Ru  | Tj
Раҷаб Мирзо: “Журналистикаро шикастанд, вале аз ин ҳама зарар мебинанд”
Раҷаб Мирзо: “Журналистикаро шикастанд, вале аз ин ҳама зарар мебинанд”
Аксҳо: Аз саҳифаи фейсбукии қаҳрамони мақола дастрас шудааст

Раҷаб Мирзо: “Журналистикаро шикастанд, вале аз ин ҳама зарар мебинанд”

Нашр шуд

Раҷаб Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик имрӯз ба синни 50-солагӣ қадам гузошт. Ӯ мутаваллиди 10-уми августи соли 1973 ва фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Мавсуф ва ҳамовардонаш худро “насли беустод” ва “гулҳои худрӯ” меноманд ва журналистикаи замони истиқлоли Тоҷикистон ба номи онҳо пайванд мехӯрад.

Раҷаб Мирзо муассиси ҳафтаномаи “Рӯзи нав” аст ва солҳо сардабирии нашрияву рӯзномаҳои гуногунро ба дӯш доштааст. Миёни ҷомеа чун журналисти ҳақиқатҷӯ ва ошкорбаён шинохта шудааст ва назару афкорашро ҳамвора менависаду баён медорад.

Муаллифи Halva.tj ба муносибати 50-солагии таваллудаш мусоҳибаи ихтисосӣ ороста, дар хусуси як соли талх сипаришудаи журналистика пурсон шуд. Дар аввал дар мавриди ҳиссу ҳоли Раҷаб Мирзо дар ним асри гузашта ва бардоштҳо аз фаъолияти анҷомдодааш пурсид.

АЗ НЕКУ БАДИ УМР ФИКР МЕКУНАМ

- 50-солагиро хеле аз одамон нимаи умр медонанд. Албатта, ғайр аз Худо, касе намедонад аввалу миёнаву охири умраш куҷост. Барои ҳамин ҳар одами бофаросат ҳамеша дар бораи умри рафта ва неку бадаш фикр мекунад.

Бо вуҷуди ин 50-солагиро ҳамин гуна пазируфтаем, ки бештар вақти фикр кардан аст. Ман ҳамеша мегуфтам, ки зиндагии ман аз ду қисмат иборат аст: то “Рӯзи нав” (чанд рӯз пеш 20-солагии тавлидашро танҳо ман хотиррасон шудам) ва баъди “Рӯзи нав”. Ин ҳақиқат аст, ки ин нашрияи пурхонандаи солҳои 2003-2004 на танҳо ман, балки тақрибан ҳама кормандони онро ба ҷомеа муаррифӣ кард. Танҳо Хуршед Атовулло буд, ки ҷомеа аз ӯ шинохти нисбатан бештар дошт.

Аммо Хуршед Атовулло ҳамеша маро “таъна” мекард, ки озодиамонро “Рӯзи нав” маҳдуд кард. Зеро ин нашрияро, ки ба ифтихори 30-солагии зодрӯзамон ташкил кардем, шӯру шарри ин давраро аз мо гирифт. Масъулиятамонро афзуд. Ин 20 сол воқеан ҳам, хоса барои ман осон паси сар нашуд. Ҳарчанд акнун як одами шинохташуда ба ҳисоб мерафтам.

Ба синни 50-солагӣ бошад, ман ҳамеша нигоҳи мазҳабӣ доштам. Мегуфтам, ки агар ба ин син бирасам, ба зиёрати хонаи Худо меравам. Шукри Худо дар баробари хеле аз орзуҳои дигарам, ба ин ҳам расидам.


- Як соли сипаришуда ба фикри Шумо чӣ гуна гузашт?

- Дар зиндагии хусусиам сафари Ҳаҷ дигаргунии комил ворид кард. Аммо дар ҷодаи касбӣ, мутаассифона, мушкилоти ҷиддитар пеш омаданд. Шабу рӯзе, ки омодагӣ ба Ҳаҷ доштам, қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ пеш омад. Ҳарчанд барои худ қарор қабул карда будам, ки то як муддат ҳатто дар Фейсбук фаъол нахоҳам буд, наметавонистам дар айни ин моҷаро бетараф бошам. Зеро ин ду нафар бароям на танҳо як ҳамкасб, бештар аз он, мисли додар ҳастанд.

МАРҲИЛАҲОИ САХТ, САХТАР ВА САХТТАРИНИ ЖУРНАЛИСТИКА

- Ба фикри Шумо, қазияҳои боздошт ва ҳукмҳои сангини рӯзноманигорон чӣ паём дошт?

- Журналистикаи тоҷик се марҳалаи бархӯрдро дар замони истиқлол гувоҳ шудааст:

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ журналистонро мекуштанд – аз рӯйи ҳисобҳо 72 ҳамкасби моро қатл кардаанд.

Дар марҳалаи дигар – латукӯби журналистонро гувоҳ шудем, ки аз ҷумла инҷониб дар ним соли 2004 ду бор суиқасд шудам. Дар солҳои баъдӣ чанд ҳодисаи пурсарусадои дигар ҳам доштем, ки то ҳол ҷинояткорон пайдо нашудаанд.

Марҳалаи сеюм солҳои 2010 то 2013 буд, ки мурофиаҳои додгоҳӣ ва даъвоҳои чандмилёнӣ зидди журналистон пеш омаданд, аммо, шукри Худо, он давра касе паси панҷара нарафт.

Ва инак дар як соли ахир ҳодисаҳои боздошту дар паси дарҳои пӯшида гузаронидани мурофиаҳои додгоҳӣ ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардани журналистон пеш омад.

Ҳар марҳалаи номгирифта ба худ паёмҳои ба худ хос дошт. Аммо паёми муҳим ҳамин аст, ки марҳала ба марҳала журналистикаи заифи мо заифтар шуд.

- Аммо суоле пайдо мешавад, ки чунин журналистика ба кӣ даркор аст?

- Акнун ҳамкасбони мо ва шояд дар марказҳои қабули қарори ҳукумат ҳам, фурсати зиёдро дунболи посух ёфтан ба ин савол сарф кунанд...


ШАРТ НЕСТ, КИ ҲАМА ДАР ЯК “ЛАГЕР” БОШАНД

- Ба назар мерасид, ки дар ин қазияҳо журналистони тоҷик назарҳои гуногун доштанд. Ин магар шикасти ҳамраъйии касбӣ набуд?

- Бале, яке аз мушкилоти асосии журналистикаи тоҷик ҳамин набудани ҳамраъйии касбист. Ҳамкасбони мо ҳамраъйии касбиро гуногун шарҳ доданӣ мешаванд. Аммо, ба фикри ман, ҳамраъйӣ танҳо байни онҳое иттифоқ афтоданаш мумкин аст, ки арзиш ва усул (принсипҳо)-и якхела доранд.

Барои баробарии арзишу принсипҳои касбӣ шарт нест, ки ҳама дар як “лагер” бошанд. Шарти асосӣ ҳамин аст, ки донанд: онҳо чӣ таъйинот доранд?

Мутаассифона, онҳоеро ҳам дар масъулиятҳои касбӣ мебинем, ки ҳатто дарки таъйиноти корӣ ва рисолати касбӣ надоранд. Фикрашон ҳамеша ба ин аст, ки ҳузури дигарон ба онҳо халал мерасонад. Аз ин гунаҳо на танҳо ҷомеаи журналистӣ ё муасссисашон, балки дар маҷмӯъ ҷомеа ҳеч манфиат намебинад. Баръакс, зарари холианд. Ҳам моливу моддӣ ва ҳам маънавӣ.

БАҲСИ МУРОҶИАТНОМА ВА РАДДИЯИ ЖУРНАЛИСТОН

- Журналистон ва созмонҳои журналистӣ дар ин миён аввал изҳорот доданду пасон раддия ҳам нашр карданд. Ва маҳз Шумо будед, ки раддияро ба шабакаҳои иҷтимоӣ кашидед ва он “доғ” шуд. Ин кори шумо ба чӣ хотир буд ва ба андешаи шахсиятатон чӣ водор кард, ки он раддия навишта шавад?

- Соли 2022 як гуна талош аз ҷониби ҳукумат сурат гирифт, ки тафриқаи журналистикаи ҳукуматӣ ва мустақилро аз байн бибарад. Дар ҷашни матбуоти тоҷик ҳамон сол, аз ҷумла чанд журналисти мустақил қадрдонӣ шуд. Солҳои пеш ҳам нашрияҳои мустақил ба гунае қадрдонӣ мешуд, аммо он сол маҳз журналистони мустақилро, ки дар ҳеч идораи расонае кор намекарданд, бо туҳфаҳое табрик карданд. Дар байнашон инҷониб ва яке аз онҳое ҳам буд, ки мутаассифона ҳоло дар зиндон аст.

Чанд рӯз пас дар маҷлиси ҳафтаинаи яке аз нашрияҳои ҳукуматӣ ин иқдоми ҳукуматро сармуҳаррири “чанд варақ коғаз” ба чунин шакл баррасӣ кардааст: “кори ҳукуматро мо таблиғ мекунему инҳо “оппозитсия”-ро мукофот медиҳанд”.

Ин сарусадо ба мо расид, вале гуфтем, ки иқдомоти ҳукуматро дар мавриди аз байн бурдани тафриқа бояд истиқбол кунем. Барои ҳамин маҳз мо ибтикор нишон додем, то чанд нишасти “бидуни галстук” байни сармуҳаррирони нашрияҳо, журналистони ба қавле таъсиргузор ташкил шавад. Се ё чор нишасте ҳам доштем. Як гурӯҳ дар “Вотсап” ҳам ташкил шуд.


Дар ин миён якбора қазияи Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ пеш омад. Бо ташаббуси Шӯрои ВАО роҳбарони созмонҳои журналистӣ, сармуҳаррирон, журналистони ба истилоҳ таъсиргузор дар як гурӯҳи корӣ ҷамъ омаданд, муроҷиатномаро таҳия карданд ва имзои худро гузоштанд. Дертарак якчанд кас, ки гӯё бехабар буданд, ба воситаи “вакилҳо”-и худ гуфтанд, ки номи онҳоро ҳам илова кунем.

Аммо ду рӯз пас раддия бо имзои чанд касе пайдо шуд, ки дар муроҷиатнома ҳам ҳузур доштанд. Онро ман дар нашрияи “Садои мардум” дидам ва дар ҳамон гурӯҳи “Вотсап”, ки гуфтам ва ҳамаи онҳо ҳузур доштанд, матни ин изҳоротро гузоштам. Ба ин маъно, ки ин чӣ маъно дорад? Аз ҷониби онҳо вокунише нашуд. Ман танҳо рӯзи дигар ин муроҷиатномаро дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” нашр кардам. Баъд баҳсҳое пеш омад, ки кӣ будани бархеро бештар маълум кард.

Хулоса, ин қазия бори дигар маълум кард, ки ҳамраъйӣ танҳо байни онҳое буда метавонад, ки арзишу муқаддасоти якхелаи касбӣ доранд. Дигарҳо танҳо метавонанд, ки дар ин бора гап зананд. Гап задани хушку холӣ.

- Дар таҷрибаи баҳсҳои додгоҳӣ пештар рӯзноманигорон аз кадом роҳҳо истифода мекарданд ва дар қазияҳои як соли охир ҷомеаи рӯзноманигорӣ кадом имконоташро истифода кард ва кадом имконоташро – на?

- Мо чунин таҷрибаи ҷуръатманди мақомотро ҳеч вақт надоштем. Солҳои пеш, чанд намуна дар мисоли мурофиаҳои додгоҳии Ҷумъаи Толиб, Маҳмадюсуф Исмоилуф ва Урунбой Усмонуф буданд, аммо онҳо фарқ мекарданд.

Ин бор тавре мушоҳида мешавад, мақомот сахт баҷуръат шудаанд. Ин сабабҳои хос дорад ва бармехӯрад ба авзоъи кунунии дунё, ки ҳар ҳукумат аз он ба гунаи худ суистифода мекунад.

Масалан, 10 сол пеш то ин ҳад ҷуръатмандии ҳукуматҳоро эҳсос кардан имкон надошт. Ҳоло бо баҳонаи “мубориза бо терроризм ва экстремизм” ҳар ҳукумат хостаҳои худро амалӣ дорад ва барои кӯтоҳмуддат худро роҳат ҳис мекунад.


АГАР ТАРС ДОДАН МЕХОСТАНД...

- То охирин лаҳза Шумо бовар доштед, ки “журналистони боздоштшуда озод мешаванд”. Ин ақидаву бовари Шумо бар пояи чӣ буд?

- Фикр мекардам, ки ҳадаф аз ин маъракаҳо як навъ нишон додани қудрат ва то ҷое тарс додани журналистони “типи нав” аст. Ҷараёни ҳодисаҳо дар ибтидо ҳаминро нишон медод. Аммо баъд, ба фикрам, марказҳои қабули қарор хулосаи дигар ҳосил карданд.

Баъд гуфтам, шояд бо гузашти ду моҳ ва санксияи аввал онҳо раҳо мешаванд, чун барои бачаҳои ҷавон ин кифоят буд, агар тарс додан мехостанд...

Ҳоло ҳам тахминҳое дорем, ки пас аз маъракаҳои муҳими дигари сиёсӣ имкони дигарбора баргаштан ба ин қазияҳо ҳаст. Аммо аз гуфтани пешбиниҳо дигар худдорӣ мекунам, чун воқеан дар шароити кишварҳое чун мо суистифода аз вазъи умумии дунё хеле осон менамояд ва пешгӯинашаванда ба назар мерасад.
- Дар гузашта ҳар сухани қаламкаш вазн дошт. Чаро ҳоло чунин нест?

- Дар гузашта ҳам ҳарфи на ҳама қаламкаш “мавриди таваҷҷуҳ” қарор мегирифт. Онҳое, ки фазо месохтанд, дар гузашта ҳам камшумор буданду ҳоло ҳам камшумор ҳастанд. Ҳоло ҳам мо касоне дорем, ки ҳатто як ибораи одиву безарарашонро хеле ҷиддӣ баррасӣ мекунанд.

“Бингар, ки кӣ мегӯяд” дар шароити кишварҳое чун мо ҳоло ҳам шарти муҳим аст. Зимнан, аз рӯйи хулосаҳое, ки дар заминаи ҳолату ҳодисаҳои мушаххас пеш омад, гуфта метавонам, ба ин қишри қаламбадастон на онҳое дохиланд, ки аз худ “чизе тарошиданӣ” мешаванд. Баръакс, ин гуна “воҳимаҳо” аслан ба қишри қаламбадастони камтаъсир дохил шуда, ҳарфи онҳоро умуман ҷиддӣ намегиранд. Рост аст, ки “навиштаҳои таҳлилӣ”-и ин қишрро хеле примитиву дар баъзе ҳолатҳо хандадор ҳам унвон мекунанд. Ҳатто онҳое, ки эшонро ҳоло “бологузар” медонанд. Онҳо фақат ба хотири дар куҷоҳое нишон додани “журналистикаи мустақил” даркоранд, на ба хотири фазосозӣ, эътироф ё ҳатто тарс аз онҳо.


“ҚАВӢ БУДАН” САРКӮБӢ НЕСТ

- Шумо мегӯед, “то ҳукумат қавӣ набошад, матбуот наметавонад худро озод ҳис кунад”. Яъне?

- Як вақт Эмомалӣ Раҳмон ҷумлаи аҷибе мегуфт: “Ҳатто маро танқид кунед, аммо ба давлат хиёнат накунед”. Ин бояд формулаи як ҳукумати қавӣ бошад. Мутаассифона, инро мо эҳсос накардем. “Қавӣ” буданро, агар дар мо ба маънои саркӯбгарӣ мефаҳманд, албатта, иштибоҳ аст.
- Аммо дар мо имрӯз як суол ҷавоби худро пайдо накардааст: озодии матбуот бештар ба кӣ лозим аст? Ба ҳукумат, ба рӯзноманигорон ё ба ҷомеа?

- “Мустақил будан” ба маънои фақат танқид кардани як бригадир, як раиси ширкат (хоҷагӣ), як раиси ноҳияву вилоят, ҳатто вазиру сарвазир нест. Мустақил будан - ба маънои побанд будан ба сиёсати идорӣ (редаксионӣ)-ст, ки мутаассифона, аксари расонаҳои мо онро надоранд ва бо як ишора аз ҷониби касе мавқеъи худро дигар мекунанд. Аз ин гуна матбуот касе манфиат намебинад. Мустақил фаъолият кардан танҳо дар доираи қонун ва меъёрҳои ахлоқи касбист.

Солҳои 2010 муассисони яке аз нашрияҳо гуфтани ин таъбирро дӯст медошт, ки “матбуоти мо мустақилтар аз матбуоти Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравист”. Зеро, ба андешаи ӯ, гурӯҳҳои моливу сиёсӣ муассиси онҳо нестанд ва аз ин хотир матбуот мавқеъи онҳоро лоббигарӣ намекунад. Мутаассифона, ин таъбири зебо буду халос. Баъдан маълум шуд, ки дар баъзе маврид гурӯҳҳои моливу сиёсии ба ақидаҳо наздик муассис бошанд, матбуот бештар ҳифз мешавад.


- Баргардем ба саволе, ки озодии матбуот бештар ба кӣ лозим аст?

- Ин саволро ман дар ҳолати мушаххас барои маълум кардани мавқеъ гуфта будам. Ҷавоби худи ман: ба ҳукумати оянданигар, на манфиатбин!

Яъне ҳукумате, ки аз рӯйи асосгузорони давлати Исроил фаъолият мекунанд. Ривоят мекунанд, вақти таъсиси ин давлат нухбагонаш мепурсанд, ки барои қавӣ шудани давлат боз чӣ намерасад? Касе аз таҳлилгарон посух медиҳад: Фоҳишаҳо! Амр медиҳанд: агар фоҳишаҳо барои як давлати қавӣ заруранд, онҳоро созед!

Бояд воқеан ҳам чунин дидгоҳ ҳукмрон бошад, то матбуот ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки асоси як давлати қавианд, пайдо шаванд.

МАТБУОТИ МУСТАҚИЛРО ШИКАСТАНД

- Сабаби ба ин вазъ гирифтор шудани журналистикаи тоҷик чӣ ё кӣ буд?

- Мутаассифона, маълум шуд, ки дар мо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аслан вуҷуд надоштаанд ва рукни нисбатан қавӣ ҳамин матбуот будааст. Чун матбуотро шикастанд, дигар чизе намонд. Аммо аз ин ҳолат ҳама зарар мебинад. Имрӯз ва махсусан оянда.

- Расонаҳои мустақили Тоҷикистон имрӯз аз таҳдиди басташавӣ метарсанд. Ба бархе мавзӯъҳо “табу” гузошта шудааст. Фардо чӣ гуна аст?

- Дар ҳамин шакле, ки аксари нашрияву расонаҳои тоҷик ҳастанд, набошанд беҳтар аст. Инро хеле аз сардабирону муассисонашон медонанд.

Аммо ноумед будан ҳам наметавонем. Агар боз имкон пайдо шавад, ки матбуоти мустақил ба пой хезад, ба оянда назари нек бастан мумкин аст.


- Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки агар имдон даст диҳаду дигарбора ба дунё оед, боз роҳи журналистикаро интихоб мекунед?

- Ҳарчӣ ёфтам аз ин пеша ёфтам. Тақрибан шахсияти таъсиргузоре дар ҷомеаи мо нест, ки вонахӯрдаам. Дар ҳама бахшҳо. Дар натиҷа шинохти ҷомеа бароям осон шуд. Пас чаро ба ин касб дубора барнагардам?

- Пас агар варақи сафеде диҳанд, ягона ҷумлаи Шумо дар он чӣ хоҳад буд?

- Маро фурӯхтан мумкин аст, аммо харидан имкон надорад!

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед