. Фикр мекунам танҳо ман дар хона барои санҷишҳои навбатӣ омодагии ҷиддӣ медидам".

Дар аввал Насиба фикр намекард, ки ӯ дар ин озмун то ба даври ниҳоӣ меравад. Ӯ дар давраи карантин дар хона дилгир шуда, рӯ ба бологнависӣ овардааст. Маҳз дар ҳамин давра Насиба наворҳои кӯтоҳро барои “TikTok” омода мекард. Баъдан рафиқаш Акмал, Насибаро барои ширкат дар "Набарди блогерон» даъват кард ва ӯ тасмим гирифт, ки аз ин фурсат истифода барад.

“Ин лоиҳа бароям чизҳои зиёд дод, масалан дӯстони нав пайдо кардам ва муҳимтар аз ҳама «Набарди блогерон» бароям роҳҳои рушд намуданро омӯзонд. Ман акнун оҳиста-оҳиста, вале бо боварӣ дар ин ҷода қам мегузорам. Ин роҳ маро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Барои фароҳам овардани чунин шароит ман аз ташкилкунандагони ин барнома, махсусан аз Илҳом Фозилов минаттдорам".

Бо вуҷуди ин ки Насиба барои бинандагон як духтари қавиирода ва соҳибистеъдод ба назар мерасид, аммо ҳангоми баромад ӯро низ ҳаяҷон фаро мегирифт: «Агар наворро тариқи телефонам сабт кунам, бе ягон ҳарос назди наворбардор баромад мекунам, аммо агар онро тариқи наворбардор сабт намоям, дар дилам як кам ҳаросе пайдо мешавад. Дар оғози сабти навор каме ба ҳаяҷон меоям ва маро тарс фаро мегирад, аммо пас аз муддате ин ҳама аз ман дур мешавад ва озодона наворро сабт мекунам. Ҳамзамон, дар ҷараёни лоиҳа, бештар дар давоми санҷишҳои видеоӣ худро роҳат ҳис кардам.»

Бинандагон низ бо шарҳҳо Насибаро хеле хуб дастгирӣ карданд. Аз мутолиаи шарҳҳо шахс ба хулосе меояд, ки тамошобинон бо аъзои ҳакамон ҳамақидаанд. «Албатта тааҷҷубовар аст, шарҳе вуҷуд надорад, ки бар зиддам гуфта шуда бошад. Тӯли чанд соле, ки дар “Instagram” эҷодиётамро нашр мекунам, танҳо ду маротиба бо шарҳҳои манфӣ рӯ ба рӯ шудам.

Чунин оғози дурахшони роҳи блогнависӣ Насибаро водор мекунад, ки сатҳу сифати кори худро боз ҳам беҳтар ва муфидтар созад. "Ман фикр мекунам, ки формулаи блогери муваффақ ин дар пайваста кор кардан аст."

Бояд гуфт, ки таассуроте, ки барномаи «Набарди блогнависон» ба тамошобинон овардааст, ба интизориҳои ташкилкунандагони он мувофиқ будааст. «Дар ҳар гӯша баҳси намоиши моро шунидан мумкин аст», - мегӯяд Илҳом Фозилов. "Онҳо дар бораи мо ҳарф мезананд ва ин маънои онро дорад, ки кӯшишҳои мо барабас нарафтаанд."

Муваффақияти лоиҳаи мазкур Илҳом Фозиловро рӯҳбаланд намуда, ӯро водор сохт то дар оянда низ барпо кардани онро ба нақша гирад: 

«Ҳатман бахши дуюми ин намоишро баргузор мекунем, аммо шитоб кардан намехоҳам. Ҳоло болои ин лоиҳа ба таври ҷиддӣ кор карда истодаам, интизор шавед!».


Амалиётҳои пеш аз баҳор дар Панҷшер. Охирин таҳаввулот чист?





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед