Ru  | Tj
Регистонӣ: Аз ҳамсангарӣ бо Масъуд то дар сангари Аҳмад Масъуд
Регистонӣ: Аз ҳамсангарӣ бо Масъуд то дар сангари Аҳмад Масъуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Регистонӣ: Аз ҳамсангарӣ бо Масъуд то дар сангари Аҳмад Масъуд

Нашр шуд

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ яке аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд, ки то вопасин лаҳзаҳо дар сангари ӯ содиқ монда буд, дубора пас аз солҳо гӯшанишинии сиёсӣ ба сангари фарзанди ӯ – Аҳмад Масъуд пайваст. Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ аз ангуштшумор ёрони Масъуд аст, ки ба ормонҳои ӯ содиқ монда ва ҳукумати гурӯҳи террористии Толибонро қабул надорад. Ӯ гуфта то зинда аст, даст аз мубориза бар зидди Толибон бар намедорад.

Ӯ кист? Чаро 20 соли ахир ҳеҷ масъулияте дар ҳукуматҳои Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ қабул накард? Чӣ ӯро ба Аҳмад Масъуд ягона ёдгори Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мепайвандад? Ба ин ва дигар суолҳо мо дар ин навишта посух меҷӯем!

“Кӯҳҳои Ҳиндукӯш беҳтар аз зиндони Пуличархӣ”

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ дар дараи Парёни Панҷшер таваллуд шудааст. Ёфтаҳои мо нишон медиҳад, ки ӯ аз синни 17 –солагӣ бо миёнравии амакаш ба сангари Аҳмадшоҳи Масъуд пайваст ва то охири рӯзҳои ҳаёти Аҳмадшоҳи Масъуд дар канори ӯ содиқона бар алайҳи ишғолгарони Афғонистон ҷангидааст. Ӯ дар як барномаи телевизионӣ нақл мекунад, ки падарашро ҳукумати коммунистии вақти Афғонистон се бор зиндонӣ кардааст. Ӯ барои бурдани нон ва либос ба падараш ба зиндони он вақта меравад ва муносибати бади зиндонбонони онвақта ӯро водор мекунад, то ба сафи нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд бипайвандад. Регистонӣ хотираҳои талхи он рӯзро ба ёд оварда, мегӯяд: “Се давра падарам ба зиндон рафт, ҳар бор шинканҷа доданд, охирин бор барояш мушкили асабӣ пайдо шуд, ки дигар ҳеҷ вақт то охири умр ин мушкил ҳал нашуд. Вақте ман ба сангар рафтам, падару модарам комилан аз ман ҳимоят карданд. Ва гуфтанд, “кӯҳҳои Ҳиндукӯш беҳтар аз зиндони Пуличархӣ аст”.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ ду сол қабл аз расидани синнаш ба давраи ибтидоии таҳсил ба мактаб меравад. Ӯ дар литсейи Истиқлоли шаҳри Кобул, ки он вақт яке аз машҳуртарин литсейҳо ба шумор мерафт, давраи ибтидоии таҳсилро хатм намуда, баъд ба Донишкадаи политехникум барои таҳсил роҳхат мегирад. Дар замони донишҷӯӣ ӯро ду маротиба барои густохии сиёсӣ бозпурсӣ мекунанд. Бори аввал ӯ ба ҳамкурсаш суол медиҳад, ки Таракӣ оё воқеан нобиға аст? Нобиға бузургоне ба мисли Сино, Берунӣ, Форобӣ ҳастанд? Раҳбари шумо Нурмуҳаммад Таракӣ дар кадом ришта нобиға аст? Ин суолҳои кунҷковонаи ӯ хашми ҳамкурсашро меорад ва ӯро чанд рӯз боздошт ва бозпурсӣ мекунанд. Бори дигар, ҳангоми пок кардани акси Нурмуҳаммад Таракӣ ба даст меафтад ва ин бор ҳам аз зиндон раҳо мешавад. Чанд ҳодисае, ки дар замони дониҷӯӣ ба сари ӯ омада буд, ӯро водор месозад, то муборизаро оғоз кунад. Худи ӯ мегӯяд:  “Ҷанги мо бо Шӯравӣ хислати дифоӣ дошт. Бояд дар баробари тавоҷуз дифоъ сурат мегирифт. Ва инро аҷдоду бузургони мо қаблан анҷом дода буданд ва дар баробари таҷовуз ҳамеша ҷангида буданд. Ин ҷанг, ки таҳмил шуда буд, бояд мо меҷангидем, роҳи дигар вуҷуд надошт”.

Зобит Солеҳ кист?

Дар ибтидои пайвастан ба сафи нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ӯро барои омӯзиши низомӣ ба Донишгоҳи низомии Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки раҳбараш устод Бурҳониддин Раббонӣ буд, мефиристанд. Баъди як сол ӯ аз ин донишгоҳи низомӣ фориғултаҳсил мешавад. Ба далели ин ки аскарони он вақти артиши Афғонистони коммунистиро баъди як соли хатми таҳсилоти низомӣ зобит мегуфтанд, ба пайравӣ аз ин расм ба Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ ҳам “Зобит” мегӯянд. Ин лақаб оҳиста-оҳиста дар байни ҳамсангаронаш ривоҷ пайдо мекунад ва аксаран ӯро бо номи Зобит Солеҳ садо мезананд. Худи ӯ мегӯяд, ҳатто чанд бор аз забони Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам шунида буд.

Бозҷӯйии доктор Наҷибуллоҳ аз Регистонӣ

Дар марҳили аввали муборизаи зидди Шӯравӣ Аҳмадшоҳи Масъуд ба Регистонӣ супориш медиҳад, ки барои анҷоми коре ба Кобул равад. Ҳарчанд Регистонӣ пофишорӣ мекунад, ки ӯ дар Кобул шинохта шудааст ва эҳтимоли дастгир шуданаш аз сӯйи нерӯҳои ҳукумати Кормал зиёд аст, аммо билохира ба Кобул фиристода мешавад. Ӯро шабона кормандони ХОД, ки дар он вақт раиси он доктор Наҷибуллоҳ буд, дастгир мекунанд.  Аввал ӯро муовини Наҷибуллоҳ бо номи доктор Баҳо бозпурсӣ мекунад. Баъд худи Наҷибуллоҳ ӯро бозпурсӣ мекунад. Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ мегӯяд: нафаре аз Панҷшер ба ҳайси наздиктарин одами Наҷибуллоҳ дар идораи ХОД кор мекард ва ба ӯ ваъда дод, ки “натарс ман дӯсти падарат ҳастам, туро озод мекунам”. Доктор Наҷибуллоҳ баъди бозпурсиҳои зиёд аз Регистонӣ, ки вай иртиботаш бо Аҳмадшоҳи Масъудро рад мекунад, мегӯяд: “Ёдат бошад, ин ҷо ҳатто санг иқрор мекунад”. Регистониро як ҳамшаҳрии панҷшерияш бо номи Абдураҳмон аз чанги ХОД ва бозҷӯйиҳои доктор Наҷибуллоҳ озод мекунад.

Регистонӣ масъулияти ҷонишинии Масъудро рад мекунад


Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ се сол ба ҳайси намояндаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Тоҷикистон ифои вазифа мекунад. Баъд аз ин Аҳмадшоҳи Масъуд ӯро барои музокира ва ҳамкорӣ бо мақомоти Русия, ки аз ҷабҳаи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳимоят мекарданд, мефиристанд. Ду рӯз пеш аз террори Аҳмадшоҳи Масъуд Регистонӣ ба Душанбе меояд. Регистонӣ мегӯяд, ки шаб буд ва мо роҷеъ ба фаъолияти ҷабҳа сӯҳбатҳои тӯлонӣ доштем.  Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин сӯҳбат пешниҳод кард, ки ба ҳайси муовини ман бояд кор кунӣ. Ман ин пешниҳодро бо далелҳое рад кардам: “Сӯҳбат тулонӣ шуд, ман напазируфтам. Ӯ ҳам аз ҷавобҳои ман қонеъ набуд.  Гуфт, хуб фикр кун, вақте ман баргаштам, бори дигар сӯҳбат мекунем. Худи ман тааҷҷуб кардам, ҳеҷ интизор надоштам, ки омир соҳиб чунин пешниҳод мекунад. Ман мегуфтам ин вазифаи сангин аст, аз тавони ман болотар аст ва ман шак дорам бар тавонмандии худ, ки ин  вазифаи сангинро ба ҳайси муовини шумо анҷом диҳам”.

Баъди ду рӯзи ин сӯҳбат Аҳмадшоҳи Масъуд аз сӯйи ду террористи араб кушта мешавад. Регистонӣ мегӯяд, ки он рӯзҳо сарнавишти ҷабҳа сахт ба вуҷуди Аҳмадшоҳи Масъуд гиреҳ хӯрда буд. Террори Аҳмадшоҳи Масъуд сарнавишти ҷабҳаро дар дуроҳа қарор медиҳад. Дар айём Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ аз ҷояш баланд мешаванд ва ба маршол Муҳаммад Қасим Фаҳим мегӯяд, масъулияти ҷонишинии Аҳмадшоҳи Масъудро қабул кунад. Ӯ нахустин касест, ки баъди марги Аҳмадшоҳ Масъуд масъулияти ҷонишиниро ба Фаҳим вогузор мекунад.

Гушанишинии сиёсӣ

Пас аз фатҳи Кобул ва суқути ҳукумати Толибон дар соли 2001, ки ҳукумати интиқолӣ бо меҳварияти Ҳомид Карзай ва муовинати моршол Фаҳим шакл гирифт, Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ оҳиста-оҳиста аз майдони сиёсат канор меравад. Ӯ фақат як давра чун намояндаи мардуми Панҷшер дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай дар Парлумон фаъолият мекунад ва дар нимаи давраи фаъолияташ аз парлумон истеъфо медиҳад. Дар замоне, ки ӯ дар парлумон фаъолият дошт, ба унвони вакили мухолифи тасмимгириҳои Ҳомид Карзай шинохта шуд. Эътирозҳои ӯ ба унвони як вакил роҷеъ ба қавмгароиву табъизи қавмӣ ва фасоду саҳлангории ҳукумат на фақат дар сатҳи расонаҳои Афғонистон, балки дар сатҳи расонаҳои ҷаҳон ҳам матраҳ шуд. 

Давраи фаъолияти ӯ дар парлумон

Солеҳмуҳаммади Регистонӣ аз ангуштшумор вакилони парлмон буд, ки дар замони зимомдорони Ҳомид Карзай бо барномаҳои ҳукуматӣ  мухолифат мекард. Яке аз боризтарин баҳсҳои парлумонии ӯ роҷеъ ба баҳси лавҳаҳои муассисаҳои давлатӣ бо забони дарӣ буд. Дар он замон гурӯҳе аз зимомдорони ҳукумати Ҳомид Карзай хостанд, ки забони форсиро аз номи муассисаҳои давлатӣ барчинанд. Вай бо чанде аз ҳамфикронаш бо ин барнома мухолифати шадид кард. Он замон ӯ ба радиои “Бӣ-бӣ-сӣ” гуфта буд: “Мутассифона дар дохили парлумон ҳам қабиландешӣ ва қабилагроӣ ҳокимият дорад, вале ҳеҷ далел надорад, ки намояндаҳои маслан паштузабони мардуми Афғонистон ба унвони намояндаҳои миллати Афғонистон ба вожаи донишгоҳ мухолифат намоянд. Дар ҳоле, ки забони форсӣ ва пашту ҳар ду забони расмии мамлакати мост ва на танҳо ду забон  расмӣ дар сатҳи давлат дорем, балки назар ба қонуни асосӣ, модаи 16 дар манотиқе, ки аксарияти мардум ба ғайр аз забони расмии давлат сӯҳбат мекунанд, ин забонҳо дар ҳамон манотиқ ҳам забони расмист”.

Соли 2014: Дар тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Интихоботи соли 2014-и Афғонистон яке аз ҷанҷолитарин интихобот дар 20 соли ахир буд. Тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки шомили шахсиятҳои бузурги сиёсиву иҷтимоии Афғонистон ва аҳзоби муқтадири он даврон буд, интихоботи Афғонистонро ба пуршуртарин интихобот табдил дод.

Дар он замон Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ ба тими доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ пайваст ва дар муборизаҳои интихоботӣ дар канори ӯ қарор гирифт. Натиҷаи интихобот бо миёнҷигарии Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи вақти Амрико бо ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ба поён расид. Ашараф Ғанӣ президент ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ садри аъзам интихоб шуданд. Дар сӯҳбатҳояш Регистонӣ аз ин давра ба хубӣ ёд намекунад ва ҳамеша мегӯяд доктор Абдуллоҳ Абудуллоҳ аз ҳаққаш гузашт ва орои мардум дар нимароҳ монд.

Регистонӣ: “Сар медиҳем, сангар намедиҳем”

Аҳмад Масъуд аз таҳсил баргашт ва бо сӯҳбатҳои ормонгароёнааш  мардумро басиҷ сохт, то роҳи падарашро идома диҳанд. Аҳмад Масъуд ёрони наздик ва содиқи падарашро дар атрофаш ҷамъ кард. Яке аз онҳо Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ аст, ки масъулияти Раиси дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобулро пазируфт. Регистонӣ дар ин хусус мегӯяд: “Дар дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд кор мекунам. Ӯ ягона ёдгори қаҳрамони миллист ва вориди майдони сиёсат шудааст. Ва гуфта роҳи падари хешро идома медиҳам. Бо мардум мебошам. Чунон чи падарам ҷони худро ба хотири мардум қурбонӣ кард, ман ҳам ҳозир ҳастам ба хотири мардум ҷони худро фидо кунам. Бинобар ин, ман ҳамкори ӯ ҳастам ва дар дафтари сиёсии ӯ раиси иҷроия ҳастам. Аҳмад Масъуд шабоҳатҳои зиёд бо падараш дорад.”

Фармондеҳи низомии ҷабҳаи муқовимат

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ суқут кард ва Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ аз Кобул ҳамроҳ бо Аҳмад Масъуд ба Панҷшер шитофтанд. Онҳо дар Панҷшер садои мубориза бо гурӯҳи террористии Толибонро баланд карданд. Ҷабҳаи миллии муқовимати Афғонистон ташкил шуд ва Аҳмад Масъуд раҳбари ҷабҳа ва Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ фармондеҳи кулли низомии ин ҷабҳа интихоб шуд. Ҷанги ҷабҳаи муқовимат бо Толибон ба шикаст мувоҷеҳ нашуд. Онҳо усули ҷангро тағйир доданд. Ҳоло ҷанг дар Панҷшер, Парвон, Андароб ва Бағлон бо усули чирикӣ идома дорад. Дар ин ҳангом Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ чанд маротиб бо ҳузур дар назди дурбин ба мардум паём фиристод. Дар паёмаш ин нукта возеҳ буд, ки онҳо таслим намешаванд ва бар алайҳи гурӯҳи террористии Толибон меҷанганд. Садояш расо ва дар мубориза собитқадам ба назар мерасад. Дар паёми нави Регистонӣ, ки чанде пеш аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ӯ мегӯяд эътирофи ҳукумати толибҳо ин амалан эътирофи “Ал-қоида”, “ДИИШ” ва дигар созмонҳои террористӣ аст. Ва мардумро ба мубориза бар зидди Толибон фаро мехонад.

Толибон – созмони террористии фаъолияташ мамнӯъ дар кишварҳои ҷаҳон ва аз ҷумла Тоҷикистон


"Арзиши олӣ": Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна тағйиротҳо ворид шуд?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед