Ru  | Tj
Чаро дифоъ аз Тайван барои абарқудратҳо қимати бузург дорад?
Чаро дифоъ аз Тайван барои абарқудратҳо қимати бузург дорад?
Акс: ankasam.org

Чаро дифоъ аз Тайван барои абарқудратҳо қимати бузург дорад?

Нашр шуд

Давлати Чин то ба ҳол Тайванро бахше аз қаламрави худ медонад ва мутааҳҳид шудааст, ки дар сурати зарур онро ҳатто бо зӯр ба сарзамини аслияш бармегардонад. Бо ин ҳол дар ҷамъияти тақрибан 24 миллионнафараи Тайван аксарият кишварашонро худмухтор ва шомили сарзамини Чин медонанд.

Таърихи 11-уми январи соли равон мақомдорони Амрико ва Ҷопон барои таъсиси як воҳиди низомии баҳрӣ алайҳи Чин ба тавофуқ расиданд. Вашингтону Токио ҷониби Пекинро «бузургтарин чолиши муштараки роҳбурдӣ» ҳисобида ҳушдор доданд, ки ҳаргуна ҳамлаи Чин, аз ҷумла ҳамлаи фазоӣ бо вокуниши муттаҳидон рӯбарӯ хоҳад шуд ва бо тамоми зарфияти низомӣ ба он посух медиҳанд. Бад-ин тартиб, Ҷопон метавонад нақши раҳбарии дигар муттаҳидони суннатии Ғарб дар минтақа, аз ҷумла Филиппин, Индонезия ва Куриёи Ҷанубиро барои муқобила бо Чин дар пеш бигирад. Ва алангаи даргирии эҳтимолӣ миёни Чин ва Тайван метавонад Шарқи Осиёро як бори дигар пас аз ҷанги Ветнам ба бозичаи низоъи мусаллаҳонаи байналмилалӣ табдил диҳад.

Яъне дар сурати вуруди ҳатто ғайримустақими Иёлоти Муттаҳида ба ҷанг ё басиҷи ҳампаймонони кӯчак ва бузурги минтақаӣ аз Филиппин то Ҷопон барои ҳимоят аз Тайван эҳтимоли вуруд ба арсаи як ҷанги тӯлонӣ, монанди ончи имрӯз дар Украина мегузарад, ба ҳеч ваҷҳ дур аз зеҳнҳо нест.

Тсай Инвэн, раҳбари Тайван рӯзи 12-уми январи соли равон зимни сафараш ба Берлин аз ҳукумати ин кишвар дархост кард, ки ба ҳифзи назми минтақаи Шарқи Осиё дар робита ба «тавсеаталабони худкома» кумак кунад, зеро сар аз соли 2024 хидмати ҷавонон дар артиш аз чор моҳ ба як сол тамдид меёбад.

Тсай Инвэн. Акс: elliberal.com

- Ин боиси тақвияти тавони мудофиавии мо шуда, азмамонро барои ҳимоят аз хоки ватан ва ҳифзи мардумсолорӣ (демократия)-ро исбот мекунад. Мо муштоқона аз Олмон ва дигар шарикони демократии худ интизор дорем, ки ҳамкории муштарак дошта бошем, то назм ва барор дар минтақаро ҳифз кунем, - гуфтааст Тсай Инвэн зимни суханронияш дар Берлин.

Бону Т.Инвэн дар поёни соли 2022 дар як суханронияш дар хитоб ба мардуми кишвараш гуфтааст: «Мо фақат замоне метавонем ҷилави ҷангро бигирем, ки барои як ҷанг омода шавем. Мо бояд ба хотири Тайван тавони дифоъии худро тақвият диҳем. Ҳеч кас хоҳони ҷанг нест. Аммо, ҳамватанони ман! Сулҳ бидуни заҳмат ба даст намеояд».

Сафари роҳбари Тайван ба Олмон ва мулоқоти ӯ бо мақомдорони ин кишвар вокуниши тунди Пекинро ба ҳамроҳ дошт. Ҷониби Чин ҳамвора бо ҳаргуна тамоси байни намояндагони тайванӣ ва мақомоти ғарбӣ, бавижа масъулони олирутбаи сиёсӣ ё низомӣ аз кишварҳое, ки Пекин бо онҳо равобити дипломатӣ дорад, мухолиф буда мегӯяд, ин сафарҳо асли «Чини воҳид»-ро нақз мекунад ва сигналҳои нодурусте ба нерӯҳои ҷудоиталаби Тайван ирсол мекунад.

ШИДДАТИ ТАНИШ БАР САРИ ТАЙВАН РАВОБИТИ ВАШИНГТОНУ ПЕКИНРО ХАТШАДОР НАМУД

Андерс Фог Расмусен, дабири кулли пешини НАТО гуфтааст, ки «кишварҳои демократӣ» бо муттаҳидие, ки дар бари Украина истодаанд, талош кунанд, то аз ҳамлаи Чин ба Тайван ҳам ҷилавгирӣ намоянд. Ӯ авоили моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни як конфронси хабарӣ дар Тайбэй гуфт, ки Чин дар сурати иқдоми ҳарбӣ алайҳи ин ҷазираи худгардон бо «пайомадҳои бади иқтисодӣ» мувоҷеҳ хоҳад шуд. Яъне «ҳаргуна талоши Чин барои тағйири вазъияти мавҷуд дар Тайван аз тариқи нерӯи низомӣ бояд як вокуниши комилан муттаҳидро ба думбол дошта бошад ва мо бояд ин мавзӯъро акнун барои Чин равшан кунем», - гуфтааст ин мақоми собиқи НАТО.

Акс: crimeapress.info

Дабири кулли пешини НАТО гуфтааст: «Ин мардуми Украина ва мардуми Тайван ҳастанд, ки худашон дар мавриди ояндаи худашон тасмим мегиранд. Бинобар ин ҷаҳони озод бояд аз онҳо ҳимоят кунад». Чин дар муқоиса бо Русия зиёдтар ба занҷираҳои тиҷоратии ҷаҳонӣ вобаста аст ва ҳаргуна ҳамла ба шаҳри Тайбэй – пойтахти Тайван аз сӯйи Пекин оқибатҳои шадиди иқтисодӣ дорад».

Расмусен аз НАТО ва ҳамаи кишварҳои аврупоӣ хостааст, дар сурати иқдоми низомии Чин дар мавриди Тайван таҳримҳои «дастҷамъӣ» алайҳи Чин роҳандозӣ намоянд.

Бархе аз таҳлилгарони низомӣ дар ёддоште дар рӯзномаи «Ню-Йорк Таймз» аз стратегия ва сохтори дифоъии Тайван бар асоси доштани «шумори бисёре аз силоҳҳои кӯчаки муосир бо мушакҳои арзони барзиёд ба манзури муқобила бо ҳамла низомӣ» тавсиф карданд. Тайван муддатҳост, ки мушакҳои замин ба ҳаво ва мушакҳои зидди киштиҳои ҳарбӣ захира мекунад ва муҷаҳҳаз ба мушакҳои болдори Круз, минаҳои баҳрӣ ва тӯпхонаҳост. Илова бар ин муҳандисони Тайван даҳсолаҳост, ки барои рӯзи мабодо сангар ва туннел кандаанд. Аз сӯйи дигар пайдо кардани соҳиле барои вуруди нерӯҳои чиноӣ ба хоки Тайван мушкил аст. Ба иддаои онҳо, Тайван танҳо 14 соҳил дорад, ки ба давлати Чин имкони пиёда кардани нерӯ дар онҳоро медиҳад. Тайван ҳамаи ин соҳилҳоро мешиносад ва аз онҳо ба хубӣ мудофиа мекунад. Ҳазорон сарбози тайванӣ метавонанд дар сангарҳо новҳои гаронбаҳои Чинро зери оташ қарор диҳанд.

Абдуғанӣ Мамадазимов. Акс: Sputnik / Амир Исаев

Аз нуқтаи назари Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик алҳол ҳимояти Амрико аз Тайван ҳукми як шамшери дудамро дорад. Яъне ҳам барои бақои он талош дорад ва ҳамзамон Тайванро ба сӯйи як низоъи бузургтар савқ медиҳад:

«Ҳоло Амрико ҳузури низомии худро дар ҳавзаи Уқёнуси Ором афзоиш дода, бо муттаҳидонаш барои ҳифзи «демократия дар Тайван» бо Чин мубориза мебаранд. Тайван барои бозии мураккаби сиёсӣ ба Амрико зарур аст, зеро ба ин васила назорат кардани дастрасии роҳҳои тиҷоратӣ ва низомӣ дар Уқёнуси Ором аҳамиятнок аст. Яъне назорати ин гулӯгоҳи тиҷоратӣ ба ИМА чунон муҳим аст, ки агар Тайван аз даст равад, гегемонияи аввалини ҷаҳонӣ ҳам аз байн меравад. Ба ин хотир Амрико аз зиддиятҳои Пекину Тайбэй истифода карда, бо тағйири сиёсати калидиаш аз ҳамагуна механизм корбурд менамояд, то дар ҷаҳон мақоми пешбарандаашро дар ҳама бахш ҳифз кунад. Онҳо Тайванро ба «намоишгоҳи ҷаҳони Ғарб» табдил доданд».

Ин коршинос дар идома гуфт, ки ИМА бо Тайван ҳамкории наздиктар хоҳад дошт ва як барномаи омӯзиши қавии дуҷониба барои тақвияти қобилиятҳои мудофиавиро барои Тайван эҷод мекунад. Яъне Амрико бо ҳампаймононаш ирсоли силоҳ ба ин ҷазираро дар авлавият қарор дода мехоҳанд нақши боздоранда аз ҳамларо иҷро намоянд.

Гуфта мешавад, агар Амрико бо ҳимоят аз Тайван вориди майдони ҷанг бо Чин нашавад ё муттаҳидони минтақаии худро бар хилофи моҷарои Украина барои ҳимоят аз Тайван басиҷ накунад, эҳтимоли ишғоли фаврии Тайван аз сӯйи артиши Чин бисёр боло аст. Миёни аксари таҳлилгарон назарҳое радду бадал мешавад, ки Тайван ҳамон қадр як лоиҳаи «зидди Чин» бошад, Украина ҳам як лоиҳаи «зидди Русия» аст. Ҳоло на ҳамлаи Чин ба Тайван, балки танҳо муноқишаи Русия дар Украина сабаби тағйирот дар низоми байналмилалӣ шудааст. Идомаи ин ҷанги «классикӣ» миёни ду кишвари ҳамсоя бори дигар аз китобҳои таърих ва назарияҳои сиёсии хориҷӣ ба як амри воқеӣ табдил шуда, зиндагии миллиардҳо нафарро дар саросари ҷаҳон таҳти таъсир қарор додааст.

ИМА АЗ СИЁСАТИ «ЧИНИ ВОҲИД» ПАЙРАВӢ МЕКУНАД?

Чин муддатҳост, ки дигар аҳдофи худ дар мавриди Тайванро пинҳон намекунад ва ин минтақаро бахше аз хоки худ медонад. Сӣ Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин тайи як суханронӣ дар Анҷумани Ҳизби коммунистӣ дар моҳи октябри соли 2022 ҳаргуна мудохилаи хориҷӣ дар умури Тайванро маҳкум карда, аз ҷумла гуфт: «Барои иттиҳоди муҷаддади мусолиматомез бо Тайван бо бештарин ҷиддият ва заҳамот талош мекунад».

Акс: Shutterstock.com

Ба иддаои амрикоиҳо, ин «ваҳдати муҷаддади сулҳомез»-е, ки ҳоло раҳбари Чин мехоҳад бо Тайван амалӣ намояд, хобу хаёле беш нест. Сӣ Ҷин Пин аз тариқи изҳороти худ «комилан равшан» кардааст, ки дар ҳоли омода шудан ба «ҳаракат алайҳи Тайван» ва ба самти «тасхир ва дар бар гирифтан»-и ин ҷазираи худгардон аст. Ин дар ҳолест, ки Тайбэй бо ради иддаои ҳокимияти Пекин мегӯяд, танҳо миллати Тайван ҳастанд, ки метавонанд дар бораи ояндаашон тасмим бигиранд.

Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ҳам дар вокуниш ба суханони ҳамтои чиноиаш гуфт, агар Тайван ҳадафи ҳамлаи Чин қарор гирад, ба мудофиа аз он иқдом хоҳад кард ва хашми Пекинро бармеангезад. Таҳдид алайҳи Тайванро моҳи ноябри соли гузашта Сӣ Ҷин Пин бо Байден дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 (G-20) дар Индонезия дар мулоқоти рӯбарӯ матраҳ кард. Зоҳиран ҳадафи ин ду роҳбар барқарории субот дар равобиташон буд ва ҷаноби Байден гуфт, ки Вашингтон бо Пекин рақобат мекунад, аммо дар талоши ҷанг нест. Ӯ афзудааст, ИМА омодаи ҳамкорӣ бо давлати Чин аст.

Гуфта мешавад, ИМА аз сиёсати «Чини воҳид» пайравӣ мекунад, ки санги бинои равобити дипломатии ду кишвар мебошад ва танҳо як давлати Чинро ба расмият мешиносад ва бар асоси он равобити расмӣ бо Пекин дорад ва на бо Тайван. Аммо бо авҷи танишҳо Амрико як робитаи зичи «ғайрирасмӣ» бо ҷазираи Тайван барқарор кард, ки шомили фурӯши силоҳ ба Тайван барои мудофиа аз худ мешавад.

ТАЛОШИ ИМА БАРОИ ҲИФЗИ МАВҚЕИ СУННАТИИ ХУД ДАР ШАРҚИ ОСИЁ

Ба андешаи Талабшоҳ Салом, рӯзноманигор ва коршиноси масоили минтақа, танишҳо болои масъалаи Тайван коҳиш намеёбад, зеро ин як навъ қудратсанҷии Чин аст. Минтақаи Тайван ҳамчун як нуқтаи доғ дар сиёсати байналмилалӣ вуҷуд хоҳад дошт, то аз ин тариқ тавонад таъсири бештар ба Чин расонида бошанд.

«Поёни ин танишҳо бидуни иқдомоти ҷиддии ҳардуи тарафҳо норӯшан аст. Ҳоло Чин ба як иқдомоти тавсеаталабонае шурӯъ кардааст, ки натанҳо Тайван, балки кулли ҷаҳонро мехоҳад бо тактикаҳои хоси иқтисодӣ ва молӣ дар инҳисор дошта бошад. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти феълӣ дар ҷаҳон метавон ҳадс зад, ки имконоти тайваниҳо дар қиболи як «аждаҳои» бузури осиёӣ хеле маҳдуд аст. Ва агар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин қисмат бетараф бошад ва ё Ғарб ҷиддан вориди амал нашавад, албатта таниш бо пирӯзии Чин ва саркӯби умдаи тайваниҳо поён меёбад ва ин кор аз эҳтимол дур нест. Чун сиёсати «партиакратӣ» ва ғайридемократие, ки ҳукумати Чин дорад, қодир аст ба ҳар иқдоме даст занад. Ба ин хотир ҳамлаи эҳтимолии Чин ба Тайван ба хотири тарғиби сиёсатҳо ва ё манофеъи кишварҳои Ғарб дар Осиё барҷаста нишон дода мешавад».

Талабшоҳ Салом. Акс: Facebook

Таҳлилгари тоҷик Талабшоҳ Салом мегӯяд, ки Тайван барои Ҳизби коммунистии Чин арзиши зиёди стратегӣ дорад ва ҳоло қазияи ин минтақаро нотамом медонад. Соли 1949 бозандаҳои ҷанги дохилии Чин, яъне миллигароён бо роҳбарии Чан Кайшӣ давлати марказии «Ҷумҳурии Чин»-ро аз сарзамин аслии Чин ба Тайван интиқол доданд. Онҳо дар ҷанги дохилӣ аз Ҳизби комунистӣ бо шикаст мувоҷеҳ шуда, рӯ ба фирор оварданд ва дар ҷазираи Тайван эъломи истиқлол карданд. Аз он замон 74 сол гузаштааст ва Тайван ба давлати худгардон табдил шуда, аз мардумсолорӣ (демократия) бархӯрдор аст ва иқтисоди пешрафта дорад. Аз он замон то кунун гулугоҳи Тайван, ки як роҳи борики обӣ миён ин ҷазира ва сарзамини аслии Чин аст, ба маҳалли танишҳои низомӣ табдил шудааст.

Ба иттилои хабаргузории «Bloomberg» агарчи муҳосираи Тайван ба нафъи Чин аст, то тайваниҳоро барои пазириши сиёсати «Чини воҳид» таҳти фишор қарор медиҳад, ин амр башиддат бар иқтисоди Чин таъсир хоҳад гузошт, зеро 88 дарсади тараддуди бузургтарин киштиҳои борбари ҷаҳонӣ аз тариқи гулугоҳи Тайван анҷом мешавад.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, барои дарки воқеии ангезаҳои сиёсии Ҳизби ҳокими Чин бояд ба қонуни асосии он нигоҳ кард. Дар қонуни асосии Чин, ки соли 1982 тасвиб шудааст, омадааст: «Тайван бахше аз хоки муқаддаси Ҷумҳурии мардумии Чин аст. Ин вазифаи муқаддаси ҳамаи мардуми Чин, аз ҷумла Тайван барои расидан ба иттиҳоди муҷаддад бар сарзамин модарӣ аст». Ба ҳамин далел аст, ки давлати Чин ашхосеро, ки хостори истиқлоли Тайван бошанд, «ҷудоиталаб» номида, муттаҳам мекунад.

Акс: flickr.com

Қобили тазаккур аст, ки вазъ дар гулӯгоҳи Тайван пас аз боздиди раиси Конгресси ИМА Нэнсӣ Пелосӣ аз Тайбэй дар моҳи августи соли 2022, ки мақомоти Чин онро ҷузъе аз қаламрави худ мешуморанд, шиддат гирифт. Пекин дар вокуниш ба ин сафар онро иқдоми «таҳрикомез» тавсиф карда, зимни таъкиди дубора бар моликияти худ бар Тайван дар атрофи ин ҷазира чандин маротиб манёврҳои низомии густурда баргузор кард.

Мақомоти Тайбэй мегӯянд, шумори парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва киштиҳои низомии Чин дар наздикии обҳои Тайван ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст ва Пекин қасд дорад атрофи обҳои Тайванро зери назар дошта бошад. Дар навбати худ киштиҳои размии кишварҳое чун Амрико, Британия ва Канада тайи солҳои ахир борҳо аз гулӯгоҳи Тайван убур кардаанд.

Ба бовари огоҳони масоили байналмилалӣ, муноқиша бар сари ҷазираи Тайван кадом пайомадҳои манфӣ ва ё сенарияҳои эҳтимолии ҷангро дар Осиё дар пай дорад, ба ташдиди рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ бастагӣ дорад. Аммо Пекин чун қабл ангезаи сиёсии лозим ва кофӣ барои исботи иддаои ҳокимияташ бар Тайван ба унвони бахше аз қаламрави ин кишварро дорад. Ба назар мерасад, Чин ҳамчунин омодаи «муҷозот»-и ҳар кишвар ё «мақоме» аст, вақте барои ба расмият шинохтани Тайван ба унвони кишвари мустақил иқдом мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед