Ru  | Tj
Умед Ҷайҳонӣ: Душанбе сазовори доштани номи бошукӯҳ аст
Умед Ҷайҳонӣ: Душанбе сазовори доштани номи бошукӯҳ аст
Акс: аз бойгонии Умед Ҷайҳонӣ

Умед Ҷайҳонӣ: Душанбе сазовори доштани номи бошукӯҳ аст

Нашр шуд

Имрӯз, 15-уми апрел, Рӯзи пойтахти Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн аз соли 2005 ба ин сӯ ҳар шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад. Соли оянда Душанбе садсола хоҳад шуд.

Аммо Умед Ҷайҳонӣ, забонпажӯҳ ва донишманди тоҷик мегӯяд, Душанбе «ҷойном нест» ва он «сазовори доштани номи фарраҳманду бошукӯҳу ифтихорбарангез» аст.

Ба назари ӯ, Душанберо мешуд ба муносибати 100-умин солгарди пойтахт шуданаш Абарканд номид.
Ардашер Пайванд равишҳои номгузориву номгардонии миллӣ дар Тоҷикистонро бо Умед Ҷайҳонӣ ба баҳс кашид.

- Чанд сол қабл гуфта будед, ки «Душанбе» ҷойном нест. Далели шумо чист?

- Гуфта будам, ки «Душанбе» ба худии худ ҷойном нест, балки номи нахустин рӯз аз ҳафта дар рӯзшумории расмӣ ва севумин рӯз дар рӯзшумории миллиямон аст. Он бояд «Душанбешаҳр» бошад, то ҷойном шавад. Номи рӯз барои пойтахти кишвар шоиста нест.

- Агар мақомот тасмим бигиранд, ки Душанберо номгардон кунанд, фикр мекунед чӣ ҷойном шоистаи пойтахти Тоҷикистон аст?

- Ман шахсан мухолифи ҳаргуна номгардонӣ ҳастам. Аммо Душанберо мешуд ба муносибати 100-умин солгарди пойтахт шуданаш Абарканд номид. Вале номи Душанберо бояд дар қаламрави бозори таърихӣ ва ноҳияи имрӯзӣ нигаҳ дошт.

- Метавонед равиш ва таърихи ҷустору пажӯҳишатон барои сохтани «Абарканд»-ро бозгӯ кунед?

Ҷойноми «Абарканд» 25 сол пеш аз ин падид оварда шуд. Он замон дар Тоҷикистон бархе вилояту ноҳияҳоро номгардон мекарданд ва номҳое сохтаву бофта бар онҳо мегузоштанд, ки тоҷикона набуданд. Аз он номгузориҳо хушам намеомад ва ҳамин «Абарканд»-ро сохтам, то номгардонҳо равишҳои тоҷикии номгузориро бидонанд.

Абарканд ҷойномест, ки аз ду бахш сохта шудааст: «абар» ва «канд». «Абар» ба маънои «бартар», «болотар», «беҳтар» ва «баргузида» аст. «Канд» вожае суғдӣ ба маънои «шаҳр» аст, ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои Тоҷикзамин корбурди фаровон дошт. Барои намуна номҳои бостонии Мароканд (Самарқанд), Пайканд, Панҷиканд, Хуҷанд, Чимканд, Вобканд ва Хӯкандро овардан басанда аст.

Шаҳри Душанбе дар 100 соле, ки ҷонишини Самарқанду Бухоро ҳаст, маркази маънавӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвари тоҷикон гашта ва сазовори доштани номи фарраҳманду бошукӯҳу ифтихорбарангез шудааст.

«Абарканд» номест наву суфтаву хушнаво, дорои намунаи таърихӣ ва ба маънои «пойтахт» ва «шаҳри бартару баргузида», «ҷойгоҳи ҳукумату давлат», «маркази кишвар» ва «дили Меҳан».
- Ба ҷуз аз «Абарканд» чанд ҷойноми дигар ҳам сохтаву пешниҳод карда будед. Саранҷом сарнавишти онҳо чӣ шуд?

- Бале, якчанд ҷойном сохтаву пешниҳод карда будам, аммо пазируфта нашуданд. Чунончи, яке аз 38 Гулистоне, ки Кумитаи забону истилоҳот гуфта бояд номгардон шаванд, шаҳрест, ки пештар Қайроққум ном дошт. Қайроққум ҷойноме туркӣ аст ва аз ду вожа таркиб ёфтааст: қайроқ «санг; санги фасон» + қум «рег». Ҳарчанд ниёзе ба номгардон кардани Қайроққум набуд, вале онро Гулистон номиданд, ки ҷойноме такрорӣ ва аз ин рӯ бемаънӣ аст. Ин шаҳрро мешуд Афсоншаҳр номид, ки «афсон» дар он ҳамон «қайроқ» аст, яъне санге, ки бад-он корду шамшеру монандашонро тез кунанд. «Афсон»-ро дар порсии миёна ҳам «афсон» [afsān] мегуфтанд ва он аз «*abi-sāna-» дар эронии бостон рӯидааст, ки «abi-» пешванд ва «*sāna-» аз √sāy- «соидан; тез кардан» аст. «Сӯҳон» низ аз ҳамин реша рӯидааст.

Бо чунин номгузорӣ мешуд ҳаддақалл таърихи ин шаҳрро дар номаш бозтоб дод. Аммо Гулистон дар Тоҷикистон бисёр шуда ва ин ҷойном азбаски такрор шуда, «хористон» гаштааст.

Яке дигар аз ин шаҳрҳо Бӯстон аст, ки пештар Чкаловск ном дошт.

Таърихи ин шаҳр аз бунёди корхонаи истихроҷу коркарди кониҳо ва маводи кимиёӣ дар соли 1949 оғоз меёбад. Аз ҳамин хешкории он корхона мешуд ду истилоҳро гирифт ва аз онҳо ҷойном сохт. Он истилоҳот «кон» ва «кимиё» ҳастанд. «Кимиё»-ро дар форсии тоҷикӣ ба маънои «химия» ба кор мебаранд ва манзурамон низ дақиқан ҳамин дониш ва хешкории он корхона аст. «Кон» дар забони форсӣ аз «*kanθā-» ба маънии «кандан» дар эронии бостон рӯидааст. Дақиқан аз ҳамин вожа дар забони суғдӣ ду вожа падид омада, ки дар ҷойномҳо чун пасванди макон ба кор мерафтаанд: яке «-kaθ», ки дар форсии тоҷикӣ «-кат» шуда (чун Панҷекат) ва дигаре «kanδ», ки бештар дар ҷойномҳои Фарғона ба кор мерафта ва дар форсии тоҷикӣ «-канд» гашта ва маънояш «ободӣ; русто, шаҳр» аст, ки дар «Абарканд» ҳам ба кор омадааст. Дар пайравӣ аз ҷойномҳои таърихӣ «Кимиёканд»-ро сохтаву пешниҳод карда будам, ки ҷойноме суғдиёна ва номе муносиб барои ин шаҳри санъатӣ ва созгор бо фарҳанги номгузории миллии тоҷикон аст.

Ин шаҳрро ҳамчунин мешуд «Кимиёшаҳр» номид, ки ҷойноме тоҷикона аст ва боз ҳам бо таъриху вижагии санъатии он шаҳр созгор аст. Бӯстон дар Тоҷикистон бисёр шуда ва ин ҷойном хешкории худро аз даст додаву пучу беҳуда шудааст. Ҳар ҷое бояд як ном дошта бошад ва як ҷойном набояд такрор шавад. Номгузорӣ илм аст ва бояд равишҳои номгузории тоҷикиро омӯхту ба кор бурд.
- Ба андешаи шумо, равиши номгардонии шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон то куҷо дуруст аст?

- Номгардонии шаҳру ноҳияҳо танҳо дар як сурат дуруст ва он ҳам агар номи таърихии он ҷой бозгардонда шавад. Чуноне ки Хуҷанд дубора Хуҷанд номида шуд. Вале Қӯрғонтеппаро Бохтар номидан дуруст набуд. Бояд онро Левканд ё Хуталканд меномиданд. Номвораҳое чун ноҳияи Айнӣ, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ҳам ҷойном нестанд. Тахаллусҳои ин бузургворон нисбае ҳастанд, ки аз номи зодгоҳашон сохта шудаанд. Оё мешавад аз Ҳамадонӣ сифат сохт? Куҷоӣ ҳастӣ? мирсаидалииҳамадонӣӢ? мирсаидалииҳамадонӣГӢ? Аз Мирсаидалииҳамадонӣ! Аз куҷои Мирсаидалииҳамадонӣ? Аз шикамаш, ё пушташ, ё ... ҷигараш?! Аз ноҳияи Мирсаидалииҳамадонӣ?

Чунин номҳо ному ҷойном нестанд. Ҳарзаноме ҳастанд ғалату бемаънӣ, ки номи бузургони таъриху адабу фарҳангамонро бад мекунанд. Ин ҳарзаномҳо бояд аз нақшаи Тоҷикистон зудуда шаванд.
- Пас роҳҳал чист?

- Номгузорӣ аз нигоҳи ман бояд чунин равиш дошта бошад:

1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии таърихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;

2. Барои тоҷикӣ гардондани ҷойномҳои бегона аз шумори кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад;

3. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.

4. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои замнигорӣ (ҷуғрофиёӣ) дар назар гирифта шавад.

5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар шаҳру рустову деҳу дигар воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ.

6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди таърихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед