Ru  | Tj
Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз
Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз

Нашр шуд

Мо бо яке аз футболбозони муваффақу овозадори кишвар – Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз, ҷаҳони футбол, шинохти футбол аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон ва ғайра сӯҳбат кардем.

Аз парчамбардорӣ то “марг”-и соҳибкасб

- Нуриддин, нахуст бигӯед, ки футбол барои Шумо чист? 

- Футбол бароям касб ё болотар аз касб маҳсуб меёбад. Зиёда аз 15 сол мешавад, ки дар  футбол ҳастам ва бисёри вақтамро ба ин кори дӯстдоштаам мебахшам. Футбол барои ман машғулияте аст, ки ба хотираш аз падару модар, зану фарзанд, бародарону дӯстон ва Ватан дур будаму дур зистам. 

- Як футболбоз барои давлат ва давлат барои футболбоз чӣ кӯмак карда метавонад?

- Ҳоло муҳим он аст, ки ҳадафҳо маълуманд: футболбоз кӯшиш мекунад, ки кишварашро муаррифӣ кунад, парчамаш ҳамеша боло барояд ва суруди миллияш садо диҳад. Ҳадафи давлат бошад, барои амалишавии ҳадафи футболбоз шароит муҳайё кардан аст.

- “Варзишгар одами намунавӣ аст”. Ин ҷумларо ба мо шарҳ дода метавонед? 

- Варзишгар нафаре аст, ки пеш аз ҳама тарзи ҳаёти солимро талқин мекунад. Муаррифгари ватану миллати худ аст, ки дар маконҳои махсус аз ӯ ҳамчун намуна ёдовар мешаванд. Ва меҳнат кардану ба пеш ҳаракат карданро ба насли нав нишон медиҳад, ки ҳатман пайравону шогирдони зиёд пайдо мекунад. 

- Ҳоло ба назар мерасад, ки футболбоз шудан дар кишвари мо муд шудааст. Шумо ба ин фикр розиед? 

- Бале, зеро солҳои охир футболи тоҷик бисёр тарғиб мешавад ва ҳам  масъулину ҳам мардум дастгирии зиёд мекунанд. Аз ҷониби дигар, футболбоз ҳоло дар кишвари мо қадри зиёд дорад, волидон мехоҳанд, фарзандонашон ба ин соҳа ворид шаванду номбардори ин халқу ватан гарданд.

- Футболбоз будан чӣ тарафи бадӣ дорад?

- Ман танҳо як ҷиҳати манфии ин касбро медонам ва он ҳам бошад дурӣ аз аҳли оила, ёру дӯстон ва Ватан аст. 

- Кадом мусобиқаҳои футболи ҷаҳониро тамошо мекунед?

- Ҳаракат мекунам, ки ҳамаи мусобиқаҳои машҳури дунёро тамошо кунам. 

- Футболбозон аз як даста ба дастаи дигар мегузаранд. Метавонед ин масъаларо сода карда бигӯед?

- Дар футбол нафарони махсус ҳастанд, ки онҳоро мо “агент” мегӯем. “Агент” бо дастаҳои футбол ҳамкорӣ мекунад ва роҳбарияти тимҳо ба ӯ чӣ гуна бозингар лозим буданро мегӯянд. “Агент” ҷустуҷӯ мекунад. Агар футболбози мувофиқро пайдо кард, тарафҳо ба мувофиқа мерасанд ва шартнома баста мешавад. 

- Мутаассифона, ҳоло қисме аз соҳибкасбони мо бо маошашон рӯзгорашонро пеш бурда наметавонанд. Лутфан, бигӯед, ки футболбоз бидуни қарз зиндагияшро пеш бурда метавонад? 

- Бале, бо маоши футболбоз рӯзгорро бисёр хуб пеш бурдан мумкин аст. 

- Футболбоз ягон даромади иловагӣ дорад?

- Албатта, бе даромади иловагӣ намешавад. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки умри соҳибкасб дар ин футбол то 37-40-солагӣ аст ва ин факт дилхоҳ футболбозро ба кори дигар кардан ва даромади иловагие доштан, талқин мекунад. 

- Шумо пас аз 40-солагӣ чӣ кор карданиед?

- Ният дорам, ки пас аз анҷоми фаъолияти футболбозӣ дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор намуда, ба Ватанам хизмат кунам. 

- Ба фикри Шумо 3 футболбози беҳтарини тоҷик киҳоянд?

- Барои ман ҳамаи футболбозони тоҷик беҳтарин ҳастанд.

Аз орзуи ҳама футболбозон то ҷароҳати вазнин

- Аз чанд солагиятон ба футболбозӣ машғулед? 

- Аз 8-солагӣ ба футболбозӣ оғоз кардам ва хушбахтона то ҳол дар ин соҳа фаъолияти бетанаффус дорам. 

- Дар футбол “кумири” Шумо кист?

- Дар футбол “кумир” надорам, вале ҳастанд футболбозоне, ки аз бозияшон чизе омӯхта метавонам. Масалан, Лука Модрич, Каземиро, Канте, Марко Верратти ва Видал. 

- Ҳаррӯз тамрин мекунед?

- Бале, ҳамарӯза ба тамрин машғул ҳастам ва рӯзи истироҳат бошад, дар толори варзишӣ машқ мекунам.

- Шумо то имрӯз дар чанд даста ҳамчун футболбоз бозӣ кардаед?

- Агар шартномаҳои ҷиддиро ҳисоб кунем, то имрӯз дар 9 даста бозӣ кардаам. 

- Вақте ки дар майдон 20 ҳазор нафар мухлисӣ мекунанд ва Шумо гол мезанед, чӣ эҳсос Шуморо фаро мегирад?

- Ростӣ ин эҳсосро ба забон оваран ғайриимкон аст. Ин лаҳза фаромӯшнашаванда асту орзуи тамоми футболбозон. 

- Баръакс вақте ки дар майдон 20 ҳазор нафар мухлисӣ мекунанд ва ба дарвозаи Шумо гол мезананд, чӣ эҳсос пайдо мешавад?

- Чанд сония ғамгин мешавӣ ва пасон бо ҳадафи гол задану ғолиб шудан, дар бозӣ ҳаракат мекунӣ.

- Футболбозон бештар мехоҳанд дар вақти бозӣ ҳарифашонро бо ягон намуд “финт” фиреб дода, ба пеш раванд. Бигӯед, ки футболбоз “финт”-ро чӣ гуна меомӯзад?

- “Финт”-ро футболбозон аз кӯдакӣ меомӯзанд ва бисёртар бо дидани футболбозони пуртаҷриба ёд мегиранд.  

- Аз ҳама голи ғайриоддии задаатон кадом буд ва онро ба дарвозаи кӣ задаед?

- Ростӣ, аниқ ба хотир надорам, ки соли чанд буд, вале аз ҳама голи ба фикри худам ғайриоддиям ба дарвозаи мунтахаби Малдивские Острова буд, ки он голро қариб аз мобайни майдон зада будам.

- Дар бозиҳои касбӣ ҳоло Шумо чанд гол доред?

- Аслан, дар майдон ман кам гол мезанам, зеро мавқеам голзанӣ нест. Аз ин сабаб, ҳисоб накардаам, ки чанд гол дорам. 

- Ягон маротиба фикри аз футбол рафтанро кардед?

- Соли 2017 ҷароҳати сахт бардоштам ва хостам тарки футбол кунам, аммо бо дастгирии оила ва ёру бародаронам аз фикрам гаштам. 

Талабот ва тавсияҳо аз  мутахассис

- Барои футболбоз шудан чӣ кор бояд кард? 

- Чанд “бояд” аст, ки онро бояд иҷро кунӣ. Бояд ин касбро дӯст дошт. Бояд худро ба футбол бахшид. Бояд дар ҳама тамринҳо иштирок кард ва бояд ба худ бовар дошту ҳаргиз ноумед нашуд. 

- Барои футболбози касбӣ шудан дар куҷо метавон тамрин кард? 

- Ҳоло дар ватан бисёр мактабҳои футбол таъсис ёфтаанд, ки қариб дар ҳамаи варзишгоҳҳо мактаби футбол мавҷуд аст. Вале аз ҳама хубу беҳтар ин Академияи Федератсияи футболи Точикистон мебошад. 

- Киҳо метавонанд футболбоз шаванд? 

- Ҳама нафароне, ки “бояд”-ҳои дар боло гуфтаамро дар худ амалӣ кунанд.

- Барои омӯхтани ин касб чӣ ё чиҳо лозим аст?

- Футболбоз дар тамоми фаъолияти худ меомӯзад. Ва агар наомӯзад, ҳамчун футболбози “нодаркор” шинохта мешавад.

- Омӯхтани футболбозӣ душвор аст?

- Агар хоҳиш бошад, ҳеҷ душворие надорад. 

- Шумо шогирд доред?

- Ман ҳоло худам шогирд ҳастам. Вале дар оянда мумкин дар бораи шогирдгирӣ фикр кунам. 

- Тавсия медиҳед, ки бачаҳо футболбоз шаванд?

- Бале, тавсия медиҳам, вале на танҳо барои футболбоз шудан, балки барои умуман ба варзиш машғул шудан. Варзиш солимӣ, зебоӣ, номбардорӣ ва парчамбардорист, ки барои ояндаи ҳар як миллат бисёр муҳим аст. 

– Раҳмат барои сӯҳбат. 


Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед