Ru  | Tj
Нархи Ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон чанд аст?
Нархи Ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон чанд аст?
Акс: booking.com

Нархи Ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон чанд аст?

Нашр шуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз оғози парвозҳои мустақим ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ иттилоъ дод. Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, парвози нахустин рӯзи 9-уми март аз шаҳри Душанбе анҷом дода шуд. Инчунин аз шаҳри Хуҷанд низ парвозҳо анҷом дода мешаванд. 

Оё баъди ба роҳ мондани парвозҳои мустақим нархи Ҳаҷи фарзӣ барои зоирони тоҷик арзон мешавад? Ин суолест, ки баъд аз чанд моҳ метавон ба он посух пайдо намуд. Чун то ҳол нархи Ҳаҷ барои соли 2023 муайян нашудааст. Вале квота барои аксар кишварҳо назар ба соли қаблӣ ду маротиба зиёд гардидааст. 
Ин нишондодро дар графикаи мо бибинед:
Нархи Ҳаҷи фарзӣ дар Тоҷикистон сол аз сол зиёд шуда истодааст. Мо нархи Ҳаҷи фарзии кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷистонро барои шаш соли охир муқоиса намудем. Дар пайи муқоисаҳо маълум гардид, ки нархи Ҳаҷи фарзӣ дар Қирғизистон назар ба Тоҷикистон арзонтар аст. Вале дар Ӯзбекистон нарх аз Тоҷикистон гаронтар мебошад

Муқоисаи нархи Ҳаҷро дар графики мо бибинед:
Афшини Муқим, сӯхангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон сабаби гарон будани нархҳоро ба сатҳу сифати хидматрасониҳо рабт дод. 
«Дар чанд соли охир зоирони Тоҷикистон дар мавсими Ҳаҷ дар меҳмонхонаҳое иқомат мекунанд, ки то Масҷидулҳарам ҳамагӣ 1 км масофа доранд. Аз чунин меҳмонхонаҳо тақрибан ҳеч яке аз шаҳрвандони ҳамсоякишварҳои мо истифода намекунанд.  Агар нархи Ҳаҷи Тоҷикистон ба фарқ аз Қирғизистон гаронтар аст, пас бешак аз ҳисоби сифати хидматрасониҳост», - мегӯяд сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон. 
Инчунин, ба гуфтаи ӯ, нархи хидматрасониҳои Ҳаҷ бо доллари амрикоӣ ҳисоб карда мешавад. Ин омил низ метавонад сабаби гарон шудани нархҳо гардад.

Бояд гуфт, нархи ҳаҷ бо доллар муқоиса карда шудааст. 

Квотаҳои ҷудогардида то куҷо метавонанд талаботи ҳоҷиёни тоҷикро конеъ карда бошанд? Оё ин миқдор квота басанда аст ё не?

Ба гуфтаи Афшин Муқим, квота барои ҳар шаҳру ноҳия аз рӯйи шумораи аҳолӣ тақсим карда мешавад.

- Ҳастанд шаҳру ноҳияе, ки ҳамон ҳиссаи барояшон ҷудошударо масраф намекунанд. Боз ҳастанд шаҳру навоҳие, ки ин ҳиссаи ҷудошуда барояшон камӣ мекунад. Талабот ба квота яксон набуда, он метавонад ҳамасола тағйир ёбад, - афзуд ӯ. 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед