Ru  | Tj
Ҳуши маснуъӣ. Чаро кишварҳои ҷаҳон аз он нигаронанд?
Ҳуши маснуъӣ. Чаро кишварҳои ҷаҳон аз он нигаронанд?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Ҳуши маснуъӣ. Чаро кишварҳои ҷаҳон аз он нигаронанд?

Нашр шуд

Рақобати шадиди абарқудратҳо барои ба даст овардани ҳуши маснуъӣ ва корбурди он барои ҳадафҳои гуногун аксари олимон ва коршиносонро нигарон кардааст. Нигоҳи бархе кишварҳо, ки худ дар рақобати ҳуши маснуӣ пештоз ҳастанд, ба ҳуши маснуъӣ мусбат нест. Ин кишварҳо ҳуши маснуъиро ба унвони як василаи хатарноке, ки метавонад ба амнияти кишварашон зарба занад, тасаввур мекунанд.

Чин, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз рушди бесобиқаи ҳуши маснуъӣ изҳори нигаронӣ мекунанд ва аллакай гурӯҳи кориро барои муқобила бо ин падида ташкил кардаанд. Русия низ барномаҳоеро барои муқобила бо ин падида рӯйи даст дорад ва дастовардҳоеро дар заминаи ҳуши маснуъӣ ба даст овардааст. Нигарониҳои бесобиқае, ки аз ҳуши маснуъӣ дар байни давлатҳо ва кишварҳо вуҷуд дорад, бисёреро ба андеша во доштааст.

ЧАРО ҲУШИ МАСНУӢ ХАТАРНОК АСТ?

Ҳуши маснуъӣ падидаи фанноварии нодири солҳои охир аст. Ин воситаи фанноварӣ имконият дорад, ки аксари корҳоеро, ки инсон иҷро мекунад, анҷом диҳад. Масалан, ҳуши маснуъӣ метавонд ба ҷойи инсон матн нависад, асарҳои ҳунарӣ эҷод кунад, пешбиниҳо намояд ва пажӯҳишҳои илмӣ анҷом диҳад. Зиёда аз он ҳуши маснуъӣ метавонад дар мошинҳо, ҳавопаймоҳо ва дигар воситаҳои рӯзмарра истифода шавад. Бо ин далел корбурди ҳуши маснуъӣ дар корхонаву ташкилотҳо метавонад ҷойи кори инсонҳоро бигирад ва хеле аз касбу кор аз байн равад. Корбурди ҳуши маснуъӣ дар силоҳҳои хатарнок низ яке аз имконоти таҳдидбарангези ин воситаи фанноварӣ аст.

Бо вуҷуди он ки ҳуши маснуъӣ манфиатҳои зиёде дорад ва бисёре аз корҳои инсонро осон мекунад, вале аз назорат хориҷ шудани он ва бо мақсадҳои ғаразнок истифодаи он метавонад хатари ҷиддӣ барои инсоният бошад. Масалан, ҳуши маснуъӣ метавонад табъиз эҷод кунад, иттилооти ғалатро дар фазои интернет нашр кунад, боиси аз байн рафтани ҳарими хусусии одамон шавад.

Аз ин ҷост, ки бисёре аз мутахассисон ва ҳатто созандагони ҳуши маснуъӣ аз вуҷуди он бонги изтироб мезананд.

ҲУШИ МАСНУЪӢ ТАҲДИДЕ БАРОИ ОЯНДАИ БАШАРИЯТ АСТ?


Яке аз онҳое, ки аз рушди бесобиқаи ҳуши маснуъӣ нигарон аст, Ҷеффрӣ Ҳинтон аст. Ӯро падари ҳуши маснуъӣ мегӯянд. Ҷеффрӣ Ҳинтон чанде пеш барои муқобила ва огоҳ намудани мардум аз хатарҳои ҳуши маснуъӣ аз ширкати «Google» истеъфо дода ва дар мусоҳиба бо расонаҳои ғарбӣ аз хатари ҳуши маснуъӣ сухан гуфт. Вай дар тозатарин изҳороти худ ибрози нигаронӣ намудааст, ки аз ихтирои ҳуши маснуъӣ пушаймон аст ва аз оянда метарсад: «Шояд дигар натавонед бидонед чӣ чизе дуруст аст», - мегӯяд ӯ. Ҳамчунин нигарони он аст, ки ин фанноварӣ на танҳо бархе корҳоро аз инсонҳо бигирад, балки ба таври комил ҷойгузини хеле аз касбу кор шавад. Ӯ бо нигаронӣ таъкид мекунад: «Мо ба доштани роёна (компютер)-ҳое наздик ҳастем, ки битавонанд идеяҳое барои беҳбуди худ ироа диҳанд ва агар ҳуши маснуъӣ битавонад коди барномаҳояшро бинависад ва худ онро иҷро кунад, ба инқирози башарият наздик мешавем».


Илон Маск, мудири ширкатҳои «Tesla» ва «OpenAI», ки ба тавлиди ҳуши маснуъӣ машғул аст, аз пешрафти ҳуши маснуъӣ нигарон аст. Вай мегӯяд, ки пешрафти ҳуши маснуъӣ таҳдиди ҷиддӣ ба тамаддуни башарият аст. Илон Маск бо гурӯҳе аз раҳбарони ширкатҳо ва мутахассисон эъломия нашр намуда, аз хатарҳои ҳуши маснуъӣ ҳушдор доданд. Онҳо дар эъломе аз ҷумла зикр карданд, ки «системаҳои ҳуши маснуъӣ, ки қобилияти рақобат бо ҳуши инсониро доранд, метавонанд хатарҳои бисёр ҷиддиро мутаваҷҷеҳи инсоният ва ҷомеа кунанд».

Профессор Стюарт Рассел низ пешрафти ҳуши маснуъиро «бузургтарин воқеа дар таърихи башар» медонад, вале бо таассуф ҳушдор медиҳад, ки «ин воқеа эҳтимолан метавонад охирин воқеа барои башар ҳам бошад».

КИШВАРҲО БАРОИ НАЗОРАТИ ҲУШИ МАСНУӢ ҚОНУН ТАСВИБ МЕКУНАНД

Итолиё нахустин кишварест, ки истифода аз ҳуши маснуъиро муваққатан манъ кард. Махсусан нармафзори «ChatGPT», ки ҳоло дар ҷаҳон корбарони зиёде дорад, Итолиё манъ аст.

Иттиҳоди Аврупо дар пайи зиёд шудани корбарони «ChatGPT» гурӯҳи кориеро ташкил намудааст, ки ҳадафи он ҷустуҷӯи роҳҳои назорат бар фаъолияти воситаҳоест, ки бо ҳуши маснуъӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин вакилони парлумони Аврупо аввалин пешнависи қонуни назорат бар ҳуши маснуъиро пешниҳод карданд.

Сенатори амрикоӣ бо пешниҳоди тарҳе хостори назорати шадиди ҳуши маснуъӣ шудааст. Ӯ барои муқобила бо ҳуши маснуъӣ мехоҳад механизми қонунӣ қабул шавад, то нигарониҳо аз байн равад.

Стефанг Алмон, мудири бахши хавфҳои амниятии додаҳои Бунгоҳи иттилооти Бритониё «ChatGPT»-ро хатари билқувва барои амнияти додаҳои дониста пешниҳод намудааст, ки барои муқобила бо он чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Олмон низ дар пайи тасвиби қонуни назорат бар ҳуши маснуъӣ аст.

Русия низ дар заминаи муқобила бо ҳуши маснуъӣ барномаҳоеро созмондиҳӣ кардааст. Аз ҷумла Бонки Сбербанк рақиби «ChatGPT»-ро бо номи «GigaChat» роҳандозӣ намудааст. Ин фанноварӣ дар ҳоли ҳозир дар ҳоли озмoиш қарор дорад.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар мавриди пешрафтҳои ҳуши маснуъӣ мардум маълумоти кам доранд. Танҳо бархе расонаҳо ва рӯзноманигорон аз барномаи «ChatGPT» истифода мекунанд. Хабаргузории «Азия-Плюс» чанде қабл бо истифода аз имконоти ҳуши маснуъӣ чеҳраҳои шоирони классики тоҷикро бозофаринӣ кард, ки бо вокуниши манфии корбарони Фейсбук дучор шуд. Аксари корбарон аз аксҳои бозофаринишуда изҳори норизоиятӣ карда, навиштанд, ки ин чеҳраҳо ба чеҳраҳои тоҷикон монанд нест.

Ҳукумати Тоҷикистон бошад ҳанӯз ҳеч барномаеро барои истифода ё муқобила бо хатарҳои ҳуши маснуӣ қабул накардааст ва гуфтугӯ дар ин замина дар Тоҷикистон хеле кам ба чашм мерасад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед