Ru  | Tj
ТОЛИБОН* – «ЯККАТОЗИ МАЙДОН»
ТОЛИБОН* – «ЯККАТОЗИ МАЙДОН»
Аксҳо: аз Интернет

ТОЛИБОН* – «ЯККАТОЗИ МАЙДОН»

Нашр шуд

Афғонистон ва терроризм; Тоҷикистон нигарони чист?

Пас аз султаи дубораи Толибон дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз мубаддал шудани ин ҳамсоякишвар ба паноҳгоҳи амни террористони хориҷӣ ибрози нигаронӣ намуда, аз минбари СММ хоҳони ҳамкории муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз рушди терроризм дар ин кишвар гардид.

Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз печидатар шудани авзоъ дар марз бо Афғонистон гуфт, ки дар шимоли ин кишвар даргириҳои хунин доиман идома дорад ва созмонҳои байналмилалӣ барои эҷоди камарбанди амниятӣ барои ҳифзи сарҳад бо Афғонистон фикр кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои таҳкими марз, ки наздик ба 1400 километр бо Афғонистон дарозӣ дорад, дар ду соли охир 175 иншооти сарҳадӣ сохтааст ва зарурати бунёди боз 300 иншооти дигар пеш омадааст. Вазъи феълӣ ва ғасби ҳудудҳо аз сӯйи террористон таҳдиду хатарро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд кардааст. Ҷаноби Раҳмон авоили соли ҷорӣ дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) гуфт, ки дар наздики марзҳои ҷануби Тоҷикистон, дар минтақаҳои шимоли Афғонистон, беш аз 40 лагер ва ё маркази омӯзишии террористҳо мавҷуд аст, ки дар он ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ вуҷуд дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки дар як соли гузашта ҳузур, омӯзиш ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст, ки пайомадҳои ногувореро барои мардуми Афғонистон ва минтақа дорад. Поёни тобистони соли гузашта ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Афғонистон озод шуданд, ки бисёре аз онҳо ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд. Тоҷикистон аз замони соҳиб шудани қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон хостори ташкили як давлати фарогир дар ин кишвар шуд, ки дар он ҳама ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла, тоҷикҳо намоянда дошта бошанд. Ҳукумати кишвар таъкид кардааст, ки низоми толибониро, ки "бо зулм" қудратро ба даст овардаанд, ба расмият намешиносад.


Авохири моҳи гузашта Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки гурӯҳи террористии “ДОИШ”, ки аз Ироқ ва Сурия фирор мекунанд, вориди минтақаи Осиёи Миёна, хоса шимоли Афғонистон мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон, ки соли гузашта рушди қобили мулоҳизае дошт, терроризми байналмилалиро тақвият мекунад. Аммо, ба иддаои Владимир Путин, президенти Русия Толибон таҳти фишори сервисҳои истихборотии хориҷӣ аз зуҳури пойгоҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон чашмпӯшӣ мекунанд.

Ҳамчунин Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон бар он назар аст, ки Толибони Афғонистон агар хостори ба расмият шинохта шудан ҳастанд, бояд интизороти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба ҳуқуқи башарро риоят кунанд. Маскав бахусус нигарони нуфузи гурӯҳи мавсум ба ДОИШ ба давлатҳои Осиёи Миёна аст, ки ба эътиқоди Русия ноамнии онҳо бар ин кишвар ҳам асар мегузорад. Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки Русия саъй дорад бо ба даст гирифтани ибтикори амалии дипломатӣ аз бесуботӣ дар минтақа, ки метавонад ба манофеъи ин кишвар зарба бизанад, парҳез кунад. Вазъияти ҳокими сиёсӣ дар Афғонистон заминаро барои рушди сарбозгирӣ, тақвият ва густариши гурӯҳҳои ифротӣ мусоид сохтааст. Ин дар ҳолест, Толибон ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро рад мекунанд ва ҳатто аз нобудии созмонҳои террористии “ДОИШ”* ва “ал-Қоида”* хабар медиҳанд. Дар ҳоле, ки ин гурӯҳ батакрор ҳамалоти маргбореро дар моҳҳои ахир дар ҳудуди Афғонистон анҷом додааст. Ба иддаои таҳлилгарони афғон, асосан “ДОИШ”* ва “ал-Қоида”* аҳдофи мутафовитеро нисбат ба Толибон* думбол мекунанд. Дар ҳоле, ки Толибон* ба эҷод ва ё шинохти ҳукумати расман эътирофшуда дар сатҳи ҷаҳон тамаркуз доранд, вале ин ду гурӯҳи террористӣ дар сатҳи байналамилалӣ фаъолият доранду ба марзҳо аҳамияте намедиҳанд.

Дар мавриди таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ба марзҳои шимоли Афғонистон зери раҳбарии низоми кунунии толибонӣ* соҳибназари тоҷик Раҳматкарими Давлат мегӯяд, ки воқеан таҳдиду хатарҳо аз он сӯйи марз вуҷуд дорад, зеро гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон пайи амалигардонии ҳадафҳои нопоки худ ҳастанд. Ба бовари ӯ, бо омадани Толибон* ба сари қудрат нуфуз ва сафи гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар афзоиш ёфта, хатару таҳдидот воқеӣ шудааст:

“Дар таркиби нерӯҳои Толибон* мутобиқи баъзе аз гузоришҳое, ки СММ, вазоратҳои хориҷа ва хадамоти хоси кишварҳои ғарбӣ дар ду-се соли пеш нашр мекарданд, мегуфтанд, ки то 22 гурӯҳи байналмилалии террористӣ дар хоки Афғонистон мустақар аст. Аз нигоҳи дигар, дар сафи гурӯҳҳои террористони байналмилалӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Чин, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Қафқоз ва ҳатто кишварҳои арабӣ, кишварҳои аврупоӣ мавҷуд буда, дар манотиқи гуногуни Афғонистон камин гирифта дар интизори фармону амалиёти баъдии худашон нишастаанд. Яъне, он хатаре, ки аз ноҳияи Афғонистон минтақаи Осиёи Марказиро таҳдид мекард, як хатари билқувва буд. Бо омадани Толибон* ин хатар ба як таҳдиди воқеӣ ва мустақим дар марзҳои Осиёи Миёна табдил ёфта, дар вилоёти шимолу шарқи Афғонистон мустақар шуда, ба тамриноти худ идома медиҳанд”, - гуфт ин огоҳи масоили сиёсӣ.

Раҳматкарими Давлат, коршиноси тоҷик дар идома мегӯяд, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳоло ҳама гуна ҳаракат ва созмонҳои террористӣ ва махсусан терроризми байналмилалӣ бо истифода аз нерӯи кишварҳои абарқудрат худро бо аслиҳаи муосир муҷаҳҳаз менамоянд. Маҳз манфиатҳо намегузоранд, то кишварҳои қудратманд ба муқобили терроризм дастҷамъона мубориза баранд. Ва ин яке аз иллатҳои самаранок набудани муборизот алайҳи гурӯҳҳои даҳшатафкан мебошад, ки аз вазъи геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ истифода бурда, кишварҳое, ки тараққӣ карда истодаанд, монеъи рушди онҳо мешаванд.


Воқеан, ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, пайомадҳои бисёр хатарнок барои мардуми ин кишвар дорад, ки метавонад боиси кашмакашҳои дигар гардад.

Яъне, тавсеаи фаъолияти ифрогароён сабабу имкони ташдиди даргириҳо, хусумат, ҷангҳои дохилӣ ва мудохилоти беруниву созмонҳои истихборотӣ хоҳад шуду ин кишварро ба майдони ҷангҳои дохилӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ табдил хоҳад дод.

Ҳоло Толибон* наметавонанд чанде аз гурӯҳҳои террористиро ихроҷ кунанд ё алайҳашон биҷанганд, зеро намехоҳанд дар чунин шароит барои худ душман эҷод намоянд. Толибон* дар талошанд, ки аз ин гурӯҳҳо замонат гиранд, то алайҳи дунё фаъолиятҳои террористӣ ва ифротӣ анҷом надиҳанд. Ба сурати мушаххас, ҳоло бо “ДОИШ”* дар ҷанганд ва намегузоранд ин гурӯҳ “рушд” кунад. Баъзе аз гурӯҳҳои ифротӣ, ки аз ҳукуматдории Толибон* хуш надоранд, барои ҷалби таваҷҷуҳ даст ба ноамнӣ мезананд, хоса ҳамин “ДОИШ”*. Васеъшавии доманаи онҳо дар Афғонистон дар канори соири мушкилот боис мешавад, то ҳукумати Толибон* низ ба расмият шинохта нашавад.

   МАДРАСАСОЗӢ; ГУСТАРИШИ ДИН Ё ПАРВАРИШИ ИФРОТИҲО

Бо дастури ҳукумати Толибон дар ҳудуди Афғонистон афзоиши бесобиқаи мадориси динӣ ба мушоҳида мерасад ва соҳибназарон муътақиданд, ки густариши марказҳои омӯзишии динӣ робитаи мустақим бо афзоиши терроризм ва ифротгароӣ дар Афғонистон хоҳад дошт. Ба иттилои рӯзномаи “Ҳашти субҳ”, баъд аз ба қудрат расидани Толибон* раванди мадрасасозӣ дар авҷ аст ва батозагӣ марказҳои бузурги омӯзишӣ дар Панҷшер, Бағлон, Қундуз ва Кобул оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд, Толибон* барои мустаҳкам кардани идеалогия ва қудрати сиёсии худ нерӯи башарӣ тарбият намуда, барои аҳдофи сиёсиву иқтисодии раҳбарони ин гурӯҳ биҷанганд ва худро интиҳорӣ кунанд.


Ба ин хотир мадрасасозии Толибон* ҳадафи дигаре дорад ва он тақвияти идологияи хушунатпеша ва парвариши терроризм ба сурати анбӯҳ аст. Яъне, ҳам барои худ ва ҳам барои гурӯҳҳои террористии ҷаҳон, то битавонанд оташи хушунатҳоро доғ нигаҳ дошта, ҷангро шуълавар намоянд. Яъне, мадраса дигар макони динпажӯҳӣ ва худоҷӯйиву фалсафа нест, балки арсаи ҷавлони хуношомтарини террористҳоесст, ки на танҳо Афғонистон, балки амнияти кулли ҷаҳонро бо таҳдид мувоҷеҳ мекунанд.

АФҒОНИСТОН БА ФЕҲРИСТИ ҲОМИИ ТЕРРОРИЗМ ИЗОФА МЕШАВАД?

Афғонистон яке аз ҷиддитарин чолишҳои амнияти минтақаӣ шудааст. Гуфтугӯҳои ахири мақомҳои истихборотии Амрико ва Толибон* нишондиҳандаи он аст, ки таомули онҳо дар мавриди рафъи таҳдидҳои террористӣ аст. Ҳоло дар Амрико назарҳои тоза атрофи “Афғонистон ба феҳристи ҳомии терроризм изофа шавад” чарх мезанад. Ва аз сӯйи ҷумҳурихоҳон иддао мешавад, ки ин кишвар бори дигар ба паноҳгоҳи амн барои террористҳо табдил шудааст ва онҳо дастикам бо арзиши 7 миллиард доллар ба силоҳу дигар таҷҳизоти низомӣ дастрасӣ доранд. Хоса, созмонҳои террористӣ ба монанди “ДОИШ”* ва “ал-Қоида”* дар ҳоли рушданд. Вале вобаста ба нуфузи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон Ҷо Байдени демократ, президенти Амрико дар санади ҷадиди стратегияи амнияти миллии ИМА таъкид кардааст, ки Афғонистон дигар ҳаргиз паноҳгоҳи амн барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ба ин кишвар ва муттаҳидонаш табдил нахоҳад шуд.

Давлати Амрико илова бар таҳрими раҳбарони Толибон* ва ҳифзи номи онҳо дар рӯйхати сиёҳ, батозагӣ тамоми мақомоти давлатӣ ва низомии Толибон*-ро ҳам дар рӯйихати маҳдудияти раводиди ИМА қарор додааст.


Мурури замон нишон дод, ки мақомоти амрикоӣ на ба ҳукумати пошӯхӯрдаи Ашраф Ғанӣ ва на ба ҷабҳаеву эътилофе бовар надоранд ва фақат бар манофеъи миллии Амрико амал карданд.

Кишварҳои ғарбӣ танҳо кишварҳое нестанд, ки аз авзои буҳронии Афғонистон ва таҷаммӯъи террористҳои байналамилалӣ дар Афғонистон нигаронанд, балки Русия низ аз чандин сол ба ин сӯ аз моҷароҳои гуногун бо Толибон вориди гуфтугӯ ҳастанд. Давлати Чин низ чанд моҳ ба ин тараф гуфтугӯҳои худ бо Толибон*-ро метезонад, то бар манофеъи иқтисодияш авлавият диҳад. Ҷониби Эрон низ дар гуфтугӯ бо Толибон* таъкид дорад, ки ҳамоиши тозаеро бо ҳузури онҳо роҳандозӣ карданист.

Дар ҳар сурат, вазъият дар Афғонистон сода нест. Пас аз хуруҷи босуръати нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ Афғонистони азияткашида дар остонаи фалокати гуманитарӣ ва оғози мавҷи нави муқовимати тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо мушкилот ва таҳдидҳои нав барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ногувор меорад, қарор дорад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси низоми сулҳомез ва устувори давлатӣ дар Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.

*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед