Ru  | Tj
“Пора гирифтанд”. Боздошти ду масъул дар вилояти Суғд
“Пора гирифтанд”. Боздошти ду масъул дар вилояти Суғд
Акс: Sputnik

“Пора гирифтанд”. Боздошти ду масъул дар вилояти Суғд

Нашр шуд

Мақомоти зидди фасод дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон ду корманди давлатиро бо иттиҳоми фасоди молӣ боздошт кардаанд. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори Раёсати Ожонси зидди фасод дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Аюбзода О.Н. дар вазифаи котиби маҷлиси судии додгоҳи ҳарбии подгони Хуҷанд кор карда, моҳи марти соли 2023 бо роҳи фиреб ба бовари фармондеҳи таҳми қисми ҳарбии 051056 Горди миллии Тоҷикистон Қаюмзода О., ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 391 (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хидматӣ аз ҳадди вақолатҳои мансабӣ ва хидматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар баррасии додгоҳи ҳарбии подгони Хуҷанд қарор дорад, даромада, барои нисбаташ татбиқ кардани ҷазои сабук ва аз сафи Нерӯҳои  мусаллаҳи Тоҷикистон озод накардан 20 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, гирифтааст.

«Дар робита ба ҳолати мазкур 19 апрели соли 2023 нисбати Аюбзода О. Н бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва пас аз итмоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд», - афзуд Шараф Аваззода.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар баробари ин мақомоти зидди фасод дар вилояти Суғд ҳолати мушобеҳро моҳи апрели имсол ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои Аваззода, масъули шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хидмати ҳарбии Коммисариати ҳарбии шаҳри Гулистон Фурқат Мирсаидов давоми соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз шаҳрванд Ғайбуллоев Д.С. бо баҳонаи аз адои хидмати ҳарбӣ озод кардан 10 ҳазор сомонӣ пора гирифта, ягон корро анҷом надодааст.

«Рӯзи 28-уми апрели соли равон нисбати Мирсаидов бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, тибқи қонуни авф аз ҷавобгарӣ озод шуд», - гуфт Аваззода.

Бар асоси омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Ожонси зиддифасод дар вилояти Суғд 256 ҷинояти ҷинояти марбут ба фасоди молӣ сабт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 ҷиноят камтар аст. Аз теъдод ҳамагӣ як ҷиноят ба вазорати мудофиаи Тоҷикистон рост меояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед