Ru  | Tj
Суғд. Марги шаш нафар ва осеби беш аз 300 хона аз балоҳои табиӣ
Суғд. Марги шаш нафар ва осеби беш аз 300 хона аз балоҳои табиӣ
Акс: Дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд

Суғд. Марги шаш нафар ва осеби беш аз 300 хона аз балоҳои табиӣ

Нашр шуд

Дар ҳудуди вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли равон 5 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти  табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора с, муовини раиси Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дар пайи 2 нафар ба ҳалокат расида буд.

Шарифзода афзуд, дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Девоштич 3 сонеҳаи омадани сел ба қайд гирифта шуд. Ду ҳодисаи дигари табиӣ фаромадани тарма дар ноҳияи Айнӣ ва заминҷунбӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчо ба шумор меравад.


Ба гуфтаи ин масъул, зарари 5 ҳодисаи зикршуда 5 милёну 656 ҳазору 980 сомониро ташкил медиҳад.

БАЛОҲОИ ТАБИИ МУДҲИШ

Аз 5 балои табиии зикршуда сонеҳаи тармафароӣ дар ноҳияи Айнӣ мудҳиш арзёбӣ шуд. Ба иттилои Шарифзода, дар сонеҳаи рӯзи 27-уми феврали соли равон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 5 нафар ҳалок шуда, як тани дигар захмӣ шудааст.

Дигар ҳодисаи табиӣ ки фавт бар ҷой гузошт, дар ҷамоати деҳоти Ростровути ноҳияи Девоштич  рух додааст.

Гуфта шуд, ки омадани сел боиси як талофоти ҷонӣ ва 660 ҳазор сомонӣ зарари молӣ дар ин минтақа шуд.

Аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ дар пайи боришоти боронҳои зиёд ва омадани сел 427 ҳазору 717 сомонӣ, ноҳияи Б.Ғафуров 380 ҳазору 193 сомонӣ ва дар ноҳияи Кӯҳистони Масчо дар пайи зилзила 4 милёну 188 ҳазору 970 сомонӣ зарари молӣ расидааст.

Зикр шуд, ки дигар сонеҳаи фавқулодаи заминҷунбӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчо рӯзи 23-уми март ба қайд гирифта шудааст. Дар пайи ин сонеҳа дар 8 деҳаи ҷамоати деҳоти Палдорак 318 хона зарар дид. Ҳамчунин ду адад муассисаи соҳаи маориф, 330 адад иншооти ёрирарасон, 1 адад муассисаи соҳаи тиб, талофоти 39 сар чорво осеб дид.


Ёдовар мешавем, ки сонеҳаҳои зикршуда то моҳи июн ба қайд гирифта шудаанд. Аммо рӯзи 28-уми июли соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷекат ва Исфараю Девоштичу Истаравшан дар пайи боришоти шадид  сел ба вуҷуд омад.

Дар қаламрави ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ 7 хонаи истиқоматӣ ва 56 иншооти ёрирасону қитъаҳои наздиҳавлгӣ зарар диданд. Шарифзода гуфт зарари ин офат то ҳол муайян нест.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед