Ru  | Tj
Ояндаи норӯшани таҳсил дар Афғонистон
Ояндаи норӯшани таҳсил дар Афғонистон
Аксҳо: Аз Интернет

Ояндаи норӯшани таҳсил дар Афғонистон

Нашр шуд

Дар ду соли ахир, аз як сӯ ҳамагирии бемории КОВИД – 19 ва аз тарафи дигар оғози ҳокимияти Толибон* бар хоки Афғонистон донишҷӯёнро бо шикасти таҳсилӣ рӯ ба рӯ сохт. Омили дувум сабаб гардид, ки донишҷӯён ба ду даста тақсим карда шаванд, яке донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатӣ ва дигаре муассисаҳои таҳсилоти оливу нимаолии хусусӣ. Дастаи нахуст бору бунёдашонро ҷамъ карда, марзҳои кишварро убур карда ва бо таҳсили тамом ба ҷустуҷӯи таҳсили ҷадид ва шурӯи зиндагии нав дар кишварҳои хориҷӣ шуданд. Дастаи дувум бошанд, дар ватанашон боқӣ монданд, вале бо дидагони мунтазир ва даст зери бағал бо орзуи шурӯи дигарбораи раванди таҳсил дар донишгоҳҳои давлатӣ ба дили худ умеди зиндагӣ бахшиданд.

Бо шурӯи асри ҷадид ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ кишвари Афғонистон дар зери назар ва чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Каме баъдтар аз ташкили ҳукумати муваққат бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кадрҳои ватанӣ решаи ниҳодҳои таҳсилоти олии Афғонистон пас аз гузар аз як давраи ниҳоят бад дубора ҷон гирифт. Бо таваҷҷӯҳ ба охирин маълумот, ки аз сӯйи Вазорати адлияи Афғонистон ироа шуд, теъдоди ин ниҳод ҳамакнун ба 165 адад расидааст, ки дар ин миён 126 ниҳоди ғайридавлатӣ ва 39 ниҳоди давлатӣ қарор доранд. Назар ба шумораи нисбӣ дар солҳои охир ба таври миёна тахминан 300 ҳазор нафар масруфи фарогирии дониш ва таҳсил дар ниҳодҳои таҳсилии давлатӣ ва хусусианд.

Бо ҳамагирии вируси куруно раванди таҳсил дар ниҳодҳои таҳсилоти олии Афғонистон пас аз ҳудуди ду даҳа ба сурати ҳузурӣ мутаваққиф шуд. Андаке пас аз он бо кӯмак аз равишҳои таҳсили маҷозӣ холигии ин мушкилот каме бошад ҳам пур гардид. Аммо бо омадани Толибон таҳсил дар Афғонистон пурра мутаваққиф гашт. Ҳарчанд баъд аз он ниҳодҳои таҳсилоти олии хусусӣ санад ва иҷозаи шурӯъ ва итмоми дарсҳои нимсола бо ҳамон таҳсили гузаштаро дарёфт карданд, вале донишгоҳҳои давлатӣ ҳанӯз иҷозаи итмоми нимсолаи ниматамомро дарёфт накардаанд.

Гурӯҳи ҳоким пас аз соҳиб гаштани қудрат гуфтаҳои гуногунеро дар робита бо ниҳодҳои таҳсилоти олӣ баён доштанд, ки рӯшантаринашон “ҷудосозии синфҳои духтарон аз писарон” ва “ҳазфи ҳар мазмуне, ки дар тазод бо шариат бошад” ҳастанд. Аз назари бархе таҳлилгарон ҳукумати ҷадид ба дунболи амалинамоии инқилоби фарҳангӣ аст ва мехоҳад системаи таҳсилро дар Афғонистон дигар намояд. Бо мутолеаи таърихи вуқӯи инқилобҳои гуногун дар кишварҳои мухталиф метавон дарёфт, ки донишҷӯёни гурӯҳи аввал ба манзури тағйири авзои сиёсӣ сина сипар карда ва қурбонӣ додаанд. 

Аз сӯйи дигар бархе аз таҳлилгарон баён мекунанд, ки Толибон танҳо системаи таҳсилро дар Афғонистон дигаргун намесозанд, балки стратегияи онро низ ба таври худ созмон медиҳанд.

Дастаи севум ба ин боваранд, ки давлати ҷадид мехоҳад бо гаравгонгирии фурсати таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои давлатӣ пулҳои ҷамъшударо аз худ намояд.

Боназардошти ин ки имрӯз дар саросари дунё донишгоҳҳо сарманшаи рушд, таҳаввул ва инкишофи ҳар кишвар талаққӣ мешаванд ва ниҳодҳои таҳсилӣ манъи таровиши дастовардҳои илмӣ, таҳқиқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангианд, метавон баён дошт, ки тӯлонитар шудани таътили донишгоҳҳои давлатӣ зояндаи мушкилоти илмӣ, сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аз қабили кам шудани эътимод ба давлати ҷадид, пойин омадани мизони ризояти иҷтимоӣ ва боло рафтани таҳдидоти иҷтимоӣ мегардад.

Дар охир бо истифода аз зарбулмасали “моҳиро ҳар вақт, ки аз об бигирӣ, тоза аст” метавон поёни матро навишт. Хуб аст, ки ҳар чӣ зудтар раванди таҳсил дар донишгоҳҳо шурӯъ гардад ва тадбири ҷомеу монеъ барои он санҷида шавад, то ҷилави аз даст рафтани фурсати ҳаракати шитобанда ба сӯйи пешрафту тараққӣ гирифта шавад.

*Толибон – ҳаракати терорристии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба боздошти профессор Ҷалол. “Нидои ӯ нидои шаҳомат дар баробари ситамгарон аст”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед