Ru  | Tj
Тоҷикон чӣ гуна «туъма»-и ифротиён мешаванд? Нигаронии мақомот ва роҳҳали коршиносон
Тоҷикон чӣ гуна «туъма»-и  ифротиён мешаванд? Нигаронии мақомот ва роҳҳали коршиносон
Акс: pikabu.ru

Тоҷикон чӣ гуна «туъма»-и ифротиён мешаванд? Нигаронии мақомот ва роҳҳали коршиносон

Нашр шуд

Ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ва ширкати онон дар муҳорибаҳои ҷангӣ мақомоти кишварро нигарон кардааст. Тибқи маълумоти расмӣ, 80 дарсади иштирокдорони ҷангҳои мазҳабӣ аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интернетӣ ба созмонҳои террористӣ шомил шудаанд. Мо тарҳи пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстромистиро муайян намуда, аз коршиносон роҳҳои пешгирӣ ва муҳофизатро пурсидем.

НИШОНДИҲАНДАЕ, КИ БОИСИ НИГАРОНӢ ГАШТААСТ

Мақомоти Тоҷикистон дар ин робита омори дақиқе ироа намекунанд, вале тибқи маълумоти расмӣ, танҳо аз соли 2015 то имрӯз беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон аъзои ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокдорони муҳорибаҳои ҷангӣ ба кишвар баргардонида шудаанд.

Танҳо дар соли 2022-юм 85 узви ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, боздошт ва ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум 35 нафар зиёд дониста мешавад: соли 2021-ум 50 нафар боздошту ба ватан оварда шуда буданд.

Дар ин баробар дар соли сипаришуда 247 узви ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва иштирокдорони муҳорибаҳои ҷангӣ ба хоҳиши худ аз хориҷа ба кишвар баргардонида шуданд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум беш аз 170 нафар зиёд мебошад. Ин омор дар соли 2021-ум 75 нафар буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмии мақомот, то моҳи сентябри соли 2018 теъдоди умумии ҷангиёни «Давлати исломӣ» (ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон) аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди умумии ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо дастрас нест.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми январи соли равон аз афзоиши шомил шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ нигаронӣ намуда, омили асосии онро «надоштани тафаккур ва ҷаҳонбинии возеҳ ва истифодаи шабакаҳои интернетии хурофотӣ» унвон кард.


РОҲЕ, КИ ШАҲРВАНДОН «ТУЪМА»-И ИФРОТИЁН МЕШАВАНД

Бояд гуфт, ҳамарӯза миллионҳо ҷавон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, маводи хонданӣ, акс ва видео мегузоранд, саҳифаҳои дигаронро мутолиаву тамошо мекунанд, бо шахсони шиносу ношинос дӯстӣ намуда, суҳбатҳои хусусӣ анҷом медиҳанд.

Аз ин ҳам муҳим ба матлабҳои писандидаашон «лайк» мегузоранд ва онро ба дӯстонашон мефиристанд. Аммо на ҳамеша ва на ҳар шахс дарк мекунад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ ва ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ хеле моҳирона истифода мешавад. Ин аст, ки баъзан огоҳона ва баъзан ноогоҳона ҷавонон ба доми таблиғгарони гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ меафтанд.

Дар натиҷа узви гурӯҳҳои экстремистию террористӣ шуда, таблиғгари матлаби онҳо мешаванд. Бештари онҳо бехабар ҳастанд, ки ин амал ғайриқонунист ва тибқи қонунгузории кишвар барои ин ҷазо пешбинӣ шудааст.

САБАБИ АСОСӢ - НАДОШТАНИ МАЪЛУМОТИ ЗАМИНАВИИ ДИНӢ

Мақомоти кишвар ва таҳлилгарон сабаби аслии ҷалби шаҳрвандонро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба огоҳии ками онҳо аз масъалаҳои динӣ рабт медиҳанд. Ба андешаи онҳо, бештари шаҳрвандон тариқи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба суолҳои динии худ посух меҷӯянд ва дар натиҷа тасаввуроти нодуруст пайдо мекунанд.

Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар ҳам ба ин назар аст, ки сабаби асосии ба домҳо афтодани шаҳрвандони Тоҷикистон надоштани маълумоти заминавии динӣ аст.


«Касе кафолат дода наметавонад, ки то куҷо он маълумоту таълиме, ки шаҳрвандон аз интернету доираҳои гуногун мегиранд, иттилооити саҳеҳ аст. Чун худи шаҳрвандон ташхис карда наметавонанд. Аз ин рӯ ин раванди танзимнашуда ё танзимнашаванда метавонад бархе аз шаҳрвандонро то доираи гурӯҳҳои иртиҷоӣ бурда расонад», - мегӯяд сухангӯ.

Ба гуфтаи ӯ, албатта, ба паҳлӯҳои дигари мавзӯъ, аз ҷумла сатҳи фақру бенавоӣ бояд эътибор дод, зеро аз он мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ моҳирона суистифода мекунанд.

Афшин Муқим таъкид медорад, ки шаҳрвандон дар масоили динӣ бояд ба иттилои расмӣ такя кунанд: масалан, ба суолҳои шаръие, ки дар ҳаёти рӯзмарра пайдо мешавад, метавонанд аз тариқи вебгоҳи Шӯрои уламо посух гиранд.

АВВАЛ «ДӮСТ», БАЪД «БАРОДАР» ВА НИҲОЯТАН «МУШОВИР». РОҲИ ПЕШГИРӢ КУҶОСТ?

Мо аз коршиносон пурсидем, ки оё имкони шинохтани маводи дорои хусусияти террористиву ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва чӣ тавр метавон худро аз доми мубаллиғон канор гирифт.

Коршиноси масъалаҳои фанновариҳои интернетӣ Рустам Гулов мегӯяд, ба ҳамаи иттилоъ бояд бо шубҳа нигарист, махсусан маводе, ки бо такя ба дин инсонҳоро ба ин ё он роҳ даъват мекунанд.

Ӯ мегӯяд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бояд тафаккури интиқодиро ба кор баранд, то ки ҳар як «пост»-еро, ки калимаҳои динӣ дар он навишта шудааст, бовар накунанд ва бешубҳа нанигаранд.

«Санҷидани ҳар иттилооти нав зарур аст. Хусусан, агар ин иттилоъ дар мавзӯъҳои динӣ бошанд. На ҳама матнҳое, ки бо «Бисмиллоҳ» оғоз меёбанд, ба исломи ноб рабт дорад», - таъкид мекунад коршинос.

Ба қавли Гулов, корбарони интернетӣ ба «пост»-ҳои характери динӣ дошта беҳтараш ягон лайку шарҳ нагузоранд ва вориди баҳсҳои динӣ нашаванд, зеро ин нишон медиҳад, ки ба ин мавзӯъ шавқу рағбат дорад ва диққати мубаллиғону ифротиёнро ҷалб мекунанд.


Рустам Гулов таъкид мекунад, ки аз баҳсу мунозираи корбари шабакаҳои иҷтимоӣ мубаллиғон на фақат донишҳои онҳоро мефаҳманд, балки заъфҳояшонро дониста, барои фиреб додани эшон роҳи нисбатан осонро пайдо мекунанд.

Коршинос тавсия медиҳад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нафарони ношинос, хусусан, саҳифаҳое, ки аз номи ашхоси мавҷуднабуда сохта шудаанд, муошират накунанд. Ба таъкиди ӯ, мубаллиғон аввал «дӯст» мешаванд, баъд «бародар» ва ниҳоятан «мушовир», ки хатарнок аст.

Дар баробари ин, ба қавли Гулов, вақте сухан дар бораи «ифротгароӣ» меравад, набояд фаромӯш кард, ки ифротиён на фақат динӣ мешаванд, балки дунявӣ низ мешаванд.

«Ифротиёни дунявӣ низ аз ҳамон сабки ифротиёни динӣ истифода мекунанд, аммо мақсадашон паҳн кардани фикру ақидаи дунявӣ аст. Онҳо барои «дурусту ҳақ» нишон додани ақидаҳои худ на аз паҳни дурӯғу дасткорӣ даст мекашанду на аз фиребу найранг тариқи фейкҳову троллҳо», - мегӯяд Рустам Гулов.

«МУБАЛЛИҒОН ТУЪМАИ ХУДРО ЗЕРИ МАВЗӮЪҲОИ ПУРБАҲСИ СИЁСӢ МЕЁБАНД»

Коршиносони дигар низ роҳи беҳтарини ба доми мағзшӯёни гурӯҳҳои ифротӣ наафтоданро дар рушд додани тафаккури интиқодӣ ва санҷидани маводи шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд.

Роҳбари Бунёди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет дар Тоҷикистон» Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, мубаллиғон «туъма»-и худро зери мавзӯъҳои пурбаҳси сиёсӣ ва мазҳабӣ меёбанд.

«Туъмаи ҷалбкунандагон ё мағзшӯёни гурӯҳҳои ифротӣ онҳое мебошанд, ки аз ҳаёти рӯзмарраи кишвар ва ё баъзе масъалаҳои мазҳабӣ норозиянд ва фикри худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд. Дар он платформаҳо суҳбатҳои рӯйрост оғоз мешаванд, баъдан суҳбатҳо ба чатҳои шахсӣ, паёмрасон (мессенҷер)-ҳо ва телефонҳо мекӯчанд. Ҳамин тавр, ҷавонони ноогоҳ ба доми мағзшӯён меафтанд», - мегӯяд Ибодуллоев.


Ба андешаи ӯ, чунин корбаронро шинохтан хеле мушкил аст, зеро онҳо аз дигарон фарқ намекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки «сахт» ҳамла накунанд, то «туъма»-и эҳтимолиро натарсонанд.

«Дар аввал ҳамаи суҳбатҳо умумӣ сурат мегиранд, баъдан андешаҳоро дастгирӣ менамоянд, мисолҳо меоранд ва пешниҳодҳо мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки онҳо равоншиносони касбӣ ва ҳақиқӣ мебошанду аз хулқу атвори одамон хуб огоҳанд», - таъкид мекунад Ибодуллоев.

Барои наафтодан ба доми чунин афрод номбурда пешниҳод мекунад, ки тафаккури интиқодии мардумро рушд бояд дод ва бар зидди чунин мавод бо маводи солим ҷавоб дод.

«Дар сатҳи миллӣ стратегияи пешгирикунанда ва вариантҳои алтернативию манфиатноки тавсифӣ (нарративӣ) таҳия кард, паҳлӯи дигари созмонҳои мамнӯъро нишон дод. Сеюм, истифода накардани забони ташкилотҳои мамнӯъ (ҷиҳод, муртад, ҷоҳил) дар нарративҳои худ мебошад», - меафзояд коршинос.

Дар умум коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳар шахс бояд фарҳанги корбарӣ дар интернетро омӯзад, тафаккури интиқодии худро рушд диҳад, «кӣ» ва «чӣ»-и худро ёбад ва ба доми тазвири дигарон наафтад.

ТО ҲАБСИ АБАД

Қонунгузории Тоҷикистон барои фаъолияти террористиву экстремистӣ, сафед кардан ва ташвиқу тарғиби он дар интернет ҷазоро дар намуди ҳабс ба муҳлатҳои гуногун то ҳабси абад барои терроризм пешбинӣ кардааст.

Бо моддаҳое, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо барои ин амалҳоро пешбинӣ мекунанд, инҷо метавонед шинос шавед.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед