Ru  | Tj
Восиф Бохтарӣ. Шоири ғурбатнишин, нависандаву пажӯҳишгар даргузашт
Восиф Бохтарӣ. Шоири ғурбатнишин, нависандаву пажӯҳишгар даргузашт
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Восиф Бохтарӣ. Шоири ғурбатнишин, нависандаву пажӯҳишгар даргузашт

Нашр шуд

Шоир, нависанда, мутарҷим ва пажӯҳишгари номвар Восиф Бохтарӣ пас аз таҳаммули бемории тӯлонӣ дар синни 81-солагӣ даргузашт. Восиф Бохтарӣ яке аз чеҳраҳои дурахшони фарҳангии Афғонистон буд, ки солҳо бо сурудани шеъру анҷом додани пажӯҳишҳо воқеиятҳои Афғонистонро баён мекард.

Хабари даргузашти марҳум Восиф Бохтариро духтараш Манижа Бохтарӣ шоми 20-юми июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод. Ӯ бо андӯҳи фаровон навишт: “Устод Восиф Бохтарӣ падари мо, пири мо, донои мо, ҷони мо, ҷаҳони мо дишаб ба абадият пайваст. Дар рӯзҳои пойини умраш барояш лолоӣ ва шеър хондем ва дастҳои ранҷурашро навозиш кардем. Зиндагии ӯ чунон бузург буд ва ёди ӯ чунин бошукӯҳ аст, ки марг вомдори ӯ хоҳад монд, то ҳамеша”.

Восиф Бохтарӣ чеҳраи дурахшони адаби форсӣ дар Афғонистон буд ва ҷойгоҳи вижае дошт. Аксари муҳаққиқон ӯро пас аз Халилуллоҳ Халилӣ яке аз парчамдорони шеъри муосири Афғонистон номида, реҳлаташро зоеъаи бузурги фарҳангӣ номиданд.


ШОИРИ “ДАРВОЗАҲОИ БАСТАИ ТАҚВИМ” КӢ БУД?

Восиф Бохтарӣ соли 1942 дар шаҳри Мазори Шарифи Балхи Афғонистон дида ба ҷаҳон гушуд. Ӯ пас аз хамти мактаби миёна ба Донишгоҳи Кобул дохил шуда, соли 1967 донишкадаи забон ва адабиёти донишгоҳи мазкурро ба поён расонид. Пас аз хатми донишгоҳ муддате дар Вазорати маорифи Афғонистон машғул ба кор шуд. Баъди чанд соле ба Донишгоҳи Колумбиёи Амрико рафта, дар онҷо таҳсилоташро давом медиҳад ва баъди бозгашт аз Амрико боз дар вазорати маориф ба кораш идома медиҳад. Ӯ дар вазорати маориф аз соли 1961 то 1981 кор мекунад. Восиф Бохтарӣ муддате ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи “Жвандун” (“Зиндагӣ”) фаъолият доштааст. Ҳамчунин ӯ дар Иттиҳодияи нависандагони Афғонистон низ чанд соле ифои вазифа кардааст. Ба иловаи ин ӯ узви гуруҳи дабирони “Бунёди Афғонистон”, узви гурӯҳи раҳбарии Бунёди ҳаким Носири Хусрав, узви шӯрои марказии Анҷумани фарҳангии хушҳолхон ва узви ҳайати раисаи Иттиҳодияи хабарнигорони Афғонистон будааст.

Восиф Бохтарӣ дар ибтидо бо сурудани чомаи классикӣ дар шеъри муосири Афғонистон мақом ёфт ва баъдан ба шеъри нимоӣ рӯй овард, ки ҳоло муҳаққиқон ӯро яке аз аввалин шоироне медонанд, ки дар қолаби шеъри нимоӣ шеър сурудааст. Ӯ на танҳо дар сурудани шеър пештоз будааст, балки дар самти фалсафа пажӯҳишҳои таърихӣ ва тарҷумаи осори фалсафиву адабии Ғарб низ дасти расо доштааст. Вай бархе осори фалсафӣ, ашъори шоирони ғарбиро аз забони инглисӣ ба форсӣ тарҷума намудааст. Ӯ забони инглисӣ ва арабиро медонист ва тарҷумаҳои зиёде, ки анҷом додааст, далели ин гуфтаҳост. Восиф Бохтарӣ агарчи шоири сиёсӣ набуд, яъне дар ҷараёнҳои сиёсӣ мустақиман иштирок надошт, вале аз рӯйи осораш метавон ба натиҷа расид, ки ӯ як шоирест, ки фоҷеа, иштибоҳоти сиёсӣ, зулму ситами давлатҳои ҳоким дар Афғонистонро ҳамеша нақд мекард ва дар ин самт аз ҳеч чизро мулоҳиза намекард. Восиф Бохтарӣ яке аз парчамбардорони забони форсӣ буд ва дар ин замина мақолоти зиёде навиштаву дар суханрониҳояш аз номсозиҳои ҷаълӣ ба шиддат интиқод кардааст. Ӯ мухолифи бо се ном хитоб кардани забони форсӣ буд ва яке аз чеҳраҳое буд, ки барои пайванди фарҳангии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ суруди ҳамгароӣ месароид.


Ӯ дар ин умри бобаракат аз худ осори бузурге ба ёдгор мондааст. Осори нашршудаи ӯ иборатанд аз “Ва офтоб ҳаргиз намемирад”, “Аз меъод то ҳаргиз”, “Аз ин ойинаи бишкастаи таърих”, “То шаҳри панҷзулъии озодӣ”, “Дарвозаҳои бастаи тақвим”, “Суруд ва сухан дар тарозу”, “Нарбони осмон”, “Гузориши ақли сурх” ва “Дирангҳо ва пирангҳо”.

Марги шоири номвар Восиф Бохтарӣ аҳли илму адаби Афғонистонро ба сӯг нишонд. Бисёре аз чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон ҷойгоҳи ӯро дар шеъру адаби порсӣ мондагор номиданд. Аз ҷумла, шоир Муҳаммадкозимӣ Кова навишт: “Восиф Бохтарӣ, бузургтарин шоири Афғонистон даргузашт. Ӯ шоири шоирони мо буд. Пешкисват ва пешгоми шеъри Афғонистон дар ним қарни ахир. Баъд аз устод Халилуллоҳ дигар чун ӯ надоштем. Боз бештар аз ӯ хоҳам навишт, ки пеш аз ин албатта навиштаам ва бознашр мекунам. Ин қитъа аз ӯ нақл мекунам, ки дар васфи худи ӯст:

“Чиҳо, ки бар сари ин такдарахти пир гузашт,

Валек ҷангали анбӯҳро зи ёд набурд.

Ба фатҳнома хуршеди коғазин хандид,

Чароғ гӯшаи андӯҳро зи ёд набурд.

Нишаст умре дар устувои баргу тагарг,

Шикеб сахраи настуҳро зи ёд набурд.

Ба уствории он санг офарин бодо!

Ки обгина шуду кӯҳро зи ёд набурд”.

Шоири дигари Афғонистон Кова Ҷуброн, ки камоли ҳамнишинӣ бо ин шоири бузург насибаш шуда, низ навишт: “Пиру ҷавон, зану мард, адабиётӣ ва ғайриадабиётӣ андӯҳ берун рехтанд. Дар сӯги шоире, ки солҳои сол қуфли гароне бар забонаш заду дигар ҳеч нагуфт. Дар мусибати шоире, ки барои насле номаш муродифи худи адабиёт буд”.

Парвиз Кова, шоир ва муассиси рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон аз хотироти ҳиҷрат ва зиндагии Восиф Бохтарӣ дар Пешовари Покистон ёд карда, менависад: “Устод Бохтарӣ мероси бузурге аз худаш ба ҷо гузоштааст. Ӯ шеъри Афғонистонро мутаҳаввил кард ва заминаҳои фаровоне барои дигаргунӣ дар шеър барои наслҳои пас аз худаш ба ҷо гузошт. Пас аз рафтан ба Амрико танзи талхи “Баённомаи  ворисони замин”-ро ба чоп расонд ва сипас сукут кард. Ин сукут гуфтаниҳои фаровоне дошт. Шеъри форсӣ то ҳамеша ва ҳаргоҳ вомдори ин марди бузург хоҳад монд”.


Восиф Бохтарӣ дар солҳои ахири умраш комилан сукут карда буд ва ҳеч назару дидгоҳе дар мавриди рухдодҳои сиёсӣ иброз намекард. Солҳои зиёде дар ҳиҷрат дар Амрико ба сар бурд ва баъди таҳаммули як давраи беморӣ ба абадият пайваст.

           

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед