Ru  | Tj
Устод Файзуллоҳ Ҷалол ва пешбиниҳои сиёсии ӯ
Устод Файзуллоҳ Ҷалол ва пешбиниҳои сиёсии ӯ
Аксҳо: Аз Интернет

Устод Файзуллоҳ Ҷалол ва пешбиниҳои сиёсии ӯ

Нашр шуд

Дар ВАО-и аксари кишварҳои ҷаҳон, аз қабили Ҳиндустон, Олмон, Эрон, Амрико, Англия, Тоҷикистон ва худи Афғонистон ва ҳамчунин дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишварҳо мусоҳибаи шадиди устод Файзуллоҳ Ҷалол дар барномаи сиёсии телевизиони “Тулӯъ” садоҳои зиёдеро барпо сохт. Дар ин мусоҳиба устод Файзуллоҳ Ҷалол бо эҳсоси сахт сухан карда, фаъолияти Толибонро ба риштаи танқид кашид. Расонаҳои кишварҳои номбурда аз андешаҳои устод Файзуллоҳ Ҷалол ҷонибдорӣ карда, дар ин навбат аз сарнавишти минбаъдаи норӯшани ин шахсияти миллӣ дар чанголи Толибони ҷоҳил ташвишҳои худро ба ҳар навъе баён карданд. Мо дар ин навишта, хостем чанде маълумоте дар  бораи фаъолияту андешаҳои сиёсии ин шахсияти бузурги сиёсӣ баён намоем. 

Қабл аз ба сари қудрат омадани Толибон

Устод Файзуллоҳ Ҷалол ҳанӯз 5-6 моҳ пеш аз ба сари қудрат омадани Толибон дар пояи таҳлилҳо ва донишҳои сиёсии худ борҳо дар барномаҳо ва ҳатто сӯҳбатҳои ихтисосӣ гуфта, ки агар ҳукумати имрӯзаи Ашраф Ғанӣ тағйир накунад, бегумон Толибон сари ҳукумат хоҳанд омад. Ӯ ин андешаҳояшро аз нигоҳи илмӣ ҳам асоснок намуда буд. 

Интиқодҳои шадиди Файзуллоҳ Ҷалол аз Ашраф Ғанӣ дар даврони ҳукуматаш

Устод Файзуллоҳ Ҷалол дар даврони ҳукуматдории Ашраф Ғанӣ боҷуръатона ҳукумати ӯро як ҳукумати қавмгаро ва пур аз фасод унвон карда буд. Ба андешаи ӯ Ашраф Ғанӣ аз рӯзе, ки ба сари ҳукумат омад, ба унвони як қавм ҷингид. “Як мушт тикадор, як мушт чамоқбадаст, як мушт мофиёи расво ва бадноми таърих ба сари гурдаҳои мардум ба номи дин ва ба номи қавм ҳукумат мекунанд. Инҳо як фикри миллӣ барои Афғонистуну афғонистоншумул ироа карда наметавонанд. Ашраф Ғанӣ аслан ба Толибон тамоюл дорад”. 

Ба назари устод Файзуллоҳ Ҷалол Ашраф Ғанӣ  мардумро масруф кард, ки Толибон шакл гирифта, қувватнок шаванд. “Биноан, авомиле, ки Толиб меомад комилан маълум буд.” – гуфта буд, устод Файзуллоҳ Ҷалол.

Яъне ӯ бар асоси воқеият ҳамаи инро пешбинӣ карда буд. Ӯ ҳатто дар даврони Карзай низ дар мусоҳибаҳои худ авомили зуҳур ва пешравии  Толибонро возеҳ баён намуда буд.

Сулҳи дурӯғина, ки рӯҳияи мардумро шикаст

Устод Файзуллоҳ Ҷалол гуфта буд, ки Толибон бо ин давлат сулҳ намекунанд, зеро онҳо дар дохили худ низ таноқузи назар ба сулҳ доштанд. “Назари муовини аввали раисиҷумҳур ва баъзеҳо дар даруни давлат дар мавриди Толибон яке нест. Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, ки мо бояд бо Толибон биҷангем, аммо баъзе нафарон мегӯянд, ки мо бояд бо Толибон сулҳ бикунем. Дар ҳоле, ки Толибон намехоҳанд, бо ин давлат сулҳ бикунанд. Инҳо фикр мекунанд, ки Толибон дармонда ҳастанд, дар ҳоле, ки Толибон нашъаи пирӯзӣ бар сар доранд. Толибон бар ин назар ҳастанд, ки дигар чизе дар ин давлат боқӣ намондааст. Фикри “ал-фатҳ” дар зеҳнашон ҳаст” – моҳи марти соли 2021 гуфта буд устод Файзуллоҳ Ҷалол. 

Ба назари устод Файзуллоҳ Ҷалол Ашраф Ғанӣ ва дигарон зери шиори сулҳ дили мардумро ба даст оварда, бо ин роҳ рӯҳияи онҳоро дар мавриди мубориза бо мухолифин шикастанд. Ӯ ҳанӯз соле қабл гуфта буд, ки шиорҳои сулҳ рӯҳияи артиш, пулис ва нерӯҳои расмӣ, ҳатто рӯҳияи мардум дар баробари мухолифинро заъиф кардааст. “Инҳо иродаи қавии урдуро аз байн бурданд. Иродаи қавии пулису амниятро, иродаи қавии мардумро дар мубориза бо мухолифин аз байн бурданд”.

Устод Ҷалол бар ин назар буд, ки дар сари мизи музокира масоили асосӣ мавриди баҳс қарор нагирифта, масъалаҳое баррасӣ гардида буданд, ки ба тақвияти гурӯҳе нигаронида шуда буданд.

Танқиди устод Ҷалол аз дидгоҳи Амрико дар мавриди сулҳи Афғонистон

Файзуллоҳ Ҷалол қаблан гуфта буд, ки сулҳ аз дидгоҳи амрикоиҳо бисёр яктарафа аст. Яъне онҳо ҳамеша Халилзод, Покистон ва Толибро мегӯянду халос, ки инро русҳо, ҳиндуҳо, эрониҳо қабул намекунад. “Ин мавқеъро  ҳатто дар дарозмуддат Чин, Олмон, Фаронса, САҲА ва СММ ҳам қабул намекунанд. Инҳо ҳоло гурӯҳҳои муаассирро барои сулҳи Афғонистон ҷустуҷӯ мекунанд, дар ҳоле, ки ин гурӯҳҳои муаассир худашон омили ҳамин вазъи бади Афғонистон ҳастанд. Инҳо кӯшиш мекунанд, ки тӯб аз майдони мофиё ва ҷангҷӯву ҷангталабон берун нашавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдори як сулҳи босубот, сартосарӣ ва давомдор аст, дар сурате, ки аносири асосии ин сулҳ бояд дар назар гирифта шавад. Аз ин сулҳ он орзуе, ки  мардуми Афғонистон доранд, бароварда намешавад” – гуфта буд устод Файзуллоҳ Ҷалол. 

Ба назари устод Файзуллоҳ Ҷалол то замоне, ки нерӯҳои миллӣ, демократ, ватандӯст ва дигар шахсиятҳое, ки ин ватанро танҳо барои ҳамин ватан мехоҳанд ва ҷосуси кишварҳои хориҷ нестанд, дохили ин саҳна нашаванд, сулҳ дар Афғонистон бавуҷуд нахоҳад омад.  

Ӯ дар барномае пешниҳод карда буд, ки роҳи ҳалли масъалаи Афғонистон тавофуқи Русияву Амрико, Чину Иттиҳоди Аврупо, Покистону Ҳиндустон, Эрону Арабистони Саудӣ ва дигар абарқудратҳои ҷаҳонӣ аст. 

Хулоса, устод Файзуллоҳ Ҷалол шахсиятест, ки рӯҳияи миллӣ дошта, барои Афғонистон ва барои кулли мардуми Афғонистон фикр мекунад. Ӯ ҳамеша ҷонибдори адолати сиёсӣ дар Афғонистон буду ҳаст. Ӯ дар тӯли ин солҳо бо ҳар навъ истибдод, хушунат ва беадолатӣ мухолиф буда, тарафдори пешрафт ва инкишофи кишвараш аст. 

Фикри ӯ ба кулли мардуми Афғонистон нигаронида шудааст. Ӯ мехоҳад Афғонистон як фазои мусоиди сиёсӣ ба кулли мардуми Афғонистон дошта бошад. Аз нигоҳи ӯ Афғонистон бояд воҳид бошад ва ҳеҷ гоҳ таҷзия нашавад. 

Ӯ аз Афғонистон аз равандҳои сиёсии демократӣ, риояи ҳуқуқи ақаллиятҳо, ҳуқуқи занон ва ғайра ҳамеша ҷонибдорӣ кардааст. 

Ба назари ӯ ҳукумат бояд бо намояндагони васеъ ташкил карда шавад.

Китоби мондагори устод

Асари илмии гаронарзи устод Файзуллоҳ Ҷалол ин “Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон” аст. Дар ин асари илмӣ устод Файзуллоҳ Ҷалол масъалаҳои гуногуни қудрати сиёсӣ ва мақому нақши онро дар раванди ташаккул ва инкишофи ваҳдати миллӣ дар Афғонистон баррасӣ кардааст. Китоби мазкур раванди ташаккули қудрати сиёсӣ, принсипҳои асосии таснифот, навъҳо ва шаклҳои онро ба таври аниқ ва амиқ омӯхта, дар он қудрати сиёсӣ ҳамчун омили асосии таъмини ваҳдати миллӣ дар шароити Афғонистони муосир маънидод шудааст. Дар ин китоб ҳамчунин устод Файзуллоҳ Ҷалол манбаъҳои асосии ташаккули қудрати сиёсӣ ва ҳукуматро тавсиф намуда, ҷойгоҳи ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои сиёсии ғайриҳукуматӣ, пеш аз ҳама ҳизбҳои сиёсиро дар ташаккул ва рушди қудрати сиёсӣ ҳамчун омили ваҳдатофарин ва ё монеаи инкишофи ваҳдатсозӣ ба риштаи таҳлил кашидааст. 

Тарҷумаи мухтасари ҳол

Устод Файзуллоҳ Ҷалол дар деҳаи Модкади қарияи Монихарви ноҳияи Нусайи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 1970 шомили мактаби ибтидоии Ҷавай ва соли 1976 ба мактаби мутавоситаи Фитрати Моймай шомил гардидааст. Файзуллоҳ Ҷалол соли 1980 ба литсейи Ҳабибия дохил гардида, соли 1983 ба факултети ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул роҳ ёфтааст. Баъди хатми зинаи бакалавр аз ихтисоси идорию давлатӣ соли 1987 дар кафедраи Равобити байналмилалӣ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул ба сифати ассистенти кафедра ба фаъолият шурӯъ намудааст. 

Устод Файзуллоҳ Ҷалол дар солҳои 1992 – 1994 ба ҳайси муовини раёсати Донишгоҳи Кобул ифои вазифа намуда, дар ҷиҳати эҳё ва навсозии он ибтикороти шоистае нишон додааст. Вай соли 2002 муовини Вазири таҳсилоти олӣ дар умури тадрисӣ муқаррар гардид. Беш аз даҳ сол ба ҳайси мудири кафедраи равобити байналмиллалӣ ва улуми сиёсӣ дар факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул фаъолият намудааст. Солҳои 2014-2016 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон дар кафедраи ҳуқуқи байналмиллалӣ давраи магистриро поён бахшидааст.  Соли 2016 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси сиёсатшиносӣ дохил гардида, таҳқиқоти илмиро анҷом додааст. 

Файзуллоҳ Ҷалол асарҳои зиёде иншо намуда, пешниҳоди хонандагон гардонидааст, аз ҷумла “Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон”, “Нақши Иттиҳоди Аврупо дар мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ”, “Нигоҳе ба зиндагӣ ва усули фикрии Абунасри Форобӣ”, “Зиндагӣ, афкор ва андешаҳои Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ”, “Амнияти Афғонистон ва асороти минтақавӣ баъди хурӯҷи нерӯҳо дар соли 2014”, “Неқши нухбагон дар ташкили ваҳдати миллӣ дар Афғонистон”, “Нақши ҷомеаи маданӣ дар таъмини ваҳдати миллӣ дар Афғонистон”, “Мақоми аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ дар раванди ваҳдати миллӣ дар Афғонистон”-ро ба нашр расонидааст. 

Устод Файзуллоҳ Ҷалол дар маҳфилҳои илмӣ дар дохил ва хориҷ аз Афғонистон мушорикат намуда, дар бедорӣ ва огоҳии мардуми Афғонистон нақши муфид ва судманде дорад. Ӯ дар бадтарин шароити кишвар аз ҳокимияти миллӣ, озодӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, озии фардӣ ва адолати иҷтимоӣ дифоъ намуда, ҳеҷ гоҳ дар баробари зӯрмандон, хунхорон ва гурӯҳҳои экстремистӣ сари таъзим фурӯд наовардааст.


 

Рӯзи ҷаҳонии мардон. Чаро ин рӯз бояд таҷлил карда шавад?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед