Ru  | Tj
Тақвияти ҳамкориҳо. Равобити Тоҷикистону Русия дар чӣ сатҳ қарор дорад?
Тақвияти ҳамкориҳо. Равобити Тоҷикистону Русия дар чӣ сатҳ қарор дорад?
Акс: Пажӯҳҳишгоҳи миллии тавсеаи иртиботот

Тақвияти ҳамкориҳо. Равобити Тоҷикистону Русия дар чӣ сатҳ қарор дорад?

Нашр шуд

Чанде қабл мутахассисони Пажӯҳишгоҳи миллии тавсеъаи иртиботот (ПМТИ) дараҷаи дӯстии ҳамсоякишварҳои Русияро муайян карда, радабандии низомҳои равобити дӯстонаи кишварҳои ҳаммарзро мунташир карданд. Ҷадвали арзёбӣ аз кишварҳои ҳамсӯ (иттифоқчӣ) то душманро дар бар мегирад. Тибқи тавзеҳоти муаллифони мониторинг, назарсанҷӣ дар байни коршиносони муқими кишварҳои таҳқиқшаванда низ гузаронида шуд.

Тақвияти равобит

Тибқи маълумоти нашршуда, равобити мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар як соли ахир беҳтар шудааст. Ба қавли муовини мудири пажӯҳишгоҳ Валентина Комлева, ин муттаҳидӣ ба тақвият ёфтани ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф бастагӣ дорад.

«Тоҷикистон мавқеъи худро нисбат ба соли гузашта ҳифз кардааст ва аз назари ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ин мавқеъи касбнамудаашро тақвият додааст, зеро Федератсияи Русия ба як қатор лоиҳаҳои муҳими омӯзишии Русияву Тоҷикистон бо фарогирии забони русӣ мустақиман ворид гардид», – тавзеҳ дод Комлева.

Қобили зикр аст, ки бо пуштибонии молии Федератсияи Русия дар тамоми шаҳрҳои Тоҷикистон мактабҳо бунёд мешаванд. Илова бар ин ҳукумати Федератсияи Русия ҳамасола барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия аз рӯйи ихтисос ва самтҳои гуногун ба довталабони Тоҷикистон бурсия (квота) ҷудо менамояд. Имсол дар муассисаҳои таълимии Русия ҳудуди 900 ҷойи ройгон барои таҳсил пешбинӣ шудааст.

Имтиёзҳои дӯстона

Маълум нест, ки Русия ба хотири равобити дӯстона ба Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар намояд. Дар ин замина Вячеслав Гасумянов, сардори кафедраи амнияти ширкатии Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскави ВКХ Русия зикр намуд, ки бо назардошти радабандии дӯстона Русия метавонад якчанд имтиёз пешбинӣ намояд, аз ҷумла коҳиш додани нархи газ барои кишварҳои дӯстро пешниҳод кунад. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдом метавонад барои баъзе аз кишварҳо барои дӯстӣ кардан ангеза бидиҳад.

«Қарор дар бораи коҳиши нархи газ дар асоси радабандии кишварҳои дӯст қабул карда мешавад», - гуфт коршинос.

  Гуфтанист, Русия ҳамчунон таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки ин додугирифт дар чаҳорчӯби созишномаҳои байниҳукуматӣ бидуни ситонидани боҷ сурат мегирад.

Тоҷикистону Русия аз соли 1992 равобити дипломатиро барқарор намуда, то имрӯз беш аз 300 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидориро ба тасвиб расонидаанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳатто пас аз ба итмом расидани амалиёти вижаи низомӣ равобити байни ин ду кишвар бетағйир боқӣ мемонад. Ба гуфтаи раҳбари ҳолдинги мухобиротии «Минчинко консалтинг», мудири Маркази тадқиқотии нуҳбагони сиёсии Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскав Евгений Минченко, Русия минбаъд ҳам равобити худро бо ҳамсоякишварҳо тақвият ва тавсеа хоҳад дод.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед