Ru  | Tj
Дар вилояти Хатлон ноболиғонро барои дастдарозӣ ба номус аз озодӣ маҳрум кардаанд
Дар вилояти Хатлон ноболиғонро барои дастдарозӣ ба номус аз озодӣ маҳрум кардаанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар вилояти Хатлон ноболиғонро барои дастдарозӣ ба номус аз озодӣ маҳрум кардаанд

Нашр шуд

Дар ҳафт моҳи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 9 кас барои дастдарозӣ ба номус ва 10 кас барои содир кардани кирдорҳои бадахлоқона аз озодӣ маҳрум шудаанд, ки миёни онҳо ноболиғон низ ҳастанд. Дар ин бора Исломиддин Холзода, як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон ба Halva.tj хабар дод.

Номбурда гуфт, ки дар ин давра ба Додгоҳи вилояти Хатлон бо моддаи 138-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Таҷовуз ба номус) 11 парванда ворид шуда, 8 парванда баррасӣ шудааст, ки 9 нафар аз ҷумла 6 мард ва 3 нафар ноболиғ зиндонӣ шудаанд.

“Ҳамзамон бо моддаи 139 (Хусусиятҳои зӯроварии дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 9 парванда ворид шуда, 7 мард ва 3 ноболиғ равонаи зиндон шудаанд", - афзуд Исломиддин Холзода.

Ба қавли ӯ, сабти чунин ҷиноятҳои сангин миёни ноболиғон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2 адад афзудааст.

Моддаи 138-и Кодекси ҷиноӣ ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 25 сол ва моддаи 139-и Кодекси ҷиноӣ аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки соли 2022 дар вилояти Хатлон барои дастдарозӣ ба номус 6 нафар калонсол ва 4 ноболиғ зиндонӣ шудаанд. Дар баробари ин барои содир кардани кирдорҳои бадахлоқона 6 нафар калонсол ва 1 нафар ноболиғ муҷозот шудаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи июли соли равон як мудири мактаб дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои кирдорҳои бадахлоқона нисбати ноболиғи мактабхон боздошт шуд. Ӯ бо моддаи 139, қисми 2 банди д-и Кодекси ҷинои Тоҷикистон гумонбар дониста шуда, дар ин замина таҳқиқ идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 7 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 25 ҷинояти марбут ба таҷовус ба номус сабт шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед