Ru  | Tj
«Садақа ба баъзеҳо гуноҳ ҳам ҳаст». Онҳое, ки мардумро фиреб карда, талбандагӣ мекунанд, чӣ хатар доранд?
«Садақа ба баъзеҳо гуноҳ ҳам ҳаст». Онҳое, ки мардумро фиреб карда, талбандагӣ мекунанд, чӣ хатар доранд?
Акс: Ардашер Пайванд

«Садақа ба баъзеҳо гуноҳ ҳам ҳаст». Онҳое, ки мардумро фиреб карда, талбандагӣ мекунанд, чӣ хатар доранд?

Нашр шуд

Пешопеши фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба идораи нашрияе зане омаду хоҳиш кард, ки аз мушкилоташ нависанд, то мардум барояш кумак намоянд. Вале якбора чизе ба хотираш омаду аз фикраш гашт ва гуфт:

- Рамазон наздик аст, дар ин вақт одами хайркунанда бисёранд. Барои ҳамин ҳоло нанависед.

Бо ҳамин, ӯ хоҳиши дар бораи нодорияш матлаб таҳия карданро ба баъд мавқуф гузошт, чун дар моҳи шарифи Рамазон ризқашро пайдо мекунад.

Ин мисоли ягона нест. Тақрибан рӯзе нест, ки ба идораи расонаҳо ё чанд соли ахир назди вебнамой (видеоблогер)-ҳо одамон наоянд, ки зиндагиашонро рӯзноманигорону вебнамоён ба навор гиранду дилсӯзона дар бораашон ҳарф зананд, то мардум барояшон кумак расонад.

Бо фаро расидани моҳи Рамазон сафи чунинҳо меафзояд.

Оё ҳамаи онҳо воқеан ҳам ниёзманданд?

Ҷомеашинос Фирӯз Миров чанде пеш зимни як сӯҳбат бо хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон» дар бораи сабабҳои афзоиши ин ҳолат изҳори назар намуда, онро ба чанд омил нисбат додааст. Аз ҷумла, надоштани саводи кофӣ ва таъсири муҳит.

Ба гуфтаи ин ҷомеашинос, одамон вақте мебинанд, ки нафароне бо роҳи талбандагӣ пули муфт ба даст оварда, зиндагии хуберо соҳиб мешаванд, дигарон ҳам шавқманд мешаванд.

Фирӯз Миров ишора кардааст, ки агар мехоҳем сафи талбандаҳо наафзояд, бояд ба ҳар нафари пешомада садақа надиҳем, зеро ба истилоҳ талбандаҳо аз ҳисси хайрхоҳиву дилсӯзии одамон суистифода хоҳанд кард.
Маҳмуд Сангалиев, сармутаххассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, аз нигоҳи динӣ садақа танҳо ба шахсони дар ҳақиқат нодор ё сахт бемору барҷомонда иҷозат ҳаст. Ва он ҳам то пайдо кардани имконияти корӣ.

«Аммо инсони солиме, ки талбандагӣ мекунад, ё одаме, ки новобаста ба дороӣ аз мардум пул мепурсад, дар қиёмат бо чеҳраи бидуни гӯшт бедор мешавад. Аз ҳамон ҷо мефаҳманд, ки инҳо ҳамон ҷамоате ҳастанд, ки дар зиндагияшон новобаста ба он ки солим буданд, зарурате надоштанд, вале талбандагӣ мекарданд Дар ин бора аз Абдулло ибни Умар ҳадис ҳаст», - мегӯяд сармутаххассиси Раёсати фатво.

Мавлавӣ Насруллоҳи Шоҳбахш низ дар китоби «Ганҷинаи одоби исломӣ» навиштааст: «Агар чунин мусибате пеш омад, ки ғайри талбандагӣ дигар илоҷе надорад, дар ин сурат бояд аз ашхоси худотарсу олиҳиммат, соҳибиститоъат (қудрат ва тавоноӣ дошта) талаб намояд, ки дар талаб кардан аз онҳо зиллат (хорӣ) камтар аст».

Зимнан, бо фаро расидани моҳи Рамазон натанҳо кӯчаҳо, балки шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба як макони хайрталабӣ табдил меёбад. Корбаре бо номи Умари Форуқ дар Фейсбук аз зиёд шудани талбандаҳо дар кӯчаву назди масоҷид изҳори нигаронӣ карда, мепурсад: иллат дар чист, дар мо ё мусулмонии мо?

Бархе аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ инро ба доштан ё надоштани шарму номус рабт додаанд, баъзеи дигарҳо навиштаанд, ки айби одамон аст, чун ба талбандаҳо баҳудаву беҳуда садақа дода, одат кунонидаем.

«Агар касе ба хотири зиёд кардани моли худ талбандагӣ кунад, пас гунаҳкор аст. Ҳоло байни мардум хеле талбандаҳоеро мебинам, ки ба хотири зиёд кардани молаш ин корро касб кардаанд. Саломатияшон хубу барои фаъолият кардан чизе монеъ нест, вале пули муфт одати онҳо шудааст» – навиштааст Мамлакат Бароталиева дар шарҳи он навиштаи Умари Форуқ.

Сармутаххассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев зимни суҳбат бо мо гуфт, ки агар шахси хайркунанда ба одами бениёз садақа дод, ӯ ҳам дар гуноҳ шарик мешавад:

«Як оят ҳаст ба ин маъно, ки «Шумо талбандаро гапи ганда нагӯед». Мафҳуми ҳамин оятро баъзе аз домуллоҳои мо нодуруст мефаҳмонанд. Бояд мардуми хайркунандаро фаҳмонд, ки ба одами солим ё шахсе, ки талбандагиро касб кардааст, хайр мекунӣ, ту ба ӯ дар роҳи бад кумак карда истодаӣ. Ту ба он шахс кумак карда истодаӣ, ки ба роҳи баду муфтхӯрӣ равад. Шояд ба ҷойи савоб ту гуноҳ мегирӣ», - мегӯяд Маҳмуд Сангалиев.

Асли он оят бошад, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дигар аст. «Яъне агар ба шахси дар ҳақиқат нодор ё маъюб кумаке карда наметавонӣ, хубаш сухани баде низ нисбаташ мазан. Аммо ин оят ва ҳадисҳои дигар дар бораи хайру садақот, ба одами солим ва ашхосе марбут нест, ки моҳи шарифи Рамазону рӯзи саиди ҷумъаро баҳона пеш оварда, одамонро фиреб дода, металабанд. Афроде, ки ба ин гуна шахсон ёрӣ медиҳанд, баръакс гунаҳкор мешаванд».

Сафи ниёзмандону талбандаҳо дар ҳоле пеши масҷиду кӯчаҳо меафзояд, ки тибқи омори расмӣ шумораи бенавоён (камбизоатон) дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Агар соли 2019 аз сад дарсад аҳолӣ 26.4% бенаво бошад, пас дар соли 2022 ин нишондиҳанда 22.5%-ро ташкил медиҳад.

Зимнан, коршиносон мегӯянд, албатта на ҳамеша мешавад ба омори расмӣ сахт бовар кард. Дар ҷомеа воқеан одамони ниёзманд ҳастанд. «Аммо талбандаҳои дурӯғин ба ғайр аз он ки омори расмиро зери суол мебаранд, як хатари иҷтимоӣ ҳам доранд: одамонро ба шубҳа мебаранд! Дар ин ҳолат одамони хайрхоҳ, ҳатто ба одамони дар ҳақиқат ниёзманд бовар намекунанд. Пас роҳи ҳал чист? Як роҳ ин аст, ки хайру садақаро ба одамони ношинос анҷом надиҳанд. Масалан ҳар деҳаву ҷамоат сокинонро хуб медонанд. Бигзор дар як Рамазон барои як ё ду нафари аз ҳад ниёзманд ё сахт бемор кумак расонанд. Барои мисол бо фитри рӯзаву садақаи моҳи шарифи Рамазон мешавад барои як одами бехона хона сохт ё барои шахси нодоре пул ҷамъ карда, ӯро дар бозор савдогариро омӯзонд. Ба қавле ба одамон моҳӣ надода, моҳидориро омӯзонанд. Дар ин сурат, шояд шумораи талбандаҳо кам шавад», - мегӯяд коршинос Алии Амин.
Ҳамсуҳбати мо фақат як роҳи ҳалли масъаларо аз нигоҳи худ пешниҳод намуд. Мутмаинем роҳҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд. Албатта, агар ба он ниҳодҳои махсус ё пажӯҳишгоҳҳо машғул шаванд. Ё аз тариқи назарпурсӣ мавқеи одамонро маълум кунанд.

Масалан шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед