Ru  | Tj
Русия кишвари имкониятҳост. Оё донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд дар арсаи ҷаҳонӣ ба имиҷи Русия таъсир расонанд?
Русия кишвари имкониятҳост. Оё донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд дар арсаи ҷаҳонӣ ба имиҷи Русия таъсир расонанд?
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Русия кишвари имкониятҳост. Оё донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд дар арсаи ҷаҳонӣ ба имиҷи Русия таъсир расонанд?

Нашр шуд

Имиҷи Русия дар арсаи ҷаҳонӣ солҳои зиёд мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронӣ қарор дорад. Таърихи ғании ин кишвар, нуфузи сиёсӣ ва қудрати низомии он эътибори байналмилалияшро шакл додаанд. Аммо ҳаводиси ахир боиси тағйири биниши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди Русия шудааст. Албатта, Русия барои мардуми ҷаҳон ҳамеша як кишвари пуррамзу роз ва ҷаззоб буд. Дар тӯли солҳо дарки Русия вобаста ба минтақа ва фарҳанг таҳаввул ва тағйир ёфт. Софя Тюлякова, ҳамоҳангсози клуби байналмилалии пажӯҳишгарони ҷавони Донишгоҳи миллии тадқиқоти тавсеаи иртиботот дар мавриди имиҷи имрӯзи Русия дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ибрози назар кард.

Назари ҷавонон ба Русия

Монанди ҳар як ҷавони дигар, ҷавонони кишварҳои гуногун метавонанд ба имиҷи Русия таъсири мусбату манфӣ бигзоранд.

Ин коршинос таъкид мекунад, ки бештар ҷавонони хориҷӣ, ки барои таҳсил, табодули фарҳангӣ ё танҳо гардишгарӣ ба Русия меоянд, нисбат ин кишвар муносибати мусбат доранд. Ба гуфтаи Софя Тюлякова, чунин ҷавонон маъмулан Русияро ба унвони кишвари аз назари фарҳангӣ ғанӣ, дорои макони шоёни диққати зиёд, мардуми меҳрубон ва таърихи ҷолиб тавсиф мекунанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ҳамоҳангсоз, созмон ва намояндагиҳои дипломатӣ, ба монанди Россотрудничество, ройзанҳои башардӯстона ва ғайра дар шаклдиҳии имиҷи Русия нақши бузург доранд.

Чанде пеш Софя Тюлякова ва ҳамкорони ӯ дар доираи Конфронси VII байналмилалии илмӣ-амалии «Русия ва ҷаҳон: Муколама-2023. Ҳадафҳо ва арзишҳо» натиҷаҳои тадқиқоти озмоишии «Русия дар имрӯз ва оянда: омилҳои ҷолибият»-ро ироа карданд. Дар доираи лоиҳа бо ҷавонони 12 кишвари хориҷӣ як қатор нишастҳои оянданигарӣ гузаронида шуд. Дар байни онҳо ҷавонони Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбакистон, Чин, Бенин, Габон, Камерун, Эквадор, Парагвай ва Чилӣ буданд. Тибқи омори расмӣ, дар маҷмӯъ 92 нафар мавриди пурсиш қарор дода шуд, ки қисмати бештарашон донишҷӯёни хориҷие, ки дар Русия таҳсил мекарданд ё боре ба ин кишвар сафар кардаанд, буданд.

«Ин нуктаро, ки Русия «тамаддуни мустақил» аст, 28 дарсад аз посухдиҳандагон баён доштанд. Ба назари онҳо, Русия «дар ҷаҳон нақши вижаи худро» дорад. Барои Африка ва Амрикои Лотинӣ «адолат», «баробарӣ», «озодӣ» асоси ҷаҳонест, ки Русия дар ҳоли сохтани он аст. Посухдиҳандагон аз кишварҳои хориҷии наздик бар ин назаранд, ки Русия «кафили амнияту субот» дар ҷаҳон ва ҳамчунин «қудрати ҷаҳонӣ бо арзишҳои анъанавӣ» мебошад», - тавзеҳ дод Софя Тюлякова.

Маориф ҳамчун ҷузъи имиҷ

Ҳамчунин ҳамоҳангсози клуб Тюлякова мегӯяд, ки имрӯз аксари посухдиҳандагон ҳангоми интихоби байни донишгоҳҳои миллии худ ва русӣ таҳсилро дар Русия афзалтар мешуморанд.

Ба гуфтаи Тюлякова, «посухдиҳандагон зикр мекунанд, ки дар Федератсияи Русия тамоми афрод сарфи назар аз ҳолати шаҳрвандӣ, мазҳаб, миллат ва мансубияти иҷтимоӣ барои таҳсилу эҷоди як шуғли муваффақ имконоти баробар доранд».

Барои бисёре аз хориҷиён Русия як қудрати илмӣ буд ва боқӣ мемонад. Таваҷҷуҳи хоса ба инкишофи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, тиб ва кашфиёти кайҳонӣ дода мешавад.

Ҳама чиз нисбӣ аст

Беҳтарин ва бадтарин вижагиҳо ҳамеша дар муқоиса бо дигарон дарёфта мешавад. Ба гуфтаи Софя Тюлякова, тамоми ҷавононе, ки аз ҷониби ин гурӯҳи пажӯҳишӣ таҳти пурсиш қарор дода шуданд, ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки кишвар ва мардуми худро бо Русия муқоиса кунанд. Ҳамин тариқ, донишҷӯёни чинӣ зикр карданд, ки ҳаво дар Маскав назар ба ҳавои Пекин хеле покизатар аст.

«Донишҷӯёни тоҷикистонӣ биниши ҳамватанони худ ба имиҷи Русияро бисёр мусбат арзёбӣ мекунанд. Мо иртиботи қавии таълимӣ, башардӯстӣ, сатҳи баланди ҳамкории иқтисодию сиёсӣ дорем, аз ин рӯ ҷавонон иқтидори тавсеаи минбаъдаро мебинанд. Дар шаклгирии иртибототи дӯстонаи ҷавонон гирифтани таҷриба нақши муҳим мебозад: ҷавонони имрӯзи тоҷик ҳикояҳои равшани насли калонсолро дар бораи гузаштаи таърихии муштарак, инчунин таҷрибаи мусбати таҳсили ҳамсолони худро дар Русия мешунаванд, ки боиси ҷалб ва ташаккули дарки мусбат мегарданд».

Бархе афроди дигар гуфтанд, намедонанд, ки чаро дар бораи Русия қолабвора (стереотип)-ҳои зиёд вуҷуд доранд. Масалан, бисёриҳо русҳоро мардуми хеле ғамгин мешуморанд. Аммо донишҷӯёни Амрикои Лотинӣ мардуми русро мисли худашон шодмон номиданд. Дар мавриди донишҷӯёни Осиёи Марказӣ бошад, бисёриҳо меҳмоннавозиро ҳамчун як вижагии муштарак бо мардуми рус зикр карданд.

«Мардуми Русияро меҳмоннавоз, заҳматписанд, кушодадил, меҳрубон, муътақиду ростқавл медонанд», - гуфт Софя Тюлякова.

Донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар бораи Русия чӣ назар доранд?

Бар асоси омори расмии соли гузашта, дар макотиби олии Русия беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ин теъдод қариб 17 ҳазор нафар донишҷӯ буҷавӣ ва камтар аз 15 ҳазор нафар тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд.

Мисли ҳар кишвари дигар, назари ҷавонони Тоҷикистон дар мавриди Русия метавонад мухталиф бошад ва ба таҷрибаи шахсию дарки иттилоот бастагӣ дорад. Аммо, ба гуфтаи Софя Тюлякова, имрӯз донишҷӯёни тоҷик ба имиҷи Русия дар дарки ҳамватанони худ хеле назари мусбат доранд.

Тибқи як пажӯҳиши Клуби байналмилалии муҳаққиқони ҷавони ДМТТ, посухдиҳандагони тоҷик дар мавриди сиёсати Екатеринаи II ва Александри I озодона андеша баён мекунанд, ашъори Есенин ва Лермонтовро азёд қироат мекунанд, дар бораи таҷрибаи таҷлили Соли нав ва Маслениса дар Русия суҳбат мекунанд.


«Мавҷудияти чунин ҳаҷми ҷанбаҳои фарҳангии хоси кишварҳо аз равобити мустаҳкаму эҳтиромона байни ду кишвар ва сатҳи баланди иртиботи дӯстона гувоҳӣ медиҳад. Талош меварзем, ки муносибатҳоро дар ин самт инкишоф диҳем», - таъкид кард ҳамоҳангсози Клуби байналмилалии муҳаққиқони ҷавони ДМТТ.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед