Ru  | Tj
Толибон сарнавишти «CASA-1000»-ро «ҳал» мекунанд?
Толибон сарнавишти «CASA-1000»-ро «ҳал» мекунанд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Толибон сарнавишти «CASA-1000»-ро «ҳал» мекунанд?

Нашр шуд

Чаҳор кишвари минтақа – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ авоили моҳи ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия иҷрои кори тарҳи “CASA-1000”, ки аз ин тариқ барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ содир мешавад, аз сар гирифтанд. Дар натиҷаи тавофуқ Толибон* таъйид карданд, ки сохтмонсозии хатҳои интиқоли неруи барқ дар қитъаи афғонистонии ин тарҳ охирҳои моҳи апрели соли равон оғоз мешавад ва пешбинӣ мегардад, то поёни соли 2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Дар эъломияи Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки кори тарҳи “CASA-1000” ба ҷуз аз Афғонистон дар се кишвари дигар «наздик ба такмил» аст ва он дар ҳоле бо дархости кишварҳои болооб аз сар гирифта мешавад, то аз хатари табдил шудани ин тарҳ ба як «дороии саргардон» ҷилавгирӣ шавад. Бар пояи санҷиши ин бонк, агар ин тарҳ дар Афғонистон такмил нашавад, хисороти иқтисодӣ ва молии қобили таваҷҷуҳе барои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва бахше аз ин хисорот як милярд долар бароварда шудааст. Аз сӯйи ин бонк 110 милён долари мавҷуд дар ин тарҳ, ки се сол муқаддам моҳи августи соли 2021 пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон мутаваққиф шуда буд, акнун рӯйи сохти манораҳо ва дигар зеристгоҳҳо “ба таври ҳалқаӣ” аз хориҷ мудирияту сармоягузорӣ мешавад. Ва ин бонк “бо нигоҳ доштани масофа”, ки то ба ҳол ҳукумати Толибонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф накардааст, ба кори ин тарҳ идома медиҳад. Бар пояи санҷиши ин бонк, агар ин тарҳ дар Афғонистон такмил нашавад, хисороти иқтисодӣ ва молии қобили таваҷҷуҳе барои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва бахше аз ин хисорот як милярд долар бароварда шудааст.

Дар робита ба ин Муҳаммад Исо Ризоӣ, коршиноси афғонистонӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори бахши дарии “Parstoday” изҳор дошт, ки Афғонистон ба унвони маъбар ва ё маҳалли транзит метавонад аз ин  пружаи бузурги интиқоли барқ нафъ бубарад.


 “Иҷрои ин лоиҳа манут (вобаста) ба шароити дохилӣ аст, аз ҷумла таъмини амният, ки албатта ҳеч кас наметавонад дар мавриди он бо итминон ҳарф бизанад. Чун ҳукумати Толибон ба расмият шинохта нашудааст ва гурӯҳҳои ҳаросафкан монанди “Ал-Қоида”,“Доиш” ва дигар гурӯҳҳои ифротии марбут ба бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна дар Афғонистон фаъол ҳастанд, ки ҳар кадом аз ин масоил метавонад ба унвони таҳдид бар сарироҳи иҷрои пружаҳои ҳаёти иқтисодӣ дар Афғонистон талаққӣ шавад. Ва то замоне ки як иҷмоъи дохилӣ дар Афғонистон байни гурӯҳҳои мухталиф ва ҳукумат эҷод нашавад, ҳукумати  машруъе ба миён наояд ва ҳамкориҳои минтақаӣ сурат нагирад, тарҳҳои иқтисодӣ ба сурати муваффақиятомез иҷро намешаванд ва лоиҳаи “CASA-1000” ҳам аз ин қазия мустасно нест”, - гуфтааст Муҳаммад Исо Ризоӣ.

МУВАФФАҚИЯТИ ИН ТАРҲ БА ИДОМАИ ХУКУМАТИ ТОЛИБОН БАСТАГӢ ДОРАД?

Дар ҳамин ҳол Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон ба имзои қарордоди тарҳи интиқоли неруи барқи “CASA-1000” ишора карда, ибрози умедворӣ кардааст, ки пружаи “TAPI” низ оғоз шавад. Вай афзуд, ки мардум кори чунин барномаҳои бузурги иқтисодиро дар хоб медиданд, ҳамакнун дар амал пиёда мешавад. Зеро тайи шаш моҳи оянда пешрафтҳои зиёде дар интизор аст ва пружаҳои бузурге дар Афғонистон оғоз хоҳад шуд. Ин дипломати аршади Толибон гуфт, ки намехоҳад онҳо дар маркази рақобати манфии қудратҳои ҷаҳонӣ бошад, балки мехоҳад маркази иттисол ва иқтисод бошанду аслият ва ҳақиқате, ки “Қалби Осиё Афғонистон аст”, онро ба даст оваранд. Ӯ ба кишварҳое, ки ҳанӯз ҳам бо “Иморати исломӣ” дар таомул нестанд, гуфт, ки бо Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Толибон, сиёсати ҳукумати сарпараст дар қиболи соири кишварҳо «иқтисодмеҳвар» аст.

Дар ростои азсаргирии лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи мавсум ба “CASA-1000” таҳлилгари умури сиёсӣ Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки аз моҳи августи соил 2021 бо ҳузури Толибон дар қудрат татбиқи тарҳҳои зиёди дохили минтақаӣ ва байнулмилалӣ аз ҷониби онҳо суръати баланд пайдо карда, мавриди иҷро қарор дорад. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо бо пеш гирифтани сиёсати иқтисодмеҳвар намехоҳанд бо кишварҳои алоҳида ба хотири дигарон дар тазод бошанд.


“Дар баробари азсаргирии қисмати афғонистонии кори тарҳи “CASA-1000”, дигар барномаву пружаҳои бузурги иқтисодӣ аз сӯйи Толибон дар ҳоли амалӣ шудан аст. Хоса тарҳи лӯлаи гази Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон (TAPI), хатти роҳоҳани Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар аз Узбекистон, тарҳи шоҳроҳи долони Вахон то сарҳади Чин, тарҳи кандани ҷӯйи (канали) Қӯштеппа ва дигар барномаву пружаҳои бузурги иқтисодӣ нишон медиҳад, ки Толибон ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, худро яке аз қувваҳои мутаммаркиз муаррифӣ карда истодаанд. Бо ҳамаи он мушкилоте, ки Тоҷикистон бо ҳукумати Толибон дорад, кишварамон  интиқоли барқро дар асоси қарордод қатъ накардааст. Аз ин рӯ дар масъалаи интиқоли барқ ба Афғонистон “шарики эътимод” ҳастем, чун қаблан байни ниҳодҳои барқрасонии ду кишвар созишнома имзо шуда буд”, - афзуд А. Мамадазимов.
Қобили тазаккур аст, ки лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати  “CASA-1000” яке аз бузургтарин тарҳҳои Осиёи Марказӣ буда, қарор аст, солона 1300 мегаватт барқи Тоҷикистон (70 дарсад) ва Қирғизистон (30 дарсад)-ро аз тариқи хатҳои интиқоли энержӣ бо тӯли 1250 километр ба Афғонистон ва Покистон интиқол диҳад. Дар Афғонистон имтидоди ин тарҳ 580 километр буда, аз Шерхон бандари вилояти Қундуз ҳаммарз бо Тоҷикистон оғоз ёфта, дар бандари Турхами вилояти Нангарҳор ҳамсарҳад бо Покистон поён меёбад. Бино ба арзёбиҳои қаблӣ, ин тарҳ дар дохили Афғонистон ҳудуди 230 милён долар ва дар умум 1.2 милярд долар ҳазина дорад.

Хатҳои интиқоли барқи ин лоиҳа тариқи ҳафт вилоят ва 35 шаҳристони Афғонистон убур шуда, баъдан ба Покистон хоҳад расид. Ҳукумати пешини Афғонистон эълом карда буд, ки бо иҷроӣ шудани ин тарҳ Афғонистон солона аз 40 то 45 милён долар ҳаққи убур (транзит)-ро дарёфт хоҳад кард. Ва дар Бағлон як зеристгоҳи барқӣ эҷод хоҳад шуду мавриди ниёзи Афғонистонро, ки болиғ бар 300 мегавват мешавад, таъмин ва бақияи барқи воридотӣ, ки ҳудуди 1000 мегаватт мебошад, ба Покистон интиқол меёбад.


Ширкати барқрасонии Афғонистон (Брешно) замони ҳукумати пешин барои иҷрои ин тарҳ бо ширкатҳои ҳиндуӣ қарордодҳои милёндоларӣ баста буд, то ин тарҳ 29-уми марти соли 2022 такмил мешуд. Аммо он замон мақомҳои ҳукуматӣ таҳдидоти амниятӣ аз сӯйи Толибонро яке аз ҷиддитарин чолишҳо дар баробари иҷро шудани кори ин тарҳ дар Афғонистон донистанд, зеро ҳафт корманди ширкати ҳиндуӣ аз сӯйи Толибон дар Бағлон рабуда шуду Ҳиндустон аз ҳукумати вақти Афғонистон хостори тақвияти амнияти коргаронашро шуд. Баъдан сарпарастҳои байнулмилалӣ низ ин кишварро тарк карданд ва мутаносибан тамоми корҳо дар сохти хатти барқи “CASA-1000” қатъ шуд.

НОКОМИИ НИЗОМИ “ҶУМҲУРИЯТ” ДАР ТАКМИЛИ ТАРҲИ “CASA-1000”

Ба иддаои Толибон, ҳокимони гузаштаи «ҷумҳурият» татбиқи тарҳи бузурги “CASA-1000”-ро ҳамвора ба шаклгирии чизе ба номи манофеъи минтақаӣ унвон мекарданд, аммо ҳеч гоҳ кори амалӣ дар он замон оғоз нашудааст. Саранҷом ҳукумати пешини Афғонистон суқут кард ва ҳоло сарнавишти ин тарҳи интиқоли энержӣ ба дасти Толибон афтид.  Акнун онҳо аз амалӣ кардани ин тарҳ ба унвони як абзори таблиғотӣ истифода мекунанд, дар ҳоле ки ҳеч назорате дар бахши молии он надоранд ва танҳо бояд масъулияти таъмини амниятро ба уҳда гиранд ва мисли собиқ кормандон ин пружаро таҳдид накунанд.


Устоди донишгоҳи Кобул дуктур Абдуллатиф Назарӣ ба имзои қарордоди тарҳи интиқоли барқи “CASA-1000” байни ин чор кишвар хушбин буда, онро яке аз муваффақиятҳои муҳим барои минтақа донист ва далели тӯлонӣ шудани замони тавофуқ дар иҷрои онро дар ихтилофи назар байни кишварҳои дахил дар ин лоиҳа ҳисобид:

“Мудирияти ҳукумати қаблии Афғонистон ҳам заиф буд, аммо акнун раванди лоиҳа бомуваффақият тай мешавад ва ин умедворӣ вуҷуд дорад, ки барои тамоми кишварҳои минтақа судманд бошад. “CASA-1000” фавоиди зиёде барои Афғонистон дорад ва метавонад боиси равнақи иқтисодиёт дар Афғонистон шуда, дар эҷоди шуғл барои насли ҷавон нақши асосӣ ифо кунад ва Афғонистонро ба унвони ҳалқаи иттисоли минтақа матраҳ кунад. Ба ин тартиб бори дигар мавқеъияти гетоиқтисодии Афғонистон эҳё хоҳад шуд ва ин кишвар метавонад нақши як пулро дар миён кишварҳои минтақа бозӣ кунад ва бори дигар дар маърази таваҷҷуҳоти минтақаӣ, бавижа дар ҳавзаи тиҷорат, транзит ва иқтисод қарор гирад”.
Аммо коршиноси тоҷик Абдурақиб Қодиров бар он бовар аст, ки набуди амнияти комил дар Афғонистон ва ояндаи сиёсати торики Толибон дар канори фаъолияти гурӯҳакҳои тундрав дар хоки Покистон мумкин аст боиси эҷоди чолишҳои амниятӣ бар сари сохт ва баҳрабардорӣ аз ин тарҳ шавад. Аз дигар сӯ таваҷҷуҳи ахири Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи сармоягузорӣ боз ҳам як умедеро барои татбиқи ин тарҳ дар Афғонистон эҷод кардааст.


“Фаромӯш набояд кард, ки Толибон неруи сиёсие ҳастанд, ки ҳанӯз ба созишномаву муоҳидаҳои сатҳи байналмилалӣ аз нигоҳи қонунпазирӣ чандон эҳтиром нагузоштаанд. Ҳарчанд онҳо барои азсаргирии ин тарҳ ризоят дода, ба тавофуқ расиданд, вале ин маънои онро надорад, ки дар амалишавии ин лоиҳа онҳо монеъа эҷод намекунанд. Мушкили дигар таъминоти неруи барқ барои ин пружа аст, зеро он бо сохтмонсозии пурраи “Роғун” ва чанд неругоҳи дигар дар ҳудуди Қирғизистон пайванди ногусастанӣ дорад. Бо назардошти тайи чанд соли охир таҳти таъсири тағйири иқлим, коҳиш ёфтани манбаъҳои обӣ дар фасли сармо, интиқол додани неруи барқ аз сӯйи Тоҷикистон ва Қирғизистон мушкил аст ва дар марҳилаи кунунӣ  ғайриимкон аст. Дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон дар ҳамин фасли сол аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашанд. Аз паҳлуи дигар Бонки ҷаҳонӣ ба ҳайси сармоягузори асосии ин тарҳ бо назардошти иваз шудани мавқеъи Толибон шояд як даричаи нави умедро барои амалисозии воқеъии ин тарҳ боз кардааст. Аммо гузашти чандин сол нишон дод, ки ҳамин пружа аз муҳлати амалишавие, ки дар ибтидо гуфта мешуд, хеле тӯл кашид. Ва ҳарфи асосӣ дар он аст, ки то куҷо вазъи ҳарбӣ ва амниятиву сиёсии Афғонистон барои амалишавии ин тарҳ мутобиқ аст. Зеро вазъияти кунунӣ дар Афғонистон пешгӯйинашаванда аст. Он мавқеъе, ки имрӯз Толибон доранд, ҳанӯз аз ҷониби ҷомеъаи байналмилалӣ ҳамчун низоми машруъ шинохта нашудааст. Шояд, ки дар амалишавии ин пружа, вазъи сиёсиву низомии мавҷудаи ҳукмрон дар Кобул ё ба таври мусбат ё ба таври манфӣ дар оянда таъсиргузор бошад”, - гуфт Абдурақиб Қодиров.

Воқеъан таъмини амният ва фаъолият муназзами ин хатти баландшиддати барқ аз тариқи қаламрави Афғонистон ба унвони як мушкили ҷиддӣ боқӣ мондааст. Ҳарчанд мақомоти Толибон амнияти ин хати барқро замонат додаанд ва умедворанд барои транзити ҳар киловват соат неруи барқ пули хубе ба даст меоваранд.


Бояд гуфт, оғози кори ин тарҳи бузурги энержӣ соли 2016 расман дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо ҳузури мақомҳои аршади чор ҳамсоякишвар калид хӯрда буд, аммо иҷрои он ба далелҳои гуногун, аз ҷумла таъхир дар интихоби ширкатҳои паймонкор, вазъи нобасомони Афғонистон ба дарозо кашид. Мутахассисони бахши энержӣ бар он назаранд, ки Тоҷикистон дар иҷрои ин тарҳ нақши муҳими таъминкунандаи неруи барқро дорад, ҳарчанд дар фасли сармо худ бо камбуди неруи барқ мувоҷеҳ аст. Аммо барқи изофӣ, ки дар фасли тобистон тавлид мешавад, ба далели камбуди бозор наметавонад ба фурӯш расонад. Ва танҳо дар сурати эҳдоси комили неругоҳҳои “Роғун”-и Тоҷикистон ва “Қамбар Ота”-и Қирғизистон интиқоли неруи барқ ба таври муназзам ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъмин хоҳад шуд.

Ба эътиқоди коршиносони минтақа, кишварҳои узви ин тарҳ муддаъӣ ҳастанд, ки низоми интиқоли барқи “CASA-1000” ба тағйири тиҷорати минтақа кумак хоҳад кард ва гоми муҳиме ба сӯйи таҳаққуқи бозори минтақаии барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ хоҳад буд. Ва аз сӯйи гардонандагони ин тарҳ ибрози умедворӣ мешавад, то пружа ба майдони рақобати қудратҳо, ки ҳоло мустақиман мушорикат надоранд, табдил нашавад, ҳарчанд ҳамагӣ аз иҷрои он пуштибонӣ ва изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ кардаанд. Танҳо хости чаҳор кишвари минтақа – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ин аст, ки бо гиреҳ хӯрдани манофеъи кишварҳои ҳамсоя ба ин тарҳ ҳамкориашон дар арсаи таъмини амният ва рифоҳу сулҳи минтақа бештар шавад.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед