Ru  | Tj
Сарбадорон дар «Темурнома». Нақде бар филмномаи таърихии шоир ва нависандаи ӯзбак Хуршеди Даврон
Сарбадорон дар «Темурнома». Нақде бар филмномаи таърихии шоир ва нависандаи ӯзбак Хуршеди Даврон
Акс:Коллажи Halva.tj

Сарбадорон дар «Темурнома». Нақде бар филмномаи таърихии шоир ва нависандаи ӯзбак Хуршеди Даврон

Нашр шуд

Дидану шунидани ҳақиқат бамаротиб осонтар аз гуфтанаш аст. Танҳо роҳи гуфтани ҳақиқат ин аст, ки аз сидқ дифоъ аз ҳақиқат кунӣ. Пазируфтани ҳақиқат низ кори басо мушкилест, бахусус барои онҳое, ки аз дурӯғҳои ночизе чизҳои бузургеро халқ мекунанд.

Ҳамагӣ нек медонем, ки таърифҳои дурӯғин ва ситоишҳои тамаллуқкорона аз зумраи нописандидатарин амр дар ахлоқ аст. Бо камоли таассуф дербоз аст, ки тамаллуқ башиддат гиребони ҷомеаро гирифта ва ин падидаи шум ҳамвора дар ҳоли нумӯъст. Фоҷиа аст, агар омилони аслии вусъати падидаҳои номатлуб нухбагони аҳли илму адаб бошанд.

Ниҳояти таҳсинҳои муболиғаомезу дурӯғини шоирон нисбати масъулин оғози таммаллуқу чоплусист. Ҳушёр бояд шуд, тамаллуқи аҳли донишу маърифат нангу орӣ ба армуғон меоварад.

Таҷовуз ва таҳоҷуми ошкору ниҳони олимон, донишмандон, шоирон ва нависандагони таърихсози Ӯзбакистон ба ҳарами мероси маънавӣ ва таърихи сарзамини аҷдод пӯшида нест. Дурӯғгӯён чунон рафтор мекунанд, ки гӯйӣ худ ҳақиқат пинҳон бошад. Инон ба кулл фаромӯш кардаанд, ки танҳо нодононанд, ки ҳақиқатро намедонанд. Бад-ин сабаб аст, ки табоҳкорӣ хулқашон шуда ва дурӯғгӯйӣ роҳашон. Ҳатто панди арзишманди падарбузурги маънавиашон Алишер Навоиро низ пок аз ёдашон бурда, ки сареҳан мефармояд:

    Илмни ким воситайи жоҳ этар,

Ўзинию халқни гумроҳ этар

Тарҷумааш:

             Ҳар касе илмро воситаи ҷоҳ кунад,

          Хештану мардумро гумроҳ кунад.

Дуруст аст, агар имрӯз аз гуфтани ҳақиқат сарфи назар кунанд, фардо худ ва мардум дучори гумроҳӣ хоханд шуд.

Бо воситаи нақди муъҷази худ бар яке аз навиштаҳои таърихии шоир, нависанда ва муаррихи Ӯзбакистон киё Хуршеди Даврон мехоҳам бигӯям, ки ранҷидан аз ҳақиқат беҳтар аз таскини дурӯғин аст. Умедворам, шоири муҳтарам ва низ аҳли илми Ӯзбакистони бародарӣ хоҳанд пазируфт, ки аз роҳи дурӯғ сохтани таърих дар ниҳояти кор натиҷаи мусбат ба бор нахоҳад овард, чаро сардиву сояҳо наметавонанд хуршедро хомӯшу пинҳон кунанд.

Ишора:

Хуршеди Даврон 20 январи соли 1952 дар шаҳри Самарқанд (Ӯзбакистон) ба дунё омадааст. Гуфта шудааст, ки аз ҷониби модар насабаш ба Махдуми Аъзами Даҳбедӣ мерасад. Ӯ донишомӯхтаи донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тошканд (1977) аст. Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон аст. Вакили парлумони миллӣ (2000-2004) низ буд.

Ӯро дар Ӯзбакистон ба унвони мутахассиси масоили тасаввуф ва коршиноси беҳамтои таърихи Самарқанд, Амир Темур ва хонадодони Темуриён мешиносанд. Ашъораш ба забонҳои гуногун тарҷума шуда ва худ низ мутарҷими муваффақ аст.

Дар тарҷума ва таълифи осори таърихӣ маҳорати хоссе дорад. Чунончӣ драмаи шоир ва нависандаи бузурги турк Намик Камол «Ҷалолиддини Хоразмшоҳ»-ро ба забони ӯзбакӣ тарҷума кардааст. Хуршеди Даврон муаллифи намоишномаҳои таърихии «Ситораи Олгул» дар бораи зиндагии ситорашиноси маъруф Султонмуҳаммад ибни Шоҳрух ибни Темур Улуғбеки Кӯрагон ва «Шоҳ Бобур» дар мавриди ҳаёти Зоҳириддин Муҳаммад Бобур мебошад. Ба далели ин ки ӯ шоири ширингуфтор аст, ҳаводорони зиёде дорад.                                                                                      

ҚИССАИ «САРБАДОРОН ВА РАҲБАРИ ҶАВОН»

Он гуна, ки зикраш омад, Хуршеди Даврон насабу-л-асл самарқандист ва бешакк муҳаббати беандоза бар таърихи зодгоҳаш дорад. Зоҳиран, муҳаббаташ кизб нест. Бахусус, шефтаи таърихи корнамоиҳои Амир Темури Ланг аст, ба ҳадде, ки ин шахсият табдил ба фармонравои қалбаш шудааст. Нависанда дар бораи Темури Ланг ва хонаводаи осори фаровон дорад. Маъруфтарини он силсилаи ҳуҷҷатӣ-бадеии «Темурнома» («Темуриада») мебошад, ки соли 1996 ба табъу нашр расида ва он қисса ва филмнома миёни аҳли илму фарҳангии Ӯзбакистон бисёр маъруф гардидааст.

Таблиғ ва ташвиқи ҳамин мавзӯъ аст, ки Хуршед Давронро ба маддоҳи беназири муосири Амир Темури Ланг бадал кардааст. Шакке нест, нависандаи чирадаст бо манобеъи таърихӣ ошност ва пайваста дар навиштаҳояш ба осори муаррихин ва нависандагони форсигӯйи асри муғулу темурӣ руҷӯъ мекунад (албатта, ағлаб ба тарҷумаҳои ӯзбакӣ ва русӣ), то аз ин тариқ боварии бештареро дар миёни аҳли адаби Ӯзбакистон касб карда бошад. Бо ин ҳол, шоири таърихнавис бо усули таҳқиқи таърих ноошност ва аз ҳикматаш маҳрум.

Мақсади аслии шоир ва нависандаи таърихдӯст бештар азиму бошукӯҳ нишон додани Амир Темури Ланг ва ҷойгоҳи ӯ дар таърих аст. Ва анҷоми ҳамчунин иқдомро, ба мисли даҳҳо тан аз нависандагони забардасти Ӯзбакистони муосир ба унвони вазифаи муқаддаси худ дар назди миллату ҷомеааш медонад.

Зимнан, ҳаргиз ба ҳеч ваҷҳ қасди навиштани тақризе ба силсилаи ҳуҷҷатӣ-бадеии «Темурнома» («Темуриада»)-и шоири азизи самарқандии мо надоштам. Вале ба далели ин ки бахше аз асари эшон ба гунаи мустақим марбут ба таърихи Сарбадорони Самарканди асри темурӣ аст ва низ ба сабаби ин ки дар ғояти хеш шоир амдӣ (қасдан) ва ё ғайриамдӣ муҳимтарин мавзӯъоти таърихи воқеъии зодгоҳашро таҳриф кардааст, дигар нахостам дар баробари ба хоки зиллат кашидани номи неки муборизони озодихоҳии самарқандиёни асри муғулу Темур сокит биншинам.

Аз рӯйи инсоф нахоҳад буд, вуҷуди баёни мухтасару муъҷази таърихи қиёмҳои мардумии Сарбадорони Хуросону Самарқандро дар «Темурнома» нодида бигирем. Таърихчаи қиёми Сарбадорон аз килки нависанда берун дар наёфтода. Вале ошкор аст, ончӣ, ки муаллифро ба ёди ҳикоёти таъричаи наҳзатҳои миллӣ-озодихоҳии мардумони Хуросону Мовароуннаҳр овардааст, ҳамоно Темури Ланг аст.

Ин бахш аз таърихи корномаи Темури Ланг дар «Темурнома»-и Хуршеди Даврон «Қиссаи Сарбадорон ва раҳбари ҷавон» («Sarbadorlar qissasi ва Yosh sarkarda») ном дорад.

Аз унвонаш пайдост, ки ин қиссаи таърихӣ ихтисос бар баёни лаҳазоте аз кулли воқеаи наҳзати Сарбадорияи Самарқанд дорад. Интиқоди комили мазмуни қиссаи шоир дар ин навиштор шарт нест. Бо як калом метавон гуфт, ки таваҷҷуҳи марказии нависанда ба тасвири шахсият ва ситоиши мехрубониҳои Темури Ланг нисбат ба қазияи тақдири раҳбарони Сарбадория равона шудааст. Тибқи назари шоири таърихсози самарқандӣ, Темур Ланг шахси бисёр раҳим аст ва бад-ин лиҳоз аст, ки ӯ Мавлонозодаи Самарқандиро аз таҳдид ва хатари катл наҷот додааст. Шоир саъй бар он дорад, ки аз ин тариқ номи «Соҳибқирон»-ашро дар дафтари таърих ба унвони амири раҳмдилу дурандеш сабт намояд.

Хуршеди Даврон дар навиштаҳояш ҳамвора талош дорад, то адабиётро бо таърих ва таърихро бо адабиёт пайванд бидиҳад. Агарчи гоҳе дар оғози ин роҳ муваффақ аст, вале дар ниҳояти кор аз асли таърих ва ҳикмати он ба кулл бебаҳра аст. Аз назари нависанда барои ҳар касе, ки пирӯз аст, бояд мадхияҳо сароида шавад. Ӯ имон дорад, ки Тимури Ланг яке аз ин гуна шахсиятҳои таърихист.

Таваҷҷуҳ фармоед ба иқтибосҳои баргузида аз қиссаи мазбур барои ошноӣ бо тарзи тафаккур ва шеваи интиқол ва тафсири ҳодисае ба қалами муаллиф «Темурнома». Ӯ ин гуна менигорад:

«Замоне, ки сипоҳ (умаро) ба макони таъйиншуда расид, раҳбарони Сарбадорон ба Кони Гил омаданд ва ба амир Ҳусайн ҳадяҳое таҳвил доданд бад-ин маънӣ, ки гӯё қудрати ӯро эътироф карда бошанд. Амир Ҳусайн он рӯз барои сарбадорон базми калоне орост. Вале рӯзи дигар, вақте ки Сарбадорон бори дигар ба Кони Гил ташриф оварданд, онҳоро ба асорат гирифт ва фармони қатли ононро содир намуд. Темур, ки аз ин фитна огоҳ набуд, ба амир Ҳусайн гуфт, то аз нияти худ баргардад. Амир Темур дарк мекард, ки бо лашкари андаке ба муқобили Ҳусайн наметавонад биҷангад. Аз ин рӯ то лаҳзаи охирин барои наҷот додани сарбадорон кӯшиш мекард. Аммо амир Ҳусайн ба ҳарфҳои ӯ аҳамият надод ва (бо амали хеш) мехост нишон бидиҳад, ки соҳиби воқеъии Мовароуннаҳр чӣ касе аст.

Нахуст, Мавлоно Хурдакии Бухорӣ, сипас Абубакри Калавиро шамшер заданд. Вақте ки навбат ба Мавлонозода расид, амир Темур дигар таҳаммул накар. Вай аз ҷо бархост ва аз хашм (ба амир Хусайн) дод зад:

- Бас аст! Аз ин пас ман дигар бо шумо буда наметавонам!”

Муаллиф каме пойинтар меафзояд:

«Амир Ҳусайн низ хашмгинона аз ҷойи худ бархост. Ҳар ду паймонгарон даст ба шамшерҳояшон бурда, ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Ин лаҳза амир Ҳусайн намедонист чӣ ба сараш омада. Ногаҳон ба ҷаллод нигарист ва ишора намуд, ки даст аз анҷоми ҳукми қатл бознигаҳ дорад. Мавлонозодаро, ки рангаш сахт парида буд, ба наздаш оварданд».

Боқии ҳикоёти воқеъаи таърихӣ дар «Темурнома» ба ҳамин минвол аст. Ҳудуди тафаккури фаласафии нависанда, ҳатто замоне, ки дар бораи Сарбадорони Самарқанд менависад, бо номи Темур маҳдуд аст. Чашмони хирадаш фаротар аз корномаҳои дурӯғини Ланги ҷаҳонгир чизеро намебинанд.

Интиқод:

Рост бояд гуфт ва он ошкор аст, таҳрифи воқеъиятҳои таърихӣ аз тарафи шоир ва нависандаи ширингуфтори ӯзбак Хуршеди Даврон андоза надорад.

Дурӯғҳои бофта ва хаёлҳои тофтааш ба ҳаддест, ки аз сардии суханонаш дар бораи наҳваи қатли раҳбарони Сарбадорони Самарқанд оби дарёҳо ях мекунад.

Далоили бо ин наҳваи зишту ношинохтанӣ «дигаргун» кардани воқеъиятҳои таърихӣ дар кишвари Ӯзбакистони муосир бисёранд, вале муҳимтарин аз онҳо ин аст, ки на танҳо нависандагон, балки муаррихон ва муҳаққиқони ӯзбак манзури навиштаҳои таърихнигорони форсӣ ва муҳтавои ҳикоёти ононро ба хубӣ дарк намекунанд, чаро ки аҳли қалам дар тӯли садсолаҳо фоқиди макотиби таърихнигории миллии худ будаанд.

Дур набояд рафт. Бардоштҳои мутлақо ғалат ва иштибоҳоти фоҳиши онон ба ҳаддест, асомӣ ва алқоби шахсиятҳои таърихии асри Темури Лангро ба забони модарии худ ба хато навиштаанд. Чунончи худ шиори таърихнавис Хуршеди Даврон фақат ва фақат дар қиссаи мазбур асомии муаллифин ва бархе аз афроди таърихии асри Темури Лангро, аз қабили Ибн Баттута, Илёсхоҷа, Абӯбакр Кулуй, Мавлонозодаи Самарқандиро бағалат ба шакли «Ибн Боттута», «Илёсхўжа», «Абубакр Калавий», «Мавлонозодайи тирандоз» (манзураш аз Мавлонозодаи Самарқандӣ буда - муаллиф) навишта ва баэҳтимол эшон иштибоҳи олимони ӯзбакро ноогоҳона вом гирифтааст.

Меъёри баёни сухандон нишонаи арзиши суханаш аст. Дар ҳамин иқтибосе, ки аз қиссаи мазбури шоири таърихнигори самарқандии ӯзбак Хуршеди Даврон ба унвони намунае аз тарзи таффаккур ва шеваи интиқоли воқеъоти таърихияш оварда шуд, худ муаррифи сатҳи ҳунари таърихнишиносии ин шоири таърихдон метавонад бошад. Бешакк, дар иқтибосҳои фавқ мавориди зиёде ҳастанд, ки воқеъияти таърихӣ ба наҳваи бисёр зишту номуносибу муғризона таҳриф шудаанд, чунончӣ:

Нахуст, Зиёфатеро, гӯйӣ, ки ба гуфтаи нависандаи қисса оқои киё Хуршеди Даврон, хони чағатоӣ амир Ҳусайн аз роҳи макр барои раҳбарони сарбадорияи Самарқанд дар мавзеъе ба номи Кони Гил баргузор намудааст, таҳрифи ошкорои таърихи маҳз мебошад, ки бедаранг нашъаи ранг аз ширк гирифта ва ғояташ ҳамоно нафс аст.

Зимнан, мебояд таъкид намуд, ки қасди аз миён бардоштани раҳбарони сарбадорияи Самарқанд нақшаи дақиқ ва қаблан тарҳрезишуда ҳар ду умарои маккор буд. Зиёфатеро, ки сухан дар борааш меравад, шакке нест, ҳар ду (амир Ҳусайн ва Темури Ланг) бо маслаҳат ва машварати якдигар дар Кони Гил баргузор карда буданд.

Дувум, таъкидҳои мукаррари муҳаққиқин, шоирон ва нависандагони муосири Ӯзбакистон, аз ҷумла, шоири мо Хуршеди Даврон дар мавриди ин ки Темури Ланг аз «макри» амир Ҳусайн аслан огоҳӣ надошт, дурӯғи дигари шохдорест аз махзани хаёлпардозиҳояш берун омадаанд. Ҳақиқати маҳзи таърих ин аст, ки Темурланг худ аслитарин муқассир ва мусаббиби қатли раҳбарони сарбадорияи Самарқанд буд.

Мудаллатарин бурҳони қасди Темури Ланг дар ҷиҳати аз миён бардоштани раҳбарони Сарбадория дар иқдомоте, ки ӯ пас аз саркӯбии наҳзати сарбадория нисбат ба муборизон ва озодихоҳони шаҳри Самарқанд карда буд, пайдост, ки тафсираш ба гунаи муфассал дар навиштаи мо «Темур ва самарқандиён» (ба забони русӣ) омадааст.

Хуллас, дар ин бахш аз қиссаи шоир Хуршеди Даврон аз ин тариқ хостааст ахлоқи бенур ва хашини Темури Лангро пурнуртару латифтар созад, бо асли таърих ҳаргиз рост намеояд ва ин ҳама зиёдахоҳии муаллиф дарвоқеъ ба ҷуз аз самараи зиллату хориаш наметавонад бошад.

Севум, назари шоир дар бораи ин ки, гӯйӣ: «нахуст Мавлоно Хурдакии Бухорӣ, сипас Абӯбакри Калавиро шамшер заданд») таҳрифи дағали дигари додаҳои тамоми муаррихони асри миёна дар бораи таърихи наҳзати Сарбадорони Самарқанд навиштаанд, мебошад.

Дар ин тасвири шоир ва «суратгари моҳири таърих» на танҳо ба моҳияти таърихии яке аз муҳимтарин рухдодҳои гузаштаи миллӣ тавҳин шуда, балки бо камоли худхоҳӣ тақдири ҷавонмардони таърих аз осмони ҳурмат ба хоки зиллат кашида шудааст. Бо ин гуфтораш шоири баландҳиммати мо ошкоро зидди ҳақиқати таърих рафта, то аз ин роҳ обишхӯри нифоқ ва зуруфи худхоҳии худро пуробтар намояд.

Ончи аз гуфтори нависанда маълуму маъруф мавриди тамаъи ӯст. Дар ин тасвир ва тасовири дигараш иллати адами таваҷҷуҳи шоир ва нависандаи қиссаи мазбур ба додаҳои таърихӣ маълум нест. Ин дар ҳолест, ки ҳарфи ҳамаи муаррихони асри темурӣ бар хилофи хаёлпардозиҳо ва навиштаҳои нависандаи мост. Нек мебуд, агар «шоири нозукбини таърих» таваҷҷуҳи лозимро бар асли мақсад ва матлаби муаррихони кадим, яъне ба маънии шиори машҳури мардони озодихоҳи Самарқанд «Сарбадор медиҳем» мекард, на ба маъние чун «Сар ба шамшер»!

Чаҳорум, мадҳу ситоишҳои муаррихон ва шоирони муосири ӯзбак, ки ҳар як дар осори хеш аз муҳаббати хосси Темури Ланг нисбат ба шахсияти Мавлонозодаи Самарқандӣ ба амал меоранд, бешакк ҳосили тахайюлоти ифротии аҳли қалами қадиму муосир аст.

Ҳаққи гап ин аст, ки таъриф ва тамҷидҳои бемаврид ва беасоси ашхоси таърихӣ ва таҳрифҳои таърих аз сӯйи олимон ва суханварон на чеҳраи зотии фазилат асту на баҳраи назокати ҳунар, балки он ҳама аъмоли аз берун олами хуш, вале аз дарун олами зишт фақат ва фақат барои касби ному шуҳрати хеш ва барои фирефтани зеҳнҳои мардуми ноогоҳ ироа мегарданд.

Албатта, ногуфта намонад, ки таърифу тавсифҳои ҷаълӣ ва тамҷидҳои маснӯъе, ки дар осори илмӣ ва адабии олимон ва нависандагони муосири Ӯзбакистон аз шахсияти Темури Ланг ба амал бароварда мешаванд, аз ҷумла мадҳу ситоиши беҳудуде дар қиссаи таърихии шоири хушгуфтори мо сурат гирифтааст, мутмаинан амали дурусте нест, чаро ки худ эшон аз садоқат ба он чизе, ки дар борааш мегӯяд, эътиқод надорад ва дар қалби худ чунин набуда ва нест.

Амали чоплус нишонаи хории ӯст. Шоир ва нависандаи чарбзабоне, ки таърифу тавсифи бемавридро мутмаинан далел бар ҳунари волои худ мешуморад, дарвоқеъ, хорӣ ва зиллати худро ба намоиш мегузорад. Бад-ин хотир, инсоне, ки дар талаби ризо ва хушбахтии мардумаш аст, ҳаргиз набояд дурӯғ гӯяд, ҳатто аз таърихи миллат ва меҳани худ.

Инсон фақат дар замоне метавонад сазовори эҳтироми ҳақиқии мардум шавад, агар дар пиндораш озод ва дар кирдораш одил бошад; ҳамвора таваҷҷуҳи холисона ба ҷалби назар ва қалбҳои мардум дошта бошад, дар ғайри сурат пиндору кирдораш тамоми арзишҳои инсониро хор ва пояҳои зинати оламро рафта-рафта ба ларзиш хоҳад даровард.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед