Ru  | Tj
«Таҳрики Толибон»-и Покистон барои Исломобод дардисарсоз шудааст?
«Таҳрики Толибон»-и Покистон барои Исломобод дардисарсоз шудааст?
Аксҳо: аз Интернет

«Таҳрики Толибон»-и Покистон барои Исломобод дардисарсоз шудааст?

Нашр шуд

Соли 2022 давлати Покистон шоҳиди даргирии сиёсӣ ва чолишҳои нав ба нав дар дохили кишвараш буд. Ин кишвар бо таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд, ки бо суқути давлати пешини Имрон Хон ва рӯйи кор омадани ҳукумати Шаҳбоз Шариф анҷомид. Аз сӯйи дигар ихтилофи давлати Покистон бо Толибони* покистониву афғонӣ устухоне дар гулӯи Исломобод шудааст.

Дар ин авохир шароити кунунии ҳоким бар Афғонистон нигаронии раҳбарони Покистону Тоҷикистонро ҳам дар пай дошт, зеро марзи муштараки онҳо бо ин кишвар монеаи ҷиддӣ дар масири тавсеаи равобити Душанбе ва Исломобод ҳисобида мешавад.

Миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Исломобод сарони Тоҷикистону Покистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф бар муборизаи муштарак бо чолишҳои минтақаӣ, аз ҷумла терроризм ва ҳамкории наздик барои сулҳу субот дар Афғонистон ва дар ниҳоят тавофуқ бар зарурати ташкили як давлати фарогир дар ҳукумати Толибон-ро таъкид намуданд.


Вобаста ба мавзеъгирии муштараки ин ду кишвар дар мавриди ҳалли вазъи Афғонистон Александр Воробёв, раиси Маркази дипломатияи ҷамъиятӣ ва таҳлили сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳамзамон ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия дар суҳбат бо «Независимая газета» гуфт, ки Душанбе ва Исломобод таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистонро кафолати амният медонанд:

«Тоҷикистон ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон манфиатдор аст. Аммо ба назар мерасад, ки Исломобод дар робита ба ҷилавгирӣ аз эҳтимоли таҳдидҳои воқеии ифротгароӣ аз қаламрави Афғонистон барои Душанбе кори зиёде карда наметавонад. Бо вуҷуди ин, Исломобод ба равандҳои дохилии Кобул таъсири муайяне дорад. Аз ин рӯ Тоҷикистону Покистон дар самти Афғонистон ҳамкории зич хоҳанд кард», - гуфт коршиноси рус.


Аммо Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақаӣ мегӯяд, ки барои Тоҷикистон рушди ҳамкории низомиву амниятӣ бо Покистон дар қиболи вазъи печидаи Афғонистон муҳим ва аҳамиятнок аст:

«Ҳамкориҳои амниятӣ бо Покистон бо таваҷҷуҳ ба вазъияти Афғонистон ва чашмандози дурнамои мубҳам ва норӯшани таҳаввулоти ин кишвари ҳамсояи мо бисёр муҳим мебошад, зеро Покистон дар саҳнаи Афғонистон яке аз кишварҳои бисёр таъсиргузор ва то ҳудуди зиёде таъйинкунандаи шароит мебошад. Агар мо тавонем бо Покистон таомул ва ҳамкорӣ дар ин заминаро ба сурате пеш бибарем, ки манфиатҳои миллии мо дар робита ба Афғонистон таъмин шавад, ин дастовард ва натиҷаи бисёр муҳиме хохад буд. Зимнан, роҳбари кишвари мо ҳам зимни музокироти сатҳи олӣ бори дигар ба зарурати ташкили як ҳукумати фарогир бо ҳузури намояндагони тамоми гурӯҳҳои қавмии Афгонистон таъкид карданд, ки ин мавқеи собити Тоҷикистон дар ҳар шакле ва ҳар сатҳе аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди ҳимоят қарор мегирад. Шояд баъзе кишварҳо на ба ин сароҳат, на ба ин ҷуръат ин назар ва мавқеъгириро матраҳ кунанд, вале дар ҳар сурат дар миён гузоштани ин мавзӯъ бо яке аз бозигарони муҳими саҳнаи минтақаӣ, махсусан дар масъалаи Афғонистон нишон медиҳад, ки мо дар масъалаи ояндаи ин кишвар бетараф нестем», - иброз дошт Қ.Бекмуҳаммад.

Аз гузашта ба ин сӯ давлати Покистонро ба унвони бозигари аслӣ дар қазияи Афғонистон медонанд. Ба иддаои аксари коршиносон, Исломобод аз се даҳа ба ин сӯ яке аз пуштибонҳои асосии Толибон аст ва бо назардошти ҷунбишҳои озодихоҳӣ монанди балуҷҳо ва ҷунбиши таҳти ҳимояи паштунҳо ин кишвар ҳеч гоҳ намехоҳад бо Толибон, ки аксарияти раҳбарони ин гурӯҳ паштунҳоянд, мухолифати тӯлонӣ дошта бошад.

Ин шабурӯз равобити Покистон бо ҳукумати Толибони Афғонистон чандон сода ба назар намерасад. Вобаста ба собиқаи ҳамкории ин ду кишвари ҳамсоя Раҳматулло Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки «бо назардошти нақши Покистон дар равандҳои сиёсии Афғонистон дар тӯли нимаи дуюми қарни бист ва ибтидои қарни бисту як, яъне аз рӯзи таъсис ёфтани давлати Покистон дар соли 1947 ба баъд мо шоҳиди он будем, ки ин кишвар аз таҳти дил манфиатдори барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон нест».

- Зеро ихтилофи байни Афғонистон ва Покистон ҷанбаи таърихии тӯлонӣ дошта, алоқа дорад ба он минтақаи васеъ, ки бо номи хати Дюранд ҷудо шудааст ва ба ҳайати давлати Покистон дохил шудааст. Дар ҳама лаҳзаҳои ҳассос ҳарду тараф чӣ Покистон ва чӣ Афғонистон ба ин масъала дахл мекунанд ва гоҳ-гоҳе боиси шиддат гирифтани муносибат байни ду давлат мегардад. Ин омили покистонӣ дар оянда таъсири худро гум нахоҳад кард», - хулоса кард ин таҳлилгар.

Гуфтугӯҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар масъалаи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон замоне сурат гирифт, ки ихтилофот байни давлати Покистон ва худи Толибони Афғонистон дар ҳоли авҷ гирифтан буд. Давлати Покистон Толибони ин кишварро муттаҳам мекунад, ки ба раҳбарони «Таҳрики толибон»*-и покистонӣ ба қадри кофӣ фишор наорад ва ихтилофу низоъро дар ҳудуди Покистон мутаваққиф кунанд.

Авҷи даргирӣ ва ҳамлаҳои террористии фаромарзӣ аз ҷониби «Таҳрики Толибон»-и Покистон – як гурӯҳи тундрав, ки то ҳол дар Афғонистон ҷонибдорони зиёд дорад, ба навъе озмоиши равобити ин ду кишварро идома медиҳад. Ихтилофоти навбатии Кобул ва Исломобод корро барои давлати Шаҳбоз Шариф сахттар кардааст, зеро дар муқобили ҳукумати Толибон бо баҳсҳои тоза ва ҳисоркашӣ дар хати Дюранд, ҳамчунин адами рӯёрӯии он бо гурӯҳи «Таҳрики Толибони»-и Покистон ҷойгоҳашон дар байни паштунҳо мустаҳкамтар мешавад. Тибқи иттилои муассисаи мутолиоти сулҳи Покистон, аз замони тасаллути Толибон бар Кобул шумори ҳамалоти террористӣ дар Покистон беш аз 51 дарсад афзоиш доштааст.

 

ТАҲРИКИ ТОЛИБОН: «БО РӮҲИЯ ВА СИЛОҲЕ, КИ ДОРЕМ, МЕҶАНГЕМ»


Ҳоло масъалаи ташвишовар барои Покистон ин аст, ки Исломобод дар партави ҳамлаҳои террористии гурӯҳи «Таҳрики Толибон»-и Покистон қарор дорад ва бештари раҳбаронаш дар Афғонистон ҳастанд, аммо худро аз Толибон ҷудо медонанд. Ва ҷониби Покистон маҷбур шудааст дар робитаи худ бо Толибони Афғонистон таҷдиди назар кунад. Яъне, Покистон дар мавриди фаъолиятҳои таҳрики «Толибони Покистон» ҳассосияти хоссе дорад. «Таҳрики Толибон» ба далели қавмият ва хешовандии муштараки паштунҳо наздиктарин гурӯҳ ба Толибон аст ва ба ҳамин далел Толибон алоқаи чандоне ба бархӯрди ҷиддӣ бо ин гурӯҳро надорад. «Таҳрики Толибон»-и Покистон ахиран иҷрои тавофуқи оташбас бо Исломободро бекор кард ва мавҷи ҳамлаҳои мухталиф алайҳи ин кишварро оғоз кард, ки бавижа дар манотиқи наздик ба марзи Афғонистон ва Покистон даҳҳо кушта бар ҷой гузошт. Дар соли 2021 294 ҳамлаи террористӣ тавассути ин гурӯҳ дар хоки Покистон рух дод, ки теъдоди ин ҳамалот нисбат ба соли 2020 ба мизони 56 дарсад афзоиш доштааст.

Ба иддаои «Таҳрики Толибон», ин гурӯҳ аз дохили хоки Покистон алайҳи давлати ин кишвар меҷангад ва бо рӯҳия ва силоҳе, ки дар хоки Покистон мавҷуд аст, метавонад чандин даҳа ба ҷанг идома диҳад. Исломобод эълон кардааст, ки ҳамлаҳо бар ғайринизомиёни ин кишвар дар дохили хоки Афғонистон тарҳрезӣ мешавад ва Толибони Афғонистон «Таҳрики Толибон»-и Покистонро дар хоки ин кишвар паноҳ додааст.

Мушкилоти амниятӣ дар ҳоле рӯ задааст, ки алҳол иқтисоди ин кишвар дар остонаи дефолт (нотавонӣ дар баргардонидани вомҳои хориҷӣ) қарор дорад ва аз қарзҳои Сандуқи байналмилали пул, Чин ва Арабистони Саудӣ вобаста аст. Масалан, дар Покистон дараҷаи хеле баланди шиддати иҷтимоӣ-сиёсӣ вуҷуд дорад. Соли гузашта  Покистон шоҳиди обхезиҳои шадид буд. Бар асари селобҳои ахир дар иёлоти Синди Покистон яке аз бузургтарин вилоятҳои ин кишвар, ки зери об мондааст, хисороташ 33 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин, моҳи апрели соли 2022, вақте ки ҳукумати нав таҳти сарварии нахуствазир Шаҳбоз Шариф дар Покистон ба қудрат расид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолияти фавқулода нишон дод. Яъне элитаи куҳнаи сиёсии мустамликавии бритониёӣ ва амрикогарои Покистон тавонист дар авоили моҳи апрели соли равон вокуниши нобоварӣ ба ҳукумати Имрон Хонро (бо мавқеъи фаъоли артиш ва солорҳо) иҷро кунад ва ӯро бо ҳимояти худ иваз кунад. Шаҳбоз Шариф, ки ба қудрат расид, дарҳол авлавияти ҳамкорӣ бо Армикоро эълон кард.

 

ШИДДАТИ ТАНИШ БА НАФЪИ ИСЛОМОБОД НЕСТ


Агарчи бархе нозирон муътақиданд, ки моҷаро аз замоне шурӯъ шуд, ки Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон дар миёнаи даргирии Русияву Украина ба Маскав сафар кард. Гурӯҳе аз сиёсатмадорон Имрон Хонро чеҳраи зиддиамрикоӣ меноманд, ки талош мекард, то сиёсати мустақил ва мутавозин бо Чину Русияро пеш барад, вале аҳзоби мухолиф бо саҳнагардонии Амрико алайҳи Имрон Хон муттаҳид шуданд ва ӯ аз қудрат барканор гардид. Ин дар ҳолест, ки артиши Покистон ба таври суннатӣ «амрикоӣ» аст. Аксари афсарон ва солор (генерал)-ҳои покистонӣ ё таҳсилкардаи коллеҷҳои низомии Британия ё Амрико ҳастанд. Ба ин тариқ гурӯҳе аз таҳлилгарон бар он боваранд, ки сиёсати Имрон Хон дар наздикӣ бо Чину Русия бо сохтори артиши Покистон ҳамхонӣ надошт. Артиш ҳукуматро дар умури Покистон дар ихтиёр дорад ва таъйинкунандаи хати маши асосии ин кишвар, бавижа сиёсати хориҷӣ ва дифоияш мебошад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, барканор шудани Имрон Хон аз курсии нахуствазирӣ дар Покистон беш аз ҳар ҷойи дигаре эҳтимол бар ҳукумати Толибон дар Кобул таъсир гузоштааст. Ба иборате, бо набуди Имрон Хон Толибон шинохташудатарин ҳомӣ ва садои худро дар сатҳи байналмилалӣ аз даст доданд ва он ҳам дар замоне, ки ин гурӯҳ ниёзе бештар барои қонеъ кардани ҷомеаи байналмилалӣ барои ба расмият шинохта шудан дорад. «Дер ё зуд, Толибон бояд аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шавад. Ва ҳеч ҷойгузини дигаре барои Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад», - мегуфт Имрох Хон замони нахуствазирияш.

Аммо дар муқоиса бо Имрон Хон тамоюлоти сиёсати хориҷии нахуствазири ҷадиди Покистон Шаҳбоз Шариф ба қудратҳои чаҳонӣ, хоса Амрикову Чин бештар аст. Ш.Шариф дар мусоҳибае гуфтааст, ки чӣ хуб ва чӣ бад муносиботи дӯстона бо Вашингтон барои Покистон ҳаётӣ аст. Ӯ дар айни ҳол бар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин низ таъкид кардааст.

Равобити Шаҳбоз бо кудрати дигари минтақаӣ, ҳамсоякишвараш Ҳиндустон низ чандон бад ба назар намерасад. Дар гузашта хонадони Шаҳбози Шариф муносиботи дӯстонае бо Нарендра Модӣ, нахуствазири Хиндустон доштанд. Замони роҳбарии Навоз Шариф, нахуствазири пешини Покистон нахуствазири Ҳиндустон дар чанд маросими сиёсиву хонаводагии Н. Шариф ширкат кардааст. Ин дар ҳолест, ки артиши Покистон нисбат ба талошҳо барои беҳбудии равобит бо Ҳиндустон ҳассос аст, зеро сиёсати ин кишвар дар мавриди Ҳиндустонро идора мекунад.

Покистону Ҳиндустон барои саҳмгирии бештар дар масъалаи Афғонистон зиёд талош доранд, зеро нигарони таҳдидоти амниятӣ ҷиддӣ ҳастанд ва мехоҳанд дар ҳар сурат аз худ муҳофизат кунанд. Ин ду кишвар дар талошанд, то бар бунёди манофеъи миллиашон таваҷҷуҳ ва нақши сарнавиштсози қудратҳои дигар ба мисли Чину Русияву Амрикоро дар Афғонистон, ки таъсири калон дар минтақа дорад, ба худ ҷалб кунанд.

Покистон ба хубӣ медонад, ки ҳимоят аз Толибони афғон ба маънои тақвияти амнияти миллии Покистон дар минтақа аст. Тақвияти нуфузи сиёсии Ҳиндустон бар Афғонистон заминаро барои нуфузи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин кишвар муҳайё мекунад ва бетардид Афғонистонро аз «покистонизатсия» шудан мераҳонад. Яъне, барои бароварда шудани ин ҳадаф Ҳинд ҳам ниёз дорад, то ҷараёни давлатсозии фарогирро дар Афғонистон ҳимоят кунад. Кобуле, ки 1,5 сол боз зери султаи Толибон аст.

Дар ҳар сурат, Покистон мекӯшад бо пуштибонӣ аз Кобул нақши Афғонистонро дар муомилоти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа густариш диҳад, зеро шиддати таниш миёни Покистону Афғонистон ба нафъи Исломобод, ки Толибон василае барои аҳдофи стратегиашон шуморида мешавад, нест.

 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед