Ru  | Tj
Неъмат Йелдирим, тарҷумони девони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба туркӣ: “Рӯдакӣ муҳандиси шеъри форсист”
Неъмат Йелдирим, тарҷумони девони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба туркӣ: “Рӯдакӣ муҳандиси шеъри форсист”
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Неъмат Йелдирим, тарҷумони девони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба туркӣ: “Рӯдакӣ муҳандиси шеъри форсист”

Нашр шуд

Неъмат Йелдирим, устоди Донишгоҳи Отатурк Арзеруми Туркия соле қабл девони Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро барои аввалин бор ба забони туркии истонбулӣ тарҷума ва чоп кард. То ин замон девони Рӯдакӣ ба забони туркии истонбулӣ тарҷума нашуда буд ва ин аввалин маротиба аст, ки девони Рӯдакӣ бо ҳифзи сабк ва қофияву радиф ба забони туркии истонбулӣ тарҷума мешавад.

Неъмат Йелдирим, ки беш аз 32 сол боз дар роҳи пажӯҳиш, тарҷума ва муаррифии осори классикони форсӣ хидмат мекунад, дар робита ба чопи девони Рӯдаки дар Туркия мегӯяд, ки хонандагони бисёре аз ин тарҷума пазироӣ карданд: “Ин тарҷума бо истиқболи бисёре рӯ ба рӯ шуд, умедворам, ки аз уҳдаи кор баромада бошам. Дар ин китоб кӯшиш кардам қофияро ҳифз кунам ва бо таҷаҷҷуҳ ба ин ки сабкҳои шеъри форсӣ дар туркӣ низ истифода мешавад, тавонистам вазни шеърро ба кор барам”.

Ин донишманди турк то ҳол осори Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Аттор, Саноӣ, Низомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигар классикони форсиро тарҷумаву нашр кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки боиси хушбахтист, ки девони Рӯдакиро ба туркии истонбулӣ тарҷума кард.

Ба назари Неъмат Йелдирим, Абӯабдуллоҳ Рӯдаки  “муҳандиси шеъри форсӣ маҳсуб мешавад ва афзун бар шеър ба мусиқӣ низ тасаллут дошта, шахсияти пешрави адабӣ маҳсуб мешавад”. Ба гунае, - мегӯяд ин тарҷумони турк, - ки дар замони ҳукумати Сомониён танҳо шоири матраҳ ва ашъораш вирди забони ҳама буд.

Ин донишманд ва пажӯҳишгари турк, ки дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ таълифоти зиёде низ дорад, мегӯяд,  “Рӯдакӣ аввалин шоире буд, ки ба форсии дарӣ ашъори пухтае суруду шеъри форсиро ба булуғ расонид”.

Тарҷумаи девони туркии истонбулии Рӯдакӣ аз ҷониби муҳаққиқон баҳои сазовор гирифтааст, зеро тарҷумон дар ҳини тарҷума талош кардааст, ки сабки шоирро  нигаҳ дорад.  Профессор Неъмат Йелдирим ҳамчунин гуфтааст, ки “Рӯдакӣ дорои 130 байт дар 100 дафтар буд, вале аз онҳо танҳо 1048 байт боқӣ мондааст. Рӯдакӣ аз ташбеҳот ва истиораҳо бисёр истифода мекард ва ба тамоми фунуни адабӣ воқиф буд, ки ин омил боис шуд, таъсири каломаш зиёд шавад".

Ба бовари ин донишманд, забони форсӣ аз бузугтарин забонҳои шеърии ҷаҳон аст ва “он замон ки Мавлавӣ девони Шамсро менавишт, Саъдӣ низ ғазалиётро дар Шероз месуруд ва Сайфи Фарғонӣ низ дар Фарорӯд ашъори зебое халқ карду забони форсӣ чун қиёме ҳамаҷоро фаро гирифт”.

Ӯ перомуни таъсири забони форсӣ ба адабиёти забони туркӣ низ ишора мекунад ва мегӯяд, ки таъсири форсӣ дар забони туркӣ бисёр зиёд аст. То он ҷое, ки баъзе аз султонҳои даврони усмонӣ ашъоре ба забони форсӣ месуруданд ва дар хилофати усмонӣ дар қатори забони арабӣ ва туркӣ забони форсӣ низ корбурд дошт.


ТАРҶУМОНИ ДЕВОНИ РӮДАКӢ КИСТ?

Устоди Донишгоҳи Отатурки Эразруми Туркия Неъмат Йелдирим дар соли 1963 дар Эразруми Туркия ба дунё омад. Баъди итмоми таҳсилоти дараҷаи лисонс дар соли 1963 дар соли 1992 фавқулисонси забон ва адабиёти форсиро ба поён расонид. Соли 2006 устод (профессор)-и забону адабиёти форсӣ шуд. Феълан дар Донишгоҳи Эразруми Туркия узви ҳайати илмӣ ва дар айни ҳол мудири гурӯҳи забону адабиёти форсӣ аст. Вай ҳамчунин сардабир ва мудири масъули нашрияи “Насими шарқ” аст. Ӯ афзун бар навиштани беш аз 45 мақола дар риштаи адабиёти форсӣ китобҳоеро низ дар ин замина мушташир кардааст: “Дастури забони форсӣ”, “Ҷумлабандии форсӣ”, “Афъоли форсӣ, вуҷуҳ ва замонҳо”, “Манобеъи адабиёти форсӣ”,  “Адабиёти Эрон дар давраи Ғазнавиён”, “Фарҳанги асотири форсӣ-эронӣ”, “Адабиёти Эрон аз қадимтарин айём то Ислом” ва тарҷумаи комили “Шоҳнома”, Девони Рӯдакӣ, тарҷумаи осори Аттор, Саноӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Парвини Эътисомӣ маҳсули кори чандинсолаи ӯянд.

Неъмат Йелдирим дар суҳбат бо расонаҳо мегӯяд, беш аз 32 сол аст, ки дар ҳавзаи забон ва адабиёти форсӣ кор мекунам ва “хушҳолам ҳама умри ман дар роҳи тарҷумаи осори арзишманди забони форсӣ сарф шудаву дар хидмати бузургон ва фарҳехтагони форсӣ будаам”.

Ӯ нақл мекунад, ки ишқаш ба забону адаби форсӣ дар як сафаре, ки бо падараш ба Шероз дошту падараш чанд китоби форсӣ харид бедор шуд ва аз он замон то ба ҳол барои муаррифӣ ва таблиғи фарҳанги ғании форсӣ талош мекунад. Ин талошҳои ӯ бепосух намондааст ва мақомоти Туркия ӯро арҷгузорӣ кардаанд. Йелдирим мегӯяд, “ахиран Вазорати фанноварӣ ва улуми Туркия барои ман тақдирномае фиристод. Ҷумлае дар он буд, ки маро хеле ба ҳайрат овард. Гуфтанд шумо пули фарҳангӣ байни Туркия ва кишвари дӯсту бародари Эрон ҳастед”.


“ШОҲНОМА” БУЗУРГТАРИН АСАРИ ҲАМОСӢ АСТ

Яке аз корҳои мондагори ин тарҷумони турк тарҷумаи комили “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ӯ  дар бораи ошноияш бо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз муҳаққиқи Эрон Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ ва китобаш ёдовар шуда мегӯяд,  ки “Ёҳақӣ китобе навишта буд, он замон ки Исфаҳон омада будам, устоди мо буд. Ман дар Исфаҳон бо устодони бузурге ошно шудам. Баъд аз ин ки баргаштам, шунидам, ки устод  Ёҳақӣ китобе навиштаанд ба номи “Фарҳанги асотири Эрон”. Китобро аз устод хостам ва як нусха бароям фиристод. Дидам кори бисёр хубест. Ман ҳам бисёр ба асотири эронӣ алоқа доштам. Гуфтам, ки ин китобро тарҷума кунам. Шуруъ, ки кардам, дидам китобҳои зиёде дар ин замина дар Эрон навишта шудааст”.

Ӯ мегӯяд, ки мутолиа дар заминаи асотири Эрон ӯро мустақиман ба сӯйи “Шоҳнома” бурд, зеро дар ин асари ҳамосӣ асотири Эрон дар шаклҳои гуногун бозгӯ шудааст. Ба бовари ӯ, “Шоҳнома” бузургтарин ҳамосаи таълифист, ки ба забони шеър ороста ва Рустам намоде аз худи Фирдавсӣ аст; “Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” аз мотивҳои афсонаӣ барои ҷалби хонанда истифодаи матлуб кардааст ва то ҷаҳон ҳаст, метавон гуфт “Шоҳнома” пажӯҳиш мешавад”, - мегӯяд устоди турк Неъмат Йелдирим.

Неъмат Йелдирим таъкид мекунад, ки қабл аз ӯ устоде бист ҳазор байти “Шоҳнома”-ро тарҷума карда ва ба Вазорати омӯзиш ва парвариши Туркия дода буд, ки чоп шавад. Вақте Йелдирим тарҷумаи “Фарҳанги асотири Эрон”-ро ба чопхонаи мазкур медиҳад, масъулони он мехоҳанд, ки бист ҳазор байти “Шоҳнома”-ро тасҳеҳ ва боз тарҷума кунад. Ӯ тули 8 сол кори тарҷумаи комили ин асари бузурги ҳамосиро ба уҳда мегирад: “Гуфтам ин ҳама “Шоҳнома” нест ва то ҷое ки ман медонам, “Шоҳнома” шаст ҳазор байт аст, на бист ҳазор! Ба ман мегуфтанд, ки шумо бақияи абётро тарҷума кунед. Гуфтам, ман бояд бибинам, ки ин тарҷума чӣ гуна аст. Фиристоданд, ки бихонам ва тасҳеҳ кунам. Дидам, ки устод хеле хуб тарҷума кардааст. Занг задам ва гуфтам, ки ман метавонам бақияи ин корро анҷом диҳам. Кори бисёр мушкиле буд, аммо нуктаи мусбат ин буд, ки дар тӯли кор перомуни асотири Эрон ҳама асотири “Шоҳнома”-ро он ҷо шинохтам. Корро оғоз кардам ва ҳашт сол тӯл кашид, ки бақияи абётро тарҷума шавад, ки соли гузашта чоп шуд”.


АДАБИЁТИ ФОРСӢ ТАНҲО БА ЭРОНИҲО МУТААЛЛИҚ НЕСТ

Неъмат Йелдирим, ки ба ҷуз аз тарҷумаи забон ва адабиёти форсӣ пажӯҳиши васеъ дар ин ҳафзаи адабӣ анҷом додааст, мегӯяд, ки адабиёти форсӣ танҳо мутааллиқ ба эрониҳо нест, балки дар ғановат бахшидани он туркҳову ҳиндиҳо ва дигар миллатҳо низ саҳм доранд. Ба бовари ӯ, султонҳои салҷуқӣ ва усмонӣ ба забону адабиёти форсӣ хидмати бузург карданд, то он ҷо ки “дар Кохи Султон Маҳмуд шуаро ҳама ба форсӣ шеър мегуфтанд”.

Ин устоди турк дар бораи адабиёти форсӣ ин нуктаро таъкид мекунад, ки адабиёти форсӣ се ваҷҳи қавӣ – мазҳаб, асотир, торих ва адабиёт дорад ва забону адабиёти форсӣ рӯйи ин се поя бино шудааст.

Ӯ таъкид  мекунад, “дар он замон илмҳои башарӣ ба форсӣ ва осори динӣ ба арабӣ навишта мешуд. Фарҳанги муштараки байналмилалӣ вуҷуд дошт, ки ибтидо вобаста ба забони арабӣ буд, сипас забони форсӣ матраҳ шуду ин забон замони Сомониён то Ғазнавиён авҷ гирифт. Миллатҳои мусулмон аз фарҳанги Эрони қадим ва ҷадид ва фарҳанги ислому фарҳанги худашон таркибе дуруст карданд, ки маркази он дини Ислом буд ва аз дили он абёте ба вуҷуд омад, ки ба он адабиёти исломӣ мегӯем. Ин адабиёт дар ҳар сарзамине ранги хоси худро пайдо кард. Дар натиҷа ирфон ё тасавуф падид омад, ки аз Осиёи Миёна то Ҳиндустон ҳама аз Ислом сарчашма гирифт”.

Чизи дигаре, ки ин тарҷумони турк ба он ишора мекунад, он аст, ки забони хилофати усмонӣ туркӣ буд ва алифбои он форсӣ. Аз он замон забони туркӣ бо вожаҳои форсӣ даромехт. Бавижа дар шеъри туркӣ миқдори зиёди вожаҳои форсӣ ворид шуд, ки “мардум наметавонад ташхис диҳад кадом калима форсӣ аст ва кадом туркӣ аст”.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед